Эҳтироми либоси миллии тоҷикӣ

Суннатҳои либосдўзию либоспўшии тоҷикон дорои мазмунҳои фарҳангию иҷтимоӣ ва асотирию эътиқодӣ мебошанд. Онҳо зинаҳои рушду тараққиёти ниёгони мардуми тоҷикро аз даврони бостон то ба имрўз дар худ инъикос кардаанд. Қабл аз ҳама гуфтан лозим аст, ки тоҷикон ба интихоби ранги либос таваҷҷуҳи махсус доранд. Аз замонҳои қадим ниёгони тоҷикон – суғдиёну бохтариён аз матоъҳои пахтагин ва баъдтар абрешимини сафедранг бештар либос медўхтанд. Ранги сафеди либос рамзи покию озодагӣ, беолоишӣ, бахти сапед ва сулҳу амониро ифода мекард.

Дар баробари он дар рўзҳои  идҳои суннатию ҷашнҳои маишӣ ва рўзҳои хурсандӣ тоҷикон, ҳам марду ҳам зан, либосҳои рангаю гулдор ва мунаққашро ба бар мекарданд, ки он орзую омоли рангин ва хушбахтии мардумро бозтоб менамуд. Ин анъанаҳо дар тўли садсолаҳо мардуми тоҷикро ҳамроҳӣ карда, то ба имрўз омада расидаанд. Имрўзҳо низ либосҳои ҷашнии бонувони тоҷик бештар аз газвораҳои атласу адрас, шоҳӣ, матоъҳои гулдўзишуда, чакану гулбаст ва монанди инҳо дўхта мешаванд.

       Ба либосҳои занонаи миллии тоҷикӣ курта, пойҷома, камзўлча, калтача, ҷома, яктак, рўймол, тоқӣ, ҷуроб ва кафш дохил мешаванд. Куртаҳои  суннатии занона дорои остину домони дарозу кушод буда, гиребону нўги остинҳо ва қисми поении доманашон гулдўзӣ мешуданд. Аз таги куртаҳои гулдўзӣ пушидани пироҳани сафед маъмул буд, ки онро куртаи тагпўшӣ меномиданд. Дар водии Рашту Дарвоз ва Бадахшон ба куртаҳои занона шерозҳои пургули ранга часпонида мешуд. Баъзе ҳунармандон шерозҳоро дар худи матои курта ба воситаи даравшак медўхтанд. Махсусан, пеши барии куртаҳо пурра гулдўзӣ мешуд, ки он пешак ном дошт. Пойҷомаҳои бонувон кушоду дароз буда, то буҷулаки пой мерасид. Онҳоро аз матоъҳои читу карбос, атласу адрас ва беқасаб медўхтанд. Ба қисми поении пойҷома шероз ё ҷияки гулдўзишуда мечаспониданд.

      Дар шаҳрҳо занҳои нисбатан доро куртаҳои шоҳӣ, атласу кимхо ва камзўлу ҷомаҳои зардўзӣ мепўшиданд.

      Тоқиҳои занона дар ноҳияҳои шимоли кишвар чоркунҷа буда, дар водиҳои Ҳисору Рашт, вилояти Хатлону Бадахшон тоқиҳои гирд маъмул буданд. Тоқиҳои чамандигул, ироқӣ ва зардўзиро бештар духтарону наварўсон ба сар мегузоштанд. Занҳо тоқӣ пўшида, аз болои он ба сар рўймол мепартофтанд.

        Рўймолҳои шол, фаранг, заргаронӣ, рубаст хеле роиҷ буданд. Ҷавонон рўймолҳои рангашон равшан мебастанду занҳои калонсол рўймолҳои нисбатан торикрангро меписандиданд. Тарзу шеваи рўймолбандӣ дар минтақаву навоҳии кишвар гуногун мебошад. Ҷавондухтарон одатан рўймоли хурдро дуқат карда, ба сар гузошта, ду гўшаи онро ба қафои сар бурда, гиреҳ мекарданд. Занҳои миёнсол рўймоли калонро ба сар гузошта, ду канори онро ба қафо мепартофтанд. Усулҳои рўймолбандии таги манаҳ, пешонабанд, мушки бегиҷон, гирди сар, гўшгардон ва чанде дигар роиҷ буд.

        Либосҳои анъанавии мардона аз курта, таҳпўш, шалвор, яктак, ҷома, ҷелак, рўймоли миёнбанд, тоқӣ, салла, кафш, маҳсӣ, мўза ва чанде дигар иборат мебошад. Дар кўҳистон инчунин либоси болоии чакман ва пўстин низ маъмул аст.

         Куртаҳои мардонаи тоҷикӣ аз матои читу карбос дўхта шуда, сари гиребони онҳо гулдўзӣ мешуд. Қади онҳо камарро пўшондида, то ба рони пойҳо мерасид. Дарозии остини куртаҳо то банди даст расида, чандон кушод набуд. Куртаҳои пешина тугма надоштанд, гиребони онҳо васеъ буда, курта аз болои сар пўшида мешуд.

        Яктак як навъ либоси мардонаи болопўш буда, мисли ҷома пешаш кушода аст ва бо рўймол миёнашро мебастанд. Яктак асосан аз матои сўф ё карбоси сафед дўхта шуда, мардон онро дар фаслҳои гарм аз болои курта мепўшиданд ва дар зимистон аз зери ҷома ба бар мекарданд. Навъи дигари яктакро ҷелак меноманд, ки аз матоъҳои адрасу алоча ва беқасаб дўхта мешавад.

       Ҷомаи мардонаро маъмулан аз матоъҳои алоча, беқасаб, сатин ва шоҳӣ медўзанд. Дар байни абраю астари ҷома пахта гузошта, бо сўзан ба таври амудӣ лаганда карда мешавад. Аз болои ҷома бо рўймоли миёнбанд камари худро мебанданд.

      Дар солҳои 1950-60 дар баробари либосҳои мардонаи суннатӣ либосҳои замонавии аврупоӣ ба истифода даромад ва то ба имрўз мардони тоҷик шиму костюм, курта, шим, джемпер, палто, боронӣ, кулоҳ, либосҳои варзишӣ ва монанди инҳоро ҳамарўза ба бар мекунанд.

      Либосҳои анъанавии мардуми тоҷик имрўзҳо низ дар деҳоти ноҳияҳои кишвар истифодаи васеъ доранд. Дар шаҳрҳо низ дар баробари либосҳои аврупоӣ либосҳои миллӣ мавқеи худро нигоҳ доштаанд. Аммо як андоза дар шаклу сохтор ва тарзи дўхти онҳо тағйирот ба вуҷуд омадаанд. Илова бар ин дар асоси либосҳои миллӣ сару либоси замонавӣ эҷод шудаанд, ки он, бегуфтугў, идомаи анъана вобаста ба шароити ҷаҳонишавӣ мебошад.

 

     Бозчоп аз Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: ЭР-граф, 2017. – С. 123-125.

барчасп: