Чунин ном дошт мизи мудавваре, ки субҳи имрӯз дар Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳани Тоҷикистон баргузор шуд. Чорабинӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷумҳуриявии Иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Шариф Комилзода, Директори ПИТФИ дар мавзуъи “Истиқлолият ва рушди фарҳанги миллӣ” суханронӣ кард. Вай аз ҷумла гуфт, ки “дар ҳақиқат фарҳанг аз аввалин рӯзҳои Истиқлол чун соҳаи сарнавиштсоз ва такягоҳи боэътимоди маънавии ҷомеа дар низмои сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон самти афзалиятнок эълон шуд ва то ин дам ҳамчун воситаи тавонои ташаккулу идеологияи миллӣ, рушди маънавӣ, муаррифигар ва муайянкунандаи мақому манзалати мамлакат дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад”.
Амирхон Шоҳхонов- мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи ҷумҳуриявии Иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуъи “Нақши иттилоот дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ” ва нозири ҳифзи ҳуқуқ ва меҳнати Кумитаи ҷумҳуриявии Иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Қурбонов оид ба “Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои аъзои иттифоқи касабаи соҳаи фарҳанг дар раванди иқтисоди бозаргонӣ” суханронӣ карданд.
Дар хотима Амирхон Шоҳхонов ба зумрае аз кормандони фарҳанг ифтихорномаҳои Кумитаи ҷумҳуриявии Иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим намуд.
Баъди мубодилаи афкор атрофи мавъуи баррасишуда ҳамоиш ба кори худ поён дод.