Гаронтарин сармоя барои инсон ҳунар буда, қадру қиматаш дар он аст, ки онро харидаву фурўхта намешавад. Вале бузургии инсонро дар ҳунари ў мушоҳида кардан мумкин аст. Ҳунари воло метавонад зиндагиро дигаргун сохта, инчунин барои пешбурди санъату фарҳанг ва боқӣ гузоштани ном дар таърих, саҳми арзандае дошта бошад. Шахсоне, ки ба ҳунармандӣ машғул ҳастанд мардум онҳоро ба мисли дарахти пурсамар баҳо медиҳанд.
Дуторсозӣ ҳам яке аз ҳунарҳои муҳими фарҳангии тоҷикон ба шумор рафта, нозукӣ ва мушкилиҳои хоси худро дорад. Аз рўи гуфтаҳои мутахасисони дуторсоз на ҳар инсон метавонад, чунин ҳунарро дошта бошад. Чуноне ки мушоҳида кардем, имрўзҳо, устоҳои дуторсоз хеле ҳам кам ба назар мерасанд. Маълум гардид, ки ҳунари дуторсозӣ машаққат ва душвориҳои зиёде дошта, бар зами душворсоз буданаш бисёр нозук ва мураккаб низ ҳаст. Дар китоби Донишномаи фарҳанги мардум калимаи дутор (думбура) чунин шарҳ дода шудааст: «Думбура, думбурак, думбурак сози мусиқии қадимии тоҷикӣ. Дар баъзе мавзеъҳои Тоҷикистон онро дуторча ҳам меноманд. Д. дар шимоли Афғонистон, вилоятҳои Сурхандарёву Қашқадарёи Ўзбекистон низ маъмул аст.
Дарозиаш 70-80 см. аз коса, тахта, даста, гўшак, харак иборат аст. Д. маъмулан бе парда мешавад. Дар баъзе маҳалҳо ба он пардаи зеҳӣ мекашанд. Дуторро аз чўби яклухти тут ё зардолу тарошида тор ва зеҳашро аз рўдаи буз мекарданд. Дутор сози якканавозӣ ва ҷўршаванда буда, дар оркестри созҳои халқӣ истифода мешавад. Дутор ба фосилаи кварта ҷўр мешавад: тори якум нотаи «Ре»-и октаваи якум, тори дуюм нотаи «Ля»-и октаваи хурд. Диапазонаш аз «Ля»-и октаваи хурд то «Ля»-и октаваи дуюмро фаро мегирад. Дар гўрғулихонӣ Дутор сози ягона ва асосит гўрғулисароён бештар Дуторҳои зилро истифода мебаранд. Санъаткорону гўрғулисароёни тоҷик Бобоюнус Худойдодзода, Қурбон Ҷалил, Ҳикмат Ризо, Акашариф Ҷўраев, Одина Ҳошимов, Ҳикмат Маҳмудов, Рустами Абдураҳим, Ҳақназари Кабуд, Қурбоналӣ Раҷаб, Гулчеҳра Содиқова, Қурбони Қурбониён, Баҳром Қодиров имконоти навохтани Дуторро ҳамаҷониба истифода мебурданд. Дутор имрўз яке аз созҳои мусиқии маъмул дар дастаҳои ҳунарии Тоҷикистон мебошад. Он яке аз созҳои асосии мусиқии минтақаҳои ҷануби Тоҷикистон аст»
Барои сохтани асбоби дутор чўби зардолу, чормағз, тут, бед, сафедор ва ғайра зарур мешавад. Аз руи гуфтаҳои Иззатов Ҷумъахон (с.т 1960 ҷ.д Тавилдара деҳаи Тавилдара) чўби зардолуро аввал мехушконанд пас аз хушконидан боз ба даруни об гузошта то ду ё се моҳи дигар нигоҳ медоранд. Андеша ва таҷрибаҳои устоҳо нишон медиҳад, ки чўби зардолу чи қадар дар даруни об монад, барои тарошидан мулоим мешавад. Вале пас аз дубора хушк шудан, ҳамон қадар сахту мустаҳкам мегардад. Хубии дигараш дар он аст, ки пас аз ин амал чўб дигар намекафаду тоб намезанад. Дар ин ҳолат маҳсулоти омода кардаи ҳунарманд боқуввату босифат мешавад. Чўби туту чормағзро, то даҳ понздаҳ рўз дар даруни об нигоҳ доштан басанда аст, дар ин муддат мулоим шуда барои кор кардан омода мешавад. Вақте ки косаи дутор ё дастаро дар ҳолати тариаш тарошида омода сохтанд баъд онро дар таги аррамайда (апилка) гур мекунанд ба он хотире, ки шамол нарасаду накафад. Ба гуфтаи Иззатов Ҷумахон «Аррамайда чўби таркардаро шамол намехўронад, офтоб намезанонад, инчунин қобиляти хуби хушк кунинидан низ дорад».
Дутор аз чаҳор қисми асосӣ, даста, коса, рўйпўш ва гўшак иборат буда, як харак ва дуто тор низ дорад. Ҳамаи кисматҳои асосии дутор аз чўб тайёр карда мешавад. Дар бисёр ҳолатҳо дуторҳоро аз дарахтҳои гуногун омода месозанд. Нозукии дутор дар он аст, ки аз як намуди чўб сохтани чунин асбоб ғайриимкон дониста мешавад. Масалан, дастаи дуторро дар бисёр ҳолатҳо аз дарахти зардолу тайёр мекунанд. Ҳеҷ гоҳ дастаро аз дарахти бед, ё сафедор намесозанд. Чунки дастаи дутор қисме ҳисоб меёбад, ки дар он ҷо торҳо кашида мешаванд ва навозанда ҳангоми навохтан аз дастаи ин асбоб бисёртар истифода мебарад. Агар дастаи дуторро аз дарахтони мулоим созанд дар муддати кутоҳ корношоям мешавад. Аз рўи гуфтаҳои навозандаҳои дутор ва устоҳо дастаи ин асбоб асосан аз чўби зардолу бояд омода шавад, чунки дарахти зардолу бисёр сахт ва лағжонак буда, барои навотан хеле мувофиқ мебошад. Устоҳо чунин меандешанд, ки дутор чи қадар солхўрда шаваду дастааш аз дарахти зардолў бошад, косааш аз тут ё чормағз ҳамон қадар садояш баландтару форамтар (ширадор) мешавад. Вале болопўши косахонаи дуторро аз дарахти бед, ё сафедор тайёр мекунанд. Ин намуди дархтҳо мулоим буда, овози дуторро маҳину форам гардонида, садояш марғуладор мебарояд. Гўшакҳои дутор ҳам бояд, ки аз дарахтони мулоим сохта шаванд, чунки дастаи дутор чўбаш сахт аст. Агар гўшакҳоро ҳам аз чўби сахт омода кунанд, дар ҳолати ҷўр кардани дутор бо ҳамдигар часпида монеа эҷод мекунанд. Яъне, ки дар интихоби чўби гўшакҳо ҳам аҳамият додан зарур мебошад. Танҳо чўбе, ки бе интихоб барои дутор сохта мешавад, чўбчаи харак аст. Ин чўбча нақши асосиро дар асбоби дутор иҷро мекунад. Вазифааш торҳои дуторро то як андозаи мўқарраршуда нигоҳ доштан буда, намегузорад, ки торҳо бо ҳам наздик шаванд. Вазифаи харакро дилхоҳ чўб метавонад иҷро намояд. Дигар вазифаи хараки дутор дар он аст, ки дар ҳолатҳои боло ё поён гузоштан овози асбобро дигаргун месозад. Баъзе устоҳо харакро дар як ҷои муқарраршуда бо воситаи ширеш мечаспонанд, то ин ки ҳангоми навохтан ин тарафу он тараф лағжида мушкилӣ эҷод накунад. Аммо баъзеашон ширеш намекунанд ба он хотире, ки навозандаи дутор бо воситаи луоби даҳон метавонад дар дилхоҳ ҷой харакро часпонида навозиш кунад.
Бо вуҷуди чунин мушкилиҳо Маҳмадуллоев Карим (с.т 1982, сокини деҳаи Гурхани ноҳияи Сангвор) душвориҳои хунари дуторсозиро пушти сар карда, имрўзҳо маъруфу машҳури диёри хеш гардидааст. Асбобҳои сохтаи ўро дар намоишу чорабиниҳои ноҳия ва инчунин ба дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бурда муаррифӣ менамоянд. Ҳамчунин дар рўзномаю маҷаллаҳо чандин маротиба дар бораи ҳунараш мақолаҳо нашр шудааст. Маълум буд, ки аз ўҳдаи дигар ҳунарҳо ба монанди доираю таблаксозӣ, тору рубобтарошӣ ҳам ба хубӣ баромада метавонад. Дар оилаашон бародараш Абдураҳим Маҳмадуллоев яке аз навозандаҳои хуби дутор, рубоб ва тори тоҷикӣ аст. Ў мегўяд, ки то имрўз якчанд оҳангҳоро бо асбоби дутор эҷод кардаасту чандин маротиба пешкаши бинандагон гардонидааст. Навозишҳое, ки бо дутор иҷро карда мешавад мақом ном бурда шуда, ҳар як мақом дар навбати худ номи махсус дорад. Чи гунае, ки дуторнавозони шинохтаи тоҷик Рустами Абдураҳим, Ҳаким Маҳмуд, Фаттоҳ Одина, Қодиров Устоғулом, Баҳром Қодиров, Шоҳин Абуллоев, Мирзошариф Иброҳимов ҳамаи инҳо навозишҳои худро номгузорӣ кардаанд. Масалан: навозиши «Сўзи дил», «Навои кўҳсор», «Навои шаршара», «Хайрбод», «Муноҷот», «Аллаи Модар», «Меҳри Модар», бо чунин тарз номгузорӣ шуда, ҳар кадомашон дар навбати худ таъсири хос ва муаллиф дорад.
Бародаи Абдукарим ҳам навозишҳои худро чунин номгузорӣ кардааст: «Ашки Исмоили Сомонӣ» - мақоми ғамангез буда, аз рўи гуфтаҳои муаллиф барои парокандагии давлати Сомониён навохта шудааст. Мақоми дигараш «Рўҳи Исмоили Сомонӣ» - ном гирифта, ҳангоми навохтан инсонро хушҳол мегардонад. Зеро ин навозиш аз он шаҳодат медиҳад, ки имрўз бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар давлати тоҷикон дигарбора бунёд карда шуд, ки рўҳи Исмоили Сомонриро шод гардонид. Аз ҳама аҷибаш дар он буд, ки бародарон фикри ҳамдигарро ҷонибдорӣ намуда, барои боз ҳам хубтару беҳтар сохтани асбоби дутор кўшиш мекунанд. Бародари навозандааш чунин андеша дорад, ки: «агар асбоби дутор навохтанибоб бошад, завқи навозанда дучанд шуда, метавонад оҳангҳои гуногунро эҷод кунад».
Ба ҳамин хотир, Карим Маҳмадуллоев муваффақиятҳои асосии ин ҳунарашро дар он медонад, ки бародараш асбобҳои мусиқиро хеле хуб менавозад. Инчунин камбудиҳое, ки дар асбоб дида мешавад онҳоро ислоҳ карда, ба бародараш кўмак мекунад. Онҳо чунин ақида доранд, ки: «ҳар усто ё созтароше, ки аз ўҳдаи навохтани асбоб ба хубӣ набарояд, нозукиҳои онро фаҳмиданаш душвор мегардад. Чунки дутор асбоби аз ҳама нозук ба ҳисоб рафта, бар замми навохта тавонистан, бояд аз нотаҳои мусиқӣ хабардор будани устои дутортарош шарт ва зарур аст». Дар ноҳияи Сангвор дуторнавозон кам нестанд, аммо на ҳамаи онҳо дуторро ба хубӣ менавозанд. Садои марғўладори дутор ба аксарияти мардуми ин маҳал маъқул буда, навохтанашро ҳамагон хуш доранд. Мардум чунин андеша дорад, ки дар хонаи ҳар як тоҷик бояд дутор овезон бошад. Хубии дигари ин асбобро дар он медонанд, ки бе қувваи барқ навохта мешавад. Ба ин хотир, барои мардуми кўхистон бисёр мувофиқу қулаи мебошад.
Ҳамин тариқ, яке аз навозандаҳои маъруфи ноҳияи Сангвор Қанотов Назир Ёрибекович (сокини ҷамоати деҳоти Сангвор) мебошад, ки мардум аз маҳорати навозандагии чунин як ҳунарманд лаззат бурда, ҳамеша муштоқи навозишҳояш ҳастанд. Ҳангоми мусоҳиба бо ин ҳунарманд маълум гардид, ки дар навохтани асбоби дутор салиқаи хуб доштааст. Ў мегўяд: «ба ғайр аз дутор дигар асбобҳои халқӣ ва классикиро низ хуб навохта метавонам. Ҳатто баъзе асбобҳоро ба воситаи пойҳоям низ менавозам». Гарчанде, ки шухиомез ишора карда бошад ҳам, шояд ин гуфтаҳояш воқеият дошта бошанд. Маҳорати навозандагиаш то он дараҷа буд, ки дар як лаҳза ҳам доира мезад, рақс мекард ва ҳам дутор менавохт. «Агар шахсе, ки лафзи ҳамин асбобро ёбад (яъне дуторро), навохтани дигар асбобҳо барояш осон мегардад. Чунки дутор сабобе, мебошад, ки танҳо ба воситаи ҳисси шунавоӣ (сулух) навохта шуда, бо дил эҳсос карда мешавад. Асбобҳои дигар бошанд, ба нотаҳо ҷудо карда шуда, навохтани онҳо нисбат ба ин асбоб осонтар аст», - иброз намуд, Қанотов Н.
Аз рўи таҷрибаю мушоҳидаҳо, хулоса кардан мумкин аст, ки ҳунари созтарошӣ дар манотиқи кишвар зарур ҳисобида шуда таваҷҷўҳи мардум нисбати навозишу оҳангҳои дутор хеле зиёд ба назар мерасад. Бар зами чунин як асбоби халқӣ буданаш гуфтам мумкин аст, ки барои муаррифи кардани фарҳанги мардум, метавонад мавқеи хосае дошта бошад. Аз ин лиҳоз, кушиш ба харҷ додан зарур аст, ки барои бозҳам хубтар гардидани ин навъи хунар ва чунин навозандаҳои моҳир кумаку кўшишҳоямонро дареғ надодем.
Абдуллоев А.
[1] Рањматов Б. // Донишномаи фарњанги мардуми тољик.муасисаи давлатии Сарредаксияи Энсиклопедияи милии тољик.Љ.1. – Душанбе, 2015. – с. 35