Китоби нави Абдуҷаббор Раҳмонзода дар бораи дӯстии тоҷикон ва ӯзбекон

Нашриёти “Шарқи Озод”  очерки илмӣ-оммавии академик Абдуҷаббор Раҳмонзодаро бо номи “Равобити адабию фарҳангии халқҳои тоҷик ва ўзбек»

бо теъдоди ҳазор нусха ба нашр расонид.

Дар оғоз академик А. Раҳмонзода  ба он таъкид кардааст, ки «фарзандони бонангу номус ва соҳибмаърифати ин ду халқ тайи қарнҳо кўшиш кардаанд, ки дар зеҳну андешаи мардум хислатҳои неку ҳамидаи инсондўстӣ ва ҳамзистиро ҷой намоянд ва умр ба сар бурдан дар фазои дўстию рафоқатро тарғиб созанд. Махсусан, аҳли адаб аз ибтидо ба масъалаҳои мазкур диққати ҷиддӣ дода, тавассути осорашон ғояҳои дўстию рафоқат, бародарию баробарӣ ва ҳусни ҳамҷавориро тараннум намуда, бо ҳамдигар робитаи эҷодӣ ва аз осори ҳамдигар омўхта, ба таълифоти якдигарӣ эътимоду эътиқод доштанд».

Муаллиф ин мулоҳизаи  худро дар  ҳашт қисмати очерк дар мисоли дўстӣ ва равобити адабию фарҳангии шахсиятҳои барҷастае ба монанди:  Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ, устод Садриддин Айнӣ ва Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Абдулло Қодирӣ ва Ғафур Ғулом, устод Мирзо Турсунзода ва Шароф Рашидов ва дигар адибони тоҷику ўзбек ба таври муфассал, бо ҷалби маводҳои фаровон ба риштаи таҳқиқ кашида, асоснок намудааст.

Аз ҷумла, дар бораи дўстиву ҳамкории Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ менависад: «Мавлоно Ҷомӣ ва Навоӣ то охири умр дўстию рафоқатро пос дошта, аз комёбӣ ва дастовардҳои хеш шод гардида, ҳамеша нахуст мусаввадаҳои асарҳояшонро аз назари ҳамдигар мегузарониданд ва баъд мавриди мутолиаи дигарон қарор медоданд».

Китоби нави академик Абдуҷаббор Раҳмонзода на танҳо туҳфаи хубу арзандаест ба хонандагон, ки дар бораи дўстиву равобити адабию фарҳангии ду халқи бародар маълумоти муфиду пурқимат медиҳад, балки саҳми бевоситаи муаллиф дар таҳкими дўстиву рафоқати тоҷикону ўзбекон ба ҳисоб меравад

Китоби «Равобити адабию фарҳангии халқҳои тоҷик ва ўзбек»  дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълиф ёфтааст, ки яке аз самтҳои он таҳким бахшидани равобити фарҳангию адабии чандинасраи халқҳои тоҷику ўзбек ба ҳисоб меравад.

Муаллиф бо зикри хидматҳои беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳуими дӯстии халқҳо менависад: «Роҳбари хирадманди тоҷикон дар доираи ниятҳои холисона дўстии халқҳои тоҷику ўзбекро пос медоранд ва баҳри татбиқи амалии он кўшиш карда, ҷиҳати васеъ гардидани доираи ҳамкориҳо шахсан талош менамоянд».

барчасп: