Дар даҳсолаҳои охир дар саросари ҷаҳон раванди глобализатсия ё ҷаҳонишавӣ суръати худро афзуда, масъалаву мушкилоти зиёдеро ба бор овард. Дар фарҳанги суннатии ҳар як халқу миллат ва қавмҳои олам таъсири ногувори фарҳанги ғайр роҳ ёфт ва намунаҳои зиёди мероси фарҳанги ғайримоддӣ ба муқовимати технологияи ҷадид ва техникаи иттилоотии асри навин мувоҷеҳ шуда, мавқеи пештараи худро аз даст доданд.
Ҷиҳати ҳифзу нигаҳдорӣ ва рушду эҳёи мероси фарҳанги моддӣ ва ғайримоддӣ институтҳои сиёсии ҷаҳонӣ ва давлатҳои миллӣ чораҳои мухталиф андешида, саъю кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки гуногунрангии фарҳанги ҷаҳон аз байн наравад. Аз ҷумла, созмони фарҳангу илм ва маориф – ЮНЕСКО дар ин самт як қатор корҳоро анҷом додааст. Соли 2003 қабул шудани Конвенсия оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии аҳли башар аз ҷониби ин ташкилот қадами ҷиддие дар нигаҳдорӣ ва рушди минбаъдаи фарҳанги суннатии халқҳои ҷаҳон ба шумор меравад.
Инвентаризатсияи унсурҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ, ки дар моддаи 12-уми Конвенсияи мазкури ЮНЕСКО қайд гардидааст, ин вазифаро мушаххастар менамояд. Дар модда чунин омадааст: «Барои таъмини мушаххасгардонӣ бо мақсади ҳифз ҳар як давлати аъзо бо дар назардошти вазъи баамаломада як ва ё якчанд феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии дар қаламрави он мавҷударо тартиб медиҳад. Чунин феҳрист бояд мунтазам таҷдид шавад».
Инвентаризатсия – бақайдгирӣ, ҳуҷҷатикунонии унсури мероси фарҳанги ғайримоддӣ (МФҒ) ё ба қайд гирифтани маълумот дар бораи ин ё он соҳа буда, айни замон як шакли ҷамъоварии иттилоот ба ҳисоб меравад. Инвентаризатсия дар бораи ҳар як намунаи фарҳанги суннатӣ тавассути экспедитсияҳо гузаронида мешавад. Ҳадафи асосии он ҳифз, рушд ва густариши унсурҳои фарҳанги ғайримоддӣ мебошад.
Маводи аз ҷараёни бақайдгирӣ ҷамъшуда дар бойгониҳои пажўҳишгоҳҳо ва марказҳо нигаҳдорӣ шуда, минбаъд ҳамчун манбаъ барои таҳияи феҳристҳо, номинатсияҳо ва таҳқиқоти илмӣ хидмат хоҳад кард.
Инвентаризатсия қадами аввали таълифу таҳияи номинатсияҳои фарҳангии миллӣ барои сабт дар Рўйхати репрезентативии ЮНЕСКО мебошад. Ҳар як унсури фарҳанги ғайримоддӣ баъди гузаронидани инвентаризатсия ба феҳристи миллӣ ворид карда мешавад. Баъд аз он кишвар ҳуқуқ дорад, ки дар асоси он намуна номинатсия созад ва ба ЮНЕСКО пешниҳод кунад. Аз ин хотир, барои таҳияи номинатсия ва корҳои илмӣ ба қайд гирифтани намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ зарур мебошад.
Инчунин дар асоси маводи аз инвентаризатсия гирдомада Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддиро такмил додан мумкин аст. Маводи ҷамъшударо ба бунёди иттилоотӣ доир ба мероси фарҳанги ғайримоддӣ супурдан ба мақсад мувофиқ аст.
Дар раванди гузаронидани инвентаризатсияи унсури фарҳангӣ метавонанд намояндагони шуъбаҳои фарҳанги ин ва ё он ноҳияву шаҳрҳо ширкат намоянд. Дар шуъбаи фарҳанги ноҳияҳо таъсиси пойгоҳҳои иттилоотӣ доир ба мероси фарҳанги ғайримоддӣ аз фоидаву аҳамият холӣ нест.
Мардуми тоҷик аз давраҳои қадим нисбат ба касбу ҳунар таваҷҷуҳи махсусе доранд ва бо усулҳои анъанавии «устод-шогирд», «падар-писар» ва ғайраҳо касбу ҳунарҳоро омўзонида, интиқлол дода истодаанд. Гуфтан бомаврид аст, ки ҳунармандӣ барои як қисми мардуми тоҷик яке аз манбаҳои асосии даромади зиндагӣ маҳсуб меёбад ва ҳунарманд бо пешаи интихобнамудаи худ метавонад маҳсулоти худро барои истифодаи умум пешкаш намуда, талаботи мардумро бо маҳсулоташ қонеъ гардонида ва бо ин роҳ рўзгори худро ҳам таъмин кунад.
Дар заминаи талаботи Конвенсияи ЮНЕСКО олимони Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи экспедитсияҳои мардумшиносӣ ва санъатшиносӣ ба шаҳру навоҳии кишвар Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддиро соли 2014 бо 286 номгў ва бори дуввум, соли 2016 бо такмили 515 унсур ва дар соли 2018 бо ихтисору илова ба 533 унсур таҳия гардид.
Дар раванди ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик аз ҷониби гурўҳи олимони ПИТФИ номинатсияҳои «Наврўз», «Оши палав ҳамчун хўроки миллӣ ва контекстҳои иҷтимоию фарҳангии он» ва «Санъати чакандўзӣ дар Тоҷикистон» дар Руйхати репрезентативии ЮНЕСКО сабт шуданд.
Инвентаризатсия ё худ ҳуҷҷатикунонии унсур барои дар Феҳристи миллии унсурҳои фарҳанги ғайримоддӣ шомил намудан ва ё дар оянда барои номинатсияҳои навбатӣ пешниҳод намудан ба Рўйхати репрезентативии ЮНЕСКО мусоидат мекунад.
Ҳуҷҷатикунонӣ кардани унсурҳои фарҳанги ғайримоддӣ якчанд мақсаду вазифа дорад. Ҳадафи асосии он: ҳифз, рушд ва густариши унсурҳои фарҳанги ғайримоддӣ дар қаламрави кишвар мебошад.
Ҳангоми гузаронидани инвентаризация шавқу завқи ҳунарманд ва ё аъзои ташкилотҳои марбут ба унсур меафзояд. Ва мусаллам аст, ки баъд аз маркази диққат қарор гирифтани ҳунарманд шавқаш нисбат ба касбаш меафзояд, дар ин ҳолат метавонад ҳунарашро сайқал диҳад ва ин унсур метавонад ташаккул ёбад. Чунки талаботи ҷомеа имрўз ба маводи омода намудаи онҳо қариб ки намондааст. Яъне инвентаризация инчунин метавонад давомдиҳандаи умри унсури мероси фарҳанги ғайримоддӣ низ бошад.
Гузаронидани инвентаризатсия равиш, меъёр ва талаботи хоси худро дорад. Муҳаққиқон ва аҳли фарҳанг барои ба қайд гирифтани намунаҳо бояд ба талаботи зерин таваҷҷуҳ намуда, бояд саволномае тартиб диҳад:
· Мавҷуд будани унсури фарҳангӣ дар ҳудуди кишвар;
- Фаъол, яъне зинда будани унсур;
- Иштироки ҳатмии иҷрокунандагони унсур ҳангоми инвентаризатсия, инчунин намояндагони мухталифи ҷамъият ҳангоми сабти маълумот;
- Мавҷуд будани пурсишнома (анкета);
- Васоити техникии сабти видео, аудио, аксбардорӣ.
Саволномаи инвентаризатсия барои мушаххас намудани ҳар як унсур ба гирдоварандагони намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ ҳамчун дастуруламал хидмат карда метавонад. Шахсе, ки мақсади инвентаризатсияи ягон намунаи фарҳангиро дорад, аз рўйи саволномаи тайёр дар муддати кўтоҳ метавонад дар бораи ин ва ё он унсур маълумоти комилеро дастрас намояд.
Хеле хуб мешуд, ки дар оянда дар масъалаи омўзиш ва инвентаризатсияи намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик марказу пажўҳишгоҳҳо бо шуъбаҳои фарҳанги ноҳияҳо ва худи ҳунармандон ҳамкориро боз ҳам наздиктару самарноктар гардонанд.
Барои аз байн нарафтани намунаҳои мероси фарҳангӣ ҳар яки мо барои ҳифз, рушд ва эҳёи он барои миллати азизамон бояд саҳмгузор бошем ва ана ҳамин бақайдгирӣ метавонад, як андоза унсурҳои фарҳангиро аз вартаи нобудшавӣ наҷот бахшад.
Зафар Холмуродов
мудири бахши фарҳанги ғайримоддии
Маркази мероси фарҳангии тоҷикони ПИТФИ
Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба Њифзи мероси фарњанги ѓайримоддї. Порис,17 октябри 2003.