Саду сивуҳафт соли қаҳрамони Тоҷикистон - Нусратулло Махсум

Зиндагинома,  фаъолияти сиёсӣ ва санъати  давлатдории Нусратулло Махсум ниҳоят рангину  гуногунмазмун буд. Ў  яке аз нахустин поягузорони давлати миллии тоҷикон дар солҳои  20-уми қарни ХХ маҳсуб меёбад. Ин  марди  бузург аз раиси Кумитаи  инқилобии ноҳияи Ғарм, то раиси Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Ходими барчастаи давлатӣ, сарсупурдаи миллат Нусратулло Махсум  1 июли соли 1881 дар деҳаи «Чашмаи Қозӣ»-и бекигарии Қаротегини аморати Бухоро (ҳоло ноҳияи Рашт)  дар оилаи деҳқони камбағал ба дунё омад. Ҳанўз аз солҳои наврасӣ ба падари деҳқонаш дастиёри беминнат буд. Нодорию камбағалӣ  ва камбизоатии оилавӣ ҷавони баору номусро водор намуд, ки муваққатан тарки диёри азизаш карда, барои дарёфти қути лоямут ба шаҳрҳои саноати Осиёи Миёна сафар кунад. Дар яке аз корхонаҳои пахтаи шаҳри Қўқанди водии Фарғона ҳаммолӣ карда, музди ночизе  мегирифт.

Соли 1921 Нусратулло Махсум ба радифи муборизони аввалини барпо намудани Ҳокимияти Шўравӣ дар Бухорои Шарқи шомил гардид. Солҳои 1921-1923 ба ҳайси намояндаи Кумитаи хўроквории Ҷумҳурии Халқии Шўравии Бухоро (ҷХШБ) оид ба таъмини қисмҳои Армияи Сурх дар ғарм, сипас дар Душанбе, Раиси Кумитаи Инқилобии вилоят, Раиси Кумитаи фавқулоддаи Бухорои Шарқӣ  ифои вазифа намуд. Пас аз барпошавии Ҷумҳурии Мухтори Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи Инқилобии ҷумҳурӣ  интихоб  гардид.

Соли 1929 бо ташаббус ва талошҳои пайгиронаю  ҷасуронаи Нусратулло Махсум ва дигар ватандўстони тоҷик Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақил шуд. Дар давраи сарварии Нусратулло Махсум ҷумҳурӣ рў ба пешравӣ овард. Таҳти роҳбарии ў асосҳои сохтори нави давлатдорӣ бунёд мешуд. Халқи меҳнаткаши тоҷик ба ҳаёти мустақилонаю осоишта камар баст.

Бунёди як қатор иншоотҳои аҳамияти стратегидоштае, ки дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе сурат гирифт, ба маҳорату санъати роҳбарӣ ва сиёсати давлатдории ў марбут аст. Сохтмони фурудгоҳ, роҳи оҳан ва ғайра аз ҳамин қабиланд. Дар корҳои ободонии ноҳияҳои водии Вахшу ҳисор, ноҳияҳои минтақаи Кўлоб, вилоятҳои Бадахшону Суғд (собиқ Ленинобод) ва гурўҳи ноҳияҳои водии Рашт ҷонбозиҳо кардааст. Ин шахси  инсонпарвар ба Хуҷанд сафар карда, як қатор маҳбусони тўҳматзадаро қаблан аз ҳабс озод намуд. Баъдан оиди ин кор қарор ба тавсиб расонид. Ин амалҳои неки инсондўстонаи Нусратулло Махсум ба шовинистони дар ниқоби коммунист пинҳонгардида хуш наомад. Ҳамин буд, ки борони тўҳматро ба сараш фурў рехтанд. Далелҳои беасос киштии орзўю умед ва нақшаҳои азими созандагии Нусратулло Махсумро ба гирдоби бало афканд. Оре, худогоҳию тавонгарӣ ва хештаншиносии ин марди бедордил ба баъзе  нотавонбинони сатҳи болоӣ намефорид. Аз ин рў, ба гардани ин фарди рустоӣ, марди ғаюру тавоно ва фидои миллату роҳи ҳақиқат, завлонаи бадномӣ заданд.

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) 1 ноябри соли 1937 дар шаҳри Маскав ба қатл расонида шуд.

28 декабри 1957 Раёсати ҳарбии Суди Олӣ қарори прокурори генералии ИҶШС-ро дида, ҳукмро дар ҳаққи Нусратулло бекор кард. Бо қарори раёсати КМ ҲК Тоҷикистон аз 26 июни 1964 Нусратулло Махсум аз ҷиҳати  ҳизби  сафед  шуд.

Аз Нусратулло Махсум ба мо номи нек ба мерос расидааст, ки он дар қалбҳои оташини фарзандони  тоҷик зиндаю ҷовидон хоҳад монд. Ў  ҳаргиз намурдааст. Номи неки вай ҳамеша  вирди забони мардуми мо буд ва абадӣ боқӣ хоҳад монд.

Нусратулло Махсум аз худ на танҳо дар соҳаи  давлату давлатдорӣ осори  амиқе  ба наслҳои минбаъда боқӣ гузошт, балки хонадони намунавиеро ҳам ба ёдгор монд. Халқи тоҷик на танҳо бо номи Нусратулло Махсум, балки бо кору амали фарзандони қобилу огоҳаш Мунаввар, Анвар, Хосият, Акбар (академик) ва Музаффар Нусратуллоевҳо ифтихор менамояд.

Нусратулло Махсум роҳбаре буд, ки қалби ҳассосаш моломоли  ишқи миллат, ишқи Тоҷикистон буд. Тамоми хизматҳои  бебаҳои ў ба назари эътибор гирифта шуд ва қадр гардид.

Бо фармони  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 2006 Нусратулло Махсум ба унвони олии қаҳрамони Тоҷикистон сазовор гашт.

Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накўмон зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро…

барчасп: