Зодаи рустои Шаршараи ноҳияи Данғара, мутаваллиди 1 июни соли 1935. Тўрахон Аҳмадхонов шуъбаи актёрии Институти давлатии санъати театрии ба номи А.В. Луначарский шаҳри Маскав (1960) ва курси олии коргардони Театри марказии тамошобини навраси шаҳри Маскав (1971)-ро хатм намудааст.
Тўрахон Аҳмадхонов Ҳунарпешаи Театри мазҳакаи мусиқии Хуҷанд ва Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ (1960-1970), саркоргардони Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон (1972-1974) ва аз соли 1975 коргардон ва ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ мебошад.
Тўрахон Аҳмадхонов ҳунарпешаи театр, коргардон ва драматург аст.
Беҳтарин намоишномаҳои таҳиякардааш: «Ҷон модаракон»-и А. Қаҳҳор, «Эраҷ-паҳлавон»-и Ш. Қиёмов, «Баҳори понздаҳум»-и Зак ва Кузнетсов, «Бонги хатар»-и А. Атобоев, «Муаллими рақс»-и Лопе де Вега, «Шоҳ Лир»-и Шекспир, «Роҳзанҳои Ф. Шиллер», «Бахтатро бедор кун»-и Н. Бақозода, «Қиёми Лоҳутӣ»-и А. Атобоев, «Ганҷи ранҷ», «Чаманзори ваҳдат» аст.
Дар нақшҳои асосии Кайковус («Рустам ва Сўҳроб»-и Ғ. Абдулло), Турио («Ду Веронагӣ»)-и В. Шекспир, Куйбишев («Ҳуррият»-и Ғ. Абдулло), Хоҷа («Хизматгори ду хоҷа»)-и Голдонӣ, Искандар («Мурдаҳо»-и Урдубодӣ), Эраҷ («Эраҷ-паҳлавон»-и Ш. Қиёмов дар саҳнаи театр бозидааст.
Тўрахон Аҳмадхонов муаллифи асарҳои драмавӣ ва намоишномаҳои афсонавии «Олами пурасрор», (1967), «Карим Девона» (1970), «Қиссаи муш ва гурба» (1972), «Ҷўгидухтар» (1974), «Оилаи аскар» (1975), «Гилеми кабуд» (1979), «Мулки меросӣ» (1980), «Кафшҳои Абулқосим» (1982), «Бепир марав» (1984), «Сафар Амиршоев» (1985), «Баҳроми чўбина» (1995), «Мастӣ-пастӣ» мебошад, ки дар театрҳои ҷумҳурӣ рўйи саҳна омадаанд.
Дар кинофилмҳои «Достони Сиёвуш» (1976), «Воҳўрӣ дар назди масҷиди куҳна» (1969), «Одам пўсташро иваз мекунад» (1979), «Буду набуд» (2001 муаллифи филмнома), силсила филмҳои телевизионии «Муҳаббат» (2008), нақшҳо бозидааст.
Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон, Ходими санъати Тоҷикистон (1989) сарфароз гардидааст.
Аз соли 1995 Узви Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон мебошад.
Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2013. – С. 169-170.
Муаллиф: Н. Шарипов.