Activities calendar

20 марта 2018

Ҷуз камарбанд заминбўси ту нест...

Тасма ё миёнбандест, ки дар гузашта мардону занони тоҷик ба миён мебастанд. Камарбандҳои занон нисбат ба камарбандҳои мардон бориктару нафистар сохта мешуданд ва аз ҳар гуна матоъҳои сахту мустаҳкам ва зебо таҳия мешуданд. Камарбандҳои мардон паҳнтар буд, ки онро аз чарми мустаҳкам месохтанд. Камарбанд дар байни тоҷикон аз замонҳои қадим маъмулан аст.

Мардуми тоҷик,маъмулан,агар ба коре азм кунанд, ҳатман чизеро ба миён мебанданд.

барчасп: 

Наврӯз шуду лолаи хушранг баромад...

Яке аз суннатҳои неки Наврӯз дар гузашта чунин  будааст, ки бомдод рӯзи аввали моҳи фарвардин мардум ба ҳамдигар об мепошиданд ва шакар ҳадя мекарданд. Суннати об пошидан  бо нияти бахти сафед ва покизагиву оромии рӯҳу ҷисм ва ҳадяи шакар маънои ширин кардани даҳонро дорад, ки аз ин Наврӯз то Наврӯзи дигар қалбҳо аз кинаву кудурат пок ва  комҳо ҳамеша ширин бошанд. Баъди адои ин суннатҳо ба таҳияи хони наврӯзӣ, яъне ҳафт шин ва ҳафт син мепардохтанд ва дар наврӯзгоҳҳо ҳамчун рамзи хуршеди оламафрӯз

барчасп: