Дар ҳар устохона ҳадди ақал як усто ва ду се нафар шогирдон кор мекарданд. Устои калон дар назди курраи оташ истода, бо анбур оҳанро дар оташ сурх мекард ва ҳамроҳи яке аз шогирдон онро дар болои сандон бо путку хоиск зада, ба шакли дилхоҳ медаровард. Шогирди дигар банди саночи дамро мунтазам болову поён кашида, ба шўълаи ингишт бод медод, то ки оташ беист забона занад.
Оҳангарӣ навъе аз ҳунарҳои суннатӣ ба ҳисоб меравад, ки аз замонҳои пеш то ба имрўз миёни мардуми тоҷик арзи ҳастӣ мекунад, чун муҳимтарин ашёи рўзгор ва дигар маҳсулоти ниёзи мардумро аз оҳан истеҳсол мекунанд. Дар шароити имрўза пешаи оҳангариро дар тамоми гўшаву канори Тоҷикистон мушоҳида кардан мумкин аст. Аммо дар ноҳияҳои дурдаст мардуми маҳаллӣ нисбати ин касб бештар таваҷҷуҳ доранд. Зеро асбобҳое, ки аз оҳан таёр карда мешаванд, барои мардуми деҳа бештар зарур мебошад. Ба хотире, ки дар деха мардум бисёртар ба кишту кор ва зироаткорию боғкорӣ машғуланд. Дар ин сурат асбобҳои аз оҳан тайёр намуда эҳтиёҷи онҳоро бароварда мегардонад. Аз оҳан асосан корд, теша, табар, доси гандумдаравӣ, доси алафдаравӣ, белу каланд ва ҳар гуна ашёи рўзгорро омода мекунанд.
Табиист, ки имрўзҳо таваҷҷўҳи мардум нисбат ба маҳсулоти оҳание, ки аз ҷониби як оҳангари оддӣ таҳия мегардад, камтар гардидааст. Чунки таъсири пешрафти техникаву технология ва ба вуҷуд омадани ашёву маводҳои замонавӣ, истифода намудани асбобҳои фабрикавӣ ва ё барои осон гардидани кор, истифодаи дастгоҳҳои ҳозиразамон то андозае ҷои ашёҳои худсохти оҳаниро гирифтааст. Ҳоло ҳам оҳангарони ботаҷриба ба хотири осон гардонидани ниёзи мардум ва ба даст овардани фоида дар касби хеш аз тарзу воситаҳои қадимӣ истифода мебаранд.
Дар шароити кунунӣ бисёртар дар деҳаҳо ба ҳар гуна дастгоҳҳои оҳангарӣ дучор шудан мумкин аст. Масалан, дар маҳаллаи Наврўзи ноҳияи Фархор оилаи Латиповҳо аз солҳои пеш ба касби оҳангарӣ машғул буда, аз намунаи дастгоҳи суннатӣ ва ҳам корхонавӣ истифода мебаранд, ки маҳз барои босифат ва мустаҳкам тайёр гардидани маҳсулот кумак мерасонад.
Дар қатори дигар ҳунарҳои миллӣ дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ҳунари оҳангарӣ то ҳол мавҷуд аст. Ҳангоми сафари хидматӣ ба ҳамин ноҳия моро муяссар гардид, ки дар бораи тарзи омода кардани ин ҳунари аҷдодӣ, мавқеъ ва усули истифодаи он, инчунин бартарӣ ва манфиати дастгоҳои замонавӣ нисбат ба дастгоҳи анъанавӣ маълумоти дақиқеро сабт намоем.
Ашё ва олотҳое ки дар ин устохона истифода мебаранд: дами оҳангарӣ, сандон, кундаи чўбӣ, саночи дам, новаи об, кура, путк, гиро, анбўр, каҷанбўр, қалам ё сумба, хоиск ва ғайраҳо мебошанд.
“Сўзишвории асосӣ барои оҳангарон аз ангишти дарахтони сахтчўб – арча, бурс, ангат ва ғайра тайёр карда мешуд”. Дар шароити имрўза оҳангар - Зеваршо Латипов барои сохтани асбобҳои гуногун сўзишворӣ (ангишт) – ро аз нуқтаҳои махсуси ангиштфурўшӣ дастрас менамояд. Зеро асоси кори ўро сўзишворӣ ташкил медиҳад.
Мувофиқи иттилои мардумшинос Д.Раҳимов “Дар ҳар устохона ҳадди ақал як усто ва ду се нафар шогирдон кор мекарданд. Устои калон дар назди курраи оташ истода, бо анбур оҳанро дар оташ сурх мекард ва ҳамроҳи яке аз шогирдон онро дар болои сандон бо путку хоиск зада, ба шакли дилхоҳ медаровард. Шогирди дигар банди саночи дамро мунтазам болову поён кашида, ба шўълаи ингишт бод медод, то ки оташ беист забона занад”.
Аммо дар устохонаи оҳангарии Латипов З. ду нафар ё танҳо худи ў метавонад корро пеш баранд, чунки нафаре, ки барои дам додан саночро болову поён мекард, вазифаи ўро таҷҳизоти махсуси шамолдиҳӣ иҷро мекунад. Ғайр аз ин барои омода кардани асбобҳои нисбатан калон – қисмҳои махсуси трактор, плук ва дигар таҷҳизотҳо тариқи дастгоҳи махсус оҳани тасфонро мекўбад, ки ин усул ҷараёни кори ўро осон мегардонад. Ҳангоми сафарҳои хидматии гурўҳи олимони ПИТФИ чунин навъи таҷҳизот барои оҳангарон дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар то имрўз ба мушоҳида нарасидааст. Чунки дастгоҳи мазкурро худи ҳунарманд аз мошинҳои вайрона ва оҳанпораҳои асбобҳои дигар насб кардааст, ки ин асбоб суръати кори ўро дучанд мегардонад. Инчунин аз рўи гуфтаи оҳангар Латипов Зеваршо баробари мардуми маҳалӣ имрўзҳо аз дигар гўшаву канори минтақаи Кулоб барои ашёҳои тайёрнамудаи оҳанӣ муроҷиат менамоянд. Ба ҳар сурат ҳунари оҳангарӣ то имрўз миёни мардум пойдор буда, таваҷҷуҳ то андозае нисбат ба ин ҳунари суннатӣ мавҷуд аст.
Аз натиҷаи мушоҳидаҳо ба хулосае омадан мумкин аст, ки то кунун миёни мардум ҳунари оҳангарӣ ва истифодаи он аз ҷониби онҳо мавҷуд аст. Оҳангарӣ дар шароити имрўза аслан дар деҳот, он ҷойҳое, ки корхонаҳои калони истеҳсоли маҳсулоти оҳанӣ нест, бисёртар рушд мекунад. Ва аз ҷиҳати дигар барои ҳунармандон дастрасии ашёи хом мувофиқ аст, асбобу оҳанпораҳои корношоямро аз мардуми маҳаллӣ ҷамъоварӣ намуда, фаровон истифода менамоянд.
Раҳимов Д. Фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик (шумораи 3). Душанбе «Аржанг», 2017, с.155.
Раҳимов Д. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. Душанбе, 2014, с.68.
А. Абдуллоев