Директори Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ахиран аз як сафари хидмативу омӯзишӣ аз шаҳри Маскав баргашт. Бо чанд савол дар мавриди ин сафар ба ӯ муроҷиат кардем.
- Ҳадафи сафар чӣ буд?
- Дар оғоз бояд гӯям, ки сафари хидмати ба пойтахти давлати Русия – шаҳри Маскав тибқи фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқи нақша-чорабиниҳои мавзўъҳои илмии «Таҳқиқи равандҳои инноватсионии соҳаҳои фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» (солҳои 2016 – 2020), «Равандҳои инноватсионии фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ дар муҳити ҷаҳонишавии фарҳанг» (солҳои 2016 – 2020) сурат гирифт. Ва ин сафари омӯзишӣ буд, сафаре ба хотири такмили ихтисос буд. Бозомўзӣ ва шиносоӣ бо дастовардҳои нави илмии соҳаҳои фарҳангшиносӣ ва китобдорӣ ва ҳамзамон чиҳати тақвияти ҳамкориҳои мутақобила дар самти ташкилу баргузории ҳамоишҳои илмии тахассусӣ, интишори нашрияҳои илмӣ, ворид намудани нашрияи илмию таҳлилии «Паёмномаи фарҳанг» ба рўйхати маҷаллаҳои илмии ВАК-и Русия, барқарор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии мероси фарҳангӣ ва табии ба номи Д. С. Лихачеви Федератсияи Русия, ба тасвиб расонидани шартномаи литсензионӣ оид ба сабту пахши нашрияҳои илмии электронӣ (китобҳо ва рисолаҳои илмӣ) байни ҶММ “Китобхонаи илмии электронии номгўи иқтибосгирии илмии Русия” ва Муассисаи давлатии “Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” буд.
- Мешавад, ки аз ҷузъиёти ин омӯзишҳо нақл кунед? Чуноне мебинам доманаи мавзуъҳои омӯзишӣ хеле зиёд буданд ва гумон мекунам сухани гуфтанӣ ҳам дар ин замина зиёд бошад.
- Оре, хеле зиёданд чизҳое, ки дар бораашон гуфта шавад. Рўзҳои аввали сафари хидматӣ ба фаъолияти ҶММ “Китобхонаи илмии электронии номгўи иқтибосгирии илмии Русия” шинос шудам. Суҳбат бо муовини директори генералии ҶММ “Китобхонаи илмии электронӣ” Глухов Виктор Алексеевич ва роҳбари шуъбаи кор бо нашриётҳои Китобхонаи мазкур Мандыч Эмма Францевна барои ошноии бештар ба вежагиҳои фаъолияти муассисаи мазкур мусоидат кард. Қабл аз ҳама, низоми сабт ва пахши маҷаллаи илмӣ-таҳлилии “Паёмномаи фарҳанг”-ро, ки тибқи шартномаи литсензионии №532-09/2013 нашри электронии маводи дар солҳои 2013-2015 интишорёфтаи он ба роҳ монда шуда буд, аз нав барқарор карда шуд. Илова бар ин, барои ба расмият даровардани низоми сабту пахши адабиёти илмӣ, бахусус силсилаи нашрҳои илмии Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот: “Фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик” иборат аз 3 шумора, “Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон” иборат аз 6 шумора, “Осори ПИТФИ” иборат аз 4 шумора, шартномаи литсензионӣ таҳти рақами 1461-08/2017К ба тасвиб расид, ки мутобиқи он ПИТФИ имкон дорад минбаъд тамоми нашрияҳои илмии хешро дар Китобхонаи илмии электронии Русия сабти ном намояд ва барои истифодаи умум пешниҳод намояд.
- Хеле иқдоми шоиста аст. Оё кӯшиш шуд, ки “Паёмномаи фарҳанг” ба рўйхати маҷаллаҳои илмии ВАК-и Русия дохил карда шавад?
- Бале. Рўзҳои сафари хидматӣ барои ворид намудани нашрияи илмию таҳлилии «Паёмномаи фарҳанг» ба рўйхати маҷаллаҳои илмии ВАК-и Русия ва муайяну мушаххас намудани яке аз талаботҳои ВАК – шомил гардидани маҷаллаи “Паёмномаи фарҳанг” ба Палатаи китобҳои Русия, ба муовини директор оид ба корҳои библиографӣ ва кормандони бахши сабти номи библиографияи давлатии Палатаи мазкур ҳамсуҳбат шудам. Дар ҷараёни суҳбат маълум гардид, ки тибқи муқаррароти коргузории Палатаи китобҳои Русия, нашрияҳои берун аз ҳудуди Федератсияи Русия интишорёфта дар Палатаи мазкур ба қайд гирифта намешаванд. Пешниҳод шуд, ки дар сурати ҳамкорӣ бо ин ё он муассисаи интишорӣ ва ё муассисаи илмӣ-тадқиқотии Федератсияи Русия маҷаллаи “Паёмномаи фарҳанг” метавонад дар Палатаи китобҳои Русия тибқи муқаррарот ба қайди библиографияи давлатӣ гирифта шавад.
- Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот бо Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии мероси фарҳангӣ ва табии ба номи Д. С. Лихачеви Русия чи тарҳҳои ҳамкорӣ дошта метавонад?
- Дар суҳбат бо масъулини Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии мероси фарҳангӣ ва табии ба номи Д. С. Лихачев, аз ҷумла бо муовини директор Евгений Владиславович Бахревский ва роҳбари Маркази мероси умумиҷаҳонӣ ва робитаҳои байналмилалии Пажўҳишгоҳ Надежда Владимировна Филатова ба нақшаву барномаҳои кории муассиса аз наздик шинос шудам. Мо дар якҷоягӣ нақшаи дурнамои ҳамкориҳоро чиҳати баргузор намудани семинарҳои омўзишӣ, таҳияи нашрияҳои муштараки иттилоотӣ оид ба дастовардҳои муассисаҳои илмии тарафайн ва тавассути нашрияҳои чопӣ ва сомонаҳои интернетӣ ҳарчи бештар паҳн намудани иттилоот, иштирок дар экспедитсияҳои илмӣ ва таҳқиқотҳои сотсиологӣ, дастаҷамъона таҳия намудани номинатсияҳои объектҳои арзишманди таърихиву фарҳангӣ ва мероси фарҳанги ғайримоддӣ, тарҳрезӣ намудем. Ҳамчунин ба мувофиқа расидем, ки то оғози Конгреси навбатӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ, ки рўзҳои 30-31 октябри соли 2017 дар шаҳри Москва баргузор мегардад, лоиҳаи созишномаи ҳамкориро таҳия намуда ба тасвиб расонем. Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии мероси фарҳангӣ ва табии ба номи Д. С. Лихачев соли 2014 бо қарори ҳукумати 5 мамлакати узви ИДМ: Арманистон, Беларусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Федератсияи Русия ҳамчун ташкилоти базавӣ дар соҳаи ҳифзи мероси умумиҷаҳонии давлатҳои узви ИДМ пазируфта шудааст ва дар ин самт иҷрои корҳои назаррасро ба нақша гирифтааст.
- Дар оғоз гуфтед, ки бо фаъолияти китобхонаи давлатии Русия низ шинос шудед. Мехостам дар ин бора каме рӯшанӣ андозед.
- Оре. Дар тўли сафари хидматӣ ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Китобхонаи давлатии Русия, бахусус дар самти китобшиносӣ, китобхонашиносӣ ва библиографияшиносӣ шинос шудам. Ба шуъбаи такмили адабиёти Китобхонаи мазкур 30 нусха адабиёти тозанашри ПИТФИ бо таври ройгон супорида шуд, ки маъмурияти бахши мазкур изҳори сипос намуданд.
Зимнан бояд бигӯям, ки таҷрибаи дар тўли сафари хидматӣ омўхташуда имкон медиҳад, ки минбаъд ҳангоми таҳияи нақшаҳои илмӣ, барномаҳои корӣ ва лоиҳаву мавзўъҳои илмӣ таҷрибаи муфиди муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии Русия ва маводи илмии аз ҷониби коршиносони ин муассисаҳо интишорёфта мавриди истифода қарор гиранд ва ҳамкориҳои мутақобила дар самти интишори мақолаву маҷмўаҳои илмӣ, ташкилу баргузории экспедитсияҳои илмӣ, таҳқиқотҳои сотсиологӣ ва таҳияи номинатсияҳо, густариш ёбанд.
- Ташаккур барои суҳбат.
- Саломат бошед.
Суҳбати Б.Шафеъ