Ҳунарҳои мардумӣ: НУҚРАКОРӢ

Нуқракорӣ, нуқракӯбӣ, ҳунари аз нуқра сохтан ва ба нуқра зинат додани чизҳо, хотамкорӣ дар нуқра. Нуқра дар заргарии тоҷикон яке аз маҳсулоти асосӣ ба шумор меравад.

Заргарони тоҷик аз замонҳои қадим дар баробари тилло аз нуқраи холис ё бо тилло омехта ҳайкалчаҳо, дастпонаҳо, тавқу овезаҳо месохтанд. Намунаҳои маснуоти нуқрагини қадимӣ дар байни маснуоти аз Хизонаи Омударё ва дигар ҳафриёти дар ҳудуди Осиёи Миёна ёфшуда пайдо гардидаанд, ки аз завқу санъати баланди заргарони тоҷик гувоҳӣ медиҳанд.

Заргарони тоҷик ҳоло ҳам асосан аз нуқра маҳсулоти гуногуни заргарӣ ба монанди нуқракокул (овезаи нӯги гесӯ, ки бо нуқра оро дода мешавад), нуқрақубба (гарданбанди нуқрагии қуббашакл), нуқрапӯпак (зевари нуқрагини бо риштаву муҳраҳои ранга, танга ва тугмачаҳои садафӣ орододашуда, ки ба гесӯи бофташудаи арӯсон пайваст мекунанд), нуқрабарг (гӯшвори нуқрагӣ, ки бо барг монанд аст), зира, чолбанд, қулфи гиребон, зеби гардан, силсила, даспонаву гарданбанд ва гӯшвораҳои гуногун ва дигар зевароти занона месозанд.

Ҳамчунин ба рӯи бисёр зевароти занона нуқра медавонанд. Занону духтарони тоҷик ҳоло ҳам ба зевароти аз нуқра сохтаи заргарони тоҷик ниёз доранд. Кордҳо ва зинҳо низ нуқракубӣ мешуданд.

Аз китоби «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» (қисми якум) ки соли 2015 аз ҷониби Сарредаксияи Энсиклопедияи Миллии Тоҷик чоп шудааст.

барчасп: