«Шашмақом»-жанри мусиқии ҳирфаӣ-анъанавии тоҷик

Мусиқии анъанавӣ-касбии халқи тоҷик шохаи дар масири таърих ташаккулёфтаи силсилаи мақомҳост, ки дар мамлакатҳои Шарқи Наздику Миёна, дар шакли дстгоҳҳои эронӣ, муғомҳои озарӣ, мақомҳои арабӣ, нуба (шадда)-ҳои мағрибӣ, рогҳои ҳиндӣ, муқомҳои ўйғурӣ паҳн гардидааст. инчунин дар Ўзбекистон, Қазоқистон (ўйғурҳо) вуҷуд доранд. Силсилаи машҳури «Шашмақом»-и тоҷикон меросбари аслии силсилаи суруду навоҳои Дувоздаҳмақом мебошад.

Дар суруду навои «Шашмақом» руҳи тавонои ниёгони бузурги мо нуҳуфтааст. Ин шоҳасари мусиқӣ асос ва қуллаи баланди фарҳангу маърифати мусиқии суннатии халқи тоҷик буда, ҳамчун рамзи ягонагӣ ва муттаҳидсозандаи ин миллати куҳанбунёд бо бузургтарин дастовардҳои фарҳангиву  маънавии аҳли башар ҳамсангӣ дорад.

«Шашмақом» аз силсилаи бахши соз-Мушкилот (силсилаи аслӣ) ва ду силсилаи бахши овоз-Наср (силсилаи аслӣ) ва Савт (силсилаи фаръӣ) иборат буда, беш аз 300 суруду таронаҳоро дар бар мегирад, ки аз сурудҳои шаклан калону мураккаб (Сарахбор, Талқин, Наср), ки ҷиҳати зарбиву иҷроияшон душвор аст, сурудҳои муфарраҳу дилкушои тарабангезу руҳияи базмидошта (Соқинома) ва инчунин сурудҳои оддии мардумии шўхи иҷроишашон сабук ва  бештар хусусияту усули  рақсидошта  (Тарона, Уфар) иборат аст.

Аз рўи жанру хусусиятҳои шаклбандиашон мақомҳо ба мусиқии касбӣ мансубанд, зеро ташаккули онҳо бо фаъолияти устодони бузургу соҳибкасби давру замонҳо дар иртиботи қавӣ ва пайваста қарор доштанд.

 Шеъри форсии тоҷикӣ дар даврони гуногун яке аз омилҳои муҳими рушди санъати мусиқии мардумиву ҳирфавии халқи тоҷик буд. Мақомҳо бо жанрҳои гуногуни назми классикӣ Соқинома, Тарона, Мухаммас, Мустазод, Муноҷот, Ғазал пайвастагии зич доранд. Оҳангҳои «Шашмақом»-ро бо матнҳои гуногун иҷро намудан мумкин аст, вале ҳангоми ба оҳанги додашуда интихоб намудани матни нав ва иҷро намудан, шакли лаҳниву зарбии он каме тағир меёбад. Ин равандро дар фарқияту дигаргуниҳои байни Фурўғу Соқиномаҳо мушоҳида менамоем

Асоси ташаккули тартиби пардаҳои Шашмақом ба низоми нағамоти сози танбўр воба аст.

Асоси пайдоиши «Дувоздаҳмақом» ва меросбари он «Шашмақом» аз суннатҳои силсилахонии замони Сосониён ибтидо мегирад.

Суруду оҳангҳои мардумии тоҷикон таърихи зиёда аз 3000 сола дошта бошанд ҳам, аз рўи нишондоди маъхазҳои таърихиву адабӣ маҷмўи аввалин суруду таронаҳои силсилавӣ дар замони Сосониён (224-651), бахусус давраи ҳукмронии Баҳроми Гўр (асри V) ба вуҷуд омада, замони салтанати Хусрави Парвиз (592-628-38) аз ҷониби Борбад (589-628-38) ва ҳамкасбонаш Саркашу Саркаб, Накисову Озодвари Чангӣ, Ромтину Бомшод ва  Гесўи Навогар рушд ёфтаанд.

Абулаббоси Сарахсӣ, Абўҳафси Суғдӣ, Котибии Хоразмӣ, Абўнасри Форобӣ, Ибни Сино дар нигоштаҳои худ дастони ҳафтгонаи «Хусравонӣ»-и Борбадро заминаи бавуҷудоии мақомҳо ёдрас кардаанд.

Муҳаммади Нишопурӣ дар асараш «Рисола дар илми мусиқӣ»  овардааст: «ҳафт пардаи аввал (аз Дувоздаҳмақом) аз ихтирооти Борбад буда, панҷ пардаи дигарро устодони баъдӣ тасниф намуда».

Баъд аз истилои хоки Эронзамин ва Мовароуннаҳру Хуросон арабҳо беҳтарин олимону шоирон ва ҳунармандонро ғулом намуда, ба кишвари худ мебурданд. Устодони мусиқии суннатии ҳирфавии форсу тоҷик дар шаҳрҳои калони хилофат Макка, Мадина, Бағдод, Мосул, Басра, Ҳиҷоз гурўҳҳои ҳунарӣ ва мактабҳои мусиқӣ ташкил менамуданд. Мусиқидонони эронитабор Нашитии Форсӣ (с. т. номаълум-с.в. 712), Мансур Залзали Розӣ (727-814), Иброҳими Мавсилӣ (742-805), писараш Исҳоқи Мавсилӣ (767-850) бо эҷодиёти худ дар инкишофи мусиқии ин давра саҳми арзанда гузоштаанд. Мусиқии эронитаборон дар рушди  мусиқии давраи хилофати аъроб таҳаввулоти бузург ба вуҷуд овард.

Мувофиқи маълумоти рисолаҳои мусиқии асрҳои XIII-XVII «Китоб-ул-адвор»-и Урмавӣ, «Мақосид-ул-адвор» ва «Мақосид-ул-алҳон»-и Абдулқодири Гўянда, «Рисолаи мусиқӣ»-и Ҷомӣ, «Рисолаи мусиқӣ»-и Кавкабии Бухороӣ, «Туҳфат-ус-сурур»-и Дарвешалии Чангӣ  Дувоздаҳмақом дар Эрону Озарбойҷон, Самарқанду Бухоро, Ҳироту Хуҷанд маъмул буд.

Силсилаи оҳангии Дувоздаҳмақом дар асрҳои XI-XII дар рисолаҳои мусиқии Нишопурӣ, Қутбиддини Шерозӣ, Урмавӣ бо истилоҳи парда, ҷамъ, шадд, давра омадаанд. Баъдтар дар рисолаҳои мусиқии Ҷомӣ, Ҳусайнӣ, Кавкабӣ, Дарвешалӣ «дувоздаҳмақом»  истифода шудааст.

Аввалин нишонаҳои ба «Шашмақом» табдил ёфтани «Дувоздаҳмақом» дар нимаи дуюми асри XVI оғоз гардида буд.

 Истилоҳи «шашмақом» якум бор дар рисолаи мусиқии муаллифаш номаълум (1856) омада, пас дар «Рисолаи мусиқӣ»-и Мўсохоҷаи Туркистонӣ (1884) дар бораи Шашмақом маълумот дода шудааст.

«Шашмақом» то солҳои бистуми асри гузашта, аз рўи қонунҳои хоси силсилавӣ, иҷроӣ, таснифӣ, раванди таълими аз устод ба шогирд рушд кардааст. Иҷрокунандагони асили «Шашмақом» дар охири асри XIX ва  ибтидои садаи XX Қорӣ Каромати Дилкаши Танбўрӣ, Бобоҷалол Носирзода, Бобоғиёс Абдуғанизода, Мирзо Назрулло, Левӣ Бобохон (Левича), Домулло Ҳалим, Содирхони Ҳофиз, Ҳоҷӣ Абдулазиз буданд.

Солҳои 20 асри XX оҳангсоз ва мусиқидони рус В. А. Успенский  (1879-1949), сабти нотавии «Шашмақом»-ро аз охирин донандагони он  Б. Носирзода (1845-1928) ва Б. Абдуғанизода (1859-1927) ба нота гирифт ва маҳсули заҳматҳои вай соли 1924 бо номи «Шесть музыкальных поэм» (макомы) дар Маскав ба чоп расид. Бо хиёнати пантуркистон матни Шашмақом, ки тоҷикӣ буд, ба табъ нарасид, танҳо оҳангҳо чоп  шуданд.

Боиси таассуф аст, ки солҳои 30 асри гузашта дар Тоҷикистон ақидае  тарғиб мешуд, ки «Шашмақом» мусиқии дарборист ва мусиқии суннатии тоҷик моли замони гузашта буда, ба замони нав  мувофиқ нест. Нимаи дуюми солҳои сиюми асри ХХ  як идда композиторон ва мутахассисони мусиқӣ  С. Баласанян, А. Ленский, С. Урбах ва дигарон барои ташкил ва инкишофи мактаби мусиқии касбӣ-композитории тоҷик ба Тоҷикистон омаданд. Ба мусиқии қадимаи тоҷикон жанрҳои нави мусиқии аврупоӣ опера, балет, симфония, консерт, кантата, оратория  ва ғайра ворид гардид. Омўзиши мусиқӣ ба тарзи аврупоӣ ба роҳ монда шуд. Ин аз як тараф хуб бошад ҳам, вале бадбахтӣ дар он буд, ки ташаккули мусиқии нави касбӣ дар муқобилгузорӣ бо мусиқии анъанавии тоҷик сурат мегирифт. Мувофиқи сиёсати замона намуди нави мусиқии касбӣ бояд шакли «кўҳна»-и онро иваз мекард, зеро ба ақидаи баъзеҳо омезиши мусиқии анъанавии тоҷик бо мусиқии нави касбӣ-композиторӣ (русиву ғарбӣ) ғайриимкон буд.  Ин  хатоандешӣ боиси таназзули қонуниятҳои мусиқии суннатӣ ва тахриби мактаби «устод-шогирд» гардид.

Беҳтарин намояндагони мактаби иҷроии мақомхонии Бухоро Бобоқул Файзуллоев (1897-1977), Шоҳназар Соҳибов (1903-1972) ва Фазлиддин Шаҳобов (1911-1974) бо ҳидояти устод Айнӣ (1878-1954), дастгирии роҳбари вақти Ҳизби Коммунисти  Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров (1908-1977) ба нота гирифтани суруду оҳангҳои «Шашмақом»-ро оғоз карданд. Дар ин кор хизмати композитор И. Рогалский низ арзанда аст. Ҷилди якуми «Шашмақом» бо номи мақоми «Бузург» соли  1950 дар Маскав ба нашр расид, ки  дар ҳаёти фарҳангии тоҷикон ҳодисаи фараҳбахш буд. Мақомҳои дигар (умуман дар панҷ ҷилд, зери таҳрири мусиқишиноси рус Виктор Михайлович Беляев (1886-1968) то соли 1967 ба табъ расиданд.

Ҳамзамон онҳо дар тарбияи мутрибону ҳофизони Шашмақом Н. Аминов, Б. Ниёзов, Б. Исҳоқова, Н. Шоулов, Л. Баракаева, А. Ҳошимов, А. Солиев, М. Исҳоқбоева, М. Эргашева, С. Бадалбоева саҳмгузоранд.

Соли 1964 дар назди Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукмати РСС Тоҷикистон ансамбли «Шашмақом» таъсис ёфт, ки дар рушди минбаъдаи санъати мақомсароӣ нақши бузург гузошт.

Ансамбли мақомхонони тоҷик дар симпозиумҳои байналмилалии мусиқии анъанавии халқӣ-классикии кишварҳои Шарқ – мақом, муғам, нуба, рок ва кюй (Хива, с. 1979, Самарқанд, с. 1983, 1987) ширкат варзида, яке аз беҳтарин ансамблҳо дар иҷрои мақом дониста шуд.

Композиторони тоҷик З. Шаҳидӣ «Симфонияи мақомот», Ф. Баҳор Симфонияҳои  «Бузург», «Наво» ва ғ. Эҷод кардаанд.

Соли 1979 дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода, кафедраи мусиқии Шарқ ташкил гардид, ки дар он нозукиҳои мақомсароӣ ба шогирдон омўзонида мешуд. Ҳоло шуъбаи мазкур дар сохтори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов фаъолият дорад.

Ҳама корҳои мондагоре, ки дар асри XX доир ба «Шашмақом» ба сомон расонида шуд, ба хотири маҳфуз доштани вай анҷом дода шудаанд. Анъанаҳои таълимиву иҷроии санъати мақомсароиро, ки тўли садсолаҳо бо заҳматҳои пайвастаи ҳазорон устодону донандагони илму амали мақом ба даст омада буд, хавфи аз байн рафтан таҳдид мекард.

Хушбахтона дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дастгириву  ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди мақомсароӣ такони вижа дод. Бо фармони он кас 12 майи соли 2000 ба дастаи мақомхонони назди кумитаи радио ва телевизиони тоҷик мақоми давлатӣ ва номи устоди Шашмақом Фазлиддин Шаҳобов дода шуд. Акнун, ҳар сол дар ин рўзи баҳорӣ, ки олам сарсабзу хуррам аст, дар саросари кишвари азизамон «Рўзи Шашмақом» таҷлил мегардад. Дар партави ин фармон, дар шаҳру навоҳии кишвар дастаҳои мақомсароён ташкил ёфтанд.

Бо таъсис ёфтани Консерваторияи миллии Тоҷикистон (2000), Ансамбли давлатии мақомхонони «Нури Хуҷанд» (2000), Академияи мақом (2003) ва мактаби мусиқии бачагонаи «Шашмақом» дар Душанбе (2005) дар таълиму тадриси Шашмақом шароити мусоид фароҳам омад.

Соли 2003 бо пешниҳоди Ҳукумати Тоҷикистон созмони фарҳангии байналмилали ЮНЕСКО «Шашмақом»-ро шоҳкории мероси фарҳанги ғайримоддӣ эълон намуд.

Шоҳасари безаволи мусиқии классикии «Шашмақом» дар радифи Фалак, Даргилик, Нақш, Мавригӣ ва ғайра  ганҷи бебаҳоест дар хазинаи фарҳанги бою қадимаи мардуми тоҷик. Ҳофизи мардумӣ Акашариф Ҷўраев зери таъсири созу навои Шашмақом таронаҳои мақомниҳодеро чун Талқини Дарвоз, Ироқи Дарвоз, Ушшоқи Дарвоз, Чорзарб, Қалъабандӣ тасниф намудааст, ки дар ташвиқу тарғиби санъати мақом ва мақомсароӣ дар кишвар нақши бориз гузоштаанд.

Шашмақом аз мақомҳои Рост, Наво, Бузург, Дугоҳ, Сегоҳ ва Ироқ иборат буда, ҳар як мақом дар навбати худ аз се бахш иборат аст:

  1. Мушкилот – силсилаи аслии бахши соз.
  2. Наср – силсилаи аслии бахши овоз.
  3. Савт – силсилаи фаръии бахши овоз.

Мухтасар дар бораи ин бахшҳо маълумот медиҳем.

Мушкилот – номи силсилаи аслии бахши сози Шашмақом буда, аз панҷ шохаи асосӣ Тасниф, Тарҷеъ, Гардун, Мухаммас ва Сақил иборат аст. Маҳз дар доираи оҳангӣ ва зарбии Мушкилоти ҳар мақом симои хоси вай шаклбандӣ мегардад. Ҳамаи ин қисмҳо ба ғайр аз Гардун шакли рондоро доранд, яъне пас аз ҳар мавзўи нав (хона) оҳанги асосӣ такрор меёбад, ки онро бозгўй меноманд. Масалан: aa; ab; ac; ad ва амсоли инҳо.

Хона-оҳанге, ки ҳангоми иҷрои асар тадриҷан нав шуда, пурра мегардад. Навоҳои нав-нав пайдошавандаи тағирпазир сархона ном дошта, дар адвори мусиқӣ бо тарзи хонаи 1, хонаи 2, хонаи 3 ишора мешаванд.

Бозгўй – оҳангест, ки дар байни ҳама хонаҳо, дар як шакли муайян, бо як тарзу услуби ба худ хос, бидуни тағиру дигаргунӣ иҷро карда мешавад. Дар сурудҳои халқӣ онро «нақарот» меноманд.

Гуфтаҳои боло бори дигар дар бунлоди суруду оҳанг ва эҷодиёти мардумӣ устувор будани пояи бунёди Шашмақомро ба субут мерасонад.

Тасниф – шохаи якуми бахши соз аст, ки шохаҳои дигари силсила Тарҷеъ, Гардун, Мухаммас ва Сақил дар асоси оҳанги он бунёд гардидаанд.

Тарҷеъ – маънои такрорро дошта, шохаи дуюми силсилаи аслии бахши соз мебошад, ки дар асоси намуди даврҳои гуногун эҷод шудааст. Шохаи Тарҷеъ дар мақоми Рост вуҷуд надорад.

Шохаҳои Тасниф ва Тарҷеъ шакле доранд, ки Пешрав (оҳангҳои кўтоҳе, ки дар зинаҳои гуногуни парда такрор шуда, бо усули фаровард бозгўй намуда меоянд) ном дорад.  

Гардун – шохаи сеюми бахши соз, ки дар асоси пардаи навъи аслии мақом пайдо шудааст ва аз сархонаҳои гуногуннаво иборат аст, ки паи ҳам меоянд.

Мухаммас – усули мақомӣ дар силсилаҳои аслии бахши соз аст, ки аз панҷ навъи усулҳои мақомӣ (масалан Фарфар, Тасниф ва ғ.) иборат аст.

Сақил – панҷум шохаи асосӣ ва яке аз навъҳои усул дар силсилаи бахши соз, ки даҳ шохаро доро мебошад.

Дар Шашмақом зарб мавқеи муҳим дошта, тавассути доира иҷро мешавад ва онро усул меноманд. Усулҳои Тасниф ва Тарҷеъ аз ҷиҳати сохт содаанд. Усули Гардун нисбатан мураккабтар аст. Усули Мухаммас ва Сақил бошад, мураккабу вазнин аст.

Ҳангоми иҷрои Мушкилот, навозандаву шунаванда тадриҷан вориди олами зарбу лаҳнҳои мақоми иҷрошаванда гашта, барои иҷрои бахшҳои овозӣ заминаи мувофиқ ба вуҷуд меояд. Дар доираи оҳангиву зарбии Мушкилот симои хоси мақоми иҷрошаванда шаклбандӣ гардида, шунаванда тавассути он ба асоси мақоми мазкур шиносоӣ пайдо мекунад.

Сипас силсилаи аслии бахши овоз-Наср оғоз мегардад.

Наср – аз Сарахбор, Талқин, Наср ва Уфар иборат аст, ки дар аксари мақомҳо шакли ягона доранд. Силсилаи Насри ҳар як мақом аз Сарахбор оғоз ёфта, бо Уфар ҷамъбаст мегардад. Матнаш ғазалу рубоӣ аст.

Дар Наср низ, монанди Мушкилот оҳангҳо вориди ҳамдигар гардида, зина ба зина такмил меёбанд ва дар охир боз ба мазмуну мундариҷаи аввалӣ бармегарданд, ки ин шакли доира, яъне бозгашт ба нуқтаи асосиро мемонад. Маҳз ба ҳамин хотир дар гузашта илми мусиқиро «адвор»–яъне «ҷамъи даврҳо» меномиданд, зеро ин мафҳум адвори иқоъӣ (даврҳои зарбӣ), адвори лаҳнӣ (даврҳои оҳангӣ) ва адвори шаклбандӣ (даврҳои силсила)-ро пурра ифода менамояд. Ба тарзи дигар гўем, адвор дар низоми мусиқӣ – зарб, парда, нағамот, яъне сохтору таълифоти мақомӣ зуҳур мекунад.

Силсилаи аслии бахши овози мақомҳо аз Сарахбор бо таронаҳояш, Талқин бо таронаҳояш, Наср бо таронаҳояш ва Уфар иборат аст. Дар сохтори мақомҳо ин силсила воҳиди ягонаро ташкил медиҳад ва бобҳои он аз ҷиҳати оҳанг (лаҳн, мақом) ва зарбу усул ба ҳамдигар пайванданд.

Сарахбор – саршавии қисми овозӣ ва шохаи аввалини силсила буда, бо каломи мавзун, яъне шеър, ғазал иҷро мегардад ва дар бунёди сартосарии мақом мавқеъ ва мавзўи асосиро дорост. Сарахбори ҳар мақом номи ҳамон мақомро мегирад. Авзони усули Сарахбор асосан бо мизонбанди 2/4 (ду чоряк) сохта мешавад.

Дар мусиқии касбӣ-композиторӣ ва умуман дар мусиқии Аврупову Ғарб сарахборро бо истилоҳи «прелюдия» ва дар санъати опера «увертюра» ном мебаранд, ки ҳарду ҳам вазифаи онро иҷро менамоянд.

Ҳар як ҳиҷо, калима, байт ва мазмуну мундариҷаи матни Сарахбор, ки асосан аз ғазалҳои баландмазмуни классикӣ иборат аст, дар мусиқӣ таҷассуми худро меёбад. Байти аввали ғазал, ки матлаъ ном дорад, бо оҳанги «Даромад» иҷро мегардад, ки симои асосии оҳангии мақомро аён месозад ва шунавандаро ба олами образҳои ғазал ва рамзҳои лаҳн ворид месозад. Байтҳои дигар бо номи Миёнхат, Дунаср, Авҷ, Намуд (одатан ду ё се намуд) ва Фуровард ном бурда мешаванд. Байти охир «Мақтаъ» ном дошта, хулосаи мантиқии ғазалро ифода мекунад ва бо Фуровард тавъам аст. Оҳанг пас аз сайри авҷҳои баланд тавассути Фуровард ба нуқтаи асосии мақом бармегардад. Пас аз Сарахбор дарҳол якчанд Тарона паси ҳам иҷро мегарданд, ки  ҳам аз ҷиҳати зарбу лаҳни оҳанг ва ҳам матну мазмуни шеърӣ хусусиятҳои соф мардумӣ доранд, яъне баъд аз маъниҳои баланду фалсафии ғазал ва нолаҳои вазнину ҷигарсўзи Сарахбор, матни содаву оммафаҳм ва мусиқии муфарраҳу хурсандибахши таронаҳо танинандоз мегардад, ки саҳнаҳои базму шодии мардумро тасвир намуда, моро ба олами зебоӣ ва рангомези руъёҳо мебарад.

Тарона дар Шашмақом. Дар силсилаи аслии бахши овоз-Наср баъд аз иҷрои Сарахбор, Талқин ва Наср таронаҳо иҷро карда мешаванд, ки қисми нисбатан шўх, сабук ва муфарраҳи Шашмақом буда, таърихи қадима доранд. Аз китоби «Троникномак», ки дар замони Сосониён таълиф гардидааст, маълум мешавад, ки ин шакли сурудхонии одии мардумӣ дар эҷодиёти ҳофизону ромишгарони тоисломӣ мавқеи хос доштааст.  Тарона жанри адабию мусиқист, ки танҳо дар силсилаи аслии бахши овози Шашмақом (50-тарона) истифода шудааст. Таронаҳо ҳаҷман хурд буда, асарҳои калонҳаҷми Сарахборро бо Талқин, Талқинро бо Наср ва Насрро бо Уфар мепайванданд. Дар охири матни таронаҳо ялаллоҳ (таралло, ялалло, ҳай ҷонам, дўст, қурбонат ман) истифода мешавад, ки хоси анъаноти иҷроишии мардумист.

Баъд аз иҷро намудани мусиқии вазнину авҷҳои баланди СарахборТалқин  ва Наср, сурудани тарона, ки хело сабуку руҳбахш аст, ба иҷрокунанда каме бошад ҳам фурсати «нафас рост кардан»-ро фароҳам меорад ва ў барои оғози қисми дигари мақом, ки иҷроишаш душвор аст, омода мегардад. Ин услуб дар дигар асарҳои силсилавӣ (Фалак, Нақш, Гўрғулӣ, Мавригӣ) низ, бо тарзҳои хос сурат гирифта аст.

Шохаҳои дигари силсилаи аслии бахши овози Шашмақом Наср –Талқин, Наср ва Уфар мебошанд, ки дар байни ҳар кадоми онҳо низ чандтоӣ тарона иҷро мешавад. Дар шохаҳои минбаъдӣ раванди оҳанг бо зам гардидани суръати навозандагию сарояндагӣ сурат мегирад. Аз Сарахбори орому пур аз сўзу гудоз то Уфар роҳи дарозу пурпечутобест, ки суръати оҳанг зина ба зина пуризтироб гардида, ниҳоят ҷараёни мақом ба оҳанги шўху рақсӣ табдил меёбад ва силсилаи аслии бахши овоз – Наср ба поён мерасад.

Матни шохаҳои силсилаи Наср ғазал ва тарона аст. Сипас силсилаи  навъи фаръӣ - Савт оғоз мегардад ва базми суруду тарона идома меёбад. Ин тарзи силсилахонӣ хело қадима буда, ҳангоми иҷро намудани жанрҳои гуногуни калонҳаҷм, ки дар боло зикр ёфтанд, истифода мешаванд.

Шохаи дигари силсилаи Наср Талқин ном дорад. Маънои талқин – ёд додан, фаҳмонидан мебошад.

Талқин дар асоси пардаи фаръии навъи аввал – шуъбаи Шашмақом ташаккул ёфтааст. Навъи оҳангиест, ки дар Шашмақом пеш аз мавзўи аслӣ дар шакли суруди алоҳида меояд. Дар Шашмақом дар силсилаҳои аслии бахши овоз – Наср, 6 шохаи Талқин мушоҳида мешавад: Талқини Ушшоқ (Рост), Талқини Баёт (Наво), Талқини Уззол (Бузург), Талқини Чоргоҳ (Дугоҳ), Талқини Сегоҳ (Сегоҳ) ва Талқини Чоргоҳи Муҳайяр. Шохаҳои Талқин дар силсила оҳанги муфарраҳ ва дилнишин доранд. Усули Талқин мураккаб буда, аз ду зарби мустақил таркиб ёфтааст. Аз лиҳози лаҳнӣ Талқинҳо дар асоси пардаи навъи шуъба ва усули Талқин ташкил ёфтаанд. Мизони усули мақомии Талқин 3/4+3/8 аст. Дар асоси ин  усул савтҳо (Савти Наво, Савти Гиря), талқинҳо (Талқини Уззол, Талқини Баёт, Талқини Ушшоқ, Талқини Сегоҳ, Талқини Чоргоҳ) мустазодҳо (Мустазоди Рок, Мустазоди Наво), асарҳои Гиря, Савти Гиря, Рок, Чапандози Ироқи Бухоро, Самандарӣ, Қаландарӣ, 15 тарона, ҳамаи талқинчаҳои силсилаи фаръӣ – Савт шакл гирифтаанд.

Шохаи навбатии силсилаи асли бахши овоз Наср ном дошта, маънои луғавияш «зафар намудан», «кўмак кардан» ба чизе ё амале мебошад. Аз шохаҳои муҳими бахши овози Шашмақом, яъне шохаи саввуми силсилаи аслии бахши овози Шашмақом аст, ки дар заминаи навъи пардаҳои фаръӣ (шуъба ва овоза) бунёд мегардад. Наср мусиқии форам ва руҳнавозу нишотбахш дорад.

Дар таркиби Шашмақом ҳамагӣ 13 шохаи Наср ба назар мерасад: Насри Ушшоқ, Насри Баёт, Насри Уззол, Насри Чоргоҳ, Насри Ҳиҷоз, Насри Чоргоҳи Муҳайяр, Наврўзи Сабо, Ораз, Насруллоҳӣ, Ҳусайнӣ, Наврўзи Аҷам, Наврўзи Хоро, Муҳайяр. Усули зарбии Наср бо мизонбанди 6/4 (шаш чорякӣ-2/4+4/4) сохта мешавад.

Дар таркиби насрҳо намудҳои гуногун амал менамоянд: Насруллоҳӣ-Авҷи Самоъ (Турк); Насри Уззол-Намуди Уззол; Насри Ушшоқ-намудҳои Уззол ва Муҳайяри Чоргоҳ; Наврўзи Сабо-намудҳои Ҳисор, Ораз, Наво; Насри Баёт-Намуди Наво.

Шохаи хотимавии силсилаи аслии бахши овози Шашмақом Наср – Уфар мебошад. Маънои луғавии калимаи уфар – шодӣ, хурсандӣ, шукуҳ, тантана, ҷашн, фараҳ мебошад. Аниқтар гўем, Уфар аз шохаҳои охирини силсилаҳои аслӣ ва фаръии бахши овози Шашмақом, яъне Наср ва Савт мебошад. Шохаҳои мазкур дар силсилаи аслии бахши овоз, дар асоси пардаи фаръии навъи аввал – шуъбаи Шашмақом сохта шудаанд. Дар таркиби мақомот Уфар номҳои зеринро гирифтааст: Уфари Ушшоқ (Рост), Уфари Баёт (Наво), Уфари Уззол (Бузург), Уфари Чоргоҳ (Дугоҳ), Уфари Ҳиҷоз(Сегоҳ), Уфари Чоргоҳи Муҳайяр (Ироқ).

Шохаи Уфар бо мизонбанди 6/8 (шаш ҳаштякӣ) сохта мешавад ва бо мизони зарбии бум-ба-ка-бак бум-бак-бум навохта мешавад.

Уфар низ чун Талқину Наср дорои пораҳои намудӣ, сохтори мураккаб ва таркиботи тағирии оҳангӣ мебошад, лекин руҳияи усули савтиёташ муфарраҳ аст. Уфар шохаи охири силсила буда, баъди он Супориш  (порае аз Сарахбор) меояд. Баъзан Супоришҳо бо Уфарҳо ҳамсон суруда мешаванд, аммо дар алоҳидагӣ иҷро шаванд хуб аст.

Савт – силсилаи фаръии бахши овоз дар Шашмақом буда, гуногунлаҳну рангомез аст ва савтхонӣ, амалхонӣ, шохаҳои Рок ба он мансубанд. Дар зери лаҳн ва оҳангу сурудҳои ин силсила мо ба олами дигари рангину мушкбези руъёии Шашмақом ворид мешавем, ки аз панҷ қисм иборат аст: Савт, Талқинча, Фурўғ (Кашкарча), Соқинома ва Уфар.

Таваҷҷуҳ бояд намуд, ки шаклбандии силсилаи фаръии бахши овози Шашмақом-Савт ба тарзи такрори оҳанг бо шеъри нав ва усули нав сурат гирифтааст. Масалан агар ба фарқияти оҳангии байни Талқинча ва Соқинома диққат диҳем, мебинем, ки дар он шеъру усули нав истифода шуда, асли оҳанг (мақом, авҷ, намуд, фуровард) бетағир мондааст.

Савт дар байни дигар шохаҳои ин силсила саҳми муҳим ва марказиро дорост. Маънои луғавии савт-садои мусиқӣ, оҳанги мусиқӣ мебошад. Инчунин дар низоми Шашмақом усули мақомиро низ Савт меноманд, ки дар мизонбанди 5/4 (панҷ чорякӣ) сохта шудааст.

Дар ҳар мақом чандин силсилаи Савт мавриди иҷро қарор мегиранд, ки бо номи ин мақом вобаста буда, дар доираи қавонини лаҳниву оҳангии он амал мекунанд.

 Савт силсилаи панҷгонаи сурудҳо мебошад, ки дар доираи як навъи пардаи муайян иҷро карда шуда, танҳо қисмҳои он аз ҷиҳати зарбу усул фарқ мекунанд. Савт ҳамчун жанри махсуси мусиқии классикии Шарқ маъмул буда, дар шакли аврупоии «сюита» дар олам машҳур аст.

Агар ба таърих назар андозем, мебинем, ки Савт ва савтхонӣ (ба монанди созҳои гуногун ва дигар анвои мусиқии мардуми мо) тавассути аждодони ҳунармандамон  ба мамолики Араб ва аз он ҷо ҳамроҳи Уммавиёни  муҳоҷир ба Андалусия (Испания) расида, бо каме тағири шакли ном, яъне «сюита» дастраси ҷаҳониён гардидааст.

 Савтҳо аз услуби ягонаи композитсионӣ ва панҷ қисм – Савт, Талқинча, Фурўғ, Соқинома ва Уфар иборатанд. Усул мавқеи муҳим дорад.

Матни шохаҳои силсилаи Савт аз ғазалу мухаммас иборатанд.

Талқинча – сохтори мусиқист, ки дар равияи Талқин иҷро гардида, усулаш низ, чун усули Талқин мураккаб аст ва аз ду усули мустақил, яъне 3/4+3/8 (се чорякӣ+ се ҳаштякӣ) иборат аст. Дар силсилаи фаръии бахши овози Шашмақом 12 Талқинча мавҷуд аст.

Фурўғ – маънои луғавиаш «дурахш», «партав», «тобиш», «ҷило» буда, лаҳн ва усули иҷроии он гўё ба ҳавзаи ҳунарии Қошғар мансуб будааст. Шохаи сеюми силсилаҳои фаръӣ дар бахши овоз ва навъи усули мақомӣ дар Шашмақом, ки мизонбандаш 4/4 мебошад.

Шарти асосии услубии шохаи Мустазод истифодаи шакли шеърии Мустазод мебошад, ки танҳо дар шохаи аввали силсила суруда мешавад, матни шохаҳои дигари силсила – Талқинчаи Мустазод, Фурўғи Мустазод ва ғайра ғазалҳои маъмулианд. Аз ин сабаб шуъбаи мазкур номи Мустазодро гирифтааст, шохаҳои дигар бошанд ба рангомезиҳои тозаи оҳанги Мустазоди нахустин алоқамандӣ доранд.

Ҳамин гуна услуби сохторӣ айнан дар шохаи Фурўғ низ дида мешавад. Раванди иҷроиши шохаҳои Мустазод ва Фурўғ низ ба монанди Савт сурат гирифтаанд, яъне дар ин шохаҳо низ дигаргунии лаҳниву авзонӣ маҳз дар зери таъсири шаклу вазни шеъри нав ба вуҷуд омадаанд. Усули шохаҳои Фурўғ ба усули шохаҳои Савт монанд аст.

Шуъбаҳои Шашмақом аз ҷиҳати оҳангӣ ба ҳам сахт иртибот доранд, ки онро намуд меноманд. Масалан дар Сарахбори Сегоҳ баъди авҷ ногоҳ оҳанги Наво пайдо мешавад, ки онро намуди Наво мегўянд. Намуди Наво, Намуди Муҳайяри Чоргоҳ, Намуди Ушшоқ, Намуди Ораз, Намуди Сегоҳ мақомҳоро дар шакли иқтибос ба ҳам мепайванданд. Намудҳо баъди иҷрои дунасра ва авҷ меоянд. Онҳо дар мавриди зарурӣ пайдо шуда, ягонагии таркиби мақомҳоро ба вуҷуд меоранд.

Соқинома жанри адабиву мусиқӣ буда, баҳру усули маъмул дар шеър ва мусиқии ҳирфавии тоҷик аст. Дар адабиёт як навъи шеърист дар шакли маснавӣ ва авзони шеъриаш дар баҳри мутақориби мусаммани маҳзуф аст. Дар Шашмақом навъи усул аст, ки дар мизонбанди 4/4 (чор чорякӣ) сохта мешавад. Ин навъи усул содаву равон буда, хусусияти хоси базмиро дорост ва зарби дойра бака-бака бум-бум, бак-бака бум-бум аст.                                                           

Соқинома шохаи чаҳоруми силсилаҳои фаръии бахши овоз (Савт) аст. Ин жанри мусиқиро аз сабаби бо жанри шеърии «соқинома» иҷро шудан ва услуби ба худ хос доштанаш «Соқинома» номидаанд. Соқиномаҳо дар силсилаи фаръии бахши овози Шашмақом, дар қисми 4-уми савтхонӣ ҷойгиранд: Соқиномаи Амали Рост, , Соқиномаи Савти Сабо, Савти Насруллоҳӣ, Соқиномаи Савти Сарвиноз ва ғ.

Мазмуни иддаи зиёди соқиномаҳои классикони адабиёти мо, аз ҷумла Низомӣ, Хусрав, Мавлавӣ, Ҷомӣ, Ҳофиз ва дигаронро эҳсоси хурсандӣ, шодкомиҳои зиндагӣ, васфи манзараҳои дилфиреби табиат ташкил медиҳанд. Услуби хоси иншои Соқинома дар он аст, ки шоир ҳангоми тасвири базм, бо навбат ба муғаннӣ (мутриб) ва соқӣ барои гарм намудани базм муроҷиат мекунад:

Биё соқӣ он май нишон деҳ маро,

Аз он доруи беҳушон деҳ маро.  (Низомӣ),                                          

 

Муғаннӣ, куҷоӣ, ба гулбонги руд,

Ба ёд овар он хусравонӣ суруд… (Ҳофиз),

                                         

Биё соқиё фикри он бода кун,

Ки дилро даме аз ҳиял сода кун. (Ҷомӣ).

 

Дар Шашмақом Соқиномаҳо дар силсилаи фаръии бахши овоз ҷой гирифта, баъд аз Фурўғ меоянд. Оҳанги Талқинчаву Фурўғ дар шакли асосӣ ва авҷу намудҳояшон боқӣ мемонанд, вале руҳияи Соқинома, зарбу андозаи оҳанг тағир ёфта, мусиқии нави рақсӣ ба вуҷуд меояд.

Дар ташаккули «Дувоздаҳмақом» ва «Шашмақом» мавқеи намудҳои дигари мусиқӣ-Пешрав, Амал (Кор), Нақш, Байт, Ғазал калон аст.

Аз сохтор ва номи суруду оҳангҳои Шашмақом мебинем, ки анвои назми классикии тарона, соқинома, мустазод, мухаммас вориди он гардидаанд. Мустазод (арабӣ) намунаи машҳури жанри адабӣ ва боби махсус дар Шашмақом буда, ба тоҷикӣ «дарозшуда», «зиёдшуда» мебошад. Шакли шеърии Мустазод аз мисраҳои дарозу кўтоҳи паиҳамоянда иборат аст, яъне ба мисраи асосӣ порчаи иловагӣ ҳамроҳ карда мешавад, ки аксар вақт бо он ҳамвазну ҳамқофия аст. Жанри мусиқии Мустазодҳо, ки бо мадкашии оҳанг иҷро мегарданд, дар Шашмақом мавқеи хоси композитсионӣ доранд. Оҳанги Мустазодҳо 4 тақтро ташкил медиҳанд, ки такрори бахши охири 8 тақти асосӣ мебошанд ва дар илми мусиқӣ инро «тарҷеи оҳанг» меноманд.

Дар шакли имрўзаи Шашмақом танҳо ду намуд –  Мустазоди Наво (Наво) ва Мустазоди Рок (Бузург) боқист.

Як қатор суруду шуъбаҳои мустақили мақомҳо – Сарахбор, Талқин, Савт, Наср, Чапандоз, Наврўзи сабо, Наврўзи хоро, Синахурўш, Бебокча тўли садсолаҳо, дар пайвандӣ бо шаклу маънии жанри ғазал ташаккул ёфтаанд. Ғазал бо мусиқии суннатии мо пайванди қадима дорад. Мусиқидонон Сафиуддини Урмавӣ, Абдулқодири Гўянда (Мароғаӣ) ғазалро яке аз 17 лаҳни мавзуни машҳур донистаанд.

Шашмақом шоҳасари мукаммали силсилавии касбӣ-классикии тоҷикон буда, мо бояд онро шунавем, омўзем, таҳқиқ кунем ва ба наслҳои оянда  мерос гузорем.

 

 Абубакр Зубайдов

барчасп: