Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо зиёиёни мамлакат
Чоп шуд: 19/03/201819.03.2018 12:51, шаҳри Душанбе
Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам аҳли зиёи кишвар!
Дар остонаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ нахуст, кулли мардуми шарифи Тоҷикистони азиз, ҳамзабонони бурунмарзӣ, мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ва ҳамаи зиёиёни мамлакатро ба ифтихори ин ҷашни бостонӣ табрик мегӯям.
Дар Соли нави аҷдодӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон бахту нишот, сулҳу субот, ваҳдати ҷовидона ва ба ҳар яки шумо - зиёиёни муҳтарам нерӯи тоза ва илҳоми эҷодӣ орзу менамоям.