Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Куриёи Ҷанубӣ дар пажӯҳишҳои фарҳангӣ

Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ва созмони пажӯҳишии куриёии ICHCAP бо роҳандозии мизи гирд ба идома таҳкими ҳамкориҳои пажӯҳишӣ таъкид карданд. Шариф Комилзода-Директори ПИТФИ ҳамкориҳои ин ду ниҳодро собиқадор хонд ва нашри муштараки китоб-албоми “Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон”-ро як намунаи хубе дар ҳамкорӣ миёни ду ниҳоди пажӯҳишӣ тавсиф кард.

Дар Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бо иштироки ходимони илмии пажўҳишгоҳ, кормандони Хонаи китоби Тоҷикистон ва намояндагони ташкилоти ICHCAP аз Ҷумҳурии Корея мизи мудаввар дар мавзўи «Баррасии раванди ҳамкориҳои ПИТФИ бо ICHCAP» баргузор гардид.

Директори Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода мизи мудавварро ифтитоҳ намуд ва ба меҳмонони куриёӣ оид ба самтҳои асосии фаъолияти пажўҳишгоҳ ба таври умум маълумоти мушаххас дод.

Ҳамзамон Шариф Комилзода ҳамкории самарабахши пажўҳишгоҳро бо ташкилоти мазкур ёдрас шуда, интишори муштараки китоб-албоми “Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон”-ро бо забонҳои тоҷикӣ ва инглисӣ намунаи барҷастаи ин ҳамкориҳо донист.

Муовини директор оид ба корҳои методӣ Дилшод Раҳимӣ   мавзўи “Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон” – ро рӯнамоӣ кард. Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон доираи  мавзўҳои  фарох, аз таърихи омўзиши мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар кишвар то ба таъсиси Маркази мероси фарҳангии тоҷикон дар сохтори ПИТФИ, ташкилотҳои давлатию ғайриҳукуматии кишвар, ки самти асосии фаъолияташон ба ин ин мавзўъ нигаронида шудааст, ҳамкориҳо бо созмонҳои хориҷӣ, аз ҷумла намояндагии минтақавии ЮНЕСКО дар шаҳрҳои Алма-Ато ва Теҳрон, ICHCAP, ARCI, GRIHAP, баргузор намудани семинару тренинг ва номинатсияҳо ва ғайраро дар бар мегирифт.  

Дар идомаи мизи гирд Раиси бахши маълумот ва интишорот, Роҳбари шуъбаи менеҷменти технологияи иттилоотии ICHCAP ҷаноби Веонмо Пак самтҳои асосии фаъолияти ташкилоти мазкурро муаррифӣ намуд. Ў аз ҷумла қайд кард, ки ICHCAP фаъолияташро аз соли 2006 оғоз намуда, аз соли 2011 ҳамчун созмони минтақавии дараҷаи 2 дар бахши фарҳанги ЮНЕСКО ба қайд гирифта шудааст. Вазифаю ҳадафҳои асосиаш аз ироаи иттилоот ва пайванди шабакаҳо, фароҳам овардани муҳити ҳамкорӣ, ташхис ва ҳуҷҷатикунонии мероси фарҳанги ғайримоддӣ, дастгирии инвентаризатсияи миллӣ, таъсиси бойгонии мероси фарҳанги ғайримоддӣ, дастгирии барқароркунӣ ва рақамикунонии ин мерос, коркарди барномаҳои таълимӣ ва маводи дарсӣ, ташкилу баргузории тренингҳои коромўзӣ ва намоишҳо,  табодули иттилоот оид ба низоми ҳуқуқии кишварҳо дар самти мероси фарҳанги ғайримоддӣ, интишори мавод ва густариши ахбор оид ба мероси фарҳанги ғайримоддӣ ва ғайра мебошад.

Баъд аз он, роҳбари яке аз барномаҳои ICHCAP Мили Чой дар мавзўи “Табодули иттилоот оид ба мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором” суханронӣ намуд, ки он масъалаҳои хидматрасониии иттилоотӣ оид ба мероси фарҳанги ғайримоддӣ ва тақвияти имконоти техникии иттиллот ҷиҳати ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ, дастгирии фаъолияти ташкилотҳое, ки ба мероси фарҳанги ғайримоддӣ сарукор доранд ва ғайраро дар бар мегирифт.  

Дар поёни мизи гирд директори ПИТФИ Шариф Комилзода китоби “Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон”-ро, ки бо мусоидати ICHCAP интишор гардидааст, муаррифӣ намуд ва дар робита ба он аз намояндагони ташкилоти мазкур даъват ба амал овард, ки ҳамкориро дар ин самт ҷиҳати нашри муштараки бахшҳои алоҳидаи “Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ” идома бахшанд.                         

Миёни ширкаткунандагон ва меҳмонон дар доираи мавзуъҳои мавриди баҳс табодули афкор сурат гирифт.

Дар поёни нишаст миёни ПИТФИ ва Ёддошти тафоҳуми ҳамкориҳо ...имзо шуд.

барчасп: