Либоси миллиро тарҳи ягона мебояд

Гумон мекунем, вақти он расида, ки тарҳи ягонаи либоси миллиро эҷод намоем, ки на хоси бадахшониву кўлобӣ, на суғдию зарафшонӣ, на раштиву ҳисорӣ, балки нишони умумитоҷикӣ бошад.Дар навбати аввал чунин сару либосро дар навъи тоқии мардона ва куртаи занона метавон тарҳрезӣ намуд.

Боиси ифтихори тамоми мардуми Тоҷикистон аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ба низом даровардани маросимҳои мардумӣ нақши муҳим гузошта, дар кулли кишварҳои олам то имрўз ҳамрангу ҳамсанги худро надорад. Қабули ин Қонун ва фаъолияти 10-солаи он собит намуд, кииқдомҳои дар пешгузоштаи Ҳукумати кишвар дар бобати ин масъала аз ҳар ҷиҳат муҳим ва манфиатбор будааст. Маълумоти оморие, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар мулоқот ба муносибати 10-солагииҚонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» зимни таҳлили паҳлуҳои гуногуни татбиқи он ироа намуданд,далели мувофиқи мақсад ва самаранок амал кардани ин Қонун мебошад.

Дар суханронии Пешвои миллат заминаҳои иҷтимоиву иқтисодии қабули ин Қонун ва ҷараёни амалкарди он дар муддати сипаригардида таҳлилу бо тамоми паҳлуҳояш мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Дар 10 соли амалкарди қонуни мазкур маълум гардид, ки он на танҳо дар камхарҷ кардани маросимҳо, сарфаву сариштакории мардум, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, баланд бардоштани некуаҳволии халқ, балки дар ҳифзи анъанаҳои мардумӣ, арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошт ва суннатҳои диниву мардумиро ба танзим даровард.

Бо шарофати ин қонун то имрўз гузаронидани тўю маъракаҳо ва маросимҳои дигар хело камхарҷу ботартиб гардида, ба як низоми муайян даромаданд ва аз ин ҳисоб буҷаи оилавии шаҳрвандони мамлакат ғанӣ шуда, мардум манфиати сарфаву сариштакориро ҳамаҷониба дарк намуданд. Бо ин вуҷуд,то ҳанўз ашхосе пайдо мешаванд, ки ба талаботи қонун эҳтиром нагузошта, дар баргузории расму ойинҳо муносибати худнамоӣ ва шуҳратпарастии худро идома медиҳанд. Баъзан ҳолатҳое мушоҳида мешаванд, аз дину оин ва фарҳанги мардуми мо дур буда, ба қонуни мазкур мухолифанд. Ба иборае, беэҳтиромӣ нисбат ба фарҳанг, расму ойини гузаштагон ва дигар муқаддасоти миллӣ то ҳанўз аз ҷониби баъзе ашхоси худхоҳу кўтоҳандеш ба назар мерасад. Пешвои миллат дар суханронии худ баин паҳлуи масъала низ эътибори хоса доданд ва омилҳои бегонапарастӣ ва тақлиди бемаърифатонаро сахт маҳкум намуданд.

Дар фарҷоми суханрониашон Пешвои миллат ба ду масъалаи ниҳоят муҳим - «арҷи бештар гузоштан ба забони давлатӣ ва риояи фарҳанги миллӣ, ки дар ташаккули андешаи миллӣ ва боло рафтани худогоҳиву худшиноси мардум, бахусус наврасону ҷавонон таъсири амиқ доранд», махсус таваҷҷуҳ намуданд. Воқеан, забон аз рукнҳои асосии давлати соҳибистиқлол буда дар пойдории давлати миллӣ нақши боризеро иҷро мекунад. Аз ин рў эҳтиром ба ин рукни фарҳангӣ эҳтиром ба модар, ватан ва давлат аст. Мутаассифона, баъзан мушоҳида мешавад, ки мо ба забони давлатӣ ва фарҳанги миллии худ чандон эҳтиром намегузорем, ин падидаҳои арзишманди фарҳангиро нодида мегирем. Ҳам дар муносибат ба забони давлатӣ ва ҳам интихоб ва пўшидани либос ҳамчун аркони фарҳанги миллӣ ба тақлид роҳ медиҳем. Дар натиҷа гўишу навишторамон бо услуби бегона омезиш ёфта, тарзи либоспўшиамон ғайритоҷикӣ мешавад. Забон ва либос ҳамчун аркони фарҳанги миллӣва ҳастии миллатба ҳам алоқамандии мантиқӣ доранд. Агар забон ифодакунадаи афкор бошад, либос баёнгари рафтору ахлоқ аст. Бинобар ин гиромидошти забони давлатӣ танҳо дар риояи меъёрҳои он, тарзи саҳеҳи навишт ва парҳез аз олудагиҳои калимаву ибораҳои бегона набуда, шеваи фикрронӣ ва ифодаи ақлии онро низ фаро мегирад. Зеро тафаккур ба забон робитаи бевосита дорадва тафаккури миллӣ ба пояи забони миллӣ шакл гирифтаву инкишоф меёбад. Забон ва либосро метавон ҳамчун категорияи мантиқии шаклу мазмун маънидод намуд. Ба ин мазмун шоир дуруст гуфтааст:

Бетамизиҳои одам аз сухан пайдо шавад,
Пистаи бемағз агар лаб во кунад, расво шавад.

Агар иллатҳои беэътиноӣ нисбат ба забон тавассути сухан гуфтан ошкор гардад, бемаврид ва нобарҷой ба бар кардани пироҳан бетамизиҳои ахлоқӣ ва ё рафтори пўшандаи либосро ифшо месозад, зеро забон орояи андеша асту либос орояи инсон. Чун забону ироаи сухан пўшидани либос низ маърифат мехоҳад. Аммо, чунончи дар мулоқот Пешвои миллат зимни суханронии худ ба таъкид қайд намудаанд: «солҳои охир бо таъсири шабакаҳои интернетӣ ва гурўҳҳои алоҳида тарғиби сарулибоси ба фарҳанги мо бегона дар шаҳру ноҳияҳои мо, ба хусус миёни занон вусъат гирифта истодааст, ки боиси нигаронӣ мебошад». Ин андеша воқеият дорад, ки аксар дар кўчаву бозор ва мавзеъҳоидигари серодамҳамагон дидаву мушоҳида намудаем, аммоағлаб хомўшӣ ва ё бетарафиро ихтиёр карда, дар гирифтани пеши роҳи чунин тақлидкориҳона танҳо кўшиш, балки фикреҳам накардаем.

Табиист, ки мо дар ҷомеаи демократӣ ҳаёт ба сар мебарем ва чунин ҷомеа озодии виҷдон, рафтор, муносибат, интихоби озоди сару либос ва амсоли инротақозо ва таъмин мекунад, аммо ин озодиҳо бояд меъёр ва ҳадду канори худро дошта бошанд. Ҳарчанд ҳудуди марзи ҳар гуна озодиро, пеш аз ҳама, қонунҳо муайян мекунанд, аммо дар ин самт маърифати инсонӣ ва ҳувияти миллӣ низ бетаъсир буда наметавонад. Дар пайдо кардан, интихоби сару либос ва мавқеи истифодаи он маърифат мададрасон мешавад. Мо фарҳанги қадима ва ғании либоспўшӣ дорем, ки дар тўли таърих новобаста ба таъсирҳои берунатарҳи аслии худро нигоҳ дошта, аз насл ба насл интиқол ёфтааст. Бо ин вуҷуд дар давраҳои таърихии муайян бо таъсири омилҳои беруна, шеваи либосдўзӣ ва фарҳанги либоспўшии мо андаке тағйир ёфтааст. Масалан, бо таъсири авомили динӣ дар фарҳанги либоспўшии мо ҳиҷоб ва дастор маъмул гардид, бо таъсири зиндагии ҳамҷавории замони шўравӣ сару либоси аврупоӣ ба фарҳанги мо роҳ ёфт. Дар замони муосир, ки табиати ҷаҳонишавиро ба худ касб кардааст, имконоти таъсири фарҳангҳои бегона ба фарҳанги мо зиёдтар шудааст. Шабакаҳои интернетӣ, филмҳои хориҷӣ, алахусус туркӣ, муҳоҷирати корӣ, сафарҳо бевосита ба кишварҳои дигар аз омилҳои чунин таъсиргузориҳоянд, ки бо вуҷуди маҳдудиятсозиҳо ба тарзи кур-курона реша медавонанд.Ба назар чунин мерасад, ки иллати асосии ин гуна зуҳуроти бегонапарастӣ маърифати пасти мардум ва ҳисси хурофотпарастии эшон аст. Либос зеби одам аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки «одаму либос, хонаву палос». Либос дар ҳамон вақт касро зеб медиҳад, ки шинам, мувофиқ ва одӣ бошад. Мутаассифона, на ҳама ба ин ҷиҳатҳо эътибор медиҳанд ва гоҳо тарзи либоспўшиашон ҳолати ҳайратоварро ҷилва менамоёнад. Пўшидани либос фарҳанги хос дорад, либосҳои сиёҳу дарози шаклан шарқию мазмунан аврупоӣ хоси мо нест. Ҳамчунин пўшидани либосҳои аврупоии доманкўтоҳи ҳиссиётваш, шимҳои танг зеби бонувони мобуда наметавонад.

Тавре ишора шуд, мо анъанаи хуби сарулибосороӣ ва фарҳанги баланди либоспўшӣ дорем, ки ҷаҳониёнро ба ҳайрат овардааст. Дар осорхонаҳо садсолаҳо инҷониб намунаҳои либоси миллиамон нигоҳ дошта мешавад. Куртаҳои занонаи гуногунматоъ бо остини дароз ва саростин, гиребони баланд, доманаи васеъ, докаи сафед ва рўйсарии паҳно ҳама шинаму мувофиқ буда, иффати занона доранд ва вазифаи сатрро иҷро мекунанд. Зимнан, вақте бонувонро дар пероҳани атласу адрас ва ё чакан мебинед, чашмони кас нур мегираду дил сурур. Аммо муҳим атласу адрас ва ё чакан нест, балки муҳим он аст, ки либос чи тарҳ дорад, аз чи матоъ ва чи тарз дўхта шудааст ва чи зебову шинамдар тан ҷилва менамояд.

Либос натанҳо ҷисми моро мепўшонад, онро пероста мегардонад, балки ҳамчун нишонаи фарҳанги миллӣ моро ба дигарон мешиносонад. Пас интихоби дурусти матоъ, дўхти либоси миллӣ, бамавриду дар мавқеъ пўшидани он масъулияти худшиносӣ, худогоҳӣ, ватандорӣ ва ҳувияти миллӣ аст, ки ба тарғиб ниёз дорад. Ин тарғиб дар ду шакл бояд сурат гирад. Бо усули назарӣ дар мактабу муассисаҳои таълимӣ, васоити ахбори омма ва тавассути амал бештар аз бар намудани либосҳои миллии шинаму зебо ва тарғиби тарҳи замонавии онҳо. Аммо баъзан мушоҳида мешавад, ки тарроҳони мо дар духти либосҳо анъаноти миллиро камтар ба инобат мегиранд, дар эҷоди тарҳи ягонаи либоси миллӣ, ки дар чорабиниҳои бузург ва сафарҳои хориҷӣ баёнгари тоҷикият бошад, ҳавсала намекунанд. Гумон мекунем, вақти он расида, ки тарҳи ягонаи либоси миллиро эҷод намоем, ки на хоси бадахшониву кўлобӣ, на суғдию зарафшонӣ, на раштиву ҳисорӣ, балки нишони умумитоҷикӣ бошад.Дар навбати аввал чунин сару либосро дар навъи тоқии мардона ва куртаи занона метавон тарҳрезӣ намуд. Ин амал маънои паст задан ва ё афзалият гузоштан ба ин ё он навъи тоқӣ ва ё либоси занонаи минтақаҳои кишварро надорад. Бигузор чунин тоқиву либосҳо бошанд ва истеҳсолу истеъмолашон зиёд гардад. Дар баробари тоқӣ ва либосҳои суннатии роиҷ метавон нусхаи тоқӣ ва куртаи тозаи умумимиллиро тарроҳӣ намуд, ки дар он унсурҳо ва нақшу нигори ҳамаи минтақҳои кишвар инъикос шаванд. Ин гуна тоқию либос бештар мансубияти расмию ҷашнӣ бояд гирад ва берун аз кишвар низ муаррификунандаи фарҳанги тоҷикон бошад. Махсусан, агар ҳангоми сафарҳои ҳунарӣ чӣ дар дохили кишвар ва чӣ берун ҳунармандони мо бо чунин либосҳо ба саҳна бароянд, ҳам тарғиби либоси миллӣ мешавад ҳам муаррифии фарҳанги либоспўшии тоҷикон. Дар ин кор лозим аст, ки пажўҳишгарони фарҳанги мардум бо тарроҳону рассомон ва ҳунармандон ҳамкорӣ намоянд. Инчунин тарроҳии куртаҳои миллии мардона, ҳам расмӣ ва ҳам ғайрирасмӣ низ зарурат дорад. Бигзор тоқию курта ва дигар либосҳо дар коргоҳу корхонаҳои ватанӣ истеҳсол шаванд ва бо ин роҳ ҳунармандони зиёде бо кор таъмин хоҳанд шуд.

Маълум аст, ки либосҳои миллӣ ҳамчун як бахши зиндаи фарҳанги анъанавӣ аз қадим дар рушду такомул ва тағйирот қарор доранд. Имрўз низ ин раванд идома дорад, аммоморо зарур аст, ки барои ҳифзи асолати он,тарғиби арзишҳои миллӣ ва худшиносӣ тадбирҳои саривақтӣ андешем ва бақои суннатҳои миллиро таъмин намоем.

Ш. Комилзода,А.Зубайдӣ,
М. Муродӣ, Д. Раҳимӣ
ҳодимони илмии ПИТФИ

барчасп: