Тунукасозӣ низ аз ҷумлаи ҳунарҳои мардумист

Ҳунари тунукасозӣ дар ороиши деворҳо, бомпўш, нигасаи хона ва дигар қисмҳои бино ба кор бурда  мешавад. Устоҳои тунукасоз дар иҷрои корҳои  истеҳсолӣ аз асбобу олоти хосси ин ҳунар: миқрози тунукабурӣ, анбўр, сандон ва хоиск, гиро, кордҳои махсус, исканаву сумба ва чанде  дигар истифода мекунанд. Дар пайванд кардани тунукапораҳо устоҳо аз усулҳои  қаткунӣ, кафшери  махсус ва баъзан ширешҳо истифода  мебаранд.

Тунукасозӣ яке аз бахшҳои пешаи оҳангарӣ мебошад, ки ба коркард  ва истеҳсоли маснуоти  рўзгор аз варақаи  тунуки оҳан ва дигар филизот сарукор дорад. Тунукасозӣ дар садаи XX дар байни мардуми тоҷик бештар рушд пайдо кард ва маснуоти сохтаи тунукасозон  дар ҳар як хонадон мавриди истифода қарор гирифт. Дар гузашта, бинобар  набудани ашёи  хом- варақҳои тунуки оҳанин ин гуна маснуот қисман  аз оҳану мис  ва боқимонда аз чўбу  ашёи  дигар сохта мешуданд.

Аз охири  садаи XIX сар карда, варақаҳои  тунуки оҳанинро аз  Русия  меоварданд, ки он кори оҳангарону тунукасозонро сабук намуд. Имрўзҳо навъҳои  маҳсулоти тунукасозон рангоранг  мебошад. Аз ҷумла  ғирболу парвезан (элак) белча, ширполо, обрез, зарфҳои обгирӣ, самовор, киф, хокистаргирак, оташгирак, бухорӣ, тута ё лулаҳои бухорӣ, дудмўрӣ, новдон ва ғайра.

Инчунин ҳунари тунукасозӣ дар ороиши деворҳо, бомпўш, нигасаи хона ва дигар қисмҳои бино ба кор бурда  мешавад. Устоҳои тунукасоз дар иҷрои корҳои  истеҳсолӣ аз асбобу олоти хосси ин ҳунар: миқрози тунукабурӣ, анбўр, сандон ва хоиск, гиро, кордҳои махсус, исканаву сумба ва чанде  дигар истифода мекунанд. Дар пайванд кардани тунукапораҳо устоҳо аз усулҳои  қаткунӣ, кафшери  махсус ва баъзан ширешҳо истифода  мебаранд.

Бозчоп аз Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб Д.Раҳимов; Муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Э-граф, 2017. – С. 182.

барчасп: