Дилшод Раҳимӣ: «Бояд бештар ба мушкилоти ҳунармандон расидагӣ намоем»

Дастрасӣ ба ашёи хом мушкили дигари баъзе аз ҳунармандон мебошад. Моҳи март мо дар шаҳри Хуҷанд ба омӯзиши истеҳсоли адрасу атлас машғул будем ва шоҳид гаштем, ки бисёр адрасбофон аз нарасидани ришта ё калобаи ресмони бофандагӣ шикоят мекарданд. Дар робита ба адрасбофӣ қайд кардан лозим аст, ки ҳунари абрбандӣ асосан, дар шаҳри Хуҷанд ва атрофи он рушд кардааст. Дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар ҳунармандоне, ки абрбандӣ мекунанд, ангуштшуморанд. Адрасбофони ҷануби кишвар калобаҳои абрбандиро бештар аз шимоли ҷумҳурӣ дастрас мекунанд. Бояд ҳунари абрбандии калобаҳоро дар дигар навоҳии кишвар рушд дод, то ки адрасбофон бе ашёи хом намонанд.

Мусоҳибаи Ҷонишини Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Дилшод Раҳимӣ дар “Садои мардум”.
Бо матни комили мусоҳиба ин ҷо ошно шавед: Дилшод Раҳимӣ: «Бояд бештар ба мушкилоти ҳунармандон расидагӣ намоем»

барчасп: