Ин чорабинии густарда, ки бо ҳидояти Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ. Пешвои милла, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад, рӯзи 21-уми август бо вуруди намояндагони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба қаламрави вилояти Суғд шуруъ гардид.
Зиёрати оромгоҳи Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Бино ба гузориши дафтари матбуотии ҳукумати вилояти Суғд меҳмононро дар даромадгоҳи нақби «Истиқлол»-и ноҳияи Айнӣ муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Рустам Мирзо, муовини Раиси вилоят Назира Fаффорӣ ва намояндагони шаҳру навоҳии вилоят бо гулу гулдаста, карнаю сурнай ва нону ширинӣ пешвоз гирифтанд.
Ҳамчунин, баъди қабул, меҳмонон ба деҳаи Зоосуни ноҳияи Айнӣ раҳсипор гардиданд. Дар пояи муҷассамаи шоир Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ гулчамбар гузошта, аз осорхонаи шоири номдор дидан намуданд.
Сипас, дар Қасри фарҳанги ноҳияи Айнӣ барномаи фарҳангиву фароғатӣ таҳти унвони «Хуш омадед, меҳмонони Бадахшон» баргузор гардид. Баъди анҷоми барномаи фарҳангӣ меҳмонони бадахшонӣ ба чор шаҳру навоҳӣ, аз ҷумла шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент ва ноҳияи Ҷаббор Расулов раҳсипор гардиданд.
Бадахшониён дар Панҷакент
Раиси шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар ВМКБ Лаълҷубаи Мирзоҳасан ба мардуми Панҷакент барои пазироии гарму ҷӯшон изҳори сипос кард. Ӯ гуфт, ки “аз хоки Зарафшон Одамушшуаро устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бархостаанд ва аз пушти килкашон шеър фаввора зад ва ба ҷаҳониён мактабхонаи панду ҳикмат гардид. Мо фахр мекунем, ки вилояти Суғд адибоне чун устод Лоиқ Шералӣ, Фарзона ва Озарахшро ба майдони адабиёти тоҷик овардааст”.
Дар маҳфили муштараки ҷавонон Бадахшон ва Панҷакент, ки дар толори хурди Кохи фарҳанги шаҳр баргузор шуд, сухан аз ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони кишвар, самимияту сипосгузорӣ ҷиҳати эълон кардани Соли ҷавонон, нақши ҷавонон дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ рафт.
Дидору мулоқоти адибони ВМКБ ва Панҷакент, ки дар толори МТМУ №71 баргузор шуд, ба маҳфили адаб ва ҳунари суханварӣ табдил ёфт. Муовини раиси шаҳри Панҷакент З.Азимӣ адибону рӯзноманигорони бадахшониро ба диёри устоди шоирон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ хайрамақдам гуфт ва изҳор дошт, ки ҳадаф аз баргузории маҳфил шиносоию ошноии наздиктар аз адибони Бадахшону Зарафшон аст. Адибони Зарафшону Бадахшон бо эҷодиёти бою рангоранг- шеъру достон, қиссаю ҳикояҳои худ дар рушди адабиёти имрӯзаи тоҷик саҳми намоён мегузоранд. Дар асарҳои адибон ва навиштаҳои рӯзноманигорон дастовардҳои Тоҷикистони азизамон, ғояҳои бузурги сулҳу ваҳдат, дӯстию бародарии халқҳои кишварамон, тасвири идеалҳои олии ҷасурию мардонагӣ, матонату фитрати азалии тоҷикон мақоми асосӣ ва рангу бӯи хоса доранд.
Котиби масъули бахши панҷакентии иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Давлатшоҳи Тоҳирӣ сухани шодбошӣ гуфт. Шоирон Саодати Саидаъзам, Абдураҳмони Сулаймон, Исмоил Зарифӣ, Шаҳодат, Бобаки Суғдӣ дар васфи Ватан, дӯстӣ, сулҳу ваҳдат шеърҳои нави худро қироат карданд. Ҳунармандони машҳури ВМКБ ва шаҳри Панҷакент хотири иштирокчиёни маҳфилро бо савту сурудҳои диловез шод гардонданд.
Меҳмонон аз хона- музейи Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ дар зодгоҳи шоир деҳаи Мазори Шариф, ҳафриёти Саразми 5500 сола, ки ба Феҳристи мероси ёдгории умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил аст, музейи таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва дигар мавзеъҳои зебою таърихии Панҷакент дидан карданд ва бо мардум мулоқотҳо доир намуданд.
Бегоҳирӯзӣ тамошобинони сершумор дар майдони Истиқлоли шаҳри Панҷакент барномаи бою рангини санъаткорони Бадахшонро бо шавқу рағбати зиёд тамошо карданд.
Дар шаҳри Хуҷанд
Дар оғози дидор Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ меҳмононро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, аз баргузории ҳафтаи фарҳангии ВМКБ дар вилояти Суғд ёдовар шуд ва изҳор намуд, ки чунин иқдомҳои ваҳдатофар маҳз бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омада, аз тантанаи сулҳу ваҳдати комил ва ҳамдилии сокинони тамоми ҷумҳурӣ гувоҳӣ медиҳад.
Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед зимни сухан барои истиқболи гарми беш аз 800 нафар намояндагони Бадахшон, ки бо мақсади иштирок дар ҳафтаи фарҳангӣ ба Суғди бостонӣ ташриф овардаанд, ба роҳбарият ва мардуми вилояти Суғд изҳори сипос намуд.
Дар шаҳри Хуҷанд меҳмонони ВМКБ бо роҳбарии раиси ин вилоят Шодихон Ҷамшед дар идомаи сафар ба вилояти Суғд дар пояи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ гул гузоштанд. Маврид ба ёдоварист, ки пайкараи бошукӯҳи асосгузори давлати бузурги тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ соли 2011 дар шаҳри Хуҷанд, дар соҳили рости Сирдарё ба истиқболи 20 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфта буд.
Дар шаҳри Хуҷанд ҳайати меҳмонон собиқадор, ходими сиёсӣ Оқил Оқиловро аёдат намуданд. Оқил Оқилов солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда, аз ҷумла то замони ба нафақа баромадан дар вазифаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият бурдааст.
Ҳайати меҳмонон ҳамчунин ба дидори Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона рафтанд. Дар баробари зикри хизматҳои бузурги номбурда дар ҷодаи рушди шеъру адабиёт, ҳамзамон гуфта шуд, ки Фарзона аз ҷумлаи шоирони муосири соҳибдевон аст, ки на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар хориҷа низ шуҳрати афзун дорад.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки Ҳафтаи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вилояти Суғд то 26 августи соли 2017 ҷараён мегирад ва дар он беш аз 850 нафар аҳли фарҳанг, илму ҳунар иштирок меварзанд.