Зооморфизм як навъи тасаввуроти асотирӣ буда, дар замонҳои қадим дар иртибот бо ақидаҳои ҷодуӣ ва тотемистӣ эҷод шудааст. Истилоҳи “зооморфизм” ба маънои табдил ёфтани одамон ба шакли парандагону хазандагон ва дигар ҷонварони аҳлию ваҳшӣ ва дар сурати ҳайвонот зиндагӣ кардани махлуқони табдилшуда мебошад.
Дар афсонаҳои тоҷикӣ табдилшавии персонажҳо ба сурати ҷонварон бо мақсади мубориза бурдан бо рақиб, барои бартараф кардани қувваи бадӣ, барқарор кардани адолат ва ба ҳадафи худ расидани қаҳрамон ба амал меояд.
Дар тасвири образҳои зооморфии афсонаҳои тоҷикӣ он ҳайвоноте ба назар мерасанд, ки аслан ҷонварони маҳаллианд. Масалан: гов, хар, асп, шутур, гўсфанд, буз, хирс, гург, саг, рўбоҳ, шағол, мурғ, чўҷа, кабк, кабўтар, уқоб, шоҳин, гурба, мор ва ғайра.
Мазмунҳои асотирии афсонаҳои сеҳромез садсолаҳову ҳазорсолаҳоро тай карда, давраҳои инкишофи шуур ва тафаккури мардумони аҳди қадимро инъикос кардаанд.
Афсонаҳои халқи тоҷик пур аз асрору маъниҳои нуҳуфтаи таърихию асотирӣ ва ҳунарию эстетикӣ мебошанд, ки омўзиш ва таҳлили ҳар як мотив, сужет, намод, персонажҳо ва образи ҷонварону гиёҳон моро ба умқи тасаввуроти эътиқодию иҷтимоии ниёгони худ мебарад. Афсонаҳо шакли содатари устураҳо мебошанд. Махсусан, афсонаҳои сеҳромез инъикоскунандаи асотири пешиниён буда, намунаҳои донишу ҳикмат, бовару эътиқод, муносиботи инсонҳоро бо табиат фаро мегиранд.
Дар афсонаҳо ҳайвонҳо сухан мегўянд, мисли одам зиндагӣ мекунанд, баъзе махлуқони фавқуттабиӣ ба мардумон зиён мерасонанду чанде дигар мададгорашон ҳастанд, ашёи сеҳрноку ғайриоддӣ ба муроди қаҳрамон амал мекунанд, паҳлавон деву аждаҳоро мағлуб карда, шоҳдухтар ё паридухтарро наҷот медиҳад. Чунин тасвири ҳодисаҳо дар назари аввал содаву бофтаи хаёли мардум менамоянд, аммо дар аслу бун онҳо пораҳои тағйирёфтаи асотири бостон мебошанд. Аз хулосаҳои донишмандон маълум мешавад, ки замоне устураҳо донишҳои муқаддасу эътиқодӣ ва дастурии мардум будаанд.
Дар ин мақола мо ба таҳлилу баррасии яке аз масъалаҳои муҳими таркиби афсонаву устура ва ривояту боварҳои мардумӣ – “зооморфизм” мепардозем, ки решаҳои жарфу шигарфе дар тасаввуроти асотирию эътиқодии ниёгони мо дорад.
Дар илмҳои ҷамъиятшиносиву инсонӣ, махсусан дар илми фолклоршиносӣ ва мифология истилоҳи “зооморфизм” ба маънои хусусиятҳои зоҳирӣ, рафтор, табиати ҳайвонро ба худ гирифтани одамон ва махлуқони дигар ташреҳ ва истифода шудааст. Истилоҳи “зооморфизм” аз калимаҳои юнонии ζωον (zōon), яъне ҷонвар ва μορφη (morphē) ба маънои шакл, ё қолиб сохта шуда, тақрибан маънои “ҳайвонсурат”-ро мефаҳмонад. Як шакли зооморфизмро муҳаққиқон “териантропӣ” (гоҳе “териморфизм”) номидаанд, ки тибқи он инсон қобили ба сурати ягон ҷонвар табдил шуданро дорад.
Бо суханони дигар, табдил ёфтани одамон ба шакли парандагону хазандагон ва дигар ҷонварони аҳлию ваҳшӣ ва дар сурати ҳайвонот зиндагӣ кардани одамону махлуқони табдилшуда асоси зооморфизмро ташкил медиҳад. Дар ҳолати баръакс дар шакли инсонҳо фаъолият кардани ҷонварону махлуқоти фавқуттабииро дар мифология ва дигар улуми инсоншиносӣ “антропоморфизм” меноманд.
Зооморфизм як навъи тасаввуроти асотирӣ буда, дар замонҳои қадим дар асоси ақидаҳои ҷодуӣ ва тотемистӣ эҷод шудааст. Имрўзҳо баъзе унсурҳои онро дар афсона, нақлу ривоятҳои халқӣ, боварҳо, инчунин дар намунаҳои санъати иҷроӣ, дар тасвирҳову миниатюраҳо, ҳайкалу деворнигораҳо, нақшҳои гулдўзӣ, кандакорӣ, заргарӣ, мисгарӣ, кулолӣ ва маҳсулоти дигар ҳунарҳои дастӣ мушоҳида кардан мумкин аст.
Зооморфизм дар суннати номгузории бисёр халқҳо низ таъсир гузоштааст. Масалан, дар насабҳои англисии Фокс, Лион, Волф, ному насабҳои русии Лев, Зайтсев, Медведев, Волков, дар номҳои ўзбекии Бўрӣ, Арслон, Бургут, дар номҳои тоҷикӣ – Гургалӣ, Шералӣ, Алишер, Товус, Тўтӣ, Қумрӣ ва ғайра таъсири тасаввуроти зооморфӣ боқӣ мондаанд.
Зооморфизм нахуст дар шакли тассавурот ва эътиқоди одамони ибтидоӣ шурўъ шуда, минбаъд вориди устураҳо гаштааст. Дар мифологияи қариб ҳамаи қавму халқҳои ҷаҳон, аз ҷумла асотири мардумони эронитабор, образҳои зооморфӣ ва амалиёту қиёфаи онҳо зиёд ба назар мерасанд.
Роҷеъ ба мифологияи мардумони эронитабор муҳаққиқони варзида чун М. Дрезден, Т. Нелдёке, Г.С. Нюберг, В.И. Абаев, М.С.Андреев, С.П.Толстов, К. Инострантсев, И.С. Брагинский, О.А. Сухарева, И.В. Рак, М. Баҳор, Ҷ. Дўстхоҳ, О.М. Чунакова ва чанде дигар пажўҳишҳои арзишманд анҷом додаанд. Дар рисолаву мақолаҳои эшон паҳлуҳои гуногуни асотири эрониён, аз он ҷумла, масъалаҳои офариниши кайҳону эзадон, гиёҳон, ҷонварон ва мардумон, иэрархия ё радабандии эзадон, тазодди офаридаҳои аҳуроӣ ва махлуқоти аҳриманӣ, эсхатология ё охиратшиносии мардум ва амсоли инҳо баррасӣ шудаанд. Дар баробари ин мавзўъҳо роҷеъ ба масъалаҳои марбут ба зооморфизмҳо низ муҳаққиқони мазкур баъзе нуктаҳоро қайд кардаанд.
Аз ҷумла, дар монографияи адабиётшиноси маъруф И.С. Брагинский “Аз таърихи назми халқии тоҷикӣ” андешаҳои марбут ба тасаввуроти ибтидоии ниёгони тоҷикон ва мифологияи Эрони бостон дар қисми аввали китоб, махсусан, дар бобҳои якуму дувум зикр шудаанд. Муаллиф дар боби дувум фаслеро бо унвони “Устураҳои космогонӣ, асотири марбут ба ҷонварон” ихтисос дода, дар он оид ба образҳои зооморфӣ ё худ ҷонварони нимаинсон, аз ҷумла Симурғ, Ажи Даҳока ва моҳии Кара ҳарф задааст.
Тибқи пажўҳиши И. С. Брагинский, парастиши ҷонварон, аз он ҷумла, асп, барзагов, хурўс ва саг дар мардумони эронитабор аз даврони қадим маъмул будааст. Ба далели ин гуфтаҳо, ў аз Авесто, асотири Эрони бостон, инчунин аз бозёфтҳои бостоншиносон, аз тасвири зооморфии деворнигораҳои Панҷакенти қадим ва ҳайкалчаҳои скифию аслиҳаҳои ҷангии нўгашон дар шакли говсар иқтибос овардааст.
Асп дар асотири Эрони бостон ҳамчун намоди чустиву чолокӣ, тундравӣ, ҳушёриву зиракӣ, далериву паҳлавонӣ мавриди ситоиш қарор гирифтааст. Аз ин хотир бисёр эзадону девон дар мавридҳои ҳарбу зарб ба қолиби зооморфии асп табдил меёбанд.
Дар Яшти ҳаштуми китоби муқаддаси зартуштиён “Авесто” («Тир-яшт») Тиштар ситораи сапеду дурахшон ва тавоно мебошад, ки сиришти обро дораду нажодаш аз Апам Напат (эзади обҳо) аст. Тиштар ба колбадҳои аспи сафеди заррингўш ва гови зарриншох медарояд ва бо деви хушксолию беборонӣ Апаоша, ки ба сурати аспи сиёҳ даромада буд ва мехост ҷаҳонро аз беобӣ табоҳ созад, мубориза мебарад [1, с. 238-239]. Дар «Баҳром-яшт» Баҳром ба колбадҳои барзагови зебои зарриншох, аспи сафеди зебое бо гўшҳои зард ва лигоми заррин, уштури сармасти тездав, гурози наринаи тезчанголу тездандон, қўчи (меши) даштии шохҳояш печ дар печ, парандаи тезчангол – Вареғна ва ниҳоят ба сурати марди зебои ройуманд медарояд [1, с. 302-305]. Лозим ба қайд аст, ки дар баъзе сарчашмаҳо муҳаққиқон мурғи Вареғнаро бо Симурғ як махлуқ хондаанд. Таҳмурас низ Аҳриманро ба сурати асп даровард ва сӣ сол бар пушти ў савор шуда, гирди заминро тохта буд [1, с. 312].
Муҷассамаи 25-метраи Симурғи афсонавӣ дар Нишопур
Дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, ки қисми аввали ин ҳамоса аз мазмунҳои мифологӣ иборат аст, баъзе образҳои зооморфӣ фаъолият мекунанд. Чунончи, дар Авесто образи Ажи Даҳока тасвир шудааст, ки махлуқи офаридаи Аҳриман буда, се каллаву шаш чашм дошта, душмани асосии инсониҳо аст ва мехоҳад ҷаҳонро аз мардумон холӣ кунад. Дар "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ номи ў дар шакли Заҳҳок омада, шоҳи золим аст, ки тахту мулки Эронро аз Ҷамшед мерабояд ва сипас ба фиреби Аҳриман гирифтор шуда, аз ду китфаш ду мор мерўянд. Муҳаққиқон далелҳои зиёд ёфтаанд, ки заминаи образи Заҳҳоки мордўш Ажидаҳока аст ва дар афсонаҳои тоҷикӣ ва халқҳои дигари порсизабон он ба персонажи манфӣ – аждаҳор табдил меёбад. Дар тасаввуроти асотирии мардумони бостон Ажидаҳок ва Заҳҳок ба морҳои калони бадҳайбат айният доранд [8, с. 47-67].
Образи дигари зооморфӣ дар Авесто ва асотири Эрони бостон парандаи нимаодам Симурғ мебошад. Симурғ (дар забони авестоӣ – Саена Мареғу; дар паҳлавӣ – Сенмурв) бинобар маълумоти Авесто, дар болои дарахти Виспубиш, дар миёнаи дарёи Фарохкарт ошён дорад [1, с. 698]. Дар "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ лонаи Симурғ бар фарози Албурзкўҳ устувор буда, ў тарбиятгари Зол аст ва дар якчанд маврид мушкилкушои хонадони Зол мебошад. Дар китоби «Бундаҳишн» аз рўйи баъзе вижагиҳояш Симурғро ба гурўҳи парандагони ширхўр шомил намудаанд ва гўё вай дар пистонаш шир дошта, бачагонашро бо шир сер мекардаст.
Дар қиссаву афсонаҳои тоҷикӣ Симурғ мурғи соҳибчангол ва пурқуввате аст, ки қаҳрамонро ба болояш нишонда, ба пушти кўҳи Қоф ва ё ба дунёи дигар мебарад ва он ҳамеша кўмакрасон ва хайрхоҳи мардумон мебошад.
Образи дигаре, ки ҳам дар асотири Эрони бостон ва ҳам дар "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ ба назар мерасад, образи “Фар” мебошад, ки дар суратҳои зооморфӣ таҷассум мегардад. Фар фурўғ ё нури эзадиест, ки агар ҳар кас аз он бархўрдор шавад, ба мартабаи солорию фармонравоӣ расад ва шоҳи ободгару додгустар гардад. Дар Авесто Ажидаҳок (Заҳҳок) ва Афросиёб аз фар бебаҳраанд, ҳарчанд кўшишу талош меварзанд, аммо бенасиб мемонанд. Шаҳриёроне ҳамчун Ҷамшеду Ковус, ки дорои фар буданд, ба сабаби ғуруру худситоӣ ва бедодгарияшон фар аз онҳо гусаста, дучори душворҳо мегарданд. Фар дар тасвири ҳамосаҳо бештар дар сурати гўсфанд, баъзан ғизол ва паранда низ таҷассум ёфтааст. Дар достони “Корномаи Ардашер” замоне ки Ардашер бо канизак сўйи Порс мегурехтанд, фарри эзадӣ дар колбади барае таҷассум гашта, аз қафои онҳо метохт.
Мардумшиноси тоҷик О. Муродов ба омўзиши мавзўъҳои тасаввуроти асотирӣ, расму ойинҳои марбут ба сеҳру ҷоду, тибби ирратсионалӣ, образҳои мифологии тоҷикон машғул шуда, дар китобу мақолоти худ оид ба намудҳои зооморфии бовару эътиқод ва нақлҳои халқӣ маълумот додааст. Ў дар китоби “Образҳои қадимаи асотирии тоҷикони водии Зарафшон” персонажҳои мифологии фолклори сокинони водии Зарафшон, аз он ҷумла, дев, албастӣ ва аҷинаро мавриди тасвиру таҳлил қарор дода, зимнан боварҳоро оид ба суратҳои зооморфӣ гирифтани махлуқони мазкур қайд намудааст.
Роҷеъ ба образҳои зооморфӣ ё ҳайвонсурат дар фолклоршиносии тоҷик низ баъзе андешаҳо дар чанде аз рисолаву мақолаҳо ба назар мерасанд. Масалан, дар монографияи Қурбонхонова Н. “Устураи ҷонварон дар Бадахшон” муаллиф персонажҳоро ба мусбату манфӣ ва ёрирасон тақсим карда, ба масъалаи табдили инсон ба ҷонварон фасли ҷудогонае бахшидааст. Қурбонхонова ҳарчанд матнҳои дар ин китоб овардаашро “устура” меномад, аммо онҳо ривоят ва нақлҳо мебошанд.
Дар афсонаҳои навъи тамсилӣ, асосан, образҳои зооморфӣ ва биоморфӣ фаъолият мекунанд. Дар асоси мазмун ва мундариҷаи кулли афсонамасалҳо яклухтии инсону табиат ифода ёфтааст. Дар онҳо ҷонварон монанди инсонҳо рафтор мекунанд, ба якдигар муносибат менамоянд ва рўзгори мисли одамонро доранд. Азбаски мавзўи мақолаи мо баррасии образҳои зооморфии афсонаҳои сеҳромези тоҷикӣ аст, мо аз таҳлили афсонаҳои тамсилӣ ин ҷо худдорӣ карда, баррасии онро ба мавқеи дигар вогузор менамоем.
Образҳои зооморфӣ дар мундариҷаи афсонаҳо нақшҳои гуногунро иҷро мекунанд. Муҳаққиқони рус Н. А. Ситина ва Е.А. Куликова дар мақолаи муштараки худ нишонаҳои биологии зоҳирӣ, функсия ва характери ҳайвонотро дар афсонаҳои англисӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор додаанд. Тибқи навиштаи онҳо: “аз ҷиҳати функсия зооморфҳо бештар дар афсонаҳои англисӣ ду нақшро иҷро мекардаанд: нақши ёвари қаҳрамон ва персонажи манфии зараррасон ё антагонист”.
Дар афсонаҳои тоҷикӣ табдилшавӣ ба сурати ҷонварон бо мақсади мубориза бурдан бо рақиб, барои бартараф кардани қувваи бадӣ, барқарор кардани адолат ва ба ҳадафи худ расидани қаҳрамон ба амал меояд.
Дар тасвири образҳои зооморфии афсонаҳои тоҷикӣ он ҳайвоноте ба назар мерасанд, ки аслан ҷонварони маҳаллианд. Масалан: гов, хар, асп, шутур, гўсфанд, буз, хирс, гург, саг, рўбоҳ, шағол, мурғ, чўҷа, кабк, кабўтар, уқоб, шоҳин, гурба, мор ва ғайра.
Воситаи табдилшавӣ ба қолибҳои зооморфӣ дар афсонаҳои сеҳромези тоҷикӣ истифодаи сеҳру ҷоду мебошад. Сеҳру ҷоду дар мазмуни чунин афсонаҳо ҳамчун илмест, ки онро инсонҳо меомўзанд, аммо махлуқони фавқуттабиӣ ба мисли парию дев қобилияти ҷодугариро ҳамчун як ҷузъи фаъолияти худ аз аввал доранд.
Ҷоду дар таърихи тасаввуроти асотирӣ ва эътиқодии инсоният яке аз шаклҳои ибтидоии дин ба шумор меравад, ки моҳияти онро танзими неруҳои фавқуттабиа ва ба нафъи худ кор фармудани қувваҳо ташкил медиҳад. Дар аксари афсонаҳои сеҳромези тоҷикӣ сеҳру ҷоду ҳамчун афзори муассири персонажҳои ҳам мусбату ҳам манфӣ мавқеъ дорад. Чунончи, дар афсонаи «Кали соҳир» корбурди сеҳр зиёд ба назар мерасад. Дар ин ҷо персонажҳо бонавбат ба қолибҳои гуногуни ҷонварон ва ҳатто ашё даромада, ба ҳам мубориза мебаранд, ки ин падидаи эътиқодиро дар илмҳои инсонӣ зооморфизми териантропӣ меноманд. Қаҳрамони афсона – Кал сеҳру ҷодуро аз духтари мўйсафеди соҳир омўхта, худро дар мавридҳои зарурӣ ба кабк, мурғи даштӣ, қушқор, ҷувона ва шутур табдил мекунад. Баъдтар дар идомаи афсона ў бо персонажи манфӣ ё антагонист – муйсафеди ҷодугар мубориза бурда, ба қолиби кабўтар медарояд. Мўйсафеди соҳир инро дида, зуд ба шоҳин табдил мешавад, сипас Кал муште арзан мешаваду ба замин пош мегардад, мўйсафед худро мурғи чўҷадор карда, ба хўрдан сар мекунад, Кал зуд рўбоҳ мешаваду каллаи чўҷаҳоро кандан мегирад. Мўйсафед ҳам зуд шағол мешавад, Кал худро ба саги бадҳайбате табдил дода, ниҳоят мўйсафеди соҳирро мекушад.
Дар баъзе афсонаҳо персонажҳо ба сурати парандагон мубаддал шуда, парвоз карда, ба ҷойҳои дур мераванд. Ба парандагон табдил шудани персонажҳо аз он сабаб мебошад, ки парандагон озоданд ва имкони парвоз карда, халос шудан аз дасти рақибро доранд. Дар афсонаи «Булбулаки саргашта» духтарак устухонҳои додари ҳалокшудаашро ба сабадча андохта, ба шохи чинор меовезад, устухонҳо ба булбуле табдил шуда, парида мераванд. Дар ин мотиви архетипӣ таъсири ойини зардуштӣ: усули ҷамъоварии устухони мурда ва дар сабад ё устудон андохтан мушоҳида мешавад. Зардуштиён ҷасади майитҳоро дар замин дафн накарда (зеро хок муқаддас аст), бар фарози кўҳҳову даштҳо мегузоштанд, то ки зоғу заған гўшти онҳоро хўранд. Баъд аз муддате устухонҳои ҷасадро ҷамъ оварда, дар устудон меандохтанд ва дар ҷойи муайян нигоҳ медоштанд.
Дар баъзе афсонаҳо раванди табдилшавӣ ба сурати зооморфӣ тавассути ашё ё амале сурат гирифта, қаҳрамон пас аз мубориза бо персонажи манфӣ ба сурати аввалаи худ бармегардад. Чунончи, дар афсонаи “Подшоҳи сирҷўй” подшоҳ аз хиёнати занаш огоҳ шуда, ўро ҷазо доданӣ мешавад, аммо занаш, ки илми ҷодуро медонист, як каф хокро дуо хонда, “ишӣ, нархар” мегўяд ва ба болои шоҳ мепошад. Подшоҳ фавран ба хар табдил меёбад. Пас аз муддати саргардониҳо раванди бозгашт ба асли аввала сурат мегирад. Рўзе дугонаи занаш, ки тасодуфан дар дашт бо ҷўрааш буд, нархарро дида, пай мебарад, ки подшоҳ ҷоду шудааст. Сипас духтар як каф хокро гирифта, хонда, ба сари хар мепошад ва ў ба шакли аввала бармегардад.
Раванди бозгашт аз сурати зооморфӣ ба асл, асосан, ба қаҳрамонон ва персонажҳои мусбат хос мебошад. Рақиб (антагонист) ва персонажҳои манфӣ ё маҳв мешаванд ё бебозгашт ба ҳайвонҳо табдил меёбанд. Дар давоми ҳамин афсона ба образи зооморфӣ табдил шудани рақибро дидан мумкин аст. “Духтар боз каме хокро дуо хонда, ба шоҳ медиҳад, ки ба болои занат пош ва ў ба мурғи сафед табдил мешавад, ўро зуд дошта, дар қафас андоз”. Шоҳ ин амалро иҷро карда, бо ҳамин роҳ аз зани бевафо ва ҷафокораш халос мешавад.
Ба афсонаҳо хос аст, ки рақиб бояд маҳв шавад ва гунаҳкор ҷазо гирад, зеро муроду мақсади мардуми авом нобуд шудани душман, завол ёфтани золимон ва пирўзии адолат мебошад, ки дар офаридаҳои бадеӣ ба ҳамин шакл инъикос ёфтаанд.
Дар тасаввуроти асотирии мардум ҷодугарон рақибони асосии инсонҳоянд. Ҷодугарҳо дар афсонаҳо бештар дар сурати кампир фаъолият карда, барои ба қаҳрамони афсона ва персонажҳои дигари мусбат муқобилат намудан аз воситаҳои фавқуттабиӣ, дуову тилисм ва ашёи сеҳрнок истифода мебаранд. Тилисм яке аз усулҳои ба ҷонварон табдил ёфтани қаҳрамонон буда, дар афсонаҳои бисёр халқҳо мушоҳида мешавад.
Дар фолклори тоҷикон ҳарчанд тилисм кардан бо мақсадҳои дифоъ аз душман ва дар контроли худ нигоҳ доштани ашё ва макону ҷисми муайян анҷом дода мешавад, аммо дар баъзе афсонаҳо онро ҳамчун афзори табдили инсону махлуқоти дигар ба сурати зооморфӣ мушоҳида мекунем. Дар афсонаи “Чумчуқак” бародарон ба алафи тилисмшуда даҳон мерасонанд, ки ҳамон замон ба гов табдил мешаванд. Баъд аз рўй додани чанд ҳодиса подшоҳ кампири ҷодугарро маҷбур мекунад, ки говҳоро хўрда, қай кунад. Кампири ҷодугар говҳоро дар як лаҳза хўрда, онҳоро гашта қай мекунад, ки боз ба ду бародар табдил мешаванд.
Дар ҳамин афсона мотиви дигари бозгашт ба колбади аввала тасвир шудааст, ки ба воситаи ашё амалӣ мешавад. Дар аввал кампири ҷодугар ба сари духтар сўзан мехалонад, ки духтар ба тўтӣ мубаддал мегардад. Пас аз кашмакашҳо бозгашт аз колбади зооморфӣ ба сурати инсон сурат мегирад. Вақте шоҳ сўзани сеҳрнокро аз сари тўтӣ кашида мегирад, ў ба шакли аввалаш бармегардад.
Яке аз навъҳои образҳои зооморфӣ дар афсонаҳои тоҷикӣ таваллуди махлуқони нимаҳайвону нимаинсон мебошад. Дар афсонаҳои «Хирсиддин», «Хирс-полвон» ва «Хирскулулабаҳодур», ки вариантҳои як афсонаанд, аз хирс ва шоҳдухтар писаре таваллуд мешавад, ки қувват ва зўру бозуи хирсро дошта, паҳлавони ғайриодӣ мебошад, аз ин сабаб номашро Хирсиддин (ё Хирс-полвон) мегузоранд. Хирсиддин ба сайру сафар баромада, бисёр моҷароҳоро паси сар мекунад. Бо деву аждаҳо ва мори бузург ҷангида, ҳамаашонро мағлуб намуда, шоҳдухтарро наҷот медиҳад, ба мардум ва ҷонварон некӣ мекунад. Аммо дар афсонаҳои мазкур бозгашти ў аз образи зооморфӣ ба чеҳраи инсонӣ сурат намегирад, чунки падараш хирс буда, аз хурдӣ чунин чеҳра дошт.
Бояд қайд кард, сюжети фолклорӣ дар бораи ҳамзистии хирс бо инсон дар афсонаву ривоятҳои бисёр халқҳои ҷаҳон, аз он ҷумла, халқҳои Сибир, Аврупо, Қафқоз, Осиёи Хурд, Амрикои Шимолӣ ва ғайра мушоҳида шудааст. Ба ҳайси персонажи марказӣ фаъолият кардани хирсро дар бисёр афсонаҳои халқҳои ҷаҳон баъзе муҳаққиқон чунин шарҳ додаанд, ки хирс зоҳиран ба инсон шабеҳ мебошад. Баъзан хирс бо ду по мегардад ва бо дастонаш чўб мешиканад ё ба дарахт такя мекунад.
Дар баъзе афсонаҳои тоҷикӣ образҳои зооморфие ба назар мерасанд, ки дар шакли ҳайвон аз инсон таваллуд шудаанд. Дар чунин афсонаҳо ба ҷинси парӣ тааллуқ доштани он ҳайвон таъкид мешавад. Ҷонвар рафтори ҳайвонӣ дошта, мисли одамон сухан мегўяд, аммо шаб пеш аз хоб ниқоб ё пўсташро кашида, монанди инсон мешавад, пагоҳӣ боз ба сурати ҷонвар бармегардад. Дар афсонаи “Хўтуки дилдода ба духтари подшоҳ” зане пир шуда, аммо фарзанд надошт. Хизр боре ба хонааш омада, ба ў себи сурхе медиҳад. Пиразан себи ғайриодиро хўрда, хўтук таваллуд мекунад. Хўтук ақлу фаросат дошта, сухангў буд. Ў калон шуда, духтари шоҳро хостгор мешавад... Ў рўзҳо мисли хўтук буду шабҳо ниқобашро кашида, ба шакли ҷавони зебо медаромад. Вақте ки шоҳдухтар ниқоби харӣ – пўсташро месўзонад, ў ғел зада, кабўтар шуда, ба паси кўҳи Қоф меравад. Дар охири афсона пас аз моҷароҳо боз ба сурати ҷавон баргашта, бо шоҳдухтар хушбахтона зиндагӣ мекунанд
Дар афсонаи “Морбача” гуфта мешавад, ки мўйсафеду кампир бефарзанд буданд, ниҳоят дар қади кампир фарзанд мешавад, аммо моҳу рўзаш, ки расид, морбача таваллуд мекунад. Морбача ба сўрохии девор даромада меравад. Баъди чанд сол морбача бармегардад, пўсташро аз танаш кашида, ба ҷавони зебое табдил мегардад.
Ҳамин гуна мотив дар афсонаи “Кўпруки ларзонак” мушоҳида мешавад. Чолу кампир фарзанд надоштанд, ниҳоят кампир ҳомила шуда, ҳафтто морбача таваллуд мекунад. Мўйсафед белро гирифта шашто морбачаро мекушад, ҳафтумаш ба сўрохие даромада, пинҳон мешавад. Дар охир морбача пўсташро партофта, ба сурати одам медарояд.
Ин гуна мотивҳо, ба андешаи мо, бозтоби ақоиди тотемистӣ мебошанд, чунки дар даврони хеле қадим одамон тасаввур мекарданд, ки насли онҳо аз ин ё он ҷонвар пайдо шуда бошад.
Зол ва Симурғ
Дар баъзе афсонаҳо ва ривоятҳо дар тасвири персонаж як навъ унсурҳои зооморфӣ ба назар мерасад, ки онро зооморфизми дараҷаи одӣ ё нимзооморфизм ҳисобидан мумкин аст. Дар тани баъзе инсонҳо узвҳои ҷонварон мерўянд, масалан, шох, дум, гўши калон ва ғайра. Дар устураҳо низ ин гуна мотив ба назар мерасад, чунончи аз ду китфи Заҳҳок рўйидани сари ду мор дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ин падида мушоҳида мешавад.
Дар афсонаи “Духтари баодоб”, ки варианти афсонаи русии “Золушка” мебошад, духтари модарандар ба тақлиди хоҳараш хонаи момо омада, хазинаро мебинад. Зару зевар медуздад, момо фармон медиҳад, ки дар пешонии ў гўши хар часпад. Ҳамин тавр, дар пешонаи персонажи манфӣ гўши хар мечаспад ва ин як навъ ҷазо барои хислату рафтори зишти ў ба шумор меравад.
Дар афсонаҳои тоҷикӣ кабўтар бо парӣ омезиш дорад. Бисёр персонажҳо, ки зоташон аз парӣ аст, ба сурати кабўтар даромада, ба пушти кўҳи Қоф мераванд. Дар афсонаи “Гулсанам” мўйсафеде се писари шуҷоъ ва паҳлавон дошт. Рўзе ба болои боми ў се кабўтар омада нишаст. Кабўтарон фаромада, дар рўйи хокистартўда ғел зада, се парӣ мешаванд ва ба ҷавонон изҳори муҳаббат мекунанд. Ба ҷуз аз парӣ, инчунин баъзе одамон ба кабўтар табдил мешаванд. Масалан, дар афсонаи “Ҳафт додарон” ҳафт бародар ва хоҳарашон Гулмоҳ баъд аз хўрдани таоми афсуншуда ба кабўтар мубаддал гашта, ба ҳавлии падарашон мераванд.
Яке аз решаҳои асосии образҳои зооморфӣ тасаввуроти эътиқодии тотемизм ба шумор меравад. Парастиши ҷонварон, иртиботи қавӣ бо табиат, пайдоиши тасаввурот дар бораи сеҳру ҷоду ва тилисм сабаб ва омили эҷод шудани персонажҳои зооморфӣ дар устураҳо шудаанд. Бо мурури замон хусусиятҳои асотирӣ ва корбурди амалиёти сеҳру ҷодуӣ дар афсонаҳо камтар гаштаанд. Ба қавли муҳаққиқи афсонаҳои рус Э.В. Померантсева: “баробар бо тараққиёти ҷамъият муносибати содалавҳона бо табиат, ки боиси ба вуҷуд омадани асотир дар бораи ҳайвонот гашта буд, аз байн меравад”.
Аз таҳлилҳо хулоса мекунем, ки образҳои зооморфӣ: гов, хар, асп, хирс, саг, гурба, мурғ, кабк, булбул, мор ва чанде дигар аслан ҷонварони маҳаллианд. Амали зооморфӣ тавассути дуову афсун, сеҳру ҷоду ва тилисмҳо сурат мегирифтааст. Табдилшавӣ ба ҷонварон дар баъзе мавридҳо агар бо майлу хоҳиши персонаж ва зарурат сурат гирад, дар баъзе ҳолатҳои дигар аз ҷониби персонажи манфӣ, ки қудраташ ё имконияташ бештар аст, ба вуҷуд меояд. Раванди бозгашт ба колбади инсонӣ ба воситаи шикасти тилисм, амалҳои ғайриодӣ, тавассути ашё, дуохонӣ ва ғайра сурат мегиранд. Агар персонаж қобилияти худро ба шакли аслӣ гардонидан надошта бошад, пас шахсони миёнарав ин корро ба анҷом мерасонанд.
Дар афсонаҳои сеҳромези тоҷикӣ табдилшавӣ ба шаклҳои зооморфӣ бо мақсади мубориза бурдан бо рақиб, барои бартараф кардани қувваи бадӣ, барқарор кардани адолат ва ба ҳадафи худ расидани қаҳрамон ба амал меояд.
Ҳамин тариқ, пас аз баррасии образҳои зооморфии таркиби афсонаҳои сеҳромези тоҷикӣ ва мотиву архетипҳои мифологӣ ба мо аён гашт, ки мазмунҳои асотирии афсонаҳои мазкур садсолаҳову ҳазорсолаҳоро тай карда, давраҳои инкишофи шуур ва тафаккури мардумони аҳди қадимро инъикос мекунанд.
Дилшод Раҳимӣ
Матни комили матлаб ва матолиби дигари пажуҳиширо дар
шумораи аввали соли 2018 маҷаллаи «Паёмномаи фарҳанг»
метавонед мутолиа намоед.