Озмуни «Суруди Модар – Алла»
Чоп шуд: 04/03/2019Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали ҷумҳуриявии «Суруди Модар – Алла» баргузор мекунад. Гуфта мешавад, ки ин фестивал рӯзи 6-уми март дар толори «Кохи суруш» доир мешавад ва дар он ҳудудан 700 нафар кормандони вазорату идораҳо, бонувони шинохта ва ҷавонон ширкат хоҳанд кард. Дар хабари расмии Кумита гуфта мешавад, ки то кунун ду давраи фестивал дар нашҳру ноҳия ва вилоятҳо гузаштааст ва ғолибонаш ба озмуни ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтаанд.