Қадамҳои устувор дар пайраҳаи илм

Дар мақола роҷеъ ба маҷмўаи мақолаҳои илмии ба тозагӣ нашршудаи доктори илмҳои филология, профессор Мурод Муродов «Истиқлолият ва рушди матбуоти даврӣ» сухан меравад. Андешаҳои муаллиф перомуни ҳар як мақолаи илмии маҷмўа сурат гирифта, ҳамбастагии аҳамияти назарию амалӣ ва арзиши илмии он таъкид мегардад. Зикр карда мешавад, ки маҷмўаи «Истиқлолият ва рушди матбуоти даврӣ» силсилапажўҳишҳои муҳиму арзишманд дар соҳаи назария ва амалияи журналистикаи муосир буда, дар он ба масъалаҳои мавриди пажўҳиш аз нуқтаи назари илмӣ муносибат сурат гирифтааст. Проблемаҳои аз тарафи муаллиф гузошташуда барои дар оянда анҷом додани тадқиқотҳои мукаммал дар соҳаи матбуот ва публитсистика заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Дар шароити кунунӣ пешрафту тараққиёти ҷомеа ва тамоми соҳаҳои ҳаётро бидуни воситаҳои ахбори омма (ВАО) тасаввур кардан ғайриимкон аст. Дар замони истиқлолияти кишвар барои пешрафту таҳаввулоти ВАО, махсусан матбуоти даврӣ шароити мусоид ба вуҷуд омад. Ҳарчанд дар солҳои аввали истиқлолият матбуоти даврӣ ба мушкилот рў ба рў гардид, вале дар охири солҳои 90-уми асри гузашта тадриҷан рў ба инкишоф овард. Дар системаи ВАО нашрияҳои мухталиф ба вуҷуд омаданд, ки на танҳо аз ҷиҳати шакл, балки аз рўйу мазмуну мундариҷа низ фарқ мекарданд. Ҳадафу таъйиноти матбуот низ то андозае тағйир ёфт. Имрўз бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки матбуоти тоҷик баёнгари ормонҳои мардум ва ҳимоятгари манфиатҳои миллӣ буда, дар тарғиби дастовардҳои замони истиқлол ва пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ саҳми арзанда мегузорад. Ҳамчунин дар ташаккули афкори иҷтимоӣ, ҳалли проблемаҳои муҳими ҳаёт, барои дар рўҳияи ватандўстиву ифтихори миллӣ, созандагӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ тарбия намудани насли ҷавон низ саҳми матбуот ниҳоят бузург аст.

Боиси хурсандист, ки солҳои охир муҳаққиқону назариячиёни соҳаи журналистика низ ба падидаҳои рушду инкишофи матбуоти тоҷик дар замони истиқлолият бо диду назари тоза менигаранд. Дар бораи мазмуну мундариҷа, хусусиятҳои шакливу мавзўӣ, жанриву ороишӣ ва дигар паҳлуҳои матбуот тоҷик дар замони истиқлол, даҳҳо асару мақолаҳои илмӣ, рисолаву монографияҳо ба табъ расидаанд, ки барои минбаъд дар ин самт анҷом додани пажўҳишҳои амиқтару густурдатар роҳ мекушоянд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки дар ин самт пужўҳишҳои муҳаққиқи нуктасанҷу нозукадои соҳаи журналистика ва публитсистикаи тоҷик, доктори илмҳои филология Мурод Муродов ниҳоят арзишманду бунёдӣ мебошанд. Номбурда дар самти пужўҳиши муҳимтарин масъалаҳои матбуот ва публитсистикаи тоҷик барҳақ идомадиҳандаи кори устодон Воҳид Асрорӣ, Асадулло Саъдуллоев, Давлат Давронов ва Пайванди Гулмуродзода буда, дур ин ҷода имрўз бо устодон Иброҳим Усмонов ва Абдусаттор Нуралиев паҳлу ба паҳлу гом мениҳад. Миқдори асару мақолаҳои илмии дар самтҳои мухталифи журналистика ва публитсистика эҷодкардаи Мурод Муродов ба  200 адад мерасад. М. Муродов аз зумраи муҳаққиқонест, ки ҳамеша аз пайи ҷустуҷўю эҷод буда, маҳорату малакаи пажўҳандагии худро такмил медиҳад. Аз як асари илмӣ то асари илмии дигар малакаю маҳорати ў сайқал меёбад. Натиҷаи ҳамин ҷустуҷўю заҳматҳо аст, ки ў имрўз системаи хоси тадқиқи хешро пайдо намуда, ба дараҷаи олими соҳибмактаб расидааст…

Ба наздикӣ бо дастгирии Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи муассисаи табъу нашри «Аржанг» маҷмўаи пажўҳишҳои илмии чанд соли охири М. Муродов бо номи «Истиқлолият ва рушди матбуоти даврӣ» аз чоп баромад. Дар ин маҷмўа ҷараёни рушди матбуоти даврӣ дар замони истиқлол, матбуоти маҳаллӣ: вазъ ва дурнамои он, мавқеи нашрияҳои алоҳида дар инъикоси воқеияти иҷтимоӣ, паҳлуҳои мухталифи назарӣ ва амалии публитсистикаи муосир, манзалати эҷодии шахсиятҳои ҷудогона ва маҳсули эҷоди онҳо мавриди тааҳлилу баррасӣ қарор гирифта, он барои муҳаққиқону унвонҷўён, донишҷўён ва тамоми шахсоне, ки ба тадқиқу пажўҳиши масъалаҳои муҳими журналистика ва публитсистикаи муосир сари кор хоҳанд гирифт, роҳнамо ва ниҳоят муфид мебошад.

  Қисми якуми маҷмўа «Истиқлолият ва матбуот» ном дорад, ки он 8 мақолаи ҷудогонаро дар бар мегирад. Дар ин мақолаҳо ба заминаҳои инкишофи матбуот дар давраи истиқлол, баъзе масъалаҳои рушди матбуоти даврӣ, мавқеи нашрияҳои алоҳида дар низоми матбуоти тоҷик ва масъалаҳои фанноварӣ дар матбуоти даврӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Аз ҷумла, дар мақолаи нахустин – «Омилҳои рушди матбуоти тоҷик дар замони истиқлол» баъзе масъалаҳои рушди матбуоти даврӣ ва табъу нашрро дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон фаро гирифтааст. Дар мақола бо тавзеҳи мақсади таҳқиқ сатҳи пажўҳиши мавзўъ, омилҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва касбии инкишофи матбуот дар давраи имрўз баррасӣ гардида, марҳилаҳои таҳаввули онро зина ба зина бо зикри унсурҳои умумӣ ва фарқкунанда нишон дода шудааст. Ба ақидаи муаллиф ин ва дигар омилҳо, аз як тараф, ба дигаргун шудани низоми матбуот, рангоранг гардидани мундариҷаи нашрияҳо, замонавӣ шудани ҷараёни омодагии касбии рўзноманигорон, иртиботи қавии назария ва амалия замина гузошт, аз сўйи дигар, дар таъмини воситаҳои ахбори омма бо рўзноманигорони касбӣ ва ба ин минволи рушди ВАО, хоса матбуоти даврӣ таъсир гузоштаанд. Вазъ ва сифати нашрияҳои даврӣ бо усули муқоиса мавриди таҳлил қарор гирифта, вижагиҳои хоса ошкор, зарурат ва дурнамои пажўҳиши амиқи соҳа муҳим арзёбӣ мегардад. Омилҳои асосие, ки ба таҳаввул ва инкишофи матбуоти даврии тоҷик таъсир расондаанд, нишон дода мешаванд. Унсурҳои умумӣ ва фарқкунандаи инкишофи матбуот дар давраҳои мухталиф баён гардида, баъзе самтҳои тадқиқоти минбаъдаи соҳа зикр карда мешавад.

Моҳият, рисолат ва ҳолати умумии матбуоти маҳаллии Тоҷикистон ва аҳамияти пажўҳиши он дар мақолаи «Матбуоти маҳаллии Тоҷикикистон ва зарурути пажўҳиши он» мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Вазъи имрўзаи матбуоти маҳаллии кишвар дар заминаи пажўҳишҳои таърихӣ, таҳлилҳои сотсиологӣ ва мушоҳидаҳои илмии муаллиф ба таври консептуалӣ баррасӣ гардида,  дар мавриди эътибор додан ба ин навъи матбуоти даврӣ сазовори пажўҳиши амиқтар будани он масъала ба миён гузошта мешавад. Дар мақолаи «Андар пажўҳиши як нашрия» бошад, ба фаъолияти яксолаи нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Ҷумҳурият» таваҷҷуҳи илмӣ зоҳир шудааст. Дар иртибот ба масъалаҳои вобаста ба таърихи ташаккули матбуоти тоҷик, ки рўзномаи «Ҷумҳурият» дар саргаҳи он қарор дорад ва барору нобарориҳое, ки рўзнома дар арсаи таърих паси сар кардааст, фаъолияти нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 ба риштаи таҳлил кашида мешавад. Нақши ин нашрия дар инъикоси рўйдодҳои сиёсии дохиливу хориҷӣ, тарғиби иқдомоти Президенти мамлакат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, ҳаллу фасли проблемаҳои ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ ва иқисодиву фарҳангии кишвар муҳим арзёбӣ гардида, ба масъалаҳои шаклу ороиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Мазмун ва мундариҷаи яксолаи нашрия ва рубрикаҳои озмунии он ба таври мухтасар таҳлил гардида, қолабҳои жанрӣ муайян ва баъзе камбудиҳое, ки дар фаъолияти яксолаи нашрия ба назар расидаанд, нишон дода мешавад.

Дар мақолаи «Вазъ ва дурнамои матбуоти маҳаллӣ» чанд андеша дар заминаи омўзиши сотсиологии матбуоти шаҳри Қўрғонтеппа баён гардидааст. Дар ин замина ба баъзе проблемаҳои нашрияи шаҳрии «Набзи Қўрғонтеппа» ва нашрияҳои вилоятии «Хатлон», «Новый Хатлон», «Дўстлик», аз ҷумла ба вазъи кунунӣ, таъминоти кадрӣ ва масъалаҳои вобаста ба табъу нашри онҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда шудааст.

 Мақолаи «Дар талоши фанноварӣ» дар бораи муваффақият ва мушкилоти нашрияи «Насими Исфара» нақл мекунад. Дар заминаи шиносоӣ ба фаъолияти ин нашрия баъзе ҷанбаъҳои таърихӣ ва вазъи имрўзаи он баррасӣ гардида, бо таҳлили маълумоти тариқи пурсишҳои сотсиологӣ бадастомада усули кор, муносибати кормандони нашрия ба касб, хусусияти эҷод ва фикру назари хонандагон ба рўзнома нишон дода мешавад.

 Қисми якуми маҷмўа бо мақолаи «Баъзе проблемаҳо дар баргузории нишастҳои матбуотӣ» ба анҷом мерасад. Дар мақола моҳият ва аҳамият Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи танқидию таҳлилии воситаҳои ахбори омма» мавриди баррасӣ қарор мегирад. Муаллиф аз рўйи мушоҳидаву таҷрибаҳо нақши ин фармонро дар баланд бардоштани обрў ва мартабаи журналистон дар ҳалли масъалаҳои ҳаёти ҷомеа, беҳтар гардидани дастрасӣ ба иттилоъ ва таъмини ҷомеа бо ахбори муътамаду санҷидашуда муҳим арзёбӣ менамояд. Дар баробари ин баъзе камбудиҳое, ки ҳангоми ташкилу  баргузории нишастҳои матбуотӣ ба назар мерасанд, муносибати журналистон ва роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ба ин чорабинӣ, сифати варақаҳои иттилоотӣ ва амсоли инҳо ошкор гардида, барои бартараф намудани чунин норасоиҳо пешниҳодҳои судманд ироа мегарданд.

Қисми дуюми асар «Публисистика ва замони муосир» унвон дошта, чор мақолаи илмиро дар бар мегирад. Мақолаи нахустини ин қисм – «Баъзе масъалаҳои таҳқиқи публисистика дар замони муосир» ба тарзи муносибат ба таҳқиқи публисистикаи муосир бахшида мешавад. Масъалаи ташаккули таҳқиқи публитсистикаи замон ва нақши он дар ҷодаи эҷод, таҳаввулот дар таҳқиқи публитсистӣ ва ҷанбаъҳои барои илм ва ҷомеа муҳими он ғояи асосии мақолаи илмиро ташкил медиҳад. Ба масъалаҳои ҳолат, хусусият ва таъйиноти публитсистикаи муосир, рўҳияи замонавӣ пайдо кардани таҳқиқи публитситика таваҷҷуҳ зоҳир гардида, ба равандҳои ҷомеаи муосир ва инкишофи жанрҳои публитсистӣ таъсиррасон будани он таъкид карда мешавад. Дар се ҷанбаъ – ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ, ҳамчун маҳсули шахси эҷодкор ё маҳсули фаъолияти маърифати инсон ва ҳамчун навъи мустақили фаъолияти эҷодӣ ба роҳ мондани тадқиқи публитсистӣ ба мақсад мувофиқ дониста мешавад. 

Дар мақолаи «Чеҳранигорӣ ва масъалагузорӣ дар публитсистикаи муосир» маводи публитсистии маҷаллаи «Садои Шарқ» ва ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» дар соли 2013 мавриди таҳлил қарор дода шудааст. Дар мақола масъалаҳои иҷтимоиву тарбиявии маводи публитсистикаи нашрияҳои номбурда, фарқи маводи публитсистии замони истиқлол аз публитсистикаи даврони шўравӣ баррасӣ гардида, то чӣ андоза ба тасвири ҳодисаву воқеаҳо, кушодани хислату характер ва олами ботинии қаҳрамонони асарҳои публитсистӣ ноил гардидани муаллифон ва хусусиятҳои хоси нигорандагии онҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда шудааст.

Проблемаи интихоби инсони бунёдкору заҳматкаш ва офаридани симои он дар публитсистикаи бадеӣ дар мақолаи «Тасвири инсони бунёдкор дар публитсистикаи имрўз» аз масъалаҳои марказии мавриди таваҷҷуҳи муҳаққиқ мебошад. Зимни омўзишу таҳлили асарҳои мухталифи публитсистӣ муаллиф таъкид менамояд, ки дар замони имрўза аксари адибон барои офаридани симои чунин шахсон ба публитсистика рў меоранд ва аз имконоти ин навъи эҷод баҳра мебаранд, вале, мутаассифона, на ҳамаи муаллифон ҳангоми инъикоси ҳодисаву воқеаҳои рўзмарра ва тасвири меҳнати фидокоронаи инсони бунёдукор махсусиятҳои жанри публитсистиро риоя менамоянд. Дар асоси таҳлилу муқоиса муаллиф ба хулосае меояд, ки дар публитсистикаи муосир жанри очерк симои анъанавии худро аз даст дода, бештар хусусияти иттилоотӣ касб намудааст ва ба тарҷумаи ҳол монанд гардидааст. Ба ақидаи муаллиф инъикоси ҷараёни бунёдкорӣ, тасвири инсони заҳаматкашу муҳнатдўст, матиниродаву меҳандўст ва дорои хулқу атвори ҳамида кори осон нест ва на ҳар кас ба ин қодир мебошад. Барои тасвири симои чунин қаҳарамон ва ноил шудан ба ҳадаф шахс бояд қобилияти эҷодкорӣ, малакаю маҳорати баланди нигорандагӣ, таҷрибаи ғанӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва истеъдоду лаёқат дошта бошад. Бо таассуф қайд карда мешавад, ки дар публитсистикаи бадеии муосир чунин маҳорати нигорандагӣ ниҳоят кам ба назар мерасад.

Мақолаи «Шаклҳои тозаи ҳаҷвнигорӣ дар матбуоти даврии тоҷик», ки дар охири қисми дуюми маҷмўа ҷой дода шудааст, як навъ идомаи силсилатадқиқотҳои муаллиф дар мавзўи ҳаҷви публитсистӣ мебошад. Муаллиф дар заминаи таҳлили маводи мушаххаси ҳафтаномаҳои «Нигоҳ» ва «Фараж» қолабҳои эҷоди ин навъи асари публитсистиро дар нишрияҳои даврӣ ҷўё шуда, ба вуҷуд омадани шаклу услубҳои нави эҷоди асарҳои ҳаҷвӣ ва махсусиятҳои жанрии онҳоро муайян мекунад. Дар заминаи мисолҳои мушаххас анъанаву навоварӣ дар маводи ҳаҷвии ҳафтаномаҳои  «Нигоҳ» ва «Фараж» баён карда мешавад.

Қисми сеюми маҷмўа тақризҳои дар се соли  охир навиштаи муаллифро дар бар мегирад. Дар ин қисм 10 тақриз ба маҷмўаҳои дастаҷамъӣ ва асарҳои муаллифони гунонун ҷой дода шудааст. Нахусттақриз «Осори пурарзиш» унвон дошта ба нашри ҷилди якуми «Осор»-и Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (Душанбе: Истеъдод, 2014. – 480 с.) бахшида мешавад. Муаллиф мазмун ва мундариҷаи маҷмўаи илмии зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, бо таҳлили омилҳои иҷтимоиву илмӣ зарурати чопи чунин маҷмўа асоснок менамояд, матолиби дар ҷилди мазкур гирдоваришударо муҳим ва актуалӣ меҳисобад.

Маҷмўаи ашъори «Тавофи ватан»-и Абдурауфи Фитрат дар тақризи «Иқдоми хуб ва пайгирона» мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дар ин тақриз аз тарафи маҳаққиқони шинохта, академик Муҳаммадюсуф Имомзода ва Масрур Абдуллоев ба табъ расидан ва дастраси хонандагон гардонда шудани маҷмўаи ашъори Абдурауфи Фитрат кори хайр ва иқдоми нек ҳисобида шуда, хусусияти он аз чанд ҷиҳат муайян карда мешавад. Изҳори умед карда мешавад, ки ин маҷмўа минбаъд объекти тадқиқи маҳаққиқон қарор хоҳад гирифт ва барои ҷустуҷўву ҷамъоварӣ ва ба табъ расондани ашъори боқимондаи Фитрат мусоидат хоҳад намуд.

  Маҷмўа бо тақризи «Роҷеъ ба як омили маҳорат» ба анҷом мерасад, ки он ба маҳорати Баҳманёр дар истифодаи устураву афсонаҳо дар маҷмўаи «Дуди ҳасрат» сухан меравад. Ба ҳунари нависанда дар истифодаи чунин унсурҳои эҷодиёти мардум беназир баҳои баланд дода мешавад ва таъкид мегардад, ки Баҳманёр ҳамчун нависанда зиндагӣ ва урфу одати мардумро хуб омўхтааст. Ҳамин аст, ки дар асарҳои ў тахайюли рангини нависанда бо унсурҳои эҷодиёти мардум омезиш ёфта, барои ҷолибу хонданбоб баромадани асарҳои ў мусоидат кардаанд. Маҳоарти нависанда дар тасвири воқеияти иҷтимоӣ низ баланд ҳисобида мешавад. Ба ақидаи муаллифи тақриз унсурҳои эҷодиёти мардум, ки дар он лутфу зарофат ва танз бештар ба назар мерасад, ба эҷодиёти Баҳманёр ҳамчун «намак ба таом тамъ бахшидаанд» ва барои нишонрас баромадани ҳадафи нависанда ва таъсири он ба рўҳу равони хонанда омили муҳим мебошанд.

М. Ҷумъаев

Шакли комили мақола ва мақолоти дигари ҳамсонро метавонед аз ин ҷо бихонед:
http://www.pitfi.tj/sites/default/files/payomnomai_farhang/payomnomai_farhang-2018-01.pdf

барчасп: