Озмуни «Китоби сол-2018» ҷамъбаст гардид

Дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2018» ҷамъбаст гардид. Бино ба гузориши АМИТ «Ховар» озмун бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти муҳтаво ва ороиши китобҳо баргузор карда шуд. Дар оғози барнома муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Машраб ҳозиринро барои иштироки фаъолона дар озмун табрик намуда, иброз дошт, ки мақсад аз баргузории озмун дарёфти беҳтарин асарҳои бадеии муосири тоҷик аст, ки ба меъёрҳои санъати сухан ва забони адабӣ ҷавобгӯй бошанд. Инчунин асарҳое, ки ба озмун пешниҳод гардиданд,  фарогири мавзӯъҳои ваҳдати миллӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, тарғиби дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва ба ин восита, арҷгузорӣ ба тамаддун ва фарҳанги миллӣ буданд.

Озмун аз рӯи шартҳои маҳорати маъниофарӣ, риояи санъати сухан, бадеият, забон, услуб, пайвастагии афкор ва банду басти силсилаи воқеаҳо, мувофиқати мазмуну мундариҷаи асар бо талаботи замони муосир гузаронида шуд. Ба ғолибони китобҳои назм, наср, публисистӣ ва назму насри бачагона диплому мукофотҳои соҳавӣ ва моддии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.

Дар бахши назми озмун Гулрухсор Сафиева барои таълифи китоби «Лабчанг», Камол Насрулло барои китоби «Дар оғӯши хазонрез» ва Гурез Сафар барои китоби «Се тори ҳамнаво» ғолиб гардиданд.

Дар бахши наср Сироҷиддин Икромӣ барои таълифи китоби «Боздошти муҳоҷир», Абдурауф Муродӣ барои китоби «Пайкори мӯрон» ва Шодӣ Раҷабзод барои нашри китоби «Ранҷиш» қадрдонӣ гардиданд.

Инчунин дар озмун як зумра асарҳои публисистӣ низ ғолиб дониста шуданд. Аз ҷумла, нависанда Туҳфа Расулӣ барои асари «Духтари баҳор» ва Маҷид Салим барои ҳикоёти «Бешаи палангон» ғолиб дониста шуданд.

Манбаъ “Ховар”

барчасп: