Донишу таҷрибаҳои кабкпарварӣ ва кабкбозӣ
Чоп шуд: 01/03/2019Кабк яке аз зеботарин парандаҳои табиати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар зиракию ҳушёрӣ нисбат ба дигар мурғони хушхон бартарӣ дорад. Дар бораи парвариш ва шикори кабк дар байни мардум донишу таҷрибаҳои зиёд мавҷуд аст. Ҳатто бовару эътиқод, ривоятҳои гуногуни фолклорӣ, инчунин расму одатҳои аҷибе нисбат ба кабк миёни мардуми тоҷик роиҷ мебошанд. Қобили зикр аст, ки кабк зебогии табиатро бо овози хушу дилнишинаш боз ҳам зеботар мегардонад. Садои форами кабкро бисёриҳо хуш доранд.