Озмуни «Суруди Модар – Алла»

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Фестивали ҷумҳуриявии «Суруди Модар – Алла» баргузор мекунад. Гуфта мешавад, ки ин фестивал рӯзи 6-уми март дар толори «Кохи суруш» доир мешавад ва дар он ҳудудан 700 нафар кормандони вазорату идораҳо, бонувони шинохта ва ҷавонон ширкат хоҳанд кард. Дар хабари расмии Кумита гуфта мешавад, ки то кунун ду давраи фестивал дар нашҳру ноҳия ва вилоятҳо гузаштааст ва ғолибонаш ба озмуни ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтаанд.

Ҳамзамон ҷойи таъкид аст, ки Кумитаи кор бо  ҷавонон ва варзиш бахшида ба Рӯзи Модар дар қаламрави ҷумҳурӣ миёни ҷавондухтарон, бонувони варзишкор ва модарони рӯзгордида як силсила барномаҳои маърифатию фарҳангӣ, адабию омӯзишӣ ва фароғатиро роҳандозӣ мекунад.

Дар хабари сомонаи ин Кумита гуфта мешавад, ки дар мусобиқаҳои варзишӣ дастаҳо аз тамоми минтақаҳои кишвар иштирок намуда, баҳри ба даст овардани мақомҳои ифтихорӣ миёни ҳам рақобат менамоянд. Даври аввали мусобиқаи мазкур дар сатҳи шаҳру ноҳия ва даври дуюми он дар сатҳи минтақа ва вилоят баргузор гардида, беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат пайдо намуданд.

“Ховар” низ ба нақл аз Кумитаи кор бо ҷавонон навиштааст, ки ба ин рӯз ҳамоиши «Нақши занону модарон дар баланд бардоштани маърифати оиладорӣ», озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавондухтари ҳунарманди сол», барномаи тантанавӣ бо иштироки занони баруманди ҷумҳурӣ таҳти унвони «Сад ҷону дил фидои як муддаои модар», семинарҳои омӯзишӣ бо иштироки  ҷавондухтарони соҳибкор, аксияҳои тарғиботию ташвиқотӣ, барномаҳои фарҳангӣ – фароғатӣ ва суҳбату мулоқотҳои судманд дар назар дошта шудаанд.

барчасп: