Мавқеи бозиҳои варзишии суннатӣ дар баргузории Наврўзи Данғара

Хушбахтона, дар солҳои охир миёни деҳаҳо барои Ҷоми Наврўз мусобиқаҳои гўштингирӣ, воллейболбозӣ, футбол ва бозиҳои дигар хело фаъол гардидааст, ки ин нишонаи сулҳу субот, дўстию рафоқат ва эҳтироми зиёд нисбати ҳамдигар мебошад. Умуман, дар ноҳияи Данғра бахшида ба ҷашни Наврўз бозиҳои зиёде гузаронида мешавад ва он ҳама баҳри болидарўҳ гардонидани кўдакону наврасон, бозиҳо барои якдигарфаҳмӣ, меҳру муҳаббат, дўстию рафоқат, хушҳолӣ ва аз дилҳо бурун кардани кибру ғурур ва пеш аз ҳама хотирмону шавқовар гузаронидани иди Наврўз доир карда мешавад.

 Боиси ифтихор аст, ки солҳои охир ҷашни Наврўз дар гўшаю канори манотиқи кишвар бо иштироки васеи оммаи мардум бо хусусияти хосу фарқкунанд таҷлил меёбад. Ҳар як шаҳру ноҳия вобаста ба урфу одат, анъана, ҷашну маросим ва русуми маҳаллии хеш Наврўзро ҷашн мегирад. Данғара ҳам яке аз ноҳияҳои калонтарини ҷумҳурӣ буда, ҳамасола дар маҳаллу деҳотҳои он ҷашни Наврўз бо рукну анъанаҳои хоси худ баргузор мегардад.

Ҷашни Наврўз барои ҳар як қавм ва ҳар як халқи некиродаю боғайрат рўзи андўхтани қуввату қудрати тозаи рўҳонию равонист. Шоири донишманди мо Анварии Абевардӣ, вақте ки дар оғози баҳори Аҷам аз нашъунамои табиат болида, беҳуда нагуфтааст, ки: “боз ин чӣ ҷавонист заминрову замонро” яқинан маҳз аз ҳамин неруи эҳёи Наврўз ба шавқу завқ омада буд.

Ташкил ва баргузории бозиҳои гуногуни маҳаллӣ як бахши ҷашни Наврўз буда, бидуни иҷроиши онҳо дар ягон деҳаи ноҳияи Данғара ва минтақаҳои дигари кишвар Наврўз ҷашн гирифта намешавад. Ҳар сол ба муносибати ҷашни Наврўз мардуми ноҳияи Данғара бозиҳои анъанавиеро аз қабили гўштангирӣ, бузкашӣ, кабкбозӣ, хурўсбозӣ, ликакбозӣ, сурсуракон ва ғайра доир менамоянд, ки барои хубтару беҳтар гузаронидани ҷашни Наврўз мусоидат менамояд.

 Гўштингирӣ ва бузкашӣ аз бозиҳои анъанавии мардуми тоҷик буда, ҳамасола дар рўзи ҷашни Наврўз аз ҷониби оммаи мардум гузаронида мешавад. Бозиҳои гўштингирию бузкашӣ дар ноҳияи Данғара бисёртар аз ҷониби соҳибкорон ва ё кормандони мақомоти ноҳиявӣ доир карда мешавад. Аммо иштирок дар ин бозиҳо озод буда, доираи васеи мардумро аз деҳаҳои мухталифи ноҳия ва гўшаю канори дигари кишвар дар бар мегирад. Гўштингирӣ ва бузкашӣ аз ҷумлаи бозиҳои нисбатан паҳншуда ва тўлонӣ мебошад, ки ҷараёни он давоми рўзро дар бар мегирад. Азбаски дар бозиҳои номбурда тўҳфаҳои арзишнок бештар гузошта мешавад, ҳар як бозингар кўшиш менамояд, ки тўҳфаи арзандаеро соҳиб гардад.   

Кабкбозӣ- Кабкбозӣ, асосан, шуғли мардона буда, синни миёнаи кабкбозон аз 20-25-сола болоро ташкил медиҳад. Аз мушоҳидаҳо чунин ба назар мерасад, ки дар деҳаҳои ноҳияи Данғара ҷавонписарашон дар баробари намудҳои гуногуни бозиҳои варзишӣ нисбати кабкбозӣ ҳам майлу рағбати беандоза доранд. Кабкбозӣ як навъ машғулияте мебошад, ки ба ҳама хурду калон писанд аст. Дар ин бозӣ мардум ду гурўҳ шуда як гурўҳ як кабк ва гурўҳи дигар кабки дигарро тарафдорӣ мекунанд. Гурўҳҳо дар рафти ҷанги кабкҳо бо ҳам шарт мемонанд ва кадом гурўҳ, ки шартро бохт гуфтаҳои ғолибшудагонро иҷро мекунанд. Ҳолатҳое мешавад, ки шарти бозиро пеш аз ҷанги кабкҳо мемонанд, масалан, кадом гурўҳе, ки бозиро бохт як зиёфт тайёр мекунад ва ё ба ҳама аъзоёни гурўҳи дигар ширинӣ меорад.

Дар рафти мусобиқа одамҳо ба ду гурўҳ тақсим шуда, кабкҳоро тарафдорӣ (мухлисӣ) мекунанд. Барои ҳавасманд гардонидани бозингарон ҳангоми мусобиқа ба ғолибон аз тарафи шахсони мағлуб тўҳфаҳои пулӣ тақдим карда мешавад. Бояд қайд кард, ки мухлисӣ кардани кабкбозӣ қоидаи махсуси худро дорад.

Бозӣ бо иштироки кабк дар даҳсолаи охир доираи худро васеъ карда, мухлисони зиёд пайдо кардааст. Тамошобинон чунин мусобиқаро бо як завқи баланд ва эҳсоси хуб тамошо карда ҳаловат мебаранд. Дар натиҷаи мусобиқаи ду кабк ғолибшударо бо пули нисбатан гарон ба фурўш мегузоранд ва мағлубшудаашро бо пули кам. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки ҳар нафаре, ки дар тарбия кардани кабк заҳмати зиёд кашида бошад, маблағашро ҳам ба андозаи меҳнаташ ба даст меорад.

Кабконе, ки дар майдон ғолиб омадаанду ҷасорат нишон медиҳанд, мардум онҳоро бо лақабҳояшон мешиносанд, ба мисли ракета (кабки тезгир), патрубка (кабки дарози пуштдиҳанда), кутсӣ (кабки думкалта) инҳо кабконе ҳастанд, ки мардум ба ғолибияти онҳо бештар боварӣ доранд.

Ба ақидаи кабкбозон кабкбозӣ яке аз воситаҳое мебошад, ки барои зиёд гардонидани шумораи кабкҳо дар табиат кўмак мерасонад. Бо роҳи парвариш намудан барои истифодаи кабкбозӣ мардуми маҳаллӣ кабкро аз нобудшавӣ дар табиат нигоҳ медоранд. Ба ҳамин хотир солҳои охир чунин намуди бозӣ бо кабк ё мусобиқаи кабкон ба ҳукми анъана даромадааст. Қариб ҳар ҳафта як маротиба аз ҳар гўшаву канори вилояти Хатлон кабкбозон ҷамъ омада, байни худ мусобиқаҳо мегузаронанд, аз ин хотир рўз аз рўз сафи кабкбозони номӣ ва кабкҳои бозингар зиёд шуда истодааст.

Кабкбозӣ, аз амсоли бозиҳое буда, мардуми деҳотро водор месозад, ки кабк ҳамчун мавҷуди зинда як ҷузъи табиат аст ва метавон онро барои ҳифзи муҳити зист нигоҳубин намуд.

 Хурўсбозӣ – Хурўсбозӣ ё хурўсҷанг як намуди бозиест, ки ба ҳамагон то ба имрўз маълуму машҳур мебошад. Дар хурўсҷанг низ мардум чи хеле, ки дар гуштин ҷамъ мешаванд, ҳамон гуна мардони хурду калон, асосан мардону писарбачаҳо ҷамъ мешаванд ва хурўсҳоро дар байни давра партофта онҳоро бо ҳам ҷанг меандозанд. Шарти бозии хурўсҷанг  чунин аст, ки ҳама хурўсҳое, ки дар ҷанг мағлуб мегарданд онҳоро ҷамъ  мекунанд ва бегоҳи ҳамон рўз дар хонаи яке аз бозигарон ҳама писрбачагони маҳалла ҷамъ шуда он хурўсҳои мағлубгаштаро кушта бирён карда бо ҳам мехўранд.

Ба ҷуз бозиҳои зикргардида ҳастанд бозиҳое, ки дар арафаи ҷашни Наврўз дар ноҳияи Данғара гузаронида мешавад, танҳо хоси кўдакону наврасони маҳалҳо мебошад. Ба монанди сурсуракон, туктукакон, ликакбозӣ, хурўсбозӣ, ҷанбул ва ғайра. Кўдакону наврасони деҳаҳо бо як рўҳи болида дар ин рўз бозиҳои шавқоварро мегузаронанд. Баъзан  ҳолатҳое мешавад, ки калонсолонро аз ин бозиҳо хушашон меояд ва бо кўдакон ҳамроҳ шуда бозиҳои кўдакона мекунанд. Баъзан бозиҳое мебошад, ки он вобастагӣ аз калонсолон мекунад ки яке аз ин бозиҳо кабкҷанг мебошад, ки онҳо кабкҳои ҷангие, ки муддати дароз онҳоро тарбият додаанд ба майдон мебароранд.

 Сурсуракон – Ин бозии маъмул дар байни писарбачаҳо ва духтаракони ноҳияи Данғара мебошад. Дар  ин бозӣ ҳама наврасон дар ягон майдони васеи деҳа ҷамъ омада, ҳама гирд истода як нафарро дар байн мемонанд, то чунин мисраҳоро хонад.

Аша маша,

Бура даф ша.

Вақте ки ин мисраҳоро хонд дар рости касе, ки тамом шуд он кас аз давра берун мешавад ва дар охир як нафаре, ки аз онҳо монд ҳамаи аз давра берун шудагонро сур (дунболагирӣ) мекунад ва шахсеро, ки дошт, он кас суркунанда мешаваду боз дигарон мегурезанд, ки ин бозиро дар ноҳияи Данғара сурсуракон ном мебаранд.

Туктукакон – Ин хеле бозии дўстдоштани мебошад, ҳар касе ки ин бозиро мекунад ҳеҷ намехоҳад, ки аз он муҳит берун барояд.  Яъне дар ин бозӣ  як  нафар чашмҳояшро мепушад ва аз як то сад ҳисоб мекунад.  Дар вақте ки он кас бо чашмҳои пушида то сад ҳисоб мекунад, ҳама  бозингарон дар ҳар куҷо баҷо мешаванд,  вақте ки он касро ҳисобаш ба сад расид

         Бомба  кафид,

         Бозӣ сар шид.

гўён чашмонашро мекушояд ва мебинад, ки ҳама пинҳон шудааст ва дар ҳол ба кофтукови пинҳоншудагон медарояд. Шарти бозӣ чунин аст, ки кофтуковкунанда касеро, ки аввал шуда дарёфт бояд дарҳол ба ҷои аввалааш баргардад. Дар ҳоле, ки ин шартро иҷро карда натавонад бой медиҳад, аммо вақте ки аз уҳдаи шарт мебарояд нафари бозиро бохта, яъне шахсе, ки аввалин шуда ёфтааст чашмонашро мепушад ва аз як то сад мешуморад ва дигарон пинҳон мешаванд.

Ликакбозӣ – Ликакбози ва ё ликликӣ, бозии дўстоштаи писарбачагон. Дар ин бозӣ аслан ду чўбро истифода мекунанд, ки яке калта ва дигаре дарозтар. Андозаи он чўби калта 15-20 см ва чўби дароз бошад, 50-60 см буда, вазифаи чўби дароз барои задани чўби кутоҳ, ки то  ба масофаи дуртар рафта афтидани он мусоидат мекунад. Ба ғайр аз чўбҳо боз дар замин ба мисли давра хат мекашанд. Як нафар тавассути чўби дароз чўби калтаро бо тамоми қувват мезанад ва нафари дуввум онро баргашта ба даруни давра мепартояд. Дар ҳоле, ки чўб ба дохили давра ворид шуд, он нафари чўби кутоҳро партофта ғолиб мешавад, агар он чўб вориди давра нашавад бозиро бой медиҳад. Бозӣ ҳамин хел то сад меравад ва якум шуда касе то ба сад мерасад он кас ғолиби бозӣ мегардад. Нафаре, ки дар бозӣ мағлуб мешавад аз масофаи дур рафта то ба дохили давра бо як нафас “зууу” - гўён медавад. Лаҳзаҳое мешавад, ки ба ҷои “зууу” гуфтан чунин мисраҳоро бо як нафас мехонанд:

Алҳам гули гандум,

Бачат бачи мардум.

Манаҳта бубандум,

Дар мобайни мардум.

Эээээээ  зуууу

Дар панҷсолаи охир ҳатто ликакбозӣ кардани мардони калонсол низ ба мушоҳида мерасад, ки ин аз завқи беандоза доштани онҳо ба ин бозӣ мебошад.

Хушбахтона, дар солҳои охир миёни деҳаҳо барои Ҷоми Наврўз мусобиқаҳои гўштингирӣ, воллейболбозӣ, футбол ва бозиҳои дигар хело фаъол гардидааст, ки ин нишонаи сулҳу субот, дўстию рафоқат ва эҳтироми зиёд нисбати ҳамдигар мебошад. Умуман, дар ноҳияи Данғра бахшида ба ҷашни Наврўз бозиҳои зиёде гузаронида мешавад ва он ҳама баҳри болидарўҳ гардонидани кўдакону наврасон, бозиҳо барои якдигарфаҳмӣ, меҳру муҳаббат, дўстию рафоқат, хушҳолӣ ва аз дилҳо бурун кардани кибру ғурур ва пеш аз ҳама хотирмону шавқовар гузаронидани иди Наврўз доир карда мешавад.

 

Акобир Абдуллоев

Ходими калони илмии

Маркази мероси

фарҳангии тоҷикон

барчасп: