Лидуш Ҳабиб кист? Оё шумо ӯро мешиносед?
Чоп шуд: 21/10/2019Суруди вопасинаш «Па ми бало му маҳорат му ёр чоҳ» буд. 18 июли соли 2002 ин сурудашро дар касета сабт карда, ба ман дод ва гуфт, ки баъди чанд рӯз онро гӯш кун. Ман гумон кардам, ки чун дигар сурудҳояш онро сабт кардааст. Хайр баъди ду-се рӯз бошад бигзор баъд гӯш мекунам. Пас аз чор рӯз 22 июли соли 2002 Лидуши азиз ногаҳон вафот кард. Вафоташ ҳам тавре ки дар яке аз сурудҳояш «Лоғбалоғ та тиюм аз дунё» (шухӣ ба шухӣ аз дунё меравам), монанд шуд.