Нақшу нигори як сўзаниву зардеворӣ аз сўзаниҳои дигар ба маҳорати баланд ва тахайюли ҳар як ҳунарманд вобаста аст. Тасаввуроти зеҳнии ҳунарманд чи қадар пуробуранг бошад, дар гулдўзиаш ҳамон қадар нақшу нигор гуногун акс меёбад. Зеро тасвири гулдўзиҳо низ дар ҳаёти одамон нақши муҳим мебозанд.
Навъҳои ҳунар ва нақшаҳои кории ҳунармандон аз ҳамдигар фарқ мекунад. Ҳарчанд ҳунармандон бо мушкилотҳои зиёд аз қабили патент, андоз ва дигар масъалаҳо дучор меоянд, бо вуҷуди ин дар шароити хона ҳунарашонро давом медиҳанд. Маҳсулоташонро ба фурўш мемонанд ва барои дастрас намудани маҳсулоти наву ашё маблағ пайдо мекунанд.
Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати мамлакат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳунарҳои мардумӣ тавваҷуҳи хосса зоҳир кардааст. Иқдоми навбатии сарвари давлат, яъне эълон намудани соли 2018 соли “Рўшди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” шаҳодати гуфтаҳои болост. Дар шароити муосир рушди ҳунарҳои мардумӣ, барои муаррифии фарҳанги миллӣ ва беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии ҳунармандон кумак мерасонад.
Шаҳри Хуҷанд яке аз шаҳрҳои калонтарину машҳуртарини ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, ки дорои ҳунарҳои мардумии махсусе мебошад. Мардуми ин шаҳр аз замонҳои пеш ба ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои гуногуни миллӣ сару кор доранд. Шароити иқтисодӣ ва мавқеи ҷойгиршавии он водор месохт, ки навъҳои мухталифи ҳунарҳои мардумӣ ривоҷу равнақ ёбанд.
Баробари дигар ҳунарҳои мардумӣ дар Хуҷанд санъати гулдўзӣ низ ба роҳ монда шудааст. Ва он яке аз марказҳои асосии гулдўзӣ кардани ҷиҳози хона маҳсуб меёбад. Гулдўзиҳои ин ҷо бо нақшу нигори аҷоиби худ аз гулдўзиҳои дигар минтақаҳо фарқ мекунад. Гулдўзӣ маҳсули дасти зиёде аз ҳунармандони халқӣ буда, ба ҳаёту зиндагӣ, урфу одат ва олами маънавии мардуми тоҷик алоқаманд аст. Чунки ҳунару ҳунармандӣ аз замонҳои қадим ҳамқадами мардуми тоҷик буд. Гулдўзӣ ҳунарест, ки чун воситаи муҳими эстетикию ороишӣ хидмат мерасонад.
Ҳунармандони шаҳри Хуҷанд аз давраҳои қадим дар шароити хона барои осон гардонидани шароити зиндагиашон маҳсулоти гулдўзиро истеҳсол намуда, онро ба бозор бароварда мефурўхтанд. Ғайр аз ин онҳо кўшиш ба харҷ дода, шогирдонро ҳам тайёр мекарданд. Ин ҳунармандон омўзонидани ҷавондухтарони болаёқатро вазифаи муҳими худ меҳисобиданд. Аз ин хотир, мехоҳанд ҳунарҳои қадимии тоҷиконро омўзонанд, анъанаҳои ба фаромўшӣ рафтаро аз нав эҳё кунанд. Тамоми гулдўзони Хуҷанд бар он мекўшанд, ки таҷрибаҳои бои хешро ба ҷавондухтарон ёд диҳанд ва баҳри насли оянда мерос гузоранд. Махсусан тарзи кор кардан бо ҳунари гулдўзии дастӣ, тасвири нақшҳои рамзнокро аз бар кунонанд, то аз нобудшавӣ нигоҳ доранд. Чунки баъди таъсис ёфтани корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъмин гардидани онҳо бо дастгоҳҳои замонавӣ дар Хуҷанд навъи гулдўзии попурӣ (йўрмадўзӣ) ба роҳ монда шуд. Аз ҳамон давра то инҷониб дар ин шаҳр ҳунари мазкур тавассути мошинаҳои гулдўзӣ ҷараён дорад. Масалан, дар маркази таълимӣ-истеҳсолии «Йўрмадўзӣ» ҳамаи занони аз ҳамин навъи гулдўзӣ истифода мекунанд. Дар ин ҷо ҳунармандон бисёртар сўзанӣ, рўймол, ҷойнамоз, курта, болишт ва дигар маҳсулотҳои гулдўзиро таҳия мекунанд. Ҳангоми суҳбат бо яке аз ҳунарманди ботаҷриба Ашрапова Шуҷоат маълум шуд, ки ҳар як бонуи хуҷандӣ кўшиш мекунад, ин ҳунарро аз худ намояд.
Дар натиҷаи тадқиқот маълум гардид, ки шуъбаи фарҳанги шаҳр ва дигар сохторҳои марбута дар чорабинию намоишҳо бо ҳунармандон ҳамкорӣ доштаанд. Мақомоти маҳаллии шаҳр барномаҳо таҳия намуда, барои ҷалби ҳунармандони ҷавон фестивалу семинарҳои шаҳрӣ ташкил мекунанд.
Нақшу нигори як сўзаниву зардеворӣ аз сўзаниҳои дигар ба маҳорати баланд ва тахайюли ҳар як ҳунарманд вобаста аст. Тасаввуроти зеҳнии ҳунарманд чи қадар пуробуранг бошад, дар гулдўзиаш ҳамон қадар нақшу нигор гуногун акс меёбад. Зеро тасвири гулдўзиҳо низ дар ҳаёти одамон нақши муҳим мебозанд.
Навъҳои ҳунар ва нақшаҳои кории ҳунармандон аз ҳамдигар фарқ мекунад. Ҳарчанд ҳунармандон бо мушкилотҳои зиёд аз қабили патент, андоз ва дигар масъалаҳо дучор меоянд, бо вуҷуди ин дар шароити хона ҳунарашонро давом медиҳанд. Маҳсулоташонро ба фурўш мемонанд ва барои дастрас намудани маҳсулоти наву ашё маблағ пайдо мекунанд.
Гулдўзони шаҳри Хуҷанд аз тарзҳои гуногун мувофиқи диди худ ва фармоишгар ҳар як намуди маснуотро омода месозанд. Ҳастанд нафароне, ки ҳоло ҳам аз нақшу нигори қадимӣ истифода мекунанд, вале хеле кам. Ҳунармандон бар он фикранд, ки талабгорон нисбати маҳсулотҳои гулдўзӣ таваҷҷўҳи зиёд дошта, барои гузаронидани ҷашну маросим ва маъракаҳои дигари хеш аз ин навъи маҳсулот васеъ истифода мекунанд.
Як намунаи маъмултарини ҳунари гулдўзӣ рўймол ва ҷойнамоз мебошад. Рўймолу ҷойнамоз нисбати дигар маҳсулотҳои гулдўзӣ бештар ба фурўш меравад. Ҳунармандон ҳам дар омода намудани ин маҳсулотҳо маҳорати баланди касбӣ доранд. Ҳунари рўймолдўзӣ аз замонҳои қадим то имрўз байни бонувони тоҷик роиҷ аст. Руймолҳои мардонаро дар матоъи чоркунҷаи масоҳаташ 1х1 метри якранги шинами бегули шоҳӣ, лас наққошӣ ва гулдўзӣ мешавад. Ва аз давраҳои пеш он ба мардон ҳамчун камарбанд хизмат мекард.
Дар Хуҷанд руймолдўзӣ ҳамчун ҳунари анъанавӣ ҳисоб ёфта, онро дар маросими туй, идҳои мардумӣ ва азодорӣ васеъ истифода мебаранд. мардуми Хуҷанд асосан онро бо номи “купқорғадўзии домодӣ” ном мебаранд. Дар ин минтақа ин намуди рўймолро дар матоъи чоркунҷа, ки як тарафи кунҷи он бо шакли секунҷа гулдўзӣ мешавад таҳия менамоянд. Дар Хуҷанд дар ҷашнҳои арўсӣ маросими салабандон гузаронида мешавад, ки ба домод ҷомаю салла мепўшонанд ва дар камараш рўймоли гўлдўзӣ мебандад, он рамзи ҷасуру нотарс ва ба зиндагӣ омода бунани мардро мефаҳмонад. Рўймоле, ки дар ҷашнҳои хурсандӣ истифода мешавад аз руймоли маросими мотам ва идҳои дигар бо нақшу нигор фарқ мекунад. Дар ҷашнҳои хурсандӣ аз матоъ ва риштаҳои ҷилодору рангашон баланд ва барои маросими аъзодорӣ аз матоъҳои камҷилои якранги торик гулдўзишуда, истифода мебаранд.
Як қатор ҳунармандони шаҳри Хуҷанд, аз қабили Раҳимова Муҳаббат (с/т. 1963), Ашуров Муаззам, Элбоева Муҳаррам (с/т. 1955) ва дигарон, ки ба касби рўймолдўзӣ машғул буда, дар ҷодаи касбу ҳунари хеш муваффақ шудаанд. Ин ҳунармандон касби мазкурро ҳамчун анъана аз гузаштагони худ омўхта, то ҳол онро давом дода, ба насли наврас низ омўзонида истодаанд. Ҳар яке аз ин ҳунармандон шогирдони зиёд дошта, дар фестивалу озмунҳо ва чорабиниҳои шаҳрию вилоятӣ бо маҳсулоти тайёрнамудаи худ иштирок карда, сазовори ифтихорномаҳо гардидаанд. Ҷараёни кори ин бонувон солҳои пешин душвортар буд, онҳо руймолро таввасути даст медўхтанд, аммо ҳозир бошад бо пешрафти илму техника аз мошинаҳо истифода мебаранд, ки ин заҳмати ҳунармандонро осон намудааст. Дар ороиши рўймолҳои замонавӣ низ дигаргуниҳо дида мешавад, истифодаи сангу муҳраҳои ҷилодор ва риштаҳои зарҳалин, ки диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекунад. Бовар дорем, бо ғамхории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳунармандони мардумӣ аз супоридани андози давлатӣ озод гардиданд, ҳунари руймолдўзӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ рушд меёбад.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар ин шаҳр санъати йўрмадўзӣ ба таври фаъол амал мекунад. Чунки ин ҳунар аҳамияти бузурги тарбиявию эстетикӣ дошта, рў овардан ба ҳунари мардумӣ ҳам сатҳи маърифатнокиро баланд мебардорад ва ҳам талаботи иҷтимоиро қонеъ мегардонад. Бояд мардум аз нав ба касбу ҳунарҳои миллӣ рў оранд, зеро дар замони соҳибистиқлолӣ имкони рушд додани он бештар гардид. Аз ин хотир мебояд масъулони шаҳру ноҳия ва вилоят ҳунармандони мардумиро дастгирӣ намоянд ва барои инкишофи ҳунарҳои анъанавии тоҷикон заминаи хубе гузоранд. Бо ин роҳ мо метавонем, фарҳанги ғании хешро устувор нигоҳ дорем.
Умедаи Тағай
Ходими пешбари
ПИТФИ