Агарчӣ дар замони мо дар атрофи таърихи пайдоиши Иди Наврўз ақидаву фарзияҳои зиёде, аз қабили кўшишу даъвоҳои бархе аз таърихнигорон баҳри ба миллати худ нисбат додани Наврўз, арзи ҳастӣ дошта бошанд ҳам, маҳсули офаридаҳои миллати форснажоду форсзабон будани он ҷойи баҳсу мунозира надорад.
Таърихи ташаккули ҷомеаи инсонӣ, ҳамзамон ин таърихи ҷашну идҳо, санаҳои сарнавиштсозу таърихсозӣ ин ва ё он халқияту миллатҳои сокини сайёраи Замин маҳсуб меёбад. Ва вобаста ба ҳамин, ҳар як ҷашн, иду санаҳои таърихӣ дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии давлатҳои ҷаҳон мақому манзалати ба худ хос дорад ва маъмулан, маҳсули эҷоду дастоварди махсуси халқияту миллати мушаххас шинохта шудаанд. Дар таърихи инсоният ангуштшуморанд ҷашнҳое, ки моҳиятан аз умқи қарнҳо реша гирифтатаву то эҷоду устуворшавии динҳои бузурги ҷаҳон арзи ҳастӣ кардаанд ва дар як вақт бо ҳаёти инсон, робитаву омезиши он бо табиат пайвасти ногусастанӣ дошта бошад.
Иди Наврўз маҳз аз ҷашнҳоест, ки пайдоиши он беш аз панҷ ҳазор солро фаро гирифта, ҳатто метавон гуфт, то рў овардани инсон ба машқи хату эҷоди солноманависии одамон арзи ҳастӣ кардааст. Ин ҷашн ҳамон қадаре, ки маҳсули тахаюлу саҳми одамони аҳди қадим дар як гўшаи Замин шинохта шавад, то ҳамон андоза маҳсули офаридаи табиати афсункор низ мебошад. Зеро табиат дар ҳаракати ҷовидонаву шаклу рангивазкуниҳои худ ба инсонҳо ғизои маънавии эҷоди иди мазкурро фароҳам овардааст. Табиат аз хоби гарони карахтӣ, муддатҳои мадиди сардию сармо фориғ шуда, гармиро атои одамон месозад, ки онҳо низ дар навбати хеш ин неъмати бебоҳои табиатро бо хушнудӣ ва илҳоми саршор аз миннатпазириву эҳсосоти муҳаббат мепазиранд, зеро то фарорасии фасли гармӣ онҳо дар асари хунукиҳову дигар нобасомониҳои рўзгор азияти зиёде кашидаву пазмони нўрҳои ҷонбахши Офтоб мешаванд. Ҳамин аст, ки меҳру муҳаббати одамони аҳди бостонӣ ба гармӣ, минҷумла ба Офтобу оташ то андозае зиёд буд, ки қавму ақвоми манотиқи мухталиф ин падидаҳои табиатро чун Худо парастиш мекарданду ба ифтихори онҳо муҷассамаҳо, маъбадҳо, рамзҳои хоса, қиссаву достонҳо эҷод мекарданд.
Бояд мутазаккир шуд, ки тибқи тақвими астрономии офтобӣ баробаршавии шабу рўз дар халқият ва миллатҳои форснажод, ки сароғози фасли нав дар табиат маҳсуб меёбад, ҳамзамон, дар дарку фаҳмиши зеҳнии сокинони аҳди бостонии ин сарзамин ифодакунандаи орзўю омол, шодию нишот, умед ба фардои нек, хурўҷи эҳсосоти рангин, навозиши рўҳу ҷон ва дар маҷмўъ, тимсоли фардои саодатбору орӣ аз ғаму андўҳ мебошад, аз ҷониби сокинони Аҷами бостонӣ бо ифодаи шоиронаи фасли баҳор муаррифӣ гардидааст. Оғози баҳор ва тамоми падидаҳои зобову дилангезе, ки аз ин фасл сарчашма гирифтаву дар деги ҳамеша пурҷўшу хуруши табиат доғ гардида рангу тобиши хоса пайдо менамоянд, бо азму иродаи одамон дар маркази Иди Наврўз таҷассуми хешро пайдо кардаанд. Ва агар ба сохтаҳову эҷодҳои табиат дар фасли баҳор, ки дар мўҳтавои Иди Наврўз мунъакис гардидаанд, боз муҳаббату эҳтироми одамонро ба оташ, ки ҳамчунон, ҷузъи таркибии ҷашни мазкур мебошад, омезиши табиату инсонро дарк кардан душвор нест. Аз ин лиҳоз, дар сароғози Иди Наврўз ва умқи таърихии он ҷузъе ё камтарин мантиқеро ҳамчун ҷашни ҷанбаи динӣ ё мазҳабидошта шинохтан аз доираи идрок берун аст.
Дар воқеъ, агарчӣ, тавре зикраш сурат гирифт, ҷашни Наврўз солиёни мадид қабл аз пайдо шудани хат ба вуҷуд омада бошад ҳам, бори нахуст иттилоот оид ба ибораи Наврўз ва мазмуну мундариҷаи он дар сарчашмаҳои таърихии форсӣ дар асри дуюми давраи нав, рўи кор омада, дар он доир ба таҷлили ҷашни Наврўз дар аҳди сулолаи Ҳахоманишинҳо, тақрибан дар солҳои 648—330 то солшумории мелодӣ маълумот дарҷ карда шудааст. Аз эҳтимол дур нест, ки ба ҷашн мардумии Наврўз таваҷҷўҳ зоҳир кардани шоҳони сулолаи Ҳахоманишинҳо дар зери таъсиру нуфузи рўҳониёни дини дар ҳамон замон навтаъсиси Зардуштӣ ба амал омада бошад. Зеро намояндагони ҳамин дини ҷавон, коҳинону муъбадон аз мақому мавқеи дар байни раъият доштаи ин анъанаи мардумӣ ҷиҳати мустаҳкаму пойдор гардонидани пояҳои он наметавонистанд сарфи назар намоянд. Аз тарафи дигар, чун оташ дар тантанаи Иди Наврўз мавқеи устувору баҳснопазир дорад, баробари арзи ҳастӣ кардани оини нави оташпарастӣ рўҳониёну афроди мароқдошта истифодаи ин омили муҳими ҳам дар оини нав ва ҳам, дар ҷашни мавриди назар дар мавқеи марказӣ қарордошта, метавонистанд ба манфиати хеш аз он моҳирона истифода намоянд. Ҳамзамон, омили дар байни сокинони манотиқи бузург шаъну шўҳрати зиёд доштани Наврўз дар баробари аҳли дин, инчунин пайваста таваҷҷўҳи зимомдорони замон, шоҳону салотини аҳди бостониро низ ба худ моил мекард.
Ҳамин буд, ки бо дастгирию фотеҳа ва пешниҳоду фишороварии рўҳонияти ойини оташпарастӣ шоҳони сулолаи Ҳахоманишҳо ҷашни Наврўзро ҳамчуни маросими идонаи дини Зардуштӣ - иди давлати Империяи Ҳахоманишҳо эътироф карда, ба он мақоми давлатӣ доданд.
Шоири кабири форсу тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ дар достони безаволи хеш «Шоҳнома» умқи таърихӣ ва ба дини замони худ гаровидани Наврўзро тасдиқ карда, сароғози ҷашнгирии ин маросимро ба давраи салтанати Шоҳ Ҷамшед муайян намудааст. Воқеияти ин далелро дар таърихи дини Зардуштиён, китоби муқаддаси Зардуштиён «Авесто» ва дигар маъхазу сарчашмаҳои то замони мо расидаи ин ойин пайдо кардан мумкин аст, ки маросими тоҷгузории шоҳони аҳди худро маҳз дар рўзи тантанаи «Чамшеди Наврўзӣ» ба амал мебароварданд.
Яке аз қадимтарин ҷашнҳои Замин маҳсуб ёфтани Иди Наврўз ва то замони падидоии ойини оташпарастӣ зуҳур доштан, яъне то асри VII то мелод маълуму машҳур будани он ва инчунин, аз мақоми иди асосии давлатии салтанати Ҳахоманишинҳо (қарнҳои VI – IV қабл аз мелод.) ва Империяи Сосониҳо (асрҳои III‑VII солшумории мелодӣ) бархурдор будани Наврўзро муаррихи барҷастаи Юнони қадим Страбон (асри II- и солшумории нав) низ таъкид намудааст. Страбон, аз ҷумла дар яке аз асарҳои таърихиаш оид ба хусусиятҳои ба ин ҷашн хос нигоштааст: «Аз замонҳои қадимтарин то ба имрўз сокинони Мовароуннаҳр (Сирдарё ва Омударё) дар ин рўз дар Маъбади оташ ҷамъ меоянд. Ин муътабартарин ид аст, вақте, ки [дар маросими баргузории тантанаҳои идона] тоҷирон дарҳои дуконҳои худро мебанданд, косибон корро қатъ менамоянд, ҳама шодию хурсандӣ карда, якдигарро бо нўшобаҳо ва хўришҳое, ки ба оташ расидаанд, меҳмондорӣ менамоянд».
Осори бузурги шоирону муаррихони адабиёти классики форсу тоҷик аз одамушшуаро Абўабдуллоҳи Рўдакӣ оғоз карда, то Фирдавсию, Сино, Умари Хайёму Низомии Ганҷавӣ, Ҷалолиддини Румиву Шайх Аттор, Саъдию Ҳофиз, Ҷомию Мушфиқӣ, Амир Хусрави Деҳлавию Бедил, Зубуниссою Савдо, Сайидову Шоҳин, Ҳайрату Аҳмади Дониш, Мирхонду Хондамир, Вассафу Фазлуллоҳи Рашиддадин ва аксари кулли дигар адибону уламои гузашта оид ба авсоф, хусусиятҳои хос, таърихи пайдоишу фазилатҳои Иди Наврўз мероси гаронбаҳоеро барои наслҳои минбаъда ба ёдгор гузоштаанд, низ аз решаҳои бостонии Наврўз шаҳодат медиҳанд. Бахусус, дар ин радиф рисолаи «Наврузнама»- и Умари Хайёму дар тавсифи Наврўз асари беҳамтост. Дар ин рисола фалсафаи Наврўз бо таърихи пайдоиш, русуму анъаноти он дар таснифоти шоири файласуф омезиши амиқ пайдо карда, дар муаррифии воқеияти ҷашни мазкур қимати бузургро касб кардааст.
Аз қаъри анъанаҳои кишоварзону заминдорони Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ реша гирифтани Наврўз ба ин ҷашн имкон дод, ки тўли қарнҳои минбаъда ҳукмравоии зимомдорони юнонӣ баъди истилои ҳудуди бузурги давлатдории Форсҳо побарҷо монда, мақому мавқеи хешро на танҳо аз даст надод, балки маҳбубияти худро дар байни сокинони гуногунзабону гуногунмазҳаби манотиқи васеъ боз ҳам мустаҳкамтар намуд. Ҳатто истилои Араб, ки ғояи дини тозабунёди ислом машъалафрўз ва ҳақбарори ҳаргуна таъарўзу таҷовуз ба мулку сарзаминҳои бегона баҳри паҳну устувор гардонидани дину мазҳаби нав буду мавҷудияти парастиши ҳеҷгуна буту ҳаводису табиату ҷомеаро таҳаммул намекард, натавонист, ки тўли садсалоҳо Иди Наврўзро ҳамчун ғояи ба ислом бегонаву зараровар аз қаъри ҳаёти иҷтимоии сокинони ҳудуди замоне Империяи бузургу муқтадири Форсҳо барканад ва маҳв созад. Бо ҳамин мақсад тўли асрҳои мадид арабҳои дар минтақаҳои ишғолкардаашон сокиншуда, пайваста кўшиш ба харҷ додаанд, ки ҷашни Наврўзро, ки дар ниҳодаш рўҳияи шодию фараҳ нишоту дилхушӣ маскан дошта, ба ҳеҷ ваҷҳ ба муқаррароти исломи ҳанифа (ибтидоӣ) созгор нест, аз бунёдаш решакан карда, аз қалби аҳолии бумӣ берун созанд, вале ин мақсад дар ягон марҳилаи таърихӣ ба онҳо муяссар нашудааст. Ҳарчанд доир ба ин масъала сокинони таҳҷоӣ ба устодони динии худ муқобилияти ошкоро нишон надода бошанд ҳам, ба тариқи сулҳомезу оромона Наврўзро чун ҷашни маҳбуби қалбҳояшон ҳифзу нигоҳдорӣ карда, аз насл ба насл ба мерос гузоштаанд. Дар ҳамин робита месазад аз ҷаҳду талошҳои давлати Иттиҳоди Шўравӣ низ ёдовар шуд, ки бо ҳар роҳу восита Наврўзро чун анъанаи хурофотпарастнонаи даврони дури гузашта маънидод карда, ҳатто соли 1926 ҷашнгирии онро дар тамоми ҳудуди хеш маън карда буд. Вале ин маҳдудкуниҳову фишоровариҳо ҳатто дар ҳамон солҳо ҳамеша натиҷаи дилхоҳ намедод. Шаҳрвандони қонунписанди Шўравӣ сари ин масъала бо ҳукуматдорон баҳсу мунозира накарда, чун айёми собиқ Наврўзро истиқбол мекарданд, дар минтақаҳо, шаҳру рустоҳо, маҳалҳои истиқомати худ аз вуруди ин ҷашни зебо изҳори шодмонӣ кардаву ба ифтихори он анвои мухталифи хўришҳову нўшобаҳо таҳия карда, мусобиқоти гуногуни варзиширо баргузор мекарданд. Ин ид воқеан ҳам, дар ҳама давру замон ҷанбаи мардумӣ дошту рўҳияи шодмонӣ, фараҳангезии фазои хешро таҷассум мекард, аз дигар ҷашнҳо тафовут дошту ҳатто дар амвоҷи пуртуғёни он ҳолати хушҳолии одамон эҳсос гардида, ҳар як иштирокчии он худро ҷузъи таркибии ҷашн эҳсос менамояд. Магар дар чунин вазъият оё шикастану маҳв кардани Наврўз имконпазир аст? Ҳаргиз.
Ҳамон тавре, ки қабл аз истилои арабҳо сокинони аксарияти минтақаҳову мамолики Шарқи Наздик Иди Наврўзро бо шукўҳу шаҳомати хоса истиқбол мекарданду онро ҳамчун ҷашни зебои фасли баҳор ид мекарданд, ба ҳамин тартиб дар давоми садсолаҳои баъди истилои араб, домани фарох густурдани дини ислом, ба вуҷуд омадани Хилофати Араб низ аз таҷлили ин расму анънаи аҷдодии хеш дар канор намонданд. Ҳарчанд Иди Наврўз мақбули арабҳои истилогар набуду онро ҳамчун ҷашни ба ислом бегона маънидод карда, аз таҷлили он на танҳо канораҷўи карда, барои маҳв кардани он тўли таърих ҷаҳду талошҳои зиёд нишон дода бошанд ҳам, ба ҷуз аз роҳ надодан ба паҳншавии он дар ҳудуди бумии худ дар ин самт дигар коре карда натавонистанд.
Мусаллам аст, ки Наврўз ҳамчун тантанаи идона маҳсули офаридаҳои мардуми форсзнажод, минҷумла тоҷикон аст. Наврўз - рўзи нав бо ибораву ифодаи форсҳову тоҷикон аз аҳди қадим то ба имрўз, ки бо ҳамин ном дар шакли талаффузи гуногун ҳанўз аз давраҳои аввали пайдоиши худ на танҳо дар ҳудуди Империяи Форс, балки дигар марказҳои мутамаддини берун аз он сарзамин низ паҳн гардидаву машҳур шуда буд. Ба таври мисол, иддае аз халқияту миллатҳои мухталифи сарзамини Шарқи Наздик ва берун аз он то ба имрўз ин ҷашнро бо ифодаи хоси забонҳои хеш ба чунин тартиб ном мебаранд - Науро́з, Навру́з, Ноуру́з, Ноору́з, Науры́з, Навре́з, аз ҷумла, бо забону талафузи форсӣ نوروز - Now ruz, курдӣ - Newroz, тоҷикӣ - Наврӯз, ўзбекӣ - Наврўз, Navroоz, озарбойҷонӣ - Novruz, туркманӣ - Новруз, Nowruz, қазоқӣ - Наурыз, - Норуз, қирғизӣ - Нооруз, татарӣ - нәүрүз, туркӣ - Nevruz, тоторҳои Қрим - Navrez.
Иди Наврўз ба ҳамон шакли классикие, ки аз аҳди бостон ба мерос мондааст, бо ба бар кардани қабои наву муосири халқияту миллатҳои зиёди маскуни минтақаи Шарқи Наздик, ба истиснои бошандагони беш аз бист давлати арабасос бо шукўҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Бахусус, баъди суқути Иттиҳоди Шўравӣ ва соҳибистиқлол гардидани собиқ ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ Иди Наврўз дар ин давлатҳо аз мазмуну мундариҷаи нав бархўрдор гардид. Иди мазкур дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ мақоми иди давлатиро касб карда, рўзи таҷлили он рўзи истироҳат эълон карда шуд. Айни замон Иди Наврўз ҳамчун оғози соли нави тақвимӣ, ки аз 21 марти солшумории мелодӣ шурўъ мешавад дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таҷлил гардида, чун ҷашнҳои миллии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Ўзбекистон, Ҷумҳурии Туркманистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, давлатҳои Албания, Ҳиндустон. Македония, Босния ва Ҳерсоговина, минтақаҳои Курдистони Ироқ, ҷумҳуриҳои Тотористон, Бошқирдистони Федератсияи Россия ва соири дигар кишварҳову минтақаҳои алоҳидаи саросари ҷаҳон истиқбол карда мешавад. Зимнан, ҷашнгирии Иди Наврўз дар Ҷумҳурии Туркия аз соли 1921 то соли 1991 тибқи ҳидояти ин давлат мамнўъ гардида буд. Тибқи нишондоди тақвими мазҳаби баҳоӣ низ 21 март оғози соли нави тақвимӣ ба ҳисоб рафта, ҳамин рўз дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка ҳамчун Рўзи соҳаи кишоварзии ҷашн гирифта мешавад. Илова бар ин, теъдоди бузурги шаҳрвандони ИМА, ки асли асолати шарқӣ доранд, Наврўзро ҳамасола дар паҳнои ин мамлакат ҷашн мегиранд. Маҳбубияти ҷашни мазкур роҳбарони ин давлатро ҷиҳати табрикоти раъияти худ ба ифтихори таҷлили он дар канор нагузоштааст.
Тавре зикраш дар боло сурат гирифт, Наврўз тайи даҳсолаҳои охир домани бештар паҳн карда, кошифи сарзаминҳои нав мегардад. Таҷлили Наврўз ҳатто дар минтақаҳои сирфан чиноинишини Ҷумҳурии Халқии Чин, Македония, Босния Ҳерсоговина, Канада ва соири дигар мамолики ҷаҳон далелҳои муътамади ин манзур мебошанд. Дар ҳамин робита ҳатто Президенти Гурҷистон Михаил Саакашвили рўзи ҷашнгирии Иди Наврўзро рўзи истироҳат эълон карда, ҳамасола сокинони кишварро бахшида ба ин ҷашн табрику шодбош менамояд.
Махсусан, бояд мутазаккир шуд, ки ҷашни Наврўз дар аксарияти 82 воҳидҳои маъмурии Федератсияи Россия бо шукўҳу шаҳомати хоса истиқбол карда мешавад. Баъди суқути Иттиҳоди Шўравӣ ва ба ин давлат дар баробари аҳолии русзабон, инчунин барои иқомати доимӣ муҳоҷират кардани теъдоди сершумори сокинони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Кавказ ба ин сарзамин рўҳи Наврўзро оварданд. Агар дар айёми қабл Наврўзро танҳо минтақаҳои мусулмоннишини Федератсияи Россия истиқбол намоянд, пас айни ҳол он қариб ба иди саросарии ин давлат табдил ёфтааст. Танҳо теъдоди ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони муқими Федератсия Россия айни замон қариб ба 80 адад расидааст, ки онҳо аз Шарқи Дур то Калининград доман паҳн карда, теъдоди бузурги шаҳрвандони тоҷиктабори Россия, собиқ сокинони русзабони Тоҷикистон, ҳаводорону дўстдорони кишвари моро дар Федератсияи Россия муттаҳид менамоянд. Ин ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ Иди Наврўзро бо сарафрозию шукргузорӣ аз Тоҷикистону Россия дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ доир менамоянд. Аз ҷумла, ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Петрозаводск, Архангелск, Тюмен, Екатеринбург, Нижний Новгород, Воронеж, Ижевск, Самара, Толятти, Қазон, Уфа, Набережние Челни, Перм, Челябинск, Оренбург, Орск, Астрахан, Магнитогорск, Новосибирск, Иркутск, Якутск ва соири дигар шаҳрҳову воҳидҳои маъмурии Федератсияи Россия, ки теъдоди аъзоҳояшон ба миллионҳо мерасад, тўли қариб 20 сол аст, ки дар таҷлили Иди Наврўз малакаю маҳорати шоистаро касб карда, ба ҳамин васила дар таблиғу тарвиҷи фарҳанги миллӣ, дастовардҳои Тоҷикистон дар замони истиқлоллият ва дигар самту паҳлўҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷумҳурӣ дар хориҷи он саҳми муносиби хешро мегузоранд.
Тавре зикр гардид Наврўз русуму анъанот ва фазилату маросимҳои хоси худро дорад. Аз ҷумла, фароҳамоварии ҳафт анвои хўришот бо оғози ҳарфи алифбои арабиасоси син ва ҳафт шин (ҳафт син -هفت سین) ва ҳафт шин) аз маросимҳои анъанавии Иди Наврўз маҳсуб меёбад. Дар аснои таҷлили ҷашн рўи миз ё дастархони идона маъмулан нони гандумӣ, ҷав, арзан, мака, лубиё, нахўд, мош, биринҷ, кунҷут ва дигар зироатҳои лубиёгӣ гузошта мешавад. Таҳия ва болои хони идона гузоштани суманак оини ҳатмии Иди Наврўз мебошад.
Агарчӣ дар замони мо дар атрофи таърихи пайдоиши Иди Наврўз ақидаву фарзияҳои зиёде, аз қабили кўшишу даъвоҳои бархе аз таърихнигорон баҳри ба миллати худ нисбат додани Наврўз, арзи ҳастӣ дошта бошанд ҳам, маҳсули офаридаҳои миллати форснажоду форсзабон будани он ҷойи баҳсу мунозира надорад.
Ҳамзамон ба ин, ин ҷашн дар аҳди муосир бо мазмуну мантиқи ҷаззобу манфиатовари худ моҳиятан аз доираи як ё якчанд давлати алоҳида убур карда, пайваста халқияту миллатҳои нав ба нав, сарзаминҳои то ҳанўз дар канормондаро ба худ ҷалбу ҷазб менамояд. Ва ин падидаи пайваста дар ҳоли рушду инкишоф қарордошта, наметавонист, ки аз маркази таваҷҷўҳи аҳли башар ва созмонҳои фарҳангии алҳол амалдоштаи байналмилалӣ дар канор монад. Аз ин рў, бо назардошти паҳноии фарогирии ҷуғрофӣ ва моҳияти инсондўстонаю табиатпарварона доштани Иди Наврўз 30 сентябри соли 2009 он ба феҳристи намояндагии мероси ғайримоддии фарҳангии инсонияти ЮНЕСКО ворид карда шуд. 23 феврали соли 2010 бошад, Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 64- уми худ дар чорчўбаи банди 49-и рўзномаи иҷлосия «Фарҳанги ҷаҳон» аз тариқи ризоият таҳти унвони «Рўзи байналмилалии Наврўз» Қатънома қабул кард. Аз ҷумла, дар матни қатънома омадааст, ки Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид:
- 21 мартро ҳамчун «Рўзи байналмилалии Наврўз» эътироф менамояд;
- ҷаҳду талошҳои давлатҳои аъзоро, ки дар онҳо Наврўз таҷлил карда мешавад ҷиҳати ҳифзу нигоҳдорӣ ва рушду нумўи фарҳанг ва расму анъанаҳои марбут ба Наврўз, шоистаи таҳсин ва дастгирӣ арзёбӣ менамояд;
- давлатҳои аъзоро водор ва муваззаф менамояд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи иттилоотрасониро оид ба Наврўз баланд бардошта, дар сурати зарурат тадбирҳои ҳарсоларо ҷиҳати бузургдошти ин ҷашн созмон диҳанд;
- аз давлатҳои аъзо, ки дар онҳо ҷашни Наврўз истиқбол карда мешавад, даъват менамояд, ки бо мақсади паҳн намудани донишҳо дар бораи мероси фарҳангии Наврўз дар ҷомеаи байналмилалӣ таърихи пайдоиш ва русуму анъаноти ин ҷашнро мавриди омўзиш қарор диҳанд;
- ба давлатҳои аъзо ва дигар аъзои мароқдоштаи Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла, сохтору муассисаҳои махсуси дахлдори он, бунёдҳо ва барномаҳо, бахусус СММ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, ҳамчунон, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ пешниҳод карда мешавад, ки дар тадбирҳои фарҳангиии давлатҳои аъзо, ки дар онҳо Наврўз таҷлил мегардад, ширкати фаъол варзанд.
Зимнан, боиси ифтихор аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори асосии мақоми байналмилалӣ гирифтани Иди Наврўз мебошад. Маҳз бо туфайли ибтикору ҷаҳду талоши пайгирона ва муътақид сохта тавонистани роҳбарият ва маъмурони СММ, ки аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон сурат гирифтааст, қарори таърихии Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуда, 21 мартро ҳамчун «Рўзи байналмилалии Наврўз» эътироф гардидааст. Шубҳае нест, ки мақоми байналмилалӣ гирифтани Иди Наврўз дар кори мустаҳкам гардидани дўстии халқҳо, барқарории сулҳу ваҳдат, ҳамдигарфаҳмиву ҳамкории халқу мамлакатҳои ҷаҳон нақши муҳим хоҳад бозид.
Фирдавс Шарифзода,
номзади илмҳои таърих