Маросими гаҳворабандонро дар манотиқи кишвар вобаста ба рўзҳои хос, пас аз баромадани чиллаи кўдак (40 рўз пас) ва дар баъзе ҷойҳо баъди 3 рўзагӣ ва дар баъзе минтақаҳои вилояти Суғд дар 9 рўзагӣ баргузор менамоянд. Дар ин бора пажўҳишгар Аминов А. чунин ибрози назар мекунад: “Дар ноҳияи Ашт ин амал пас аз нўҳ рўз иҷро мегардад ва ин маросимро нўҳбуророн меноманд. Усули баргузории маросими номбурда ба дигар ноҳияҳо монанд аст. Аммо мувофиқи ақидаҳои занони Ашт, кўдак танҳо пас аз нўҳ рўз тамоми хатар ва ҷину балоҳоро паси сар мекунад ва метавонад, ки ў акнун дар паҳлўи модар нею дар гаҳвора бастан мақоли махсус: “Аз нўҳ гузашт, аз кўҳ гузашт”-ро ҳатман истифода мебаранд”.
Анъанае, ки ҳоло ҳам роиҷ аст, аз ҷониби падару модари арўс харидорӣ намудани гаҳвора бо лавозимоташ мебошад. Занони ҳунарманд мувофиқи андозаи гаҳвора курпачаҳои онро, ки “каҳгинак” ва “пахтагинак” ном доранд, омода месозанд. Каҳгинак курпачаест, ки дохили он аз коҳи майда пур карда шуда, дар гаҳвора аз ҳама таг гузошта мешавад. Пахтагинак курпачаест, ки дарунашро бо пахтаи мулоим пур карда, аз болои каҳгинак мегузоранд.
Инчунин аз матоъҳои гуногун барои пўшондани болои кўрпачаҳо, рўймолча аз матои пахтагин, барои бастани дасту пойи кўдак, дастбандаку побандак, кўрпачаи хурдакаки болопўшӣ ва барои болои гаҳвора болопўш яъне гаҳворапўш аз матоъҳои гуногун вобаста ба фаслҳои сол омода месозанд. Масалан, болопўшаки зимистона аз матои бадошти гарму (махмал) патдор ва болопўшаки тобистона аз матои нафиси тунук дўхта мешавад. Дар бештари манотиқи кишвар матои якрангро вобаста ба завқи бонувон гулдўзӣ ва зардўзӣ мекунанд. Дар баъзе ҷойҳо гаҳворапўш ва дигар лавозимоти гаҳвораро аз қуроқ низ омода месозанд. Дар мавриди болопўши қуроқӣ будани гаҳвора ақидае вуҷуд дорад, ки мардумшиноси варзида А. Мардонова мегўяд: “Пеш онҳое, ки тифли дардманд доштанд, гаҳворапўшро аз қуроқ медўхтанд ва умед доштанд, ки бо ин роҳ тифлро аз дард наҷот медиҳанд.”
Муфассалтар: Маросими гаҳворабандон дар шароити кунунӣ