Анҷоми Конгресси байналмилалӣ дар Маскав

Ба ширкаткунандагони сюмин Конгресси байналмилалии Мероси ҷаҳонии кишварҳои ИДМ: мудирияти устувор ва ҳамкориҳои байнисарҳадӣ” филми мустанади Марҳабо ба Тоҷикистон» -ро намоиш доданд.  Ин Конгресс дар Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии мероси фарҳангӣ ва табии ба номи Д. С. Лихачеви Федератсияи Русия баргузор гардид.  Тоҷикистонро дар ин Конгресс Директори Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Шариф Комилзода намояндагӣ кард ва суханронӣ намуд.

Дар кори Конгресс  52 нафар афроди касбӣ: таҳлилгарон аз кишварҳои ИДМ, намояндагони НК ИКОМОС-и Русия, намояндагони объектҳои мероси байналмилалии Русия дар кишварҳои ИДМ, намояндагони идораҳои тахассусӣ, ташкилотҳои динӣ ва ҷамъиятӣ, намояндагони сафоратхонаҳои ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Тоҷикистон, Туркманистон, Ўзбекистон дар Федератсияи Русия, ҳамчунин таҳлилгарони хориҷӣ, ки дар самти ҳифзи мероси фарҳангӣ ва табиӣ фаъолият мекунанд, ширкат карданд.

Созмондиҳандаи Конгресс Институти илмӣ-таҳқиқотии мероси фарҳангӣ ва табиии Русия ба номи Д.С.Лихачёв буд ва он бо дастгирии Вазорати фарҳанг ва Комиссияи Федератсияи Русия оид ба корҳои ЮНЕСКО роҳандозӣ шуд.

Макони баргузории Конгресс Палатаи Аверкий Криллов дар соҳили Берсеневск, ки ҳамчун иншооти беназири охири асри XVII мебошад, таъин шуда буд. 

Дар рўзи аввали Конгресс бо суханони муқаддамотӣ аз Институти Мерос – директори он  Владимир Владимирович Аристархов, ҳамчунин сардори шуъбаи ИДМ ва кор бо ҳамватанони Вазорати фарҳанги Федератсияи Русия Антон Вячеславович Назаров, президенти Шўрои байналмилалӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳо ва маконҳои таърихии Русия (ИКОМОС) Александр Петрович Кудрявсев суханронӣ карданд.  

Директори Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Тоҷикистон Шариф Комилзода  дар мавзўи «Вазъ ва дурнамои ҳифзи мероси фарҳангӣ-таърихии Тоҷикистон» маърўза кард ва таваҷҷуҳи иштирокдорони Конгрессро ба масоили таҳқиқи мероси фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии халқи тоҷик ва пешниҳоди онҳо ба рўйхатҳои ЮНЕСКО ҷалб намуд. Дар поёни гузориш оид ба мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва сайёҳии Тоҷикистон филми мустанади «Марҳабо ба Тоҷикистон» (15 дақиқа) намоиш дода шуд, ки ба иштирокдорони Конгресс бисёр писанд омад.

Ҳамзамон дар рўзи аввали Конгресс муаррифии ёдгориҳои арзишманде, ки соли 2018 ба Рўйхати мероси умумиҷаҳонӣ пешниҳод шудаанд, баргузор шуд, ки онро барои ширкаткунандагон муовини роҳбари Маркази мероси умумиҷаҳонӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Институти Мерос Людмила Михайловна Бузова, роҳбари шуъбаи минтақавии НК ИКОМОС дар Ҷумҳурии Бошқирдистон Данир Ахмадеевич Гайнуллин, ходими хурди илмии Институти Мерос Элеонора Владимировна Сакулина, ходими пешбари илмии Институти Мерос Кирилл Александрович Днепровский, директори осорхона-мамнуъгоҳи «Дивногорье» Марина Ивановна Лылова, ходими пешбари илмии Институти Мерос Тимур Михайлович Кармов муаррифӣ намуданд.

Ҳамчунин ширкаткунандагон роҷеъ ба ҷараёни рўйдодҳо дар самти мероси умумиҷаҳонӣ дар соли 2018 табодули афкор намуданд ва суханронии роҳбари Маркази мероси умумиҷаҳонӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Институти Мерос Надежда Владимировна Филатоваро шуниданд.  

Дар рўзи дуюми Конгресс семинари омўзишӣ доир ба масоили коркарди нақшаҳои идоранамоии иншоотҳои мероси умумиҷаҳонӣ ва мизҳои гирд оид ба масъалаҳои мудирияти устувори объектҳои мероси умумиҷаҳонӣ ва имплементатсияи меъёрҳои байналмилалии ҳифзи мероси фарҳангӣ, баргузор шуданд. Дар ҷамъбасти Конгресс мубодилаи афкор дар бораи маҷмўи чораҳои амалӣ оид ба пешниҳоди номинатсияҳои иншоотҳои арзишманди кишварҳои ИДМ дар Рўйхати мероси умумиҷаҳонӣ баргузор гардид.

Директори Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот Шариф Комилзода дар ҷараёни сафар ба Маскав ҳамчунин ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Китобхонаи давлатии Русия, бахусус дар самти таҳқиқи масоили мубрами илми китобшиносӣ, китобхонашиносӣ, библиографияшиносӣ шинос шуд ва ҳамзамон бо коршиносони соҳа оид ба вежагиҳои услуби таҳияи намудҳои гуногуни китобномаҳо ва татбиқи навгониҳо бо истифода аз технологияи муосир дар фаъолияти бахшу шуъбаҳои китобхонаи мазкур музокира намуд.

Ҳамчунин ба фаъолияти шуъбаи кор бо нашриётҳои ҶММ “Китобхонаи илмии электронии номгўи иқтибосгирии илмии Русия” шинос шуд. Суҳбат бо муовини директори генералии ҶММ “Китобхонаи илмии электронӣ” Виктор Алексеевич Глухов, ҳамоҳангсози барнома Мария Владимировна Костюкова ва роҳбари шуъбаи кор бо маҷаллаҳои Китобхонаи мазкур Эмма Францевна Мандыч барои ошноии бештар ба вежагиҳои фаъолияти муассисаи мазкур мусоидат кард. Қабл аз ҳама, низоми сабт ва пахши маҷаллаи илмӣ-таҳлилии “Паёмномаи фарҳанг”-ро, ки тибқи шартномаи литсензионии №532-09/2013 нашри электронии маводи дар солҳои 2013-2018 интишорёфтаи он ба роҳ монда шуда аст, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Илова бар ин, барои барасмиятдарории низоми сабту пахши адабиёти илмӣ, бахусус силсилаи нашрҳои илмии Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот: “Осори ПИТФИ” иборат аз 5 шумора, “Фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик” иборат аз 6 шумора, “Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон” иборат аз 7 шумора, «Фарҳанги миллӣ дар ҷустуҷўйҳои илмӣ» иборат аз 3 шумора, “Номинатсияҳои мероси фарҳанги ғайримоддии Тоҷикистон дар рўйхатҳои ЮНЕСКО” иборат аз 3 шумора ва беш аз 20 рисолаву маҷмўаҳои илмии дигар мубодилаи афкор сурат гирифт ва мутобиқи шартномаи литсензионии № 1461-08/2017К ПИТФИ имкон дорад, ки бемамоният тамоми нашрияҳои илмии хешро дар Китобхонаи илмии электронии Русия сабти ном намуда, барои истифодаи умум пешниҳод намояд.

барчасп: