Дирӯз, 29-уми октябр дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 90-солагии кинои тоҷик дар мавзӯи «Дастовардҳо ва дурнамои кинои тоҷик» конфронси илмӣ баргузор гардид.
Директори Пажӯҳишгоҳ Шариф Комилзода дар суханони ифтитоҳии худ нақши кинои тоҷик дар рушду нумуи мамлакатро назаррас арзёбӣ кард ва гуфт, ки “ҳадафи асосии кинои тоҷик- ин таблиғи ғояҳои миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ ва ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ ҷиҳати таҳияи асарҳои нави саҳнавӣ ва филмномаҳои таърихӣ мебошад».
Тиллои Некқадам, ходими калони илмии пажуӯишгоҳ ва яке аз киношиносони шинохта дар мавзӯи «Чашмандозе ба таърихи кинои тоҷик ва вижагиҳои ҳунари поягузорони он» маърӯза намуд. Вай бо варақгардон кардани саҳифаҳои таърихи синамои тоҷик гуфт, ки бори аввал 16 октябри соли 1929 киножурнал дар бораи омадани аввалин қатора ба Душанбе намоиш дода шуд. Ҳамин тавр, зангӯлаи омадани аввалин қатора ба Тоҷикистон аз милоди кинои тоҷик мужда медод ва инак ба он рӯзи таърихӣ 90 сол пур гардид. Дар тӯли ин солҳо кинои тоҷик ҳамчун намунаи фарҳанги миллӣ дар ташаккулу таҳкими тафаккури миллат бо паймудани марҳилаҳои гуногун саҳми арзанда гузошт ва имрӯз низ ҳамин рисолатро бар дӯш дорад.
Тиллои Некқадам тазаккур дод, ки кинои тоҷик имрӯз омили эҳё намудани таъриху маданияти қадимии халқи тоҷик ва инъикосгари масири пешрафти рушди давлат ба ҳисоб меравад. Вай ёдовар шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи ТВ «Синамо» 1 марти соли 2016 махсус таъкид карда буданд: «Вақти он расидааст, ки филмҳои дарбаргиранда ва ифодагари арзишҳои неку созандаи миллӣ наворбардорӣ шуда, дар онҳо таъриху фарҳанг ва пешрафту дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол инъикос гарданд ва ба ҳамин васила пеши роҳи бозори филмҳои таҳмилии дорои хислат ва мазмуни фаҳшу зӯроварӣ ва таблиғи арзишҳои барои мо бегона гирифта шавад».
Мудири шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ Фарзон Назрӣ нақши Марат Орипов дар филми “Қисмати шоир”-ро ба баҳс кашид. Фарзон Назрӣ гуфт, ки Марат Орипов аз ҷумлаи ҳунармандони м аъруфи кишвар буд, ки бори нахуст дар офариниши чеҳраи Одамушшуаро талоши хотирмон кард ва хеле муваффақ ҳам буд.
Дар конфронс мудири бахши фарҳанги моддӣ Лайло Носирзода дар мавзӯи «Образи зан дар кинои тоҷик», ходими калони илмӣ Гулҳаё Мадимарова дар барои филми «Ман бо духтаре вохӯрдам» ва шуҳрати суруди «Дидам ҷамоле» ибрози назар намуданд.
Ходими калони илмӣ Акобир Абдуллозода дар бораи аввалин филм аз рӯи “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ суханрпонӣ кард ва нақши коргардони маъруф Борис Кимёгаровро сутуд.
Дар поёни ҳамоиш китоби ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Тиллои Некқадам «Бозтоби чеҳраҳои дурахшони кино», ки соли равон нашр гардидааст, муаррифӣ гардид.
Китоби мазкур аз ҳафт боб – «Айнӣ ва кино», «Тобишҳои қаҳрамонҳои «Шоҳнома» дар кинои тоҷик», «Кинои тоҷик дар даврони Иттифоқи Советӣ», «Ҳамкориҳои киносозони тоҷик бо кишварҳои бо мо дўст», « Ситораҳои кинои ҷаҳонӣ», « Ситораҳои кинои Ҳиндустон» ва « Саҳми устод Мирзо Турсунзода дар инкишофи миллии тоҷик» иборат буда, хонандаро бо лаҳзаҳои ҷудогонаи ҳамкориҳои устодон Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода, ки аз солҳои сиюм оғоз ёфтааст, ошно мекунад.
«Шоҳнома» - и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ аз назари киносозони тоҷик, бахусус режиссёри номвари мо Борис Кимёгаров дар канор намонад. Аз ин хусус се мақола – «Шоҳ Ковус ва филмҳои сегона аз «Шоҳнома», «Таҷассуми кинематографии «Достони Сиёвуш» ва « Рақс бо кабўтарон» дар ҳузури Рустами Достон» дар қисмати «Тобишҳои қаҳрамонҳои « Шоҳнома» дар кинои тоҷик» ҷой гирифтаанд, ки барои хонанда дар бораи таҳияи филмҳо аз рўйи ин асари безавол маълумоти нав медиҳанд.
Муаллиф ба ҳамкориҳои эҷодии устод Садриддин Айнӣ бо киносозони рус ва тоҷик бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, мақолаҳои «Тақдири талх ва ширини «Дохунда», «Устод Айнӣ ва кинои тоҷик», «Симои ҷовидонаи устод Айнӣ дар кинои ҳуҷҷатӣ» ва «Ҳаёти Айнӣ ва Лоҳутӣ таҷассуми киноматографӣ мехоҳад» - ро ба китоб дохил намудааст, ки барои хонанда имконияти зиёди гирифтани далелҳоро додаст.