Китобу китобхона дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Зарфи панҷ соли ҷанг ба китобхонаи ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе 646 ҳазру 302 нафар ташриф овардаву 291 ҳазору 54 китоб дархост кардаанд. Дар ҳамин панҷ сол бахши Абонементи байни китобхонаҳо барои мутолиа дар хона ба ниёзмандон 67 ҳазору 377 китоб додааст.

Башарият аз замони пайдоиши олам ин гуна ҷанги хонумонсўз ва фоҷиаи мудҳишро аз сар нагузаронидааст. Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) аз рўи миқёсу андоза даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи башарият буда, дар он беш аз 72 давлати хурду бузурги ҷаҳон ширкат варзида, доманаи амалиётҳои ҳарбӣ ба ҳудуди 40 давлати ҷаҳон вусъат ёфт. Теъдоди сафарбаршудагон зиёда аз 110 миллионро ташкил медод. Дар натиҷаи ин ҷанг кишварҳои зиёде хароб гаштанд ва бештар аз 50 миллион нафар қурбон ва садҳо миллион нафар аҳолии мамалакатҳое, ки ба гирдоби ҷанг кашида шуда буданд, ба маҳрумияту азоби тоқатшикан гирифтор гаштанд. Ба мардуми тоҷик низ ин ҷанги хонумонсўз таъсири сахт расонд.

Ҳазорон нафар фиристодагони Тоҷикистон дар ин муҳорибаҳо ва озод кардани хоки кишвар ва халқҳои Аврупо аз фашистон иштирок намуда, паҳлў ба паҳлўи бо русҳо, украинҳо, белорусҳо, ўзбекҳо, қазоқҳо, гурҷиҳо, арманиҳо ва дигар халқҳои Шўравӣ бар зидди фашизм ҷангиданд ва аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд. Умуман дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон иштирок намудаанд. Онҳо барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд.

61 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии ифтихории Ватан - Қаҳрамони Иттифоқи Шўравӣ, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳои гуногун сарфароз шуданд.

Ҳамчуноне ишра кардем, солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон қариб 300 ҳазор нафарро ташкил медод. Аз ин ҳисоб 49973 нафари онҳо ба баталёнҳои коргарӣ сафарбар шуданд. Дар муҳорибаҳои шадид тоҷикистониён ҷасорату шуҷоати беҳамто нишон доданд. Дар байни онҳо - Қаҳрамонони Иттифоқи Шўравӣ Неъмат Қарабоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Тўйчӣ Эрҷигитов, Сафар Амиршоев, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарипов ва нфари дигарро номбар кардан мумкин аст, ки баҳри дифои Ватан дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонӣ нишон додаанд.

Заҳматкашони Тоҷикистон дар баробари мустаҳкам кардани ақибгоҳ, инчунин ба қисмҳои ҳарбӣ содиқона ёрӣ мерасонданд. Онҳоро ба сару либос, озуқаворӣ, аслиҳаи ҷангӣ таъмин менамуданд. Дар давраи ҷанг халқи тоҷик барои фронт 151 вагон, 532500 адад либоси гарм, 123800 килограм пашм, бештар аз 25000 метр газвор ва дигар лавозимот фиристониданд. Ба захираи мудофиавии Ватан 30 миллиону 500 ҳазор сўм пули нақд ва 40750 пуд ғалладона ҷамъоварӣ карда супурданд. Барои сохтани танки «Колхозчии Тоҷикистон» зиёда аз 84 миллион сўм ва барои сохтмони эскадрилияи «Тоҷикистони Советӣ» 35,2 миллион сўм ҷамъоварӣ намуданд. Хотираи неки қаҳрамонии тоҷикистониён дар арафаи таҷлили 72-юмин солгарди иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қалби насли муосир абадӣ хоҳад монд.

Дар ҳоли ҳозир, бино ба маълумоти Шӯрои ҷумҳуриявии собиқадорони ҷанг ва ақибгоҳ, имрӯз дар Тоҷикистон 448 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва 5 нафар иштирокдорони муҳосираи Ленинград дар қайди ҳаёт ҳастанд.

Сарфи назар аз айёми тираи ҷанг ва рўзгори нобасомони мамлакат ҳамзамон бо фидокориҳо дар ҷабҳаи ҷангу ақибгоҳ мардуми ба адабу илм решапайванд доштаи тоҷик аз омўзишу хониш намондааст, ки боиси ифтихор аст. Инро дар мисоли фаъолияти китобхонаҳои он замони ҷумҳурӣ равшан дидан мумкин аст. Танҳо овардани омори хизматрасонии Китобхонаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ кофист бинем, ки сокинони пойтахт ва навоҳии атрофи он ҳатто дар мудҳиштарин солҳо низ даст аз хондан ва мутолиа набардоштаанд.

Зарфи панҷ соли ҷанг ба ин китобхона 646 ҳазру 302 нафар ташриф овардаву 291 ҳазору 54 китоб дархост кардаанд.

Дар ҳамин панҷ сол бахши Абонементи байни китобхонаҳо барои мутолиа дар хона ба ниёзмандон 67 ҳазору 377 китоб додааст.

Омори хизматрасонии сол ба соли солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ чунин аст:

    Сол              Омаду рафт    Диҳиши китоб           АБК

·  1941                161.661              265.284                     9.489

· 1942                170.462              4311                          18.572

·  1943                172.910              310.888                     19.323

· 1944                141.269              291.057                     19.993

Дар солҳои ҷанг хонандагон 18 ҳазору 877 маълумоти хаттию шифоҳии библиографӣ дарёфт кардаанд.

Маҳмадшариф Каримов
Юлчибой Мусоев

 

барчасп: