Activities calendar

07 марта 2019

Таомҳои анъанавии мардуми ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Таомҳои мардуми тоҷик гуногунранг буда, то ба имрўз аз насл ба насл ҳамчун мерос омада истодааст. Вале, бо вуҷуди ин баробари пешравиҳои илму техника ва ҷаҳонишавӣ мардуми Тоҷикистон низ аз маҳсулотҳои хориҷа зиёд истифода мебаранд. Ин раванд ҷанбаҳои манфӣ ва мусбӣ дошта таъсири мутақобила низ дорад. Ҷанбаи мусбии он дар он аст, ки кишвари мо низ мисли дигар мамлакатҳои пешрафта дар чараёни пешравиҳо қарор дорад. Ҷанбаҳои манфии он дар он аст, ки баъзе маҳсулотҳои хориҷа метавонанд ба пурагӣ маҳсулоти дарунаро иваз кунанд. Барои хамин мо бояд кўшиш намоем, ки арзишҳои миллиро ҳифз намоем ва ҳамчун мерос ба насли оянда гузорем.

барчасп: