Мардуми Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон аз ҷумла водии Бартанг ҳам аз намудҳои мухталифи ҷорўб васеъ истифода мебаранд. Онҳо дар баробари ҷорўбе, ки аз рустании махсуси ҷорўбӣ омода мегардад, аз алафҳои дигар низ ҷорўбҳои гуногунро таҳия менамоянд. Аммо ҷиҳати фарқкунандагии ҳунари ҷорўббандии мардуми водии Бартанг аз минтақаҳои дигар дар он аст, ки дар ин ҷо ҷорўбро асосан бонувон мебанданд.
Ҷоруббандӣ як навъ шуғли густурдаест, ки дар миқёси ҷумҳурӣ роиҷ аст. Азбаски дар ҳаёти мардум ҷоруб ҳамчун ашёи зарўрӣ дониста мешавад, одамон ба бастани он эҳтиёҷ пайдо мекунанд. Дар бисёре аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон алафе, ки барои бастани ҷоруб таҳия шудааст, онро ҷорубӣ мегўянд. Дар ҳамаи гўшаю канори Тоҷикистон ғайр аз баъзе ноҳияҳои Бадахшон ҷорўбро аз ҳамин гуна растанӣ омода мекунанд. Ба ҷоруббандӣ асосан мардон машғуланд, чунки ҳангоми бастани он бозуи боқувват лозим аст, ки ҷорўби баста мустаҳкам ояд.
Мардуми Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон аз ҷумла водии Бартанг ҳам аз намудҳои мухталифи ҷорўб васеъ истифода мебаранд. Онҳо дар баробари ҷорўбе, ки аз рустании махсуси ҷорўбӣ омода мегардад, аз алафҳои дигар низ ҷорўбҳои гуногунро таҳия менамоянд. Аммо ҷиҳати фарқкунандагии ҳунари ҷорўббандии мардуми водии Бартанг аз минтақаҳои дигар дар он аст, ки дар ин ҷо ҷорўбро асосан бонувон мебанданд.
Дар ноҳияҳои ВМКБ ҷорўбро рафц мегўянд, ки онро аз алафи тамоман дигар мебанданд. Пишthум номи як навъ алафи сахт (мисли найза) мебошад, ки маънои думи гурбаро ифода мекунад. Он дар ҷойҳои махсуси иқлимаш гармтар мешавад, ки барои сохтани ҷоруб хеле мувофиқ аст. Дар деҳаҳои водии Бартанг ҷорўбро фақат занон мебанданд ва ин ҳам ба монанди касбу ҳунарҳои дигар барои бонувон ҳамчун шуғли доимӣ ба шумор меравад.
Раванди бастани ҷорўб дар Бартанг чунин сурат мегирад: алафро аз даруни найзор чида тоза мекунанд ва ба воситаи банде, ки аз муйинаи қутос омода шудааст, мустаҳкам печонида мебанданд. Дар болои банд шохаҳои алафро бо як тарз баробарӣ чида, бандро аз як тараф атрофи алаф печонида меоянд ва дар охири дастаи ҷоруб ҷамъ карда мебанданд. Баъди бастан ҷоруби тайёрро чанд рўз даруни об мегузоранд, то мустаҳкамтар шавад. Ин навъи ҷорубро «нармрафц» – яъне ҷорўби мулоим, ки барои тоза намудани хонаву сақф ва девор истифода мешавад. Бонувони бартангӣ ҷоруби номбурдаро танҳо дар даруни хона истифода менамоянд.
Ғайр аз ин, хахговthум – аз думи қутос баста шуда, чунин ҷоруб барои рўфтани пойгаҳи хона ба кор бурда мешавад, зеро он мулоим буда, фарши хонаро намехарошад. Ҷорўби кўчарўбиро бошад, аз як намуди хор (шрум) мебанданд, ки онро шағрафц - ҷорўби хорӣ ном мебаранд.
Ҳамин тариқ, ҷорўббандӣ дар ин водӣ аз зумраи ҳунарҳои занона маҳсуб дониста шуда, ҷорўбро барои тозаву озода намудани хонаву дар омода мекунанд. Гарчанде бо тараққиёти илму техника ва ба вуҷуд омадани асбобҳои гуногуни барқӣ, ки барои тоза кардани хона равона шуда бошад ҳам, то кунун истифодаи ҷорўби маҳаллӣ аз байн нарафтааст.
Лайло Носирова