Сайёҳони машҳуре аз қабили Марко Поло, Гилом Рубак, Клавиҳо Рюи Гонсалес, Ефемов Ф. ва дигарон бардошт аз ҳунарҳои мардуми тоҷикро дар сафарномаҳо ва асарҳои этнографии худ на танҳо зикр кардаанд, балки дар бораи баъзе аз онҳо маълумоти муфассал овардаанд. Чунончи Марко Поло дар китобаш дар бораи ҳунару либосҳое, ки мардуми кўҳистони Помир ба бар мекардаанд, чунин гуфтааст: «Дар он ҷо одамон камонварони олидараҷаанд, бисёртар либосҳои аз пўсту пашми ҳайвонот омодашударо, ки арзиши баланд доранд, ба бар мекунанд». Ҳунарҳои дастӣ бештар барои инъикоси фарҳанг, расму русуми мардум матраҳ мешаванд, зеро як бахши муҳиме аз заруриятҳои зиндагии рўзмарраи халқ ҳастанд.
Намунаи ҳунарҳои мардумии ҳар як миллат ҳама вақт диққатҷалбкунанда буда, бинобар ин онҳо як воситаи хубе барои ҷалб намудани таваҷҷуҳи одамон, муаррифии фарҳангу одоб ва ҳунару истеъдоди халқиятҳои ҷаҳон ба шумор мераванд. Бояд гуфт, ки нуқтаи назари сайёҳон ва муносибати онҳо ба ҳунарҳои мардуми гўшаву канори ҷаҳон мақсади асосии онҳост. Сайёҳӣ яке аз роҳҳои беҳтарини шиносоӣ бо фарҳанги мардуми ҷаҳон аст.
Фарҳанг асоси инкишоф, ҳифозат, мустаҳкам нигоҳ доштани истиқлолият ва худшиносии миллӣ маҳсуб мешавад. Ба мероси фарҳангии тамоми халқ на танҳо маҳсули рассомӣ, муҳандисӣ, санъати мусиқӣ, балки фолклор, ҳунарҳои мардумӣ ва самтҳои дигари ҷомеа дохил мешаванд. Аммо барои инкишофи бештар ва ҷалби бисёр ба ин соҳа, муайян кардани обеъктҳои гуногуни мероси фарҳангӣ, ҳунарҳои мардумӣ, марказӣ ҳунарҳои дастӣ ва ғайраҳо бояд вуҷуд дошта бошанд. Новобаста аз он, ки сайёҳон тамоми маълумотро метавонанд дар бораи ҷои сафарашон дошта бошанд, аммо мақоли «як бор дидан беҳтар аз сад бор шунидан» барои онҳо муҳимтар аст. Аз ин сабаб ноҳия ва вилоятҳое, ки диққати гардишгаронро ба худ ҷалб мекунанд, бояд барномаҳои махсус барои қабули онҳоро дошта бошанд.
Ҳунари мардуми тоҷик ҳанўз аз солҳои пеш диққати ҷаҳонгардонро ба худ ҷалб кардааст. Онҳо дар бораи тарзи омода кардани либос, сохтани афзорҳои рўзгор ва нақшу нигорҳои махсус дар он, сохтани армуғонҳо ва умуман тамоми паҳлўҳои муҳиме, ки дар ҳаёти халқ аз мавҷуд будани ҳунари дастиашон дарак медод, андешаҳои гуногунро баён кардаву китобат низ намудаанд. Масалан, сайёҳони машҳуре аз қабили Марко Поло, Гилом Рубак, Клавиҳо Рюи Гонсалес, Ефемов Ф. ва дигарон бардошт аз ҳунарҳои мардуми тоҷикро дар сафарномаҳо ва асарҳои этнографии худ на танҳо зикр кардаанд, балки дар бораи баъзе аз онҳо маълумоти муфассал овардаанд. Чунончи Марко Поло дар китобаш дар бораи ҳунару либосҳое, ки мардуми кўҳистони Помир ба бар мекардаанд, чунин гуфтааст: «Дар он ҷо одамон камонварони олидараҷаанд, бисёртар либосҳои аз пўсту пашми ҳайвонот омодашударо, ки арзиши баланд доранд, ба бар мекунанд».
Ё ин ки сайёҳ Ефемов Ф. мушоҳидаҳояшро дар мавриди пироҳани занона, ҳунари онҳо ва инъикоси русуми мардум менависад «Пеш аз ҳама ба муносиб будани пироҳан ва сипас ба риояи одоб аҳамият дода мешавад. Бароҳат будани либос, фарох, чинҳои зиёд доштани он ба ҳисоб гирифта шудааст, ки барои озодона нишастан монеа пеш намеорад, ҳаракатро маҳдуд намекунад, дар ҳавои гарм ба нафаскашии бадан халал намерасонад».
Аз ин бармеояд, сайёҳон ҳангоме ки ба кишварҳои гуногун мераванд, мақсадашон танҳо тафреҳу дамгирӣ набуда, омўзиши фарҳангу ҳунари халқ низ барои онҳо аҳамияти махсус дорад. Ба хусус, офаридаҳои дастӣ, ки ифшокунандаи завқи бадеии халқ, инъикосгари расму русум ва муаррификунандаи решаи аслии шинохти ниёгону гузаштагони ҳамон халқ мебошанд. Аз ин лиҳоз, мо беибо гуфта метавонем, ки саҳми маҳорати халқ дар рушди сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳон ба кишвар хеле калон аст, ки дар давраҳои пеш низ анҷом гирифта буд.
Рушди соҳаи сайёҳӣ ва дар баробари он бунёд намудани иншоотҳои беҳдоштию истироҳатӣ дар ҷумҳурӣ, ба сохтани нуқтаҳое, ки ҳунарҳои дастии халқ дар он ҷо ба намоиш гузошта мешаванд, ба фоидаи кор аст. Ин омил метавонад аҳамияти ҳам сиёсию иқтисодӣ ва ҳам иҷтимоиву маънавӣ дошта бошад. Ба хотири он ки сайёҳӣ солҳои наздик дар ҷумҳурӣ ба як соҳаи муҳими манфиатбахшу сердаромад табдил ёбад, як бахши муассири онро инкишофу рўнамоии ҳунарҳои мардумӣ гуфтан хеле ба маврид аст.
Боиси дастгирист, ки доир ба рушди устувори сайёҳӣ ва кам намудани сатҳи камбизоатии шаҳрвандон аз тарафи давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ чораҳои амалӣ андешида мешаванд. Дар доираи Паём ва пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудани соли ҷорӣ ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» таккони бузургест барои боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондан ва эҳёву рушди ҳунарҳои мардумӣ ва таъсиси мактабҳои ҳунармандӣ дар шаҳру навоҳии кишвар. Ҳунари дастӣ ба инсон завқи бадеиро ташаккул дода, таҳаммулу тозакориро тарбия менамояд ва дунёи ботинии шахсро ғанӣ мегардонад. Тасмими Пешвои миллат дар ин маврид хеле зарур ва ба маврид буда, инак ҳунарҳое, ки замоне фаромўш шуда буданд, эҳё гардида, арзиши маҳсулоти дастӣ нисбат ба дигар маҳсулот меафзояд. Ҳунарҳои мардумӣ беҳтарин ва холистарин анвои санъат буда, ҳамеша ба ҳаёти инсон алоқаманданд. Онҳо ҳисси зебоипарастии як халқрро таҷассум мекунанд.
Гузашта аз ин, на танҳо эҷоди асарҳои санъат, балки дастгирии ҳунармандон, ки эҷодкорони зебоӣ ва ҳунари аслии халқ ҳастанд, нишонаи соҳибтамаддун ва дорои ҳунари бою ғанӣ будани миллат мебошад. Ҳунарҳои мардумӣ ва офаридаҳои халқ ба зиндагии мардум робитаи зич доранд, ки тариқи офаридани ашёи гуногун ва ороишҳои мухталиф амалӣ мешаванд ва ё инъикос мегарданд. Ҳар як нақшу нигоре, ки дар ашёи дастӣ инъикос мегарданд, маънои хос дошта, аз ҷониби халқ номгузорӣ мешавад ва аксари онҳо нишони эътиқоду бовар ба урфу одате ҳастанд.
Гарчанде имрўзҳо як қатор амалҳое, ки пештар дастӣ иҷро мешуданд, тавассути компеютер тарҳрезӣ мешаванд, хубанд, аммо фаромўш набояд кард, ки ҳунари анъанавии тоҷикон хеле қадимӣ буда, маҳз бо шакли аслиаш метавонад гардишгаронро ба худ кашад. Зеро онҳо ҳунари дастиро сад бор боарзиштар ва авлотар аз коре медонанд, ки ба технологияи замон анҷом дода шудааст. Бинобар ин, зарур аст, ки дар баробари таълими фанҳои асосӣ, инчунин таълими омўзиши ҳунарҳои мардумӣ ба монанди кандакорӣ, гаҷкорӣ, наққошӣ, кашидадўзӣ, кулолӣ, армуғонсозӣ, табақтарошӣ ва ғайраро ба роҳ монем. Набояд ин ҳунарҳо ба зудӣ аз тарзи анъанавӣ ба технология гузаранд ва шакли асили худро гум кунанд. Инъикоси анъанаҳои мардумӣ дар офаридани осори ҳунарҳои мардумӣ ба инкишофи ҳисси худшиносӣ, ватандориву ифтихори миллӣ, инчунин такмили маҳорати ҷавонон мусоидат мекунад.
Акобир Абдуллоев,
ходими калони илмии
ПИТФИ