79 сол пеш барои ҳифзи саривақтии бешазори табии соҳили дарёҳои Осиёи Миёна, ҳифзи ҳайвоноти камёбу нодир ва гузаронидани тадқиқоти илмӣ «Бешаи палангон» таъсис ёфт. Ин аввали моҳи ноябр буд, моҳе, ки табиат рӯ ба сардиҳои зимистон меовард. Ин ягона мамнўъгоҳ дар собиқ Иттиҳоди Шўравӣ буд, ки дар минтақаи туғайзор ҷойгир аст.
Мамнўъгоҳ дар миёни ноҳияҳои Қубодиён, Ҷиликўл ва Қумсангир ҷой гирифта, майдони умумиаш 52 ҳазор гектар, аз ҷумла бешазор – 25286 гектар, кўҳҳо – 11 ҳазор, биёбон – 10 ҳазор ва кўлҳо – 3500 гектарро ташкил медиҳанд. Дар «Бешаи палангон» намудҳои нодири ҳайвонҳо - паланги тўронӣ (баъдан, бо таъсири одамон нест шудааст), холгул (гавазни бухороӣ), зағорамоҳӣ, лаққамоҳӣ, моҳии белбинӣ, мори айнакдор (кобра), намудҳои калтакалос, мурғи даштӣ, намудҳои мурғобӣ, ҳашароти гуногун, аз рустаниҳо ҷамоаҳои туғайӣ, ангат, санҷид (ҷигда), сафедор, туранча, найшакар, гули лола ва ранк мебошанд, ки ба «Китоби сурх»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд.
Дар соҳили Дарёкўл муҳит сокиту ором аст. Насими гарм сабук мевазад. Мурғобиҳо, ки шумораашон ба 49500 сар мерасад, қатори дигар парандаҳои мавсимӣ (250 уқоб, 3765 ғоз, 1820 лаклак, 710 алошақшақа) омада дар 32 кўли атрофии мамнўъгоҳ шино мекунанд. Ҳаракати ин ҷонваракон оби ороми кўлро мавҷ-мавҷ мезанад.
Мамнўъгоҳ лабараторияи илмӣ-табиӣ маҳсуб меёбад, аз ин рў дар он шикор, чарондани чорво, буридани дарахтон, ҷамъоварии рустаниҳо, истеҳсолу коркарди сарватҳои табиӣ, гаштугузори одамҳо ба ҷуз гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ манъ аст. Дар мамнўъгоҳ 2130 парандаи зебо-фазан боқӣ мондааст. Ин парандаи хушсурат ҳамасола то 9-15 чўҷа мебарорад, лек тўъмаи дигар ҷонварон мегардад.
Маъмурияти «Бешаи палангон» дар самти ободонӣ ва сабз намудани боғҳо як қатор корҳоро анҷом додааст. Аз навъи аълои бодом 10500 ниҳол шинонидаанд, ки 95 фоизи он нумўъ кардааст. Дар атрофи дидбонгоҳҳо 11 ҳазор қаламчаи анор, 50 бех арча, 20 бех дарахти сояафкани тут шинонида 25 кило тухми дарахти ҷигда, ки серҳосил буда, хўроки хушхўри ҷайраву гурозон аст, коридаанд, ки минбаъд дар минтақаҳои холӣ кўчат мекунанд.
Бозчоп аз Ҷавонони Тоҷикистон. – 20011. – 12 май.
Муаллиф: Холов Х.