Нигоҳе ба суннати соқиномасароӣ дар адабиёти форсии тоҷикӣ

Адабиёти ҳар миллат ганҷинаест, ки аз махзани илҳоми шахсиятҳои боистеъдоди он берун омада, дар таҳрику рушди андешаву эҳсосоти онон хидмати бузург менамояд. Дар ин қаламрав ормону иродаи миллат ба воситаи офаринишҳои шоир ё нависанда дар сурати назм ё наср ба тарзи вежаву қоидаҳои махсус мухталиф баён мегардад. Аз ин лиҳоз бо такя ба назари Мартин Ҳайдеггер, ки  «забон хонаи ҳастист»,  метавон афзуд, ки адабиёт низ маскани ҳастии миллат аст, зеро дар густураи он ормону орзуву андешаи ҳазорсолаи миллат бо каломи бадеу зебо ҳаккокӣ шудааст. Зуҳури ҳар гуна андешаи нав дар ин росто пайванди мустақим ба суннатҳои адабии гузашта дорад, зеро тибқи қавонини табиат omnia mutantur, nihil interit (ҳама чиз тағйир мепазирад ва ҳеҷ чиз аз байн намеравад). Ҳар жанри нав бо вежагии хосе аз батни анвои адабии қаблӣ пайдо мешавад, чунон ки аз батни навъи хамрия навъи ҷадиди адабии нируманде таҳти унвони соқинома арзи вуҷуд намуд, ки бо суннатҳои мазҳабию иҷтимоӣ ва фарҳангию адабии даврони қабл аз исломӣ ва ашъори хамрии қарнҳои IX-XI пайвастагӣ дорад.

Соқиномаро муҳаққиқон манзумае мегўянд, ки дар қолаби маснавӣ ва дар вазни мутақориби мусаммани мақсур ё маҳзуф суруда шуда, дар он шоир зимни хитоб намудан ба соқӣ ва шароб хостан аз ў ва талаби оҳанг навохтану суруд хондан аз муғаннӣ масъалаҳои мухталифи иҷтимоию сиёсӣ ва фалсафию ахлоқиро мавриди муҳокимаҳои хеш қарор медиҳад. Дар воқеъ,  соқинома як навъ «паноҳгоҳ» барои шоирони аз лиҳози иҷтимоӣ ҳассосу дардошност, ки бо баҳонаи ситоиши бодаву бодагустарӣ ва маю майхонапарастӣ мубрамтарин масъалаҳои доғи ҳаёти иҷтимоию сиёсии рузгорашонро дар шакли зебову дилнишин бо истифода аз тасвирҳои хосси шоирона бидуни ҳар гуна меъёру маҳдудиятҳо баён мекунанд. Шоири соқиномасаро аз нокомиҳову нобасомониҳову номатлубиҳои зиндагӣ дар «майхона»-и маҷозӣ паноҳ бурда, аз соқӣ «хуни рангини раз» ва аз муғаннӣ «навои дилхароше» металабад, то мастонаву риндонаву бебокона эҳсосоти мамлу аз дарду ормони хешро, ки қафаси синаашро пур ва нафасашро тангу рўҳашро ноором кардаанд, дар шакли хитобаҳо ба соқӣ  баён намояд. Аз назари равонӣ дар ҳолати мастию бехудӣ ва аз худ ворастагӣ шоир аз ҳадди эътидол ва мувозанати руҳӣ ба осонӣ берун меравад ва меъёрҳои мавҷудаи иҷтимоию сиёсӣ ва ахлоқиро сарфи назар намуда, ҳар он чӣ дар ниҳонхонаи дилаш ва умқи андешааш ниҳуфтааст, бе тарсу хавфу ибо баён менамояд. Аз ҷиҳати дигар, бо гирифтор шудан ба ҳолати нохудогоҳи мастии маҷозӣ боли парвози хаёлоти шоир боз гашта, озодона тавассути корбурди истиорию маҷозӣ аз вожагони хамрӣ бо маънишикофию маъниофариниҳои хеш андешаҳои иҷтимоию сиёсии худро розгуна иброз менамояд. Ба ин маънӣ Мирзо Абдулқодири Бедил дар «Муҳити аъзам» гуфтааст:

Шаробе, ки чун хомушӣ мавҷи ў
Шавад бар
қи хору хаси гуфтугў,

Ба ман деҳ, ки тарки ибодат кунам,
Зи маънӣ ба маънӣ ишорат кунам. 

Аҳли таҳқиқ дар паҳлуи маснавиҳои дар вазни мутақориб эҷодшуда, шаклҳои шеърии тарҷеъбанду таркиббанд, рубоӣ ва маснавиҳои дар дигар вазн эҷодшударо, ки аз назари сохтор ва мазмун ба соқинома монанданд,  низ шомили ин навъи адабӣ менамоянд. Чунин тақсимбандӣ аз Мулло Абдуннабӣ Фахруззамонии Қазвинӣ – тазкиранигор ва шоир – шурўъ шудааст. Вай нахустин бор зуҳури ин падидаи нави адабиро дар паҳнои адабиёти форсӣ ба мушоҳида гирифта, тазкирае таҳти унвони «Майхона» таҳия намуд, ки ба шоирони соқиномасаро бахшида шудааст. Гарчанде ки Фахруззамонӣ мушаххасан дар бораи хусусиятҳои жанрии соқинома сухан намеронад, вале ҳангоми зикри аҳволи шоирон ва овардани намунаи ашъори онон шакли маснавӣ ва  вазни мутақорибро нишони асосии соқинома меҳисобад. Аммо  дар тазкираи хеш зикри аҳвол ва намунаи ашъори шоиронеро, ки дар шаклу баҳрҳои дигар соқинома эҷод кардаанд, зикр намудааст.  Аз пажўҳиши таърихи ташаккули соқинома дида мешавад, ки ин як таърифи ҷузъӣ ва номукаммали соқинома будааст.

Боиси тааҷҷуб  аст, ки то кунун ҳамаи муҳаққиқон назари муаллифи «Тазкираи Майхона»-ро дар бораи соқинома мукарраран зикр намуда, ба он чизе моҳиятан наафзудаанд. Масалан, дар «Фарҳангномаи адаби форсӣ», ки чӣ аз лиҳози назарӣ ва чӣ аз ҷиҳати амалӣ яке аз осори муҳими марҷавӣ ба ҳисоб рафта, дастовардҳои адабиётшиносии форсӣ дар он инъикос ёфтааст, соқинома чунин таъриф шудааст: «Соқинома /Муғаннинома гунае манзумаи адабӣ дар адбиёти форсӣ ва ғолибан дар баҳри мутақориби мусаммани мақсур ё маҳзуф бо абёте хитобӣ, ки дар он шоир бо хостани бода аз соқӣ ва таклифи сурудану навохтан ба муғаннӣ макнуноти хотири худро дар бораи дафъи ғам, нопойдории дунё, ноҳинҷории рўзгор…ошкор мекунад» [1]. Гарчанде муаллифи ин мақола дар вазни мутақориб суруда шудани соқиномаро зикр кардааст, аммо соқиномаҳои дар дигар шаклҳои шеърӣ эҷодшударо низ ба ин «гунаи адабӣ» ворид намудааст ва  роҷеъ ба хусусиятҳои жанрӣ ва сохтории соқинома, ки ба гумони ин ҷониб асоситарин масъала дар муайян намудани ҷой ва мақоми ин навъи адабӣ дар маҳдудаи шеъри форсист, хомўшӣ ихтиёр намудааст.

Соқинома мисли дигар навъҳои адабӣ роҳи батадриҷу тӯлонии ташаккулу такомули хешро тай намуда, бо гузашти замон дорои нишонаҳои мушаххаси жанрӣ гардидааст. Вежагиҳои жанрии соқинома аз назари сохтор ва муҳтаво ба ин қароранд:

  • байти аввал бо феъли амрии «биё», ва байти сонӣ бо феълҳо ва ибораҳои амрии «бирез», «бидеҳ», «ба ман деҳ» оғоз мешавад;
  • аз аввал то охири матн соқӣ ва муғаннӣ мукарраран мавриди хитоб қарор мегиранд;
  • вожаҳои «хамрӣ», яъне тамоми калимаҳои ифодакунандаи бода, васфи шароб, маҷлиси бодагусорӣ, аҳли майхона, соқӣ, муғаннӣ, харобот, тарсо, зуннор, савмаъа ва амсоли он ҳаштод дар сади таркиби луғавии соқиномаро ташкил мекунанд;
  • бар бесуботии олам ва шикоят аз рўзгору аҳли рўзгор мукарраран таъкид мешавад;
  • изҳори ранҷу андўҳ, баёни ҳоли парешону мушаввашу изтиробноки шоир ва талаби бода намудани ў аз соқӣ барои раҳоӣ аз ин ҳолот пайваста таъкид мегарад;
  • талмеҳоти фаровони асотирӣ, динӣ ва таърихӣ бо истифода аз вожагони хамрӣ баён мешаванд;
  • масъалаи тавҳид бо истифода аз вожагон ва истилоҳоти махсуси хамрӣ баррасӣ ва баён мешавад;
  • баҳор, майхона, асбоби табиат, олоти мусиқӣ, васфи дил, ишқ, хулқу одоб ва соири сифатҳои инсонӣ ба воситаи вожагони хамрӣ тавсиф меёбанд;
  • барои таъкиди эътиқодот ва садоқати хеш шоир тавассути абёти мутааддиде савганд мехурад, ки дар баъзе соқиномаҳо таҳти унвони қасамия омадааст.

Истифодаи мавзӯъҳои мазкур ба соқинома шаҳомати ҳамосӣ ва латофати ғиноӣ (базмию размӣ) медиҳад. Такрори паиҳами феъли амр дар сартосари матн як навъ бархурд,  эътироз ва вокуниши шоир дар муқобили ҳодисоти номатлуби зиндагист, ки ҷанбаҳои фалсафию иҷтимоии соқиномаро барҷаста менамояд.

Бода (шароб, май) яке аз истилоҳҳои меҳварӣ ва асосиии соқинома аст. Барои пинҳон доштан ва фош накардани андешаҳои хеш шоир забони рамзу ишораву тамсили шоиронаро истифода намуда, розу ниёзи ногуфтаниҳои худро дар хитоб ба соқӣ, ки як симои хаёлӣ аст, бебокона иброз медорад. Чи тавре, ки юнониёни бостон мегуфтанд: «ҳангоме, ки имконоти «логос» (андеша) маҳдуданд, инсон мелос (суруд) ё «вербос» (шеър)-ро ба кумаки хеш мехонд. Ба ин сабаб омилҳои айнӣ ва зеҳнӣ, яъне нобасомониҳои рўзгор ва беқарориҳои рўҳи шоир сабаби арзи ҳастӣ намудани чунин тарзи баён гардидаанд. Маҳдудиятҳои сиёсию иҷтимоии замона будаанд, ки ҳақиқат бо пардаи ҳариру зебои истиороту тамсилоти зебои шоирона печонида шавад. Чунин тарзи баён гурез аз содагўӣ набуда, муҳтавои андешаҳои шоир ин услуби баёнро тақозо мекунанд.  Аз ин ҷост, ки соқинома мамлу аз рамзу роз аст – розе, ки бо изофа намудани маъонии нав бар вожагони маъмулии забон баён мегардад. Аз ин ҷо соқинома маҳсул ва баровардаи замони шоир аст. Ӯ бо ҷўшу хурўши бебокона аз соқӣ бодае мехоҳад, ки ғамзудо бошад, зеро ғаму ғуссаи вай шахсӣ нест, ғами ҷомеъа, мардум ва инсоният аст, ки дилашро ба дарду ҷонашро ба фиғон овардааст. Мастӣ ва хуморе, ки шоир аз соқӣ ба исрор талаб мекунад ба он хотир аст, ки вай тавассути мастӣ мехоҳад аз он андўҳи ҷонкоҳ, ки бархоста аз нобасомониҳои зиндагист, раҳоӣ ёбад.

Аз ин ҷо пай бурдан ба моҳияти хитобҳои шоир муҳим аст. Вай бар асоси завқу дониши хеш ва завқу салиқаву ҷаҳонбинии ҳамзамононаш ба туфайли таъбирҳои «май», «соқӣ», «харобот», «майхона» ва амсоли онҳо жарфтарину отифитарин ормонҳои худро ошкоро баён менамояд. Бо истифода аз ин гуна мафҳумҳо шоир худро дар ҳолати мастию бехудӣ вонамуд карда, ончунон ки шахси маст аз маҳдудаи меъёрҳои иҷтимоию ахлоқӣ пой берун мениҳад ва он чиро, ки дар ҳушёрияш иброз карда наметавонад, ҳамаи ногуфтаниҳои хешро бебокона баён менамояд. Ҳамин тариқ мавзўи май аз як тараф, воситае барои фошгўию ошкорбаёнӣ ва аз тарафи дигар, василае барои мазмунофаринӣ ва борикандешии шоирона гардид.

Аммо бояд донист, ки дар аксари маснавиҳои дар васфи маю соқию муғаннӣ сурудашуда, яъне дар «Соқинома»-ҳо бода аз ангур, ё ба қавли Ҳофиз «умм ул-хабоис» нест. Бодаи соқинома шароби ирфонӣ низ ҳаст, ки ба ақидаи орифони шоир  дар натиҷаи ғалабаи ишқ дар вуҷуди ошиқ пайдо гашта, қадаҳаш дили солику минояш ботини вай аст. Таҳорат ва покии ин бодаи «тавбасўз»-и орифона дилдодаи ишқи Худоро ба баландтарин дараҷаи мастии маърифатӣ мерасонад ва бар лаззати рўҳию фароғату осудагии хотири вай меафзояд ва ӯро аз ғаму ғуссаи ҳаводиси дунё раҳо менамояд. Дар ҳолати мастӣ аз бодаи ишқу маърифат аст, ки шоир аз муғаннӣ ва мутриб оҳанге мехоҳад, то бо танинандоз гаштани савту навои он ҳама зарроти олам ҳамчун ӯ ба пойкўбию дастафшонӣ ва шодию сурур дароянд. Бад ин минвол шоир соқию муғанниро василае барои тавсифи ҳолот ва мақомоти ботинии худ қарор медиҳад ва ҳангоми сайр дар олами бехудӣ ва нӯши ҷон намудани бодаи таҳури маърифат  бо завқу изтироб хитоб мекунад:

Муғаннӣ, дилам дур гашт аз шикеб // Самое деҳ имшаб маро дилфиреб. (Низомӣ), Биё, нойӣ, эй ёри фархундаам // Чу рўҳулқудус бар ман он дам бидам.(Озари Бегдилӣ), Биё, соқӣ, аз ҷоми файзи расул // Ба ман ҷуръае деҳ, ки ҳастам малул (Қосими Гунободӣ). Тавсифи чунин ҳолот яке аз вежагиҳои дигари соқинома аст, ки бар бодаи маърифати будани шароби ирфонӣ мустақиман ишора мекунад.

Суоле ба миён меояд, ки чаро орифони шоир  ва шоирони орифу ирфонмашраб барои баёни мазмуну маъниҳои ирфонӣ ва тавзеҳи таҷрибаҳои сулуки хеш аз вожаҳое чун бода, май, харобот, майхона, савмаъа, зуннор, калисо, тарсо ва амсоли он истифода намудаанд?  Магар бидуни истифода аз ин гуна вожаҳо наметавон афкори худро баён кард?  Нахуст бояд зикр кард,  вожа ва қолаби баён якест ва забони форсии тоҷикӣ имконияти онро дорад, ки бо кумаки санъатҳои бадеӣ (сувари хаёл) маъниҳои наверо ба калимаҳову иборот зам намуда, гунҷоиши маъноии онҳоро вусъат бахшида, ба онҳо маънии нав диҳад. Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ дар дафтари шашуми Маснавӣ (саҳ. 1074-1075) дар ин робита фармудааст:

Иштироки лафз доим раҳзан аст,
Иштироки габру мўъмин дар тан аст.

Ҳарду гар як ном дорад дар сухан,
Лек фарқ аст ин ҳасан бо он Ҳасан.

Иштибоҳе ҳаст лафзӣ дар миён,
Лек худ ку осмон, ку ресмон?

Зоҳири вожа фиребанда аст. Барои дарёфти маъноҳои асосии ибороту вожагон онҳоро бояд дар бистари матн воковӣ кард, то ба асли маънӣ бирасӣ, фармудааст Мавлоно. Сониян, тибқи назари аҳли ирфон хамирмояи шеър чизе нест, ки монанди масоили каломӣ мутааллиқ ба фикр бошад, балки чизест, ки бо чашми ботинӣ дидаву бо гўши ботинӣ шунидаву бо забони ботинӣ баён мешавад ва онро дар қолаби маъмулии забон ҷой намудан душвор аст. Солисан, яке аз мушаххасоти мутуни ирфонӣ душворбаёнист, ки омили ба вуҷуд омадани забони махсуси аҳли тасаввуф гардидааст, зеро таҷрибаи ирфонӣ бо олами маҳсусот иртибот дошта, баёни он аз имконоти забон берун аст. Чунон ки шайх Маҳмуди Шабистарӣ фармудааст:

Чу аҳли дил кунад тафсири маънӣ,
Ба монандӣ кунад таъбири маънӣ,

Ки маҳсусот аз он олам чу соя-ст,
Ки ин чун тифлу он монанди доя-ст.

Аз ин рў, аҳли ирфон ба вожаҳои маъмулии забон аз рўи монандии онон бо эҳсосоти душворбаёни хеш маъниҳои нав изофа намуда, андешаҳои хешро бо истифода аз чунин алфоз баён намудаанд, ки дар натиҷаи он забони наве арзи ҳастӣ намуд, ки онро «забони шуарои сўфия» ё «истилоҳоти шуарои сўфия» меноманд. Дар ин замина аст, ки вожаву ибораҳое чун соқӣ, муғаннӣ, мутриб, шароб, бода, муғ, тарсо, зуннор, харобот, савмаъа ва амсоли он дар соқинома маъмулан маънии маҷозӣ доранд. Дар ин бора Ҳотифи Исфаҳонӣ хеле равшану возеҳ ишора намудааст:

Ҳотиф, арбоби маърифат, ки гаҳе
Маст хонандашону гаҳ ҳушёр.

Аз маю чангу мутрибу соқӣ,
В-аз муғу дайру шоҳиду зуннор.

Қасди эшон ниҳуфта асрорест,
Ки ба имо кунанд гоҳ изҳор.

Пай барӣ гар ба розашон, донӣ,
Ки ҳамин аст сирри он асрор,

Ки яке ҳасту ҳеҷ нест ҷуз у,
Ваҳдати ло илоҳа илло Ҳу.

Бархе аз шоирон ба ин маънӣ дар ашъори худ мукарраран таъкид намудаанд, ки гарчанде тавсифи хамр дар ашъорашон фаровон дида мешавад, аммо ҳеҷ гоҳ бодаи ангуриро начашидаанд. Низомӣ дар «Соқинома»-аш таъкид бар ин мазмун менамояд:

Ту пиндорӣ, эй Хизри фархундапай,
Ки аз май маро ҳаст мақсуд май?

Аз он май ҳама бехудӣ хостам,
В-аз он бехудӣ маҷлис оростам.

Маро соқӣ аз ваъдаи эзидист,
Сабўҳ аз харобӣ, май аз бехудист.

Вагарна, ба Эзид, ки то будаам
Ба май домани лаб наёлудаам.

Гар аз май шудам ҳаргиз олудаком,
Ҳалоли Худо бод бар ман ҳаром!

Чи тавре ки дида мешавад, шоир сидқан ва самимона аз бода нанўшидани хеш таъкид меварзад, ки воқеият дорад, ки дар маснавии «Хусраву Ширин»-и хеш зимни тавсифи яке аз ташрифоти худ ба маҷлиси Туғралшоҳ саҳнаи бодагусории ононро ба риштаи таҳрир дароварда, таъкид мекунад, ки чун шоҳ ба Низомӣ эҳтироми хосса меварзид бо ворид шудани шоир ба ходимони маҷлис фавран амр менамояд, ки ҷому шаробро аз маҷлис бибаранд:

Маро дар базмгоҳи шоҳ бурданд,
Аторудро ба кунҷи моҳ бурданд.

Нишаста шоҳ чун тобанда хуршед
Ба тоҷи Кайқубоду тахти Ҷамшед.

Биҳиштӣ базмаш аз базми биҳиштӣ,
Зи хўсакҳои май пур карда киштӣ.

Хуруши арғавону нолаи чанг
Расонида ба чархи Зуҳра оҳанг.

Ғазалҳои Низомиро ғизолон
Зада бар захмаҳои чанг нолон.

Гирифта соқиён май бар кафи даст,
Шаҳаншаҳ хурда май, бадхоҳ шуд маст.

Чу додандаш хабар, к-омад Низомӣ,
Фузудаш шодие бар шодкомӣ.

Шукўҳи зуҳди ман бар ман нигаҳ дошт,
На з-он пашме, ки зоҳид дар кулаҳ дошт.

Бифармуд аз миён май баргирифтан,
Мудорои маро пай баргирифтан.

Ба хидмат соқиёнро дошт дар банд,
Ба саҷда мутрибонро кард хурсанд.

Ишорат кард, к-ин як рўз то шом
Низомиро шавем аз руду аз ҷом.

Чу Хизр омад, зи бода сар битобем,
Ки оби зиндагӣ бо Хизр ёбем.

Зикр намудан лозим аст, ки мухотаби хеш қарор додани соқӣ аз нахустин рўзҳои пайдоиши шеъри порсии тоҷикӣ оғоз шуда, бо суннатҳои динию фарҳангии қабл аз исломии мо иртиботи бевосита дорад. Аммо тарзи истифодаи чунин хитобаҳо дар соқинома чӣ аз ҷиҳати шакл ва чӣ аз назари маъно аз ашъори дигар фарқ дорад. Аз оғоз то анҷоми соқинома мухотаби шоир соқӣ ва муғаннист, ӯ ҳамчунин муршид ва роҳнамост, гоҳе Офаридгор низ мавриди хитоб қарор мегирад. Аз ин ҷост, ки   шоир бо исрор, такрор ба такрор аз соқӣ талаби шароб ва аз муғаннӣ дархости навохтани созу хондани суруд менамояд ва зимни ин талаб ҳамаи ниёзу таманниёт, умеду орзӯ ва дарду алам ва эътирозу норозигии хешро аз нобасомониҳову ошфуфтагиҳои хешро далеронаву густохона иброз медорад.

***

Нахустин бор ба падидаи адабие чун соқинома адиб, шоир ва тазкиранигори асри XVII ва оғози асри XVIII Абдуннабии Фахруззамонии Қазвинӣ таваҷҷуҳ намуд. Вай тазкираи «Майхона»-и хешро, ки ба шоирони соқиномасаро бахшида шудааст, бо Низомии Ганҷавӣ оғоз намуда, роҷеъ ба нахустин нишонаҳои соқинома ва ҷойгоҳи Низомӣ чунин нигоштааст: «Бар ройи маъниорои арбоби дониш ва замири байзотаъсири асҳоби биниш пўшида намонад, ки ҳазрати шайх (Низомӣ – Ш.С.) «Соқинома»-и басомоне нагуфта, бонии «Майхона» Абдуннабии Фахруззамонӣ аз охири ҳар достони китоби «Сикандарнома» ду байт дарюза намуда, бо чанд байти мутафарриқаи дигар, ки муносибате ба соқинома дошт, тартиб дода, бар сабили таяммун ва табаррук дар ин авроқи парешон («Майхона»- Ш.С.)  бар баёз» овард».[2] Ин абёт дар оғози ҳар фасли «Искандарнома», ки аз ду қисм -  «Шарафнома» ва «Иқболнома» иборат аст,  бо сабку мазмуни нав дар шакли  ду байти мухотаб ба соқӣ (дар «Шарафнома») ва ду байти мухотаб ба муғаннӣ (дар «Иқболнома») қарор гирифтаанд.  Дар онҳо шоир тавассути хитоб ба соқӣ ва талаб намудани бодаву муроҷиат ба муғаннӣ ва даъвати навохтани созу  сароидани суруд андешаҳои худро дар бораи нопойдорию ноҳинҷории дунё, накўҳиши рўзгор ва зуҳду риё ва ҳамчунин масъалаҳои мутааддиди фалсафию  иҷтимоӣ  мӯҷазу мухтасар матраҳ намуда, баъдан ин мазмунҳоро дар дохили достон то андозае бозгўӣ менамояд. Дар бораи талхиси ин байтҳо ва сохтани асаре ҷадид худи Низомӣ ишора намудааст:

Гар он дурр, ки як-як дар ў бастаам,
Ба ҳар матлабе боз пайвастаам,

Ба як ҷой дар ришта оранд боз,
Пур аз дурр шавад риштаи уқдасоз.

Ҷудогона муҳр аст ҳар пайкаре,
Зи қонуни ҳикмат бувад дафтаре.

Бо ин амали хеш Абдуннабӣ ки чун донандаи хуби адабиёт аз ҷараёни таҳаввул ва такомули ин падидаи адабӣ огоҳии комил дошт, мақоми руҷўъҳои лирикии Низомиро дар пайдоиш ва таҳаввули минбаъдаи жанри соқинома хуб пай бурд.

Ин ҷо як суоле ба миён меояд, ки чаро як шоири муташарреъ ва тақводор руҷўъҳои лирикии хешро дар мавзўи маю бодагусорӣ сурудааст? Магар Низомӣ, ки ах хамр дурӣ меҷуст, наметавонист, ки бо чунин нубуғи волои шоирӣ руҷўъҳои хешро дар дигар мавзўъ биёфарад? Чӣ ангезае муҷиби тавсифи бода гардид?

Агар русум ва суннатҳои дарбории он замонро ба ёд биёварем, хохем мушоҳида намуд, ки бодагусорӣ яке аз машғулиятҳои маъмулии маҷолису базмҳои дарборӣ буд. Ва чун Низомӣ «Искандарнома»-ашро ба Шоҳ шоҳ бахшида ва аз завқу табиати мамдўҳаш огоҳӣ дошт, тавсифи бодаву муғанниро мавзўи руҷўъҳои лирикии хеш интихоб намуд, то бо ин роҳ шавқи мамдуҳи хешро ба манзумаи хеш барангезад.

Ҳамаи шоироне, ки дар пайравии «Искандарнома»-и  ў маснавиҳо эҷод кардаанд, ҳамин услуби нигориши вайро пайравӣ намуда, соқӣ ва муғанниро дар оғоз ё дар охири ҳар фасли достони хеш мавриди хитоб қарор додаанд.

Баъдан яке аз бузургони ирфон ва адаби форсӣ Фахруддини Ироқӣ (1213-1289) тарҷеъбанде бо мазмуни соқинома нигошт, ки байти такрори он чунин аст:

Дар майкада мекашам сабўе,
Бошад, ки биёбам аз ту бўе.

Ин тарҷеъбанди Ироқӣ дар «Тазкираи Майхона» ва баъд аз он дар дигар манобеи илмию адабӣ ҳамчун «Соқинома» ёд шудааст. «Соқинома»-и тарҷеъбанди Ироқӣ аз 14 банд иборат буда, дорои андешаҳои баландӣ ирфонию иҷтимоистст. Шиква ва шикояте, ки дар ин тарҷеъбанд дида мешавад, дар қиёс аз дигар «Соқинома»-ҳо ҷанбаи ирфонии қавитар дорад. Андўҳи ҳиҷрон аз асли хеш, ғами дурию фироқ аз маҳбуб, шикоятҳои ҷонсуз аз бевафоии вай, ноумедӣ аз сарнавишт ва оқибати умр ва амсоли онро, ки Ироқӣ бо зеботарин ва самимитарин шева баён намудааст, аз навъи камназири шикваҳои ирфонӣ дар адаби форсӣ мебошанд.

Ба ақидаи ин ҷониб зебоию фасоҳат ва таносуби вожаҳои абёт ва маъонии латифи руҷўъҳои лирикии «Искандарнома»-и Низомӣ дар маҷмўъ ба сохтор ва устухонбандию муҳтавои маснавиҳои дар пайравии ин достон нигошташуда таъсири амиқ гузоштанд.

Амир Хусрави Деҳлавӣ (1253-1306) нахустин шоири порсигўст, ки ба пайравии аз осори Низомӣ «Хамса» офаридааст. Унвони чаҳорумин маснавии «Хамса»-и ў  «Оинаи Искандарӣ»-ст. Дар ин манзума булбули Ҳинд ба тақлид аз муқтадои хеш хитобаҳое ба соқӣ ва муғаннӣ бо истифодаи фаровон аз истиораву  ташбеҳоти латиф офарид, ки ононро Абдуннабии Фахруззамонӣ низ талхис намуда, дар «Тазкираи Майхона» таҳти унвони «Соқинома» ҷой дод. Ба ин тартиб ин тазкиранигори донишманд  аз «Хирадномаи Искандарӣ»-и Абдураҳмони Ҷомӣ (1414-1492), «Темурнома»-и Абдуллоҳи Ҳотифӣ (ваф. 927) ва шуарои дигар, ки дар пайравӣ аз мактаби Низомӣ маснавиҳо эҷод кардаанд, низ «Соқинома»-ҳо ахз намуда, дар тазкираи хеш ҷой додаст.

Аммо дар ин миён  Хоҷуи Кирмонӣ (1290-1353) дар маснавии «Ҳумой ва Ҳумоюн» иқдоми ҳакими Ганҷавиро ба тарзи дигар идома дод: ба ҷои хитобаҳои сароғози фаслҳо як боби маснавии хешро таҳти унвони  «Дар накўҳиши рўзгор ва талаби шароб аз соқӣ»  ба шеваи хитобаҳои Низомию Амир Хусрав офарид. Бо истифода аз мухотабҳои такрор ба такрор дар сартосари фасл Хоҷу аз гузашти айёму бевафоии умр , аз нисбӣ будани арзишҳои зиндагӣ ба афсўси зиёд сухан мегўяд. Ин иқдоми Хоҷу зинаи дигаре буд дар ташаккули сохтори соқинома.

Баъд аз ин навбат ба лисонулғайб Ҳофизи Шерозӣ (1327-1390) расид. Вай,  чӣ тавре ки худаш дар ашъораш борҳо таъкид намудааст, аз ҳунари шоирии Низомию Амир Хусраву Хоҷу баҳраҳо бардоштааст:

Устоди сухан Саъдист пеши ҳама кас, аммо
Дорад сухани Ҳофиз тарзи сухани Хоҷу.

Соқӣ барои Ҳофизи ширинсухан мақбултарин симост. Ҳатто «бисмиллоҳи» девони ғазалиёти ў аз хитоб ба соқӣ (Ало ё айюҳассоқӣ, адир каъсан ва новилҳо) оғоз мешавад. Камтар ғазалеро дар осори гаронмояи вай метавон пайдо кард, ки дар он аз маю бодапаймоӣ сухан матраҳ нашуда бошад. Вай мастию ростиро дар муқобили зуҳду тақвои зоҳирӣ қарор дода, «шароби мардафгане» аз соқӣ металабад, то аз шарру шури олам раҳоӣ ёбад.

Аз як тараф иштиёқи зиёди Ҳофиз ба мавзўи маю майхона ва «дар тарки паймона дили паймоншикан» доштани вай,  аз ҷониби дигар ошноии комил аз мероси гузаштагон ва истиқболи эҷодкорона аз мероси адабии онон ва ниҳоятан нубуғи шоирии Ҳофизи муъҷизаофарин муҷиби эҷод шудани  нахустин «Соқинома»-и мустақил дар  густураи шеъри форсӣ гардид. «Соқинома»-и ў дар вазни мутақориб суруда шуда, аз 57 байт иборат аст. Сохтор ва устухонбандии манзумаи Ҳофиз бо руҷуъҳои лирики Низомӣ фарқияти зиёд надорад. Вай низ чун Низомӣ аз соқӣ бода металабад ва баъд ба тавсифи сеҳрнокию шигифткориҳои он пардохта, ба натиҷае мерасад, ки:

Ба мастӣ тавон дурри асрор суфт
Ки дар бехудӣ роз натвон ниҳуфт.

Такрори пайдарпайи хитобҳо ба соқӣ ва муғаннӣ дар вазни зарбии мутақориб ҳамзамон бо дугонагии қофияву радиф ва пайвастагии мисраҳои «Соқинома»-и Ҳофиз бар ҷону рўҳи хонанда таъсири жарфу амиқ мегузорад. Ў бо истифода аз ишорот ва талмеҳҳои мутааддиди таърихӣ, асотирӣ ва миллӣ паёмҳои омўзанда ва ахлоқиро бо зеботарин ва фасеҳтарин лаҳн баён менамояд. Бидуни тардид Ҳофиз аз суннати пешини соқиномасароӣ баҳраҳо гирифтааст, аммо шеваи баён ва интихоби дақиқи вожаҳову таносуби латиф ва мантиқии лафзу маъно маҳсули табъи худодод ва забони сеҳромези ғайбии ашъори ўст.

Ҳамин тариқ, «Соқинома»-и Ҳофиз сармашқи асосии шоирони минбаъда қарор гирифта, омили муҳимме дар рушду такомули минбаъдаи жанри соқинома дар адабиёти форсӣ гардид. Бисёре аз шоирон баъд аз вай соқиномаҳои мустақил эҷод намуданд. «Соқинома»-ҳои Партавии Шерозӣ, Умедии Теҳронӣ, Муҳаммад Сўфии Мозандаронӣ, Дўстии Самарқандӣ, Навъии Хабушонӣ, Разии Артимонӣ, Зуҳурии Туршезӣ машҳуртарини онҳо маҳсуб мешаванд.

Пас аз Ҳофизи Шерозӣ соқинома аз ҷиҳати ҳаҷм ба тадриҷ бузургтар мешавад. Дар ин миён «Соқинома»-и Зуҳурии Туршезӣ нахустин маснавии комил ва бузургҳаҷм буда, мутобиқи чопи сангии Лоҳур (1846)  аз 4500 байт иборат аст. Ин сухангўи забардаст пойбанди суннатҳои маъмулии соқиномасароӣ нашуда, бо офаридани таркибҳои нав ва мазомини бадеъ «Соқинома»-и хешро лутфу зарофати дилнишин бахшида, ҳикоёту тафсилоти зиёд ба он ворид намуд.

Зуҳурӣ, ки худ шоири ғазалсарост, бо тасаллути шоирона ду ғазал дар ҳамон вазн (мутақориб) дар оғози «Соқинома» (саҳ. 41-42 ва 44) оварда, бо як ғазали тулонӣ, ки аз 29 байт иборат аст ин асари беназирашро ҳусни хотима бахшидааст, ки дар миёни соқиномаҳои мустақил собиқа надорад.

Дар қиёс бо дигар соқиномаҳо ин асари Зуҳурӣ хеле пуршуру риндона аст. Он бо байти «Саноҳо ҳаме Эзиди покро,/Сурайёдеҳи торами токро» дар тавҳиди Офаридгор  оғоз ёфта, ҳовии 77 боб мебошад. Дар бобҳое чун «Таърифи баҳор», «Хитоб ба зоҳид», «Таърифи майхона», «Таърифи аҳли майхона», «Таърифи майфурўш», «Таърифи соқӣ», «Таърифи шароб», «Хитоб ба зоҳид», «Хитоб ба соқӣ», «Дар мазаммати рўзгор», «Дар мазаммати аҳли рўзгор», «Дар таърифи дил», «Дар таърифи ишқ», «Дар таърифи қалам», «Дар шукргузории сухан» ва ғайра шоир бо шеваи хос ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаи хешро ба тасвир мекашад. Зуҳурӣ ҳамчунин бобҳоеро ба тавсифи ҳайвонот ва гиёҳҳо ихтисос медиҳад.  Бо  истифода аз неруи тахайюл ва корбурди саноеи мухталифи бадеӣ, махсусан, ташхис ва муболиға, вай дар таърифи боғ, масҷид, бозор, шаҳри нав, лавозими ҷангӣ, маҷлиси шоҳ ва асбоби маҷлис ва амсоли он фаслҳои мустақил ба маснавии хеш ворид менамояд, ки ҷанбаи ҳамосии  онро барҷаста менамояд.

Зуҳурии Туршезӣ, ки яке аз бузургтарин шоирони сабки ҳиндист, дар «Соқинома»-и хеш вежагиҳои сабки ҳиндиро, чун таркибсозӣ, мазмунофаринӣ,  калимаҳои мураккаби серҷузъа, талмеҳоти фаровон, иғроқ ва истиораҳои навини пародоксӣ монанди «гулгунсиришкони рухсорзард», «тасбеҳхонони бутхонагард», «меҳрошноёни лайлинажод», «занҷирхоёни маҷнуннажод», «афтодагони сураёмақом», «ҷавҳаршиносони дархешгум», «киштинишинони дарёи хун», «ворастагони баҷонмубтало», «бегонагони нигоҳошно», «қотилпарастони ханҷарситой», «фақри зеварфурўш», «қатраи баҳрҷўш», «ҷамшедии ринди зоҳиргадо»", «хуршедии бодаи софлой», «қаҳри бо оштӣ ошно», «байтулҳароми хароботном» ва амсоли он фаровон истифода намудааст.

Ин асари беҳамтои Зуҳурӣ, ба қавли  Забеҳуллоҳи Сафо аз оғоз ҳам ба сабаби тозагии матлаб ва бардоштҳои вежаи шоиронаву орифона ва ҳам аз ҷиҳати сохт ва ҳаҷм шўҳрат ёфта аст. [3] Воқеан «Соқинома»-и  Зуҳурӣ дар замони худаш бисёр маъруф ва мавриди истиқболу пайравиҳои зиёд қарор гирифт. Шоироне чун Мирзо Тоҳир Ваҳиди Қазвинӣ, Фонии Кашмирӣ, Туғрои Машҳадӣ соқиномаҳои бузургҳаҷм ва тўлонӣ суруданд.

Мирзо Абдулқодири Бедил дар ҷавоб ба ин маснавии Зуҳурӣ соқиномаи ирфонию фалсафие дар ҳаҷми беш аз 6000 байт офарид, ки бо номи «Муҳити аъзам»  шўҳрат дорад. Вай маснавии хешро аз «Соқинома»-и Зуҳурӣ, ки бештар тавсифи шоирона ва воқеии  аҳли рўзгор, сомони рўзгор ва   замонашро дар бар мегирад,  бартар мегузорад: «Бидон, ки ин майхонаи зуҳури ҳақоиқ аст, на «Соқинома»-и ашъори Зуҳурӣ ва оинапардози кайфияти дақоиқ аст, на зангорфурўши хумори бешуурӣ». Ин асари Бедил дар бораи масъалаҳои умдаи фалсафаи ирфон буда, таҳти таъсири назарияи ваҳдати вуҷуди  шайх Муҳйиддин ибни Арабӣ эҷод шудааст. Ба монанди «Фусусулҳикам»-и вай, ки унвони фаслҳояш номҳои пайғамбаронанд, Бедил дар фасли дуввум зерфаслҳое  бо номҳои пайғамбарон – аз ҳазрати Одам то ҳазрати Муҳаммад бо истифода аз вожаи «ҷом»:  «Ҷоми Иброҳимӣ», «Ҷоми Довудӣ», «Ҷоми Юсуфӣ», «Ҷоми Муҳаммадӣ» ва ғайра овардааст, ки дар он ҷо ҳамаи мавҷудот қадаҳ дар даст интизори бодаи таҷаллиёти Офаридгор буда, паймонаи ишқи илоҳӣ нахуст байни пайғамбарону авлиёи илоҳӣ даст ба даст мегардад, «Ки ногаҳ насибе ба Одам расид,/Зи ҷайби хумори адам сар кашид». Натиҷатан тамоми офариниш мукаммал гардида, кулли зуҳурот маънӣ пайдо менамояд.

Дар ин маснавӣ, чуноне ки худи муаллиф ишора мекунад, дар муқобили  суханпардозиҳову сеҳрнигориҳои қалами Зуҳурӣ, ки аз назари ҳунари шоирӣ «Соқинома»-аш беназир ва хеле барҷастааст, масъалаҳои ваҳдати вуҷудро бо тасвирҳои баланди шоирона ва маъниҳои бикри ирфонӣ баён менамояд. Унвони даврҳои ин маснави худ мухтавои асарро баён менамоянд, ки дар ин жанр собиқае надоштааст, мисли «Ҷўши изҳори хумистони вуҷуд», «Ҷоми тақсими ҳарифони шуҳуд», «Мавҷи анвори гуҳарҳои зуҳур», «Шўри сарҷўши майи файзи ҳузур», «Ранги асрори гулистони камол», «Базми найранги асарҳои хаёл», «Ҳалли ишколи хаму печи забон» ва «Хатми тумори такопўи баён». Дар байт байти «Соқинома»-и Бедил ҳамаи мавҷудоти коинот дар талаби   шароби маърифатанд, ки ба андешаи Абулмаъонии ирфон ва адаби форсӣ, инсонро ба камолот мерасонад. Бо истифода аз тамсилот ва ҳикояҳои зиёд Бедил он андешаҳоеро, ки дар «Соқинома»-и Низомӣ дар шакли мухтасар омадаанд, бо тафсилоту назариёти бештаре овардааст.

***

Дар адабиётшиносии муосир роҷеъ ба бунёдгузори ин навъи адабӣ назарҳои мухталиф мавҷуданд. А. Фахруззамонӣ дар тазкираи хеш соқиномасароиро дар адабиёти форсӣ аз Низомӣ шурўъ намуда, Амир Хусрави Деҳлавиро дуввумин шоири соқиномасаро меҳисобад. Аммо мутазаккир мешавад, ки «Соқинома»-ҳои ин ду шоир байтҳои парокандаанд, ки дар хилоли маснавиҳояшон омадааст ва нахустин «Соқинома»-и мустақилро ба Ҳофизи Шерозӣ мансуб медонад, ки  «ин лабташнаи води мутолаъа аксари давовини қудамо аз ибтидо то интиҳо гашт, аз ҳеҷ девоне соқиномаи басомоне дарнаёмад, магар аз Хоҷа Ҳофиз. Дар он айём соқинома гуфтан мутаориф набуд, магар ба дастуре, ки шайхи номии гиромӣ шайх Низомӣ ва дурри дарёи маънавӣ Амир Хусрави Деҳлавӣ фармудаанд». [4]

Донишманди покистонӣ Муҳаммад Шафеъ, ки нахустин бор тазкираи «Майхона»-ро дар соли 1926 дар Лоҳур дар асоси якчанд нусахи қаламӣ чопи сангӣ намуда, муқаддимаи муфассали арзишманде ба забони урду бар вай афзудаст, фасли фавқуззикри маснавии «Ҳумой ва Ҳумоюн»-и Хоҷуи Кирмониро иштибоҳан «Соқинома»-и мустақил меҳисобад[5]  гарчанде муаллифи «Майхона» возеҳ ишора ишора намудааст, ки: «ин заиф «Соқинома»-и ўро аз он китоб (Ҳумой ва Ҳумоюн»- Ш. С.) бароварда, дар ин авроқи парешон бар баёз бурд». [6] Унвони ин фасл дар матни интиқодии «Ҳумой ва Ҳумоюн», ки устоди равоншод Камол Айнӣ дар асоси чандин нусхаҳои хаттӣ дар Эрон ба чоп расониданд, таҳти унвони «Дар накўҳиши рўзгор ва талаби шароб аз соқӣ» омадааст, на «Дар накўҳиши рўзгор ва талаби рўзгор».   Қобили қайд аст, ки аксари муҳаққиқон, ки дар бораи соқинома пажўҳиш анҷом додаанд ба ҷанбаҳои назарии ин падида, аз қабили зинаҳои ташаккули он ҳамчун навъи мустақили адабӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир нанамудаанд. Аксаран пораҳову ҷузъҳоеро, ки дар дохили асарҳои дигар омада, дорои хитоб ба соқӣ ҳастанд, соқиномаи мустақил ҳисобидаанд.

Ҳоҷӣ Халифа дар «Кашфуззунун» Насируддини Тусиро баъд аз Низомӣ дуввумин шоири соқиномасаро донистааст, ки Муҳаммад Шафеъ назари ўро таҳти шубҳа  қарор додаст ва Аҳмад Гулчини Маъонӣ дар тақвияти  назари донишманди покистонӣ таъкид менамояд, ки он «Соқинома» аз Насир ном шоири аҳди сафавия ҳаст, ки Ҳоҷӣ Халифа дар интисоби он ба Насируддини Тусӣ иштибоҳ кардааст. [7]

Муҳаммад Ҷаъфари Маҳҷуб дар асоси ду байти зер, ки аз маснавии дар вазни мутақориб нигоштаи Фахруддин Асъади Гургонӣ, ки аз байн рафтааст ва дар «Фарҳанги Рашидӣ»-ву «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ» ҳамчун шоҳид оварда шудаанд, ўро нахустин шоири соқиномасаро меҳисобад:

Биё, соқӣ, он оби оташфурўғ,
Ки аз дил барад зангу аз ҷон вурўғ.[8]

 ва

Муғаннӣ, биёву биёр он суруд,
Ки резам зи ҳар дида сад Зиндаруд.   

Чунин сохтори абёт мўҷиби барангехта шудани баҳси доманадоре дар бораи нахустин шоири соқиномасаро дар таърихи адабиёти форсӣ гардидааст.  Ин байтҳо воқеъан ба хитобаҳои Низомии Ганҷавӣ шабоҳат доранд. Аммо онҳо ба ҷуз дар он фарҳангҳои фавқуззикр дар дигар манобеи адабию таърихӣ ба назар нарасидаанд. Аммо масъала ин аст, ки оё метавон дар асоси ду байт (гарчанде ки шабоҳати комил ба хитобаҳои Низомӣ доранд) чунин хулосаи ҷиддӣ баровард? Унвони «бунёдгузор» ба шахсе дода мешавад, ки таъсири вай дар зуҳури ягон падида бармало дида шавад. Дар асоси ин ду байти Гургонӣ чунин натиҷа гирифта намешавад, зеро чи тавре ки қаблан ишора шуд яке аз нишонаҳои асосии соқинома мавҷудияти хитоба дар байти аввал ва омадани феъл ва ибораҳои амрии «бидеҳ», «ба ман деҳ» ва амсоли он дар байти сонист. Аз ин лиҳоз байтҳои Гургонӣ номукаммал буда, абёти баъдии онҳо, ки дорои мақсади асосии шоир мебошанд, мутаассифона, ҳифз нашудаанд. Ба намунае аз хитобаҳои Низомии Ганҷавӣ таваҷҷўҳ намоед:

Биё, соқӣ, он зарри бигдохта,
Ки гўгирди сурх аст аз ў сохта,

Ба ман деҳ, ки то з-ў давое кунам,
Миси хешро кимиёе кунам.

Маҳз чунин тарзи баёни Низомӣ мавриди тақлиди шоирони баъд аз вай қарор гирифт, ки туфайли муносибати эҷодкоронаи онон батадриҷ ба як навъи мустақили адабӣ мубаддал гашт. Руҷўъҳои лирикии Низомӣ аз назари сохтор ва муҳтаво мукаммаланд, яъне иборат аз муроҷиат ба соқӣ (муғаннӣ) дар байти аввал ва дархост дар байти дуввум, ки такмилдиҳандаи байти нахуст аст. Маҳз таносуби мантиқии ин ду байт мустақилияти маъноии ин руҷўъҳои лирикиро ба вуҷуд оварда, ки боиси талхиси онон дар шакли маснавии мустақил шудааст.

Маълум аст, ки Низомӣ ба Фахриддин Асъади Гургонӣ таваҷҷуҳи хоса дошта, дар «Хамса»-аш ба вай тақлид ва татаббўъ кардааст. Аммо бо ду байте, ки сохторашон ба соқинома шабоҳат дорад, наметавон шоирро нахустин соқиномасаро донист. Ба андешаи мо байтҳои фавқуззикри Фахруддин Асъади Гургониро метавон танҳо қадимтарин хитобаҳо ба соқӣ ва муғаннӣ  дар вазни мутақориб донист.

Агар ба таърихи хитобасароӣ дар шеъри форсӣ назар афганем, хоҳем дид, ки дар осори аксар шуарои қабл аз Низомӣ ба монанди Абўшакури Балхӣ, Манучеҳрии Домғонӣ, Фаррухии Систонӣ ва дигарон дар хитоб ба соқӣ ва муғаннӣ абёти фаровон суруда шудааст. Масалан, байти машҳури Абўабдуллоҳи Рўдакӣ:

Биёр он май, ки пиндорӣ, равон ёқути нобастӣ,
Ва ё чун баркашида теғ пеши офтобастӣ.

Ва ин абёти Манучеҳрии Домғонӣ:
Соқӣ, биё, ки имшаб соқӣ ба кор бошад,

З-он деҳ маро, ки рангаш чун ҷуланор бошад.
Май деҳ чаҳор соғар, то хушгувор бошад,
Зеро ки табъи олам ҳам бар чаҳор бошад-

аз назари сохторашон ба соқинома наздик буда, танҳо чизе, ки ин абётро аз соқинома мутамоиз менамояд, муҳтавои онҳост.

Аҳмад Гулчини Маъонӣ низ ба ин ақида аст, ки Низомии Ганҷавӣ нахустин шоири «Соқинома»-саро нест. Муҳаммад Ҷаъфари Маҳҷуб  ва як идда муҳаққиқини муосир Фахруддин Асъади Гургониро нахустин шоири соқиномасаро дар таърихи адабиёти форсӣ медонанд.

Алиакбари Деҳхудо Салмони Соваҷиро нахустин шоири соқиномасаро меҳисобад,[10] аммо «Соқинома»-и Салмон на дар Куллиёти осораш ва на дар ҷои дигар дида нашуд. Аҳмад Гулчини Маъонӣ дар муқаддимаи «Тазкираи Паймона» роҷеъ ба ин масъала назари хешро чунин иброз доштааст: «Котиби бедиққати «Маҷмаъу л-фусаҳо» зимни даҳҳо иштибоҳе, ки карда, яке ҳам ин буда, ки манзумаи «Фироқнома»-и Соваҷиро «Соқинома» навишта ва Рашиди Ёсумӣ низ ба тасаввури саҳеҳ будан онро нақл кардааст».[11]

Чи тавре ки дида мешавад дар масъалаи бунёдгузори анъанаи соқиномасароӣ дар адабиёти форсии тоҷикӣ назарҳои мухталиф вуҷуд доранд, ки бештар сабабҳои зеҳнӣ доранд. Аммо, агар воқеъбинона ба ҷараёни такомулу ташаккули соқиномасароӣ дар адабиёти форсии тоҷикӣ назар афканем, сабку равиш ва рўҳу андешаи Низомии Ганҷавиро дар тамоми масири инкишофи ин навъи адабӣ хоҳем дид.

Хулоса, соқинома як навъи мустақили адабиёти форсӣ буда, роҳи мушаххаси ташаккул ва такомули хешро мисли дигар анвои адабӣ тай намудааст. Нишонаҳои аввалини ин жанри адабӣ маҳз аз руҷўъҳои лирикии Низомии Ганҷавӣ шурўъ мешавад. Нубуғи шоирии ин маснависарои беҳамто буд, ки шоирони зиёде дар пайравӣ аз «Хамса»-и вай маснавиҳо эҷод намуданд. Ин пайравони мактаби Низомӣ дар маснавиҳои хеш хитобаҳо дар васфи соқию муғаннӣ офариданд, ки  заминаи ба вуҷуд омадани фаслҳои мустақил дар дохили маснавӣ («Ҳумой ва Ҳумоюн»-и Хоҷуи Кирмонӣ) гардид. Нубуғи халлоқонаи Ҳофиз ин суннати адабиро ба ҳадди баланди худ инкишоф дода, «Соқинома»-и мустақиле офарид, ки шоирони минбаъда ин падидаи адабиро ба авҷи аъло расониданд.

Шодимуҳаммад СЎФИЗОДА
доктори илмҳои филология

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№3 (11), 2018

[1] Фарҳангномаи адаби форсӣ. Донишномаи адаби форсӣ. Ҷилди дуввум. Ба сарпарастии Ҳасани Анўша. Чопи дуввум. Теҳрон, 1381. С. 777-778.

[2] Тазкираи Майхона. Таълифи Мулло Абдуннабии Фахруззамонии Қазвинӣ дар 1028 ҳиҷрӣ. Бо тасҳеҳу танқеҳ ва такмили тароҷим бо эҳтимоми Аҳмад Гулчини Маъонӣ. Теҳрон, 1340. С. 15. Минбаъд: Тазкираи Майхона.

[3] Сафо, Забеҳуллоҳ. Таърихи адабиёти Эрон. Теҳрон, 1368. С. 980.

[4] Тазкираи Майхона. С. 91.

[5] «…нахустин «Соқинома»-и мустақилро ба зоҳир Хоҷуи Кирмонӣ, мутаваффои соли 753 дар маснавии «Ҳумой ва Ҳумоюн» овардааст, агарчӣ дар он ҷо унвонаш «Дар накӯҳиши рӯзгор ва талаби рӯзгор» аст», на «Соқинома». Ниг.: Тазкираи Майхона, саҳ. 31-32 (муқаддима).

[6] Тазкираи Майхона, саҳ. 75.

[7] Тазкираи Майхона, саҳ. 32 (поварақ).

[8] Фарҳанги Рашидӣ, саҳ. 1459. Иқтибос аз Эҳтиром Ризоӣ, Соқинома дар шеъри форсӣ. Теҳрон, 1388. С. 193.

[9] Муаллифи «Майхона» зимни баёни зиндагиномаи Низомии Ганҷавӣ бо тазкиранигорони мозӣ Давлатшоҳи Самарқандӣ, Низомии Арӯзии Самарқандӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ роҷеъ ба «Вис ва Ромин»-и Гургонӣ мубоҳиса меорояд (Майхона, саҳ. 14) ва агар Гургонӣ маснавие дар баҳри мутақориб медошт, ҳатман мавриди истифодаи Абдуннабӣ қарор мегирифт. Маълум мешавад, ки маснавии баҳри мутақориби Ф. А. Гургонӣ дар он замон низ мавҷуд набудааст.

[10] Деҳхудо. Луғатнома, ҷ. 28, саҳ. 156.

[11] Аҳмад Гулчини Маъонӣ. Тазкираи Паймона. Дар зикри соқиномаҳо ва аҳволу осори соқиномасароён. Зайли «Тазкираи Майхона». Теҳрон, 1359. С. 7.

барчасп: