Вазъи имрўзаи хўрокҳои миллии суннатии тоҷикон дар баъзе навоҳии вилоятҳои Суғд ва Хатлон

Таомҳои миллӣ як бахши фарҳанги ғайримоддии миллати тоҷик ба шумор меравад. Аз даврони қадим, тарзи омодасозии гуногуни таомҳои миллӣ дар миёни мардум, ба хусус занон, ки давомдиҳандаи ин бахши фарҳанг мебошанд, ба таври васеъ роиҷ аст. Метавонем гуфт, ки маҳз ҳамин унсур, яъне таоми миллии тоҷикон, дастурхони имрўзаи тоҷикро тавассути  рангорангии худ оро медиҳад. Хусусан дар ҷашну маросимҳои мардумӣ ва ҷашни “Навруз” хурокҳои миллии тоҷикон бештар ба назар мерасанд.

Дар шароити имрўза, ки воситаҳои нави техникӣ тараққӣ кардааст, барои бонувон омода намудани хўрокҳои миллӣ бо тарзу усулҳои гуногун, хеле осон гаштааст. Албатта шароити имрўза, ки дар тамоми ҷаҳон хеле босуръат пеш рафта истодааст, ба пешрафти ҳунарҳои бадеии бонувони тоҷик ҳам бетаъсир намемонад. Аз ин рў, бонувони тоҷик дар тарзи омода намудани хўрокҳои миллии гуногун пешравиҳои назаррасе доранд. Онҳо намудҳои зиёди таомҳои хориҷиро, ба рўйхати хўрокҳои миллии тоҷикона ворид сохтаанд, ки ин аз ҳунарманд будани бонувони тоҷик дарак медиҳад.

Мо имрўз барои таблиғи таомҳои миллии тоҷикон, пеш аз хама вазъи имрўзаи онҳоро дар ҷумҳурӣ омўзем ва намунаҳои беҳтарини онҳоро тариқи экспедитсияҳои фарҳангшиносӣ ва мардумшиносӣ эҳё намоем. Бо ҳамин мақсад дар натиҷаи сафарҳои хидматие, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷамъоварии мавод ва тавзеҳи ҳунарҳои бадеии халқӣ ташкил шуда буд, дар баробари дигар бахшҳои фарҳанги мардум ба омўзиши хўрокҳои миллӣ низ таваҷҷуҳ намудем.

Умуман дар натиҷаи омўзиш ба мо маълум шуд, ки таомҳои миллии тоҷикӣ ва тарзи омодасозии онҳо дар ҳама манотиқи кишвар як хел нестанд. Агарчи баъзе намуди хўрокҳо дар зиндагонии рўзмараи тоҷикон, омода карда шавад, лекин ҳаст хўрокҳое, ки махсуси ин ва ё он ҷашну маросим ва маъракаҳои алоҳида ва минтақаҳои алоҳида мебошанд. Намудҳои хўрокҳое, ки хоси як минтақаанд дар дигар маҳал ва ё минтақаҳои ҷумҳурӣ бо тарзу усули гуногуни омодасозӣ ба назар мерасанд ва ё умуман аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Масалан, ҳангоми суҳбат бо занони пазанда дар ноҳияи Ашт ки якчанд намуди таоми миллиро тайёр намуданд, маълум гашт, ки Оши ҷиварӣ як намуди таоми бисёр машҳури мардуми ин ноҳия мебошад. Ин намуди таом аз донаи ҷиварӣ бо лубиёгӣ пухта мешавад ва ин таом технологияи тарзи тайёр намудани худро дорад, ки на ҳар кас аз уҳдаи омода крадани он мебарояд ва бо таври аъло пухта метавонад. Мардум  ин намуди хўрокро хеле зиёд истеъмол менамоянд.

Барои омўхтани технологияи ин намуди таом бо зане вохурдам, ки ин таомро пухта ба бозор мебарорад ва бо ин роҳ зиндагии худро пеш мебарад. Тарзи тайёр кардани ин таом дар ҳаҷми як дег чунин аст. Аввал 2 кг донаи ҷивариро дар уғурча куфта, аз элак гузаронида, бод медиҳанд. Баъд дар об қариб 1-2 соат тар мекунанд. Баъд оби аввалашро дар алоҳидагӣ мегиранд. Донаи  тар кардаро то тоза шудани донаи ҷиварӣ аз пусти куфтаи сиёҳаш мешуянд. Дар миқдори як сатил об донаи ҷивариро дар дег андохта меҷўшонанд. Як бор, ки ҷўш омад оташро хомўш карда, болояшро маҳкам пушонда 4 соат дам медиҳанд. Дар давоми дам додан, донаи ҷиварӣ мешукуфад. Боз оташи зери дегро рўшан карда, донаи ҷивариро бо иловаи  нахуд, мош, наск, лубиё, ва инчунин намак, боз 3 соати дигар меҷўшонанд. Вақте хўрок тайёр шуд тақрибан 5 коса дўғ (айрон) омехта мекунанд.

Ба монанди ин таом боз дигар намуди таомҳо, ки хоси мардуми тоҷик аст ба монанди оши ҷиварӣ, бутқа, упка, атолаи бо гушт, толқон аз нонҳо тунук (чалпак), қатлама ва ғайраҳо дар ин минтақа ба хубӣ ба чашм мерасид. Яке аз ин хўрокҳо атолаи бо гушт ном дорад, ки хеле боллазат буда, тарзи тайёр кардани ин таом чунин мебошад: Атолаи бо гушт як навъи таоме, ки субҳгоҳон занҳои хона барои аҳли хонавода мепазанд. Тарзи тайёр кардани ин таом чунин мебошад. Дар 1 литр шир 2 пиёла шакарро омехта карда, дар оташи паст то тайёр шуданаш кофтан мегиранд. Гуштро каме, намак карда, дар алоҳидагӣ хурд – хурд чоркунча реза карда, дар об меҷушонанд. Баъди пухтан гуштро дар равған бирён мекунанд. Вақте ки  шир бо шакар меҷўшад гуштро омехта мекунанд. Як бори дигар нағз меҷўшонанд. Дар вақти истеъмол намудан, ба болояш каме равғани зардро мерезанд.

Вақте таом серғизо аст, дар баробари ин бояд ба инсон фоидаовар ҳам бошад. Дар ноҳияи Ашт упка таоми серғизо ва фоидаовар ба хисоб рафта, мардуми ин минтақа ин намуди таомро махсус дар иду маъракаҳои тўйӣ ба таври васеъ истифода мебаранд. Упка як намуди таоми миллии тоҷикӣ буда, аз шуши чорво ва шир тайёр карда мешавад. Технологияи тайёр кардани ин таом душвор буда, на ҳар кас онро пухта метавонад. Шуши чорвои сиҳат ва тоза кардаро шуста, дар шир ба муддати якшабонарўз тар мекунанд. Баъд аз як шабонарўз шушро дар оби ҷушомада, то омода шудан, қариб 6-7 соат меҷўшонанд. Баъд аз пухтан гирифта дар зарф реза мекунанд.

Таоми дигаре, ки бутқа ном дорад, хеле серғизо аст. Асосан ин навиъи таомро занон дар фасли баҳор ҳангоме, ки хушксолӣ меояд ҷамъомада бо якҷоягӣ мепазанд. Вақти пухтани таом занон дар гирди дег дуохонӣ намуда, гуё бо ин васила аз Худованди мутаол озмоиш металабанд ва аз ў илтиҷо мекунанд, ки ба бандагоанш раҳм кунаду хушксолӣ қатъ гардад. Ин таомро хуроки Пайғамбарон низ меноманд ва мардум нисбати ин таом эҳтироми зиёд доранд. Бутқа аз ҳамаи донагиҳо ва лубиёгҳо пухта мешавад. Дар ин таом ҳам гандум ва ҳам биринҷро истифода мебаранд. Дар маҷмўъ ин таом, аз гандум, биринҷ, наск, мош, лубиё, нахуд, макка, пиёз ва гўшт омода карда мешавад. Ҳамаи ин донагиҳоро дар алоҳидагӣ дар об ҷушонида мепазанд. Дар равған гушти қиммакардаро бо пиёз зербонида баъдан об мерезанд. Об ки ҷӯш омад, донагиҳои пухташударо бо ҳам омехта мекунанд. Баъадан оташи зери дегро муътадил мекунанд то ки хўрок оҳиста - оҳиста ҷўшида ширадор шавад. Баъд аз пухтани таом занҳо аввал ҳиссаи худашонро гирифта, баъдан ба мардуми деҳот тақсим мекунанд.       

              Дар баробари таомҳо, мардуми мо, хусусан, тоҷикон нонро бисёртар истеъмол мекунанд. Бе нону фатир дастурхони тоҷикро тасаввур карда намешавад. Дар ноҳияи Ашт нон ва фатирро бо таври миллӣ анъанавӣ мепазанд. Масалан,  “Нони калон, чаппотӣ, кулча, тунук (нони равғанӣ), қатлама (фатири равғанин)” ва дигар намуди нону фатирро бо таври аъло мепазанд. Дар  тўю маъракаҳо нону, кулчаю, фатир умуман ифодакунандаи рамзи дастурхони туйӣ  ба ҳисоб меравад. Нони навъи тунукча, ки хеле нозукиҳои пухтани худро дорад,  танҳо дар ноҳияи Ашт бисёр маъмул буда, дар тўю маъракаҳо хеле зиёд истифода карда мешавад. Хусусан дар туйи арўсбарон мардуми ноҳияи Ашт зиёда аз 100 дона нони тунук ва қатлама пухта, ин навъи нонро, ҳамчун анъана бо дастурхони арўс ба хонаи домод мебаранд. Дар баробари нони тунук қатлама низ хеле васеъ истифода бурда мешавад. Ин навъи нону фатирро чунин тайёр мекунанд: нони тунук: (тунукча, ё нони равғанин) аз орд, об ва намак хамир шўрида, онро ба муддати як соат дам медиҳанд, баъдан онро зуволача гирифта, бо ғулача тунук мекунанд. Тунукиаш ба мисли нони чаппотӣ вале андозааш ба мисли нони маъмулӣ. Равғани  зардро дар дег гарм карда, зуволаҳои тунуккардаро то 10 дона болои ҳам мегузоранд. Ҳамин тавр нони тунукчаро ба як миқдори муайян омода мекунанд.

            Самти сафари навбатии мо ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон буд. Чунонки ҳангоми мусоҳибаҳо бо мардуми деҳа маълум шуд, дар ноҳия мазкур нисбат ба мардуми таҳҷойӣ, мардуми узбекзабон бештар истиқомат мекунанд. Тибқи нақшаи корӣ, самти фаъолияти ман ҷамъоварии мавод оид ба таомҳои миллии тоҷикон мебошад. Азбаски мардуми ин минтақа бештар  ба чорводорӣ, хусусан парвариши гусфанд машғуланд, хўрокҳои гуштӣ зиёд омода мекунанд. Умуман гушти гусфанд маъмултарин хуроки мардуми ноҳияи Шаҳритуз ба шумор меравад. Масалан: тандуркабоб яке аз таомҳои машҳури ин ноҳия буда, ин таоро мардум хеле ба таври васеъ истифода мебаранд. Дар ошхонаҳои ин минтақа аз хурокҳои парҳезӣ ками кам дида мешавад. Ҳамаи таомҳо бо гушти гусфанд пухта мешавад. Мо ба хонаводае ташриф овардем, ки аҳли хонавода ҳама бо ин кор машғуланд яъне онҳо зиндагиашонро маҳз бо пухтан ва фурўши ин таом пеш мебаранд. Дар он хона процесси пухтани  тандуркабобро мо тариқи сабти видеоӣ ба навор гирифтем.

      “Тандуркабоб” яке аз таомҳоест, ки мардуми ноҳия ба таври васеъ истеъмол мекунад, пурра аз гушти гусфанд омода мегардад, ки ин раванди пухтани худро дорад ва на ҳар кас ба таври аъло аз уҳдаи пухтани ин таом мебарояд.  Пои гусфандро гирифта намак карда, зира, барги арча ва тухми гашничро меомезанд. Баъдан  аз сим гузаронида, дар танури тафсон меовезанд. Дар болои алов як зарфе мегузоранд, ки ҳангоми пухтани гушт ва бухор шудан аз бадани гушт обҳои зиёдатӣ ба он зарф мерезад. Болои танурро бо сарпўш маҳкам мекунанд ва болои сарпўшро бо лой пур мекунанд то ки гармии танўр ба берун набарояд. Ин танўр аз қисми поёнӣ каме сурох дорад. Ба воситаи ин сурох ҳавои нолозим мебарояд ва ҳавои лозим дохил мешавад. Муҳлати омодашавии ин таом, тақрибан аз 5 - 6 соат мебошад. Баъди омода шудани таом, сарпушро кушода гушти пухтаро гирифта, реза мекунанд.

Хулоса дар ин ноҳия таом ҳатман бо гушти гусфанд пухта мешавад вале бо вуҷуди ин боз дигар таомҳое, ки ҳам серғизо ва ҳам болаззатан аз ҷониби занони моҳир пухта мешавад. Масалан таоме, ки ба оши палов монандӣ дошта, лек ба ҷои биринҷ ҷугорӣ (макка) ва ба ҷои сабзӣ картошкаро  истифода мебаранд, ки  хеле болаззат буда, барои меҳмонҳо низ пухта мешавад. Дар дег равғанро гарм карда, пиёзро мезербонанд. Баъд картошакаро чоркунҷа реза карда омехта мекунанд. Боз мезербонанд. Баъди нағз бирён шудани пиёзу картошка об мерезанд.  Чугорӣ – маккаи  сахт нашударо, ки пештар дар алоҳидагӣ шуста тайёр карда мондаанд, баъд аз ҷуш омадани зербак бо ҳам меомезанд. Пас аз ҷўшонидани як муҳлаи муайян, ба муддати  10 дақиқа онро дам мепартоянд.          

              Сафари навбатии мо ба самти ноҳияи Мўъминободи вилояти Хатлон буд. Чун ҳарвақта самти фаъолияти кории ман омўзиши таомҳои миллии тоҷикон буд. Вақте бо ҳунармандони деҳа вохурдам, пай бурдам ки ноҳияи Мўъминобод ин минтақаи ҳунармандон буда, дар хўрокпазию нонпазӣ ин мардум дар навбати худ ҳамто надоранд. Вақте саргарми ҷустуҷўи ҳунарманд ва мавод будам, мушоҳида кардам, ки ба кадом хонаводае, ки рафтам занҳои он хона дар пухтани нон ва таомҳои миллӣ ва инчунин дар дигар ҳунарҳои мардумӣ хеле моҳиранд. Дар ин минтақа дар омодасозии таомҳо бештар аз маҳсулоти ширрӣ истифода мебаранд. Хусусан дар фасли зимистон субҳгоҳӣ ҳатман як чанд намуди таоме, ки бо шир тайёр карда мешавад аз тарафи модар ё зани ҳамон хона барои хонавода, фарзандон пухта мешавад. Дар ин ноҳия ман бо занҳое вохурдам, ки якчанд намуди таомро тайёр карданд. Масалан аз қабили атолаи кочӣ, ки хеле таоми пурқувват буда, занҳои деҳа ин намуди таомро дар фасли сармо бештар мепазанд. Ин  таом нозукиҳои худро дошта на ҳар кас аз уҳдаи омодасозиаш мебарояд.

Резвонова Сафаргул занест, ки аз уҳдаи пухтани ҳамаи намуди таомҳои миллии тоҷикӣ мебарояд. Ў атолаи “Кочӣ” ва Назарова Беҷода атолаи “Нашоиста”-ро бо таври хеле моҳирона омода намуданд, ки просеси омода намудани ин таомҳоро тавассути сабти видеоӣ ба навор гирифтем. Ба ғайр аз таомҳои дар боло зикршуда, боз тарзи тайёр намудани дигар таомҳои миллии тоҷикиро, тариқи сабти овозӣ, видеоӣ ва аксҳо аз занҳои деҳа, ҷамоварӣ намудем.

Тарзи тайёр кардани атолаи “Кочӣ” чунин аст: дар дег 2 литр об гирифта, меҷушонанд. Баъд як литрашро дар алоҳидагӣ мегиранд. Дар оби дег як коса орд андохта, барои сахт нашудан оҳиста оҳиста мекобанд. Пасон оҳиста оҳиста оби дар алоҳидагӣ гирифтаро ба даруни дег рехтан мегиранд. Баъд аз пухтани таом дар лаъли гирифта, ба болояш равғани зард мерезанд. Дар ин намуди таом шир низ ҳамроҳ карда мешавад.

Дар фасли зимистон мардуми ноҳияи Мўъминобод ҳамчун анъана қариб ҳама рўз хурдани таоми миллии тоҷикӣ “Қурутоб”-ро дўст медоранд. Азбаски ҳавои фасли зимистон сард аст ва дар деҳот мардум бо кору бори зиндагӣ, ки аз хона берун буданро талаб мекунад, аз қабили нигоҳубини чорво, ҳезумшиканӣ ва ғайраҳо баданашон бояд гарм бошад. Қурутоб, ки худ як навъи таоми миллӣ буда, миҷҷози гарм дорад дар навбати худ баданро низ гарм нигоҳ медорад. Барои ҳамин мардум ин таомро ба таври васеъ истифода мебаранд. Вақте ба хонаи Абудллоева Сайёрра зани чирадасте, ки аз уҳдаи ҳама намуди ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили дузандагӣ ба хубӣ мебарояд, ташриф овардем, келини хонаашон машғули тайёр кардани қурутоб буд. Азбаски мо дар вақти тайёр кардани қурутоб омада будем, просесси тайёр кардани “Қурутоб”-ро ба навор гирифтем. Ин зан хеле зани бофарҳангу меҳнаткаш буда, на танҳо ў худаш балки келину духтарҳояш низ аз уҳдаи дузандагӣ ва пухтани таомҳои миллӣ хеле моҳирона мебароянд. Дар муқоиса нисбат ба шаҳри Душанбе ва бисёр минтақаҳои ҷумҳурӣ, дар ин ноҳия аз маҳсулоти тайёркардаи худашон васеътар истифода мебаранд. Аз нуқтаи назари ман ин кори онҳо боиси кам масраф кардани маблағ шуда, ба бўҷаи хонавода камтар ҳисороти худро мерасонад.

Чи тавр? Масалан, хўроки субҳонаи бештари хонаводаҳо, аз шир омода карда мешавад, ки шир маҳсули меҳнати худи онҳо буда, натиҷаи меҳнати ҳар як хонавода мебошад. Аз ин гуфтаҳо бар меояд, ки агар ҳар хонавода дар зиндагии рўзмараи худ, бештар аз маҳсулоти меҳнати дасти худ таом пазаду истеъмол намояд, ба саломатии онҳо камтар зарар расонда, ба иқтисоди хонаводагӣ низ зарараш камтар мерасад. Чунки мардум аз маҳсулоти хориҷие, ки қисмати зиёди ин маҳсулотҳо сифати паст доранду ба талаботи санитарӣ ва гигиенӣ ҷавобгў нестанд ва ба саломатии инсон зарар мерасонанд камтар харид намуда, аз маҳсулоти босифати хонаи худ исифода мебаранд. 

Масалан: дуғрӯған як навъи таоми миллии тоҷикон буда, онро мардум, бештар дар вақти нисфирўзӣ омода намуда, истеъмол мекунанд. Дуғруғанро аз қурут, об, нон, намак ва равғани зард тайёр мекунанд. Аввал қурутро об карда, каме намак мепошанд, нонро реза карда, нугулро ба болояш мепошанд. Баъдан равғани зардро гарм карда, ба болои нон мерезанд. Ба хотири барои хунукӣ муфид буданаш, ин таомро дар фасли зимистон зиёд истеъмол мекунанд.  

Яке аз таомҳои тоҷике, ки бештар хоси ин минтақа аст, ин тухм ба шир буда, аз 1 литр шир 4 дона тухм 1 стакан шакар ва равғани гусфанд омода карда мешавад. Тухм ба ширро чунин тайёр мекунанд. Аввал дар шир тухм ва шакарро омехта карда, лат мезананд ва то ҷуш омадан мекобанд. Ин таом як вақти муайян ҷўшида тайёр мешавад. Пазанда метавонад аз равғани зард ё дигар намуди равған низ истифода барад.

Як навъи таоми табобатие, ки шаловшира ном дорад, ки хоси ноҳияи Мўъминобод аст, дар дигар минтақаҳо кам истифода бурда мешавад. Ин таомро аз бодоми талх ва об тайёр мекунанд. Бодомро дар уғурак лат зада, орд мекунанд ва дар дег ба як сатил об ҳамроҳ карда, оҳиста-оҳиста кофта бод медиҳанд, ки талхии бодом бо об бухор шуда, дар натиҷа як таоми болаззат тайёр мешавад.

Чуноне аз мушоҳидаҳо маълум гашт, унсури таомҳои миллии тоҷикон нисбат ба ноҳияи Шаҳритус дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ва ноҳияи Мўъминободи вилояти Хатлон зиёдтар ба назар мерасад. Навъҳои таомҳое, ки қадимаанд дар ин ноҳияҳо бештар дида мешавад. Аз қабили таомҳои: кочӣ, ширҷушӣ, ширруған, дуғруған, атолаи бо гушт, бутқа, толқон аз нонҳо тунукча қатлама ва ба монанди инҳо. Аз беҳтарин унсурҳои таомҳои қадимае, ки дар ноҳияҳо дар боло зикр гардиданд, ҳамчун мероси халқӣ боқӣ мондааст.

Ҳунармандон дар ҷумҳурии мо хеле зиёданд. Аз ҷумла занони деҳот қариб ҳамаашон аз уҳдаи ҳамаи корҳои занона ба хубӣ мебароянд. Онҳо ҳам пазандаҳои моҳир ва ҳам дузандаҳои тавоноянд. Аз ин лиҳоз гуфта метавонем, ки зани тоҷик ин худ як занест, ки дар симои ў ҳунарманди асилро дидан мумкин аст. 

Ҳангоми сафарҳои корӣ дар ин се ноҳия, бо ҳунармандони зерин ҳамсуҳбат шудем: инчунин бо пазандаҳои моҳир, ки барои пешрафти кори мо маълумоти хуб додаанд вохурдам, ки таомҳои зикргардидаро маҳз ҳамин пазандаҳо тайёр намуданд:  Юсупова Рузиҷон (соли тав.21.04.1956 сокини ноҳияи Ашт ҷ/ш Шайдон, кўчаи Ленин), Баротова Умриниссо (соли тав. 27.01.1961 ҷ/д Ошоба деҳаи Қаҳрамон) Тухтаназарова Биноат (соли тав. 02.01.1958, ҷ/д Ошоба деҳаи Қаҳрамон) Султонова Тиллохон  (соли тав. 01.07.1952 сокини ноҳияи Ашт, ҷ/д Ошоба кўчаи Олтин) Каримова Мумтоз( соли тав. 17.08.1975 сокини ҷ/ш Шайдон), Ҳакимова Муҳаббат (соли тав. 20.05.1956 сокини ҷ/ш Шаҳритуз), Назарова Беҷода (соли тав. 06.08.1971 сокини ҷ/ш Муминобод), Резвонова Сафаргул (соли тав.12.10.1956 сокини ноҳияи Муминобод ҷ/д Деҳибаланд деҳаи Тутқавут), Назарова Рухшона (соли тав.11.02.1969 сокини ноҳияи Мўъминобод ҷ/ш Мўъминобод) ва ғайраҳо.

Аз ин сафарҳо хулоса баровардам, ки назар ба ноҳияи Ашту Шаҳритуз ноҳияи Муминобод дар ҳунармандӣ бартарияти зиёде доранд.                            

Дар ноҳияи Ашт низ ҳунармандон зиёданд пазандаҳо низ кам нестанд аммо маҳз таомҳои миллии тоҷикӣ, ки хоси мардуми деҳот аст, наонқадар зиёдаст. Аз дигар тараф дар ин минтақа нонпазони моҳир зиёданд, ки “Нон”-ро бо тамоми санъаташ ва ба дараҷаи аъло хеле моҳирона  мепазанд. Нон, рамзи дастурхони тоҷик буда, дастурхони ҳар фарди тоҷикро дар хонадони ҳар фарди тоҷик бе нон тасаввур кардан душвор аст. Занҳои ин ноҳия нонпазоне ҳастанд, ки аз уҳдаи пухтани ҳамаи намуди нон аз қабили “Фатир”, “Кулча”, “Қатлама” ва якчанд намуди дигари “Нонҳо” мебароянд. Нонро ҳамчун хўроки асосӣ тоҷикон дар ҷумҳурӣ умуман дар ҳама минтақаҳо бо тарзу усули хос, дар туйю маъракаҳои худ хеле зиёд мепазанд. Хусусан вақти арўсбарон якчанд намуди нонро мепазанд. Инчунин пухтани нон дар тую маъракаҳои ноҳияи Ашт муқаррароти худро дорад. Вақте арўсро ба хонаи шавҳар мебаранд, ҳатман бояд дар дастурхони арўс нони гулдори калон, кулчаҳо, ду се намуд нони равғанине, ки бо номи “Тунукча”, хеле машҳур аст, ин нон ҳам фатир асту ҳам нон, ки  зиёда аз 100 дона пухта мешавад, баста мешавад. Умуман дар ноҳияи Ашт маросиму анъанаҳои тоҷикон хубтар намоён мегардад.

            Ноҳияи Шаҳритуз чи тавре, ки дар боло зикр кардем, ноҳияи мебошад, ки мардуми таҳҷоӣ нисбат ба ноҳияи Ашт ва ноҳияи Муминобод ками кам ба чашм мерасад. Боз як омили дигари роиҷ набудани хўрокҳои миллӣ дар ин ноҳия , ин аст, ки бештари мардуми ин минтақа кўчи буда, аз дигар минтақаҳои кишвар омадаанд. Аз ин лиҳоз дар ин ноҳия маросиму анъанаҳои миллии тоҷикӣ хусусан таомҳои тоҷикӣ на он қадар тарақӣ кардааст. Мардуми ин минтақа дар нонпазӣ низ онқадар ҳунарманд нестанд. Дар ин ноҳия дар ҳама ҷо бештар  нонҳои одиро дидан мумкин аст. Он нонҳое, ки дар ноҳияи Ашт ва ё ноҳияи Мўъминобод хеле ва хеле зиёд ба чашм мерасид умуман дар ноҳияи Шаҳритус дида намешуд. Яъне мардум бештар ба нонҳои оддӣ ру овардаанд. Ин албатта бад нест аммо агар онҳо низ метавонистанд, ҳамчун мардуми Ашт ва Муминобод каме ҳунари худро сайқал диҳанд, ва барои нигоҳ доштани ҳунарҳои миллии тоҷикӣ саҳми худро гузоранд. Дар бобати таомпазӣ фақат инро гуфта метавонам, ки таомҳои қадимаи тоҷикие, ки дар ноҳияҳои кўҳӣ ё деҳот мепазанд, дар ин ноҳия хеле кам истифода мебаранд. Мардум бештар ба таомҳои гуштӣ рў овардаанд. Хеле ва хеле зиёд аз гушти гусфанд истеъмол мекунанд. Хусусан як таоми машҳури гуштиро, ки “Тандуркабоб” ном дорад, пурра аз гушти гусфанд омода месозанд, ки он раванди пухтани худро дорад ва на ҳар кас ба ин қодир аст.

Хулоса касе ба ин ноҳия меҳмон мешавад, “Тандуркабоб”-и Шаҳритузиро ҳатман мечашад. Тандуркабоб хўроки анъанавии мардуми ноҳияи Шаҳритуз буда, дар ҳама ошхонаҳои ин ноҳия дида мешавад. Умуман мардуми ноҳияи Шаҳритус бо гушти гусфанд таом хурданро дўст медоранд. Барои ҳамин гушти гусфанд дар он ҷо зиёд истифода бурда мешавад. Чун самти фаъолияти таҳқиқ ва омўзиши ман ин “Таомҳои миллии тоҷикон” буд, кўшиш намудам, ки аз ин сафарҳо як натиҷаи хубе ба даст биёрам ва ин мақсади ман маҳз дар ноҳияи Мўъминобод амалӣ гашт. Ноҳияи Мўъминобод дар ҳамаи самтҳои ҳунармандӣ пешқадам мебошад. Сафи ҳунармандон аз ҳамаи самтҳои ҳунарҳо дар ин ноҳия хеле зиёданд. Аз пазандаҳо ҳамаи занҳои ин ноҳияро пазандаи хуб гўем хато намекунем чунки ба кадом хонадоне рафтаму суҳбатҳо гузаронидам ва бо вазъи зиндагӣ ва фарҳанги онҳо шинос гаштаму мавод ҷамъоварӣ кардам, ҳаминро мушоҳида кардам, ки на танҳо занҳои калонсол, яъне модарон балки духтарону келинҳои хонадони онҳо низ занони ҳунарманд мебошанд.

Инсон вақте байни мардум мегардад, аз маърифат ва фарҳанги онҳо бархурдор мешавад. Ман хаминро ба хубӣ дарк кардам, ки занони ин ноҳия занони бомаърифат буда, дар тарбияи насли наврас хусусан духтарон метвонанд саҳми назррасе дошта бошанд. Зан дар баробари модар будан, бояд пазандаи хуб ҳам бошад, то бо ҳунари худ ҳамавақт тавонад фарзандони худро сер кунад. Инро қайд кардан лозим аст, ки дар деҳот духтарон ҳунари пазандагиро аз модарони худ зиёдтар меомўзанд. Азбаскӣ модар ҳунари худро ба духтаронаш меомўзонад, ин яке аз сабабҳои аз байн нарафтани анъанаҳои миллии тоҷикон мегардад. 

 Дар натиҷаи се сафарҳои корие, ки ба ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ доштем аз намунаҳои беҳтарини таомҳои милли тоҷикон зиёда аз 25 намуди номгўи таомҳо ва нонҳоро ба даст овардам.  Дар ноҳияи Ашт ва ноҳияи Шаҳритусу Мўъминободи вилояти Хатлон аз қабили “оши ҷиварӣ”, бутқа, “упка”, “тушбера”, “барги ток”, “сала” ки аз дигар салаҳое, ки дар шаҳр мепазанд фарқ мекунад. “қоракулча”, “оши ҷигорӣ – макка”  “халвои бо шир” “ширҷушӣ” “атолаи нашоиста”, “атолаи ба қанд”, “атолаи кочӣ”, “дуғруған” “шаловшира”, “ревиҷ”, “тухм ба шир”, “ширҷушӣ”. Аз нонҳо: тунукча, қатлама, фатири равғанин, кулча, “нони калон”, “нони мағздор” “фатирмаска” ва ғайраҳо.

 Хулоса ин ҷо қайд кардан лозим аст, дар натиҷаи сафарҳои корие, ки доштем, назар ба ноҳияҳои тобеи марказ ва худи маркази ҷумҳурӣ дар ноҳияҳои дурдаст таомҳои миллиро зиёдтар истифода мебаранд, ки ин хело хуб ба чашм мерасад. Баъд аз анҷом додани сафари хизматӣ дар натиҷа воқиф аз он гаштем, ки  кишвари мо дорои фарҳанги бою ғанӣ буда, барои аз байн нарафтани  фарҳанги миллӣ  мо бояд аз паи кўшиши хифз кардани он бошем, то мардум ба фарҳанги бегона такя накунанд.  Аввалин сафари ман бо ҳайати гурўҳ ба  ноҳияи Ашти вилояти Суғд буд, ки натиҷаи хуб ба даст овардам. Дар ин ноҳия бо бисёр ҳунармандон вохурӣ карда, ҳамсуҳбат гаштам ва хулоса аз он баровардам, ки ҳунармандони зиёде фаъолият карда истодаанд вале барои аз байн нарафтани унсурҳои миллӣ, ки ҳунарманд иҷро мекунад дастгирии бевоситаи Ҳукумат лозим аст. Мардуми мо, яъне, халқи тоҷик бисёр мардуми меҳнаткашу санъатдусту дорои фарҳанги бою ғанӣ мебошад. Аз ҳамин лиҳоз гуфтан мумкин аст, ки бояд ин мероси қадимаи мо на фақат аз тарафи Ҳукумат ва Раёсатҳои марбута, балки бо роҳи хамкорӣ бо мардуми ҳунарманд  ҳифз карда шавад.

Ш.Бердиева
М.Ниёзова

барчасп: