Ҷашну маросимҳо дар ноҳияи Масчоҳи нав

Маросими хостгорӣ  дар  ноҳияи Масчоҳ нисбат ба дигар минтақаҳо каме тафовут дорад. Аз рўи гуфтаҳои мардуми Масчоҳ, дар ин ҷо се-чор маротиба, яъне то розӣ шудани соҳибони духтар сурат мегирад. Рафти хостгорӣ албатта дар ҳар гўшаи кишвар бо расму оин, бовару эътиқодҳои худ гузаронида мешавад. Ҳангоми суҳбат ва он маълумоте, ки муҳаққиқ М.Шарипова додааст, маълум гардид, ки дар ин минтақа бегоҳи панҷшанбе муборак мебошад ва аксаран дар ин бегоҳ ба хостгорӣ мераванд. Волидайни писар пеш аз рафтани хостгорӣ кўшиш менамояд, ки бо ҳар восита рафтани хостгориашонро ба тарафи духтардор гўяд. Агар модари духтар гўяд “ман намедонам, соҳиби духтар ман нестам”. Аз ин суханон волидайни писар бо дили пур ба хостгорӣ мераванд. Дар ноҳияи мазкур низ ҳангоми хостгорӣ рафтан бештар модари домод бо ягон хеши наздик ё ин ки зани сухандон, обруманд ба хонаи духтардор бо дастархони пур ба хостгорӣ монанд мераванд.

Матни комили ин мақолаи пажӯҳиширо ин ҷо хонед:
Ҷашну маросимҳо дар ноҳияи Мастчоҳи нав

 

барчасп: