Лидуш Ҳабиб кист? Оё шумо ӯро мешиносед?

Суруди вопасинаш «Па ми бало му маҳорат му ёр чоҳ» буд. 18 июли соли 2002 ин сурудашро дар касета сабт карда, ба ман дод ва гуфт, ки баъди чанд рӯз онро гӯш кун. Ман гумон кардам, ки чун дигар сурудҳояш онро сабт кардааст. Хайр баъди ду-се рӯз бошад бигзор баъд гӯш мекунам. Пас аз чор рӯз 22 июли соли 2002 Лидуши азиз ногаҳон вафот кард. Вафоташ ҳам тавре ки дар яке аз сурудҳояш «Лоғбалоғ та тиюм аз дунё» (шухӣ ба шухӣ аз дунё меравам), монанд шуд.

2 майи соли 1963 дар шаҳри Хоруғ, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаб солҳои 1980-1985 дар факултаи забон ва адабиёти руси Институти давлатии педагогии шаҳри Куйбышев ба номи Н.Г.Чернышевский таҳсил кардааст.

Фаъолияти журналистиаш аз соли 1985 оғоз ёфтааст.

Солҳои (май) 1986-1988 (декабр) дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи СССР хизмат намуд.

Вай солҳои 1985-2002 ба ҳайси мухбир, мухбири махсус ва мудири шӯъбаи забони русии рӯзномаи «Бадахшони советӣ» (ҳоло «Бадахшон») кор кардааст.

Маҷмӯаи нахустини шеърҳояш таҳти унвони «Дарё та тизд» ба забони шуғнонӣ (Хоруғ, «Помир», 1991) табъ шудааст.

Алидоншоҳ Шораҳматуллоев аз соли 1990 узви Иттифоқи журналистони СССР, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва аз соли 1994 узви Конфедератсияи байналхалқии Иттиҳодияҳои журналистони ИДМ буд.

22 июли соли 2002 дар синни 39-солагӣ дар шаҳри Хоруғ вафот кард.

Касби асосии вай журналистӣ буд, аммо ӯро дар Бадахшон ва берун аз он чун овозхон-бард (шоир-оҳангсоз-сароянда) мешинохтанд ва то ҳанӯз дӯст медоранд.

 

ЭЙ МАРГ, ГИРСА, МУ ШЕЪР НОТАМОМ ҒАЛ

(Эй марг, исто, ки шеърам нотамом ҳанӯз)

28 июни соли 1980 тамоми сокинони гирду атрофи шаҳри Маскав овозхони машҳур ва барди дӯстдоштаашон Владимир Высотскийро ба роҳи охират гусел намуданд. Азбаски дар пойтахти ватанамон СССР –шаҳри Маскав Бозиҳои XXIII Олимпӣ мегузашт, вафоти Владимир Высотскийро аз мардум пинҳон доштанд. Бо вуҷуди ин ҳазорҳо ҳаводоронаш соатҳо навбат поида, барои видоъ бо барди дӯстдоштаашон омада буданд. Роҳбарияти Ҳукумати Советӣ саргарми Бозиҳои Олимпӣ буда, марҳумро ҳатто ба хотир наоварданд.

Танҳо баъди оғози бозсозиву ошкорбаёнӣ Владимир Высотский ба хотири ҳаводорон ва қисме аз роҳбарони Вазорати маданияти СССР омад. Китоби шеърҳо, хотираҳо, баромадҳои телевизионӣ ва филмҳои мустанад оид ба ҳаёт ва эҷодиёташ таҳия шуданд. Махсусан, филми мустанади таҳиягари машҳури Советӣ Элдар Рязанов – «Чаҳор вохӯрӣ бо Владимир Высотский», ки тариқи Телевизиони марказии СССР намоиш дода шуд, таъсирбахшу пурҳаяҷон буд. Высотский баъди 5-6 сол боз ба назди мухлисонаш баргашт.

Лидуш Ҳабибро – (номи аслиаш Алидоншоҳ Шоҳраҳматуллоев) дар Кӯҳистони Бадахшон шӯхиомез Высотский мегуфтанд. Дар асл ҳам Лидуш дар Бадахшон ё шояд Тоҷикистон ягона овозхон-бард (шоир, оҳангсоз ва сароянда) буд, ки ба монанди В.Высотский ҳам шеър менавишт, ҳам оҳанг эҷод мекард ва ҳам онро бо гитор месуруд.

Лидуш Ҳабиб бештар сурудҳои танқидӣ мехонд ва роҳбарони бюрократу дурӯя ва ваъдахилофро зери тозиёнаи шеъру мусиқӣ мегирифт. Вай таронаҳои ишқӣ-лирикӣ низ дорад, ки хеле дилнишин ва маҳину форам садо медиҳанд. Афсӯс, ки Лидуш Ҳабиб низ мисли В.Высотский умри кӯтоҳ –танҳо 39 сол дид. Вале ҳаводоронаш ӯро ба зудӣ фаромӯш накарданд. Пас аз як соли вафоташ дар бинои Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ 40-солагии зодрӯзашро қайд намуданд. Барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ омода ва пахш гардид. Студияи сабти овози «Сарез»-и шаҳри Хоруғ бошад, албоми сурудҳояшро дар шаш касета таҳти унвони «Малолум» омода сохта, пешкаши ҳаводорони санъати нотакрораш кард.

Лидуш Ҳабиб аз В.Высотский дида, тезтар ба назди мухлисонаш баргашт.

22 июли соли 2006 аз вафоти овозхон –барди Бадахшон Лидуш Ҳабиб расо чор сол гузашт. Вале кас бовар надорад, ки ин овозхони маҳбуб бо мо нест. Зеро дар ҳар хонадон тариқи радио, магнитофон ва сабтҳои видеоӣ сурудҳояш такрор ба такрор садо медиҳанд. Дар арафаи солгарди вафоташ зарур донистем, ки бо ҳамсараш Гулнисо Азизмамадова вохӯрда, аз зиндагӣ ва эҷодиёти Лидуш Ҳабиб мухлисонашро бештар ошно созем.

Гулнисо чун донист, ки мо бо ӯ мусоҳиб шуданием, аввал каме дасту по гум карда, эҳсосу ҳаяҷон пахшаш кард. Зеро бори нахуст ба рӯзноманигор мусоҳиба медиҳад. Ва, боз дар бораи кӣ? Шавҳари азизаш Лидуш Ҳабиб. Мушкил бошад ҳам ба хотири ҳамсари ҷавонмаргаш мусоҳибаи нахустин дод.

-Гулнисо, биёед сӯҳбатро аз лаҳзаҳои гуворо ва хотирмон оғоз намоем. Лидуш Ҳабибро кай, чӣ тавр дарёфтед ва шарики умратон интихоб кардед?

- Ба ростӣ, ҳеҷ гумон надоштам, ки рӯзе мерасаду аз хусуси Лидуши азиз бо рӯзноманигор ҳамсӯҳбат мешавам. Вале ба хотири ҳамсари азизам тайёрам, ки ҳамаи корҳои аз дастам меомадагиро ба сомон расонам, то рӯҳаш шод бошад.

Лидушро бори нахуст дар шаби Соли нави 1983 дар шаҳри Куйбышев (ҳоло Самара) вохӯрдам. Ман нав донишҷӯи курси аввали Институти давлатии педагогии шаҳри Куйбышев ба номи Н.Г.Чернышевский шудам. Вай як курс аз ман пештар мехонд. Чунин шуд, ки мо –донишҷӯён, фиристодагони Тоҷикистон Соли нави 1983-ро дар толори ҷашнҳои институт қайд мекардем. Барнома рангин ва гуногунжанр буд. Пас аз ҳунарнамоии чанд нафар навбат ба ҷавони болобаланд расид, ки бо гитор рӯи саҳна омада, шармгинона ба нишастагон назар афканд ва ба гитор нохун зад. Вай суруди «Ман ғуломи қамарам»-и Аҳмад Зоҳирро хонд, ки он солҳо дар байни ҷавонон маҳбубияти зиёде дошт.

Азбаски дар курси аввал мехондам, ташвишҳоям зиёд буданд ва ҳушу гӯшам танҳо ба хондан буд. Аҳён-аҳён якдигарро дида, бо нигоҳҳои маъниомез ҳамдигарро гусел мекардем. Сурудхониашро ҳам дигар надидам ва нашунидам. Боре дар китобхона бо ҳам вохӯрдем ва вай изҳор дошт, ки хеле камнамоям. Танҳо дар китобхона метавон маро ёфт. Азбаски тирамоҳ зуд торик мешуд, вай пешниҳод намуд, ки маро то хобгоҳ гусел кунад. Ҳамин тавр, мо сӯҳбаткунон то хобгоҳ расидем. Ин саҳна низ дар хотирам мондааст. Лидуш рӯзи шиносоии моро дар муқоваи паспорташ қайд намуд. Ин 15 октябри соли 1985 буд.

- Шумо аз айёми нахустин шиносоӣ бо Лидуш медонистед, ки вай шеър менависад, оҳанг эҷод мекунад ва худ месарояд?

- Ба ростӣ, аввалҳо намедонистам, ки вай суруд мехонад. Ҳол он ки айёми донишҷӯӣ бо сурудҳои «Эй кабутар…», «Боғбон», «Тим та ар Помир» аллакай машҳур буд. Он айём махсусан суруди «Эй кабутар» ё худ «Салӯм вамард лӯ» дар байни ҷавонон хеле маълуму машҳур буд:

Эй кабутар са ар Помир пеғӯм амъард лу,

Хой саракӣ, хой мадъор, хой хъӯм въамард лу….

Дароз ғунҷ дароз курта, хуғънӯнӣ тамбӯн,

Ди въинтат азъам аз нӯми му салӯм вамард лу

Падам та сӯд баҳоранди Наврӯзӣ айӯм,

Аз номи му мубораки айӯм вамъард лу.

Вай институтро як сол пеш аз ман –соли 1986 тамом карда, ба шаҳри Хоруғ рафт. Пас аз як сол ман ҳам институтро хатм намуда, ба зодгоҳам баргаштам. Лидуш аллакай дар Бадахшон чун овозхон машҳур шуда буд...Тӯямон 7 августи соли 1989 барпо шуд. Имсол аз тӯямон расо 17 сол гузашт.

- Ба фикрат, Лидуш кадом сурудҳояшро маҳз барои ту бахшидааст?

- Ман баъзан шӯхӣ карда мегуфтам, ки аз сурудҳоят кадомашро ба ман бахшидаӣ? Вай хандида гуфт: “Ҳамаи сурудҳоямро барои ту бахшидаам. Охир, ту манбаи илҳоми ман ҳастӣ!” Сурудҳои «Эй гул», «Зиндагӣ аз нав ца сӯд сар», «Зиндагӣ мунд», «Я ика вад..» ва боз чанд суруди дигарро ба ман чун ҳадя дар тантанаи зодрӯзам, ки қариб ҳар сол қайд мекардем, бахшида буд.

-Муҳити эҷоди Лидуш чӣ гуна буд? Оё вай як реҷаи муайяни шеърнависӣ ё оҳангсозӣ дошт?

- На, ягон реҷаи муайян надошт. Кай вақте ки илҳомаш меомад, гиторро гирифта, нохун мезаду шеър эҷод мекард ва пас аз онро рӯи коғаз менавишт. Асосан шабонгоҳ эҷод мекард. Зеро муҳити ороми эҷодиро меписандид. Чароғак (светильник) монда, шеър менавишту дар гитор оҳанг эҷод мекард. Ё ҳангоми бозгашт аз кор пиёда роҳ паймуда, зери лаб замзама мекард. Баногоҳ агар мошини дӯстон ё ҳаводоронаш дар наздаш манъ мекард, савор намешуд. Мегуфт, ки шеърам нотамом мемонад. Ба хона даромада, дарҳол гитор ба даст мегирифт ва мегуфт: - Гӯш кун, суруди наве раҳораҳ эҷод шуд.

Лидуш ҳамаи сурудҳояшро аввал дар ҳузури ман мехонд ва фикру ақидаамро мепурсиду эродҳоямро ба инобат мегирифт. Масалан, таърихи эҷоди яке аз сурудҳои хеле машҳури солҳои охир «Наркаманен» (нашъамандон) чунин аст: Дар осоишгоҳи Ҷелондеҳ бо ташаббуси раиси Ассотсиатсияи «Волонтёр» Маҳрам Азизмамадов Маркази барқароркунии нашъамандон ташкил шуд. Он ҷо дар маҳилаи аввал 30 нафар беморони мубталои нашъамандӣ табобат меёфтанд. Лидуш аз ҷои кор рухсатии меҳнатӣ гирифта, ба наздашон рафт ва ҳафтае тарзи зист, рафтор ва азобу пушаймонии ин ҷавононро омӯхта, пас суруди хеле таъсирбахши «Наркаманен»-ро эҷод намуд, ки имрӯзҳо дар байни халқ хеле маълуму машҳур гардидааст.

Дар хонаи корияш ҳам муҳити эҷодӣ ба назар мерасид. Дар девор портрети Владимир Высотский ва расми кашидаи Лидуш насб буд. Китобу рӯзнома, маҷаллаҳо ва варақаҳои парешону вариантҳои гуногуни шеърҳояш рӯи миз. Ва, ниҳоят гитор, ки барои вай хеле азиз буд.

То фалакҳо ғирев мекарданд,
Торҳои гитори ларзонат.

Ба ҳавои гитор мехондӣ,
То фалакҳо суруди армонат.

- Мегӯянд, ки роҳбарони пештараи вилоят Лидушро барои сурудҳои танқидиаш нағз намедиданд. Падараш, ки корманди мақомоти милитсия буд, ҳунари писарашро чӣ гуна қабул мекард?

- Оре, танқидро кӣ нағз мебинад. Агар эҷодиёти Лидушро бо диққат гӯш кунед, қисми зиёди судурҳояш танқидианд. Инҳо: «Коғазу қоғазбозӣ», «Озодӣ» ё «Бозсозӣ», «Лӯвет чай айбдор», «Ид наука», «Ғалас варам», «Ато ту вирод юдан таъриф мур Харағ ке», «Интервю бо говҷӯш» ва дигарон мебошанд. Дар ин сурудҳояш роҳбарон, депутатҳо, одамони мансабпарасти дурӯя ва ғайраҳоро мазаммат мекард. Ин буд, ки борҳо кормандони милитсия аз паяш буданду борҳо дунболгираш мекарданд.

Падараш подполковники милитсия сардори Раёсати ҷустуҷӯӣ-ҷиноии Раёсати корҳои дохилии Бадахшон буд. Яқин ки дар ин ҳолат бархӯрди андешаҳо ба назар мерасад. Падар намехост, ки писараш чунин сурудҳои танқидӣ хонда роҳбарони вилоятро танқид кунад. Аммо Лидуш изҳор дошт, ки вай шахси озод аст ва намехоҳад, ки касе садди роҳаш гардад. Боре пас аз баҳсу мунозира ба падараш рӯ оварда гуфт:

- Падарҷон бубахш, ки ман ғайри хоҳиши Шумо рафтор мекунам ва ҳамоно сурудхониамро давом медиҳам. Вале ин маънои онро надорад, ки ман Шуморо ҳурмат намекунам. Баръакс, ман шуморо ҳама вақт дӯст медоштам ва дӯст хоҳам дошт. Аммо нигоҳи мо ба зиндагӣ ва фикру ақидаамон гуногун аст. Илтимос, садди роҳам нашавед, падарҷон! Агар ман баринҳо аз камбудӣ ва ноҷӯриҳои замона чашм пӯшем, пас ба қавли Нозим Ҳикмат «Агар ман насӯзам, агар ту насӯзӣ, агар мо насӯзем пас ки испед кунад шаби сиёҳро».

Вале падарро ҳам бояд фаҳмид. Охир кадом падар бадхоҳи писар аст?

Чи илоҷ падар ба хотири озодандешӣ ва ошкорбаёнӣ Лидушро ҳама вақт мебахшид ва дар ҷои кор гапу эродҳои зиёд мешкунид. Модараш Нуқра ягона шахсе дар хонадон буд, ки тамоми сурудҳои писараш Лидушро аз ёд медонист ва тайёр буд, ки дар ҳар лаҳза писарашро ҳимоя кунад. Модар намегузошт, ки касе садди ҳунараш гардад. Вай доимо мегуфт: “Лидуши ман озодипараст ва ошкоргӯй аст. Роҳашро худаш интихоб кардааст. Пас набояд касе ба вай халал расонад. Бигузор армонҳои дилашро бо сурудҳояш ифшо намояд.

Алимамад Ниёзмамадов нав раиси вилоят таъин шуданду бо он ҳунар, истеъдод ва нигоҳҳои танқидомез Лидушро барои кор ба Раёсати фарҳанги вилоят даъват намуд. Аммо Лидуш ду моҳ чанд муддат кор карда, ба раиси вилоят барои бовариаш изҳори сипос намуда, боз кори рӯзноманигорӣ, ба идораи рӯзномаи «Бадахшон» баргашт. Вай мегуфт, ки эҷодкор бояд озод бошад, вагарна чӣ тавр метавон кору зиндагӣ кард.

- Вақтҳои охир Лидуш шаробро бисёр истеъмол мекард. Сабабаш дар чӣ бошад?

- Лидуш табиатан одами хеле шармгин буд. Аз айёми ҷавонӣ – донишҷӯияш то каме наменӯшид, суруд хондан ҷуръат намекард. Ҳамин тавр кам-кам нӯшида, дар тӯли солҳо ба маю шароб мубтало гашт.

Зи ҳад зиёд дар ин даҳр бода нӯшидам,
Замона аз карамаш ҳар чӣ дода, нӯшидам.

Ҷавониям, ки чу дарёи шӯх тунд гузашт,
Ба остонаи он по ниҳода, нӯшидам.

Дилам зи васвасаи шеър дардолуда,
Ба кас зи дард накарда ифода, нӯшидам.

Барои рафъи ғубори дилам ҳамекардам,
Шароби майкадаро истифода, нӯшидам.

Гӯё Султон Шоҳзода ин шеърро махсус барои Лидуш навишта бошад. Зеро Лидуш ин шеърҳоро ҳамеша замзама мекард. Дар асл ҳам агар вай дар ҳолати сархушӣ мехонад, сурудаш фораму таъсирбахштар мебаромад.

Ба фикри ман ду сабаби асосӣ дорад. Аввалаш чӣ тавре ки дар яке аз сурудҳояш «Фол» месарояд, ҳангоми таҳсил дар шаҳри Саратов дар кӯча бо лӯлизане дучор мешавад.

Йи циган ғац мухезанд ност чуди сар,
Му цеменанди чухтху баъди мурд лӯд.

Нала ту хурд бахт ачас махикар,
Тунд навуд йу, тунд нист йу, тундта насӯд.

Нала туят хубас аз ху норозӣ,
Йисохга аз ху чидо, турд нист илоҷ.

Арцӯндта ҷӯн ца зазият, цанави,
Турда йиҷояндас насӯд ривоҷ.

Сонӣ, мо дар оилаамон фарзанд надоштем. Ман баъди солҳо ва интизориҳои зиёд изҳор намудам, ки бояд ҷудо шавам. Шояд аз ҳамсари нав фарзандор шавад, аммо вай розӣ нашуд. “Хости Худо ҳамин будааст”, - мегуфт.

Нисбати бефарзандиамон суруди «Узум дахтан дарахти хушку холӣ» эҷод карда, дар ҷашни 30-солагии зодрӯзам моҳи январи соли 1995 онро дар ҳузури меҳмонон иҷро кард. Меҳмонҳо асосан хешу табор, аҳли қалам ва кормандони рӯзномаи «Бадахшон» ва ҳампешагони ман аз мактаб ҳузур доштанд. Ва махсусан, ин сурудро хонда, ҳозиронро огоҳ намуд, ки бо иллати кӣ соҳиби фарзанд намешавем. Вай худро сабабгори ин бадбахтиҳо медид.

Ва, ниҳоят Лидуш гӯиё маргашро пешакӣ медонист. Диққат диҳед, сурудҳои «Вузум ди муд, ичас муҷат манавед», «Эй марг гирса му шеър нотамом ғал», «Ёен ар хок му вехд хато, ё мур ям хок баробар нист» як навъ муноҷоти пеш аз маргаш мебошанд.

- Оё Лидуш суруди вопасин, суруди хайрбод эҷод кард ё на? Гӯиё ки Лидуш маргашро пешакӣ медонист ва ба он мардона омодагӣ медид.

- Бале, чанд рӯз пеш аз маргаш ба модараш гуфта буд: “Ман суруде дорам ва пас аз чанд рӯз онро гӯш кунед, аммо гиря накунед”. Мо ҳамаи инро ҷиддӣ қабул намекардем. Гумон доштем, ки вай шухӣ мекунад.

Суруди вопасинаш «Па ми бало му маҳорат му ёр чоҳ» буд. 18 июли соли 2002 ин сурудашро дар касета сабт карда, ба ман дод ва гуфт, ки баъди чанд рӯз онро гӯш кун. Ман гумон кардам, ки чун дигар сурудҳояш онро сабт кардааст. Хайр баъди ду-се рӯз бошад бигзор баъд гӯш мекунам. Пас аз чор рӯз 22 июли соли 2002 Лидуши азиз ногаҳон вафот кард. Вафоташ ҳам тавре ки дар яке аз сурудҳояш «Лоғбалоғ та тиюм аз дунё» (шухӣ ба шухӣ аз дунё меравам), монанд шуд.

Ман ҳавлӣ рӯфта истода будам, ки Лидуш аз кор баргашта, барои нӯшидан об пурсид. Одатан омада об менӯшид ва пас ё истироҳат мекарду ё рӯзномаҳои давриро аз назар мегузаронд. Аммо ин дафъа обро нӯшида, фурӯ бурда натавонист. Дубора як қулт нӯшиданӣ буд, ки об аз даҳонаш гашта рехт.

Ман ҳайрон-ҳайрон ба вай нигариста, чӣ кор карданамро намедонистам. Лидуш дастамро гирифта, гуфт, ки чашмҳояш торику хира шуда истодаанд. Зуд ҳамсояамон духтури ботаҷриба Камол Шанбезодаро даъват кардем. Пас аз муоина маълум шуд, ки фишори хунаш хеле паст шудааст. «Ёрии таъҷилӣ»-ро даъват кардему Лидуши бемору беҳолро ба беморхона бурдем. Ин рӯзи шанбе - 20 июл буд.

Бемории ногаҳонии Лидуш дар як лаҳза дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои наздики он паҳн шуд. Хешу табор, дӯстон ва мухлисон ба ҳолпурсӣ омаданд, аммо барои қисме имкони дидорбинӣ нашуд. Мо наздиконаш лаҳзае аз паҳлӯяш дур намешудем. Лидуш ҳамон шаб беҳолу бемадор буд. Ҳама дар гирдаш парвона будем ва касе ҳатто гумон надошт, ки баъди ду рӯз вай бо мо хайру хуш карда, ба дунёи абадӣ сафар мекунад. Як чизро мушоҳида намудам, ки Лидуши азиз, ки бе ин ҳам барои ман зебову нозанин буд, дар бистари маргаш (ман маргро ба замон оварда наметавонам) хеле зебо шуда буд. Ҳамон шаб дар сари бистар маро хонда, дастамро гирифта:

- Гулнисоик, (навозишкорона) ин миқдор умре ки бо ҳам гузарондем, лаҳзаҳои хушбахтарини ман буданд. Лаҳзаҳое низ буданд, ки аз тарафи ман сухани ноҷо баромада, боиси малолат мегардид. Вале ман аз ту як умр миннатдорам, ки то имрӯз дар паҳлӯям ҳастӣ, бори вазнинро бо мани рӯзноманигор ва ҳофизро бардоштӣ. Маро бубахш, барои он суханҳои шояд зишт, вазниниҳои зиндагӣ ва озодихоҳиву бепардахониҳои ман, ки боиси маломат мешудед. Бубахш!

Ман чизе гуфта наметавонистам. Фақат ашкҳоям шорида мерафтанд. Мехостам, ки ашкҳоямро аз Лидуш пинҳон дорам, аммо нашуд. Вай ҳамаашро мушоҳида мекард. Дастамро сар доданӣ набуд, аммо аз шиддати беморӣ дастам аз кафаш оҳиста-оҳиста раҳо ёфт. Ҳамчунин, аз падару модар низ узрҳои зиёд хост, ки якравӣ карда, бо ихтиёри хеш зиндагиро ба тарзи нав пеша кардааст. Чунин тарзи кору зиндагӣ бисёр вақтҳо боиси малоли онҳо мешуд.

Рӯзи якшанбе -21 июлро низ ҳамаи хешу табор ва наздикон дар палатаи беморхона дар назди Лидуш гузарондем. Ва, касе ба хотир ҳам овардан намехост, ки Лидуш Ҳабиб –нахустин овозхон –барди Бадахшон пас аз чанд соат вафот мекунад.

Субҳи барвақти рӯзи душанбе, 22 июли соли 2002 соати 6.00 Лидуш ба ҳама нигоҳе карда, пас дар кати беморӣ дароз кашида, табассуме карду ҷонро ба ҷонофарин супурд. Ҳамаи мо дар назди марг оҷиз баромадем.

- Лидуш Ҳабиб рафт, вале дар ин дунёи бемеҳру пурҷафо аз худ чӣ боқӣ гузошт?

- Тавре дар боло ишора кардам, мо фарзанд надоштем. Лидуш худро бепарво нишон медод, аммо монанди ман дар ҳасрати фарзанд буд. Афсӯс, ки аз вай ному нишоне намонд.

Хушбахтона, шеъру сурудҳояш, китоби шеърҳояш «Дарёта тизд» (бо забони шуғнонӣ) очерку мақолаҳои проблемавиаш, ки то охири умр дар шӯъбаи русии рӯзномаи «Бадахшон» кор мекард, барои мухлисонаш як навъ ёдгорӣ мемонад. Ва, ниҳоят шогирдонаш Саша Зарифӣ, Фурқат Акобир ва дигарон, ки имрӯзҳо бо лаҳн ва услуби хоси Лидуш месароянд ва рӯҳашро шод мекунанд.

Яъне, онҳое ки аз вафоти Лидуш хурсанд шуданд, бояд донанд, ки мактаби эҷодии Лидуш Ҳабиб имрӯз дар Кӯҳистони Бадахшон инкишоф ёфта истодааст. Лидуш лаҳзае моро тарк кард, ҷисман бо мо нест, вале рӯҳан ҳамеша бо мост. Шогирдони вафодор ва дӯстони кадрдонаш хотираашро ҳамеша пос медоранд. Ҳоло бештари сурудҳояшро Асаншо месарояд.

- Имрӯз Лидуши Ҳабиб бо мо нест. Баъди вафоташ «дӯстону ҳамнишинонаш» зиёд шудаанд. Мехостам аз забони Шумо донам, ки Лидушро бо чунин тарзи кору зиндагӣ киҳо дастгирӣ мекарданд?

- Аз дӯстону ҳамкоронаш Мамлюк Мамадвафоев, Хоҷа, Мирзоазиз Мирзоқандов, Шамсиддин Орумбеков ва Файз Мирасанов ҳама вақт вайро дастгирӣ мекарданд. Вақте ки Файз Мирасанов раиси Кумитаи радио ва телевизиони Бадахшон буд. Лидушро борҳо барои сабт ба телевизиони Бадахшон даъват карда, аз эҷодиёташ чанд барномаҳои ҷолибе таҳия намуд. Маҳз тавассути ин сабтҳои видеоӣ насли оянда низ метавонанд Лидушро дар экран бинад.

Адиб ва журналисти шинохта, директори нашриёти хурди «Помир» Қурбон Аламшоев бо иқдоми хеш нахустин китоби шеърҳояшро таҳти унвони «Дарёта тизд» соли 1991 чоп кард. Табиби ҳозиқ Шодӣ Гулаёзов мӯънису мададрасони ҳамешагии Лидуш буд.

- Дар хотир дорам, ки нахустин гастроли Лидуш Ҳабиб соли 1991 дар Кохи Борбад доир шуда буд.

- Оре. Аз хусуси нахустконсерташ дар шаҳри Душанбе рӯзномаи «Паёми Душанбе» таҳти унвони «Шоири беқалам, вале пуралам» гузориши кӯчаке бо расмаш дода буд ва Лидуш аз он гастрол ва чопи нахустин мақола дар рӯзномаи он айём бонуфузи пойтахт хурсанд буд.  Минбаъд, таи солҳои 1994 ва 1997 боз дар шаҳри Душанбе консерти эҷодӣ дошт. Аз ин консертҳо сабтҳо низ маҳфузанд. Дар яке аз сафарҳояш ба шаҳри Душанбе бо овозхон ва оҳангсози барҷаста Далер Назаров вохӯрӣ дошт ва Далер чанд сурудашро бо сифати баланд сабт кард. Лидуш аз ин шиносоӣ ва ҳамкорӣ хеле хурсанду қаноатманд буд.

- Лидуш аз санъаткорон бештар бо кӣ дӯстиву рафтуомад ва муносибати эҷодӣ дошт?

- Вай қариб, ки бо бештари эҷодкорони Бадахшон шинос буд ва алоқаи эҷодӣ дошт. Бо Моҳҷон Назардодова, Мусаввар Минаков, Гурминҷ Завқибеков, Хурмо Ширинова, Далер Назаров, Аҳмад, Иқбол, Асаншо ва дигарон.

- Ва ниҳоят, он нақшае, ки мехоҳед, рӯзҳои наздик ё солҳои омадаистода ба анҷом расонданиед?

- Ният дорам, ки ояндаи наздик хона-музеи Лидуш Ҳабибро ташкил кунам. Зеро хонаи кориаш тавре, ки буд, то имрӯз ба ҳамон тарз истодааст. Ҳатто либосҳояш ҳам дар шифонер овезонанд. Ва, чанд пораи навиштаи шеърҳои нотамомаш рӯи мизи кориаш истодаанд. Суратҳо ва сабтҳои зиёди видеоӣ дорем. Ҳамаашро дар хона-музей ҷамъ овардан лозим аст, то ҳаводоронаш аз ҳаёт ва эҷодиёташ бештар ошнои пайдо кунанд.

Дар Интернет сайти махсус дар бораи Лидуш Ҳабиб кушода шудааст ва мухлисонаш метавонанд тавассути он маълумоти бештаре пайдо бикунанд. Ҳамчунин ният дорем, ки шабҳои ёдбуд ва озмуни сарояндагон –бардро ба ифтихори Лидуш Ҳабиб дар вилоят ва пойтахт гузаронем.

Боз таъкид мекунам, ки маро бо шарофати шавҳари азизам Лидуш Ҳабиб мешиносанд ва имрӯзҳо низ ҳурмат мекунанд. Дигар чизе ҳавасу орзу надорам. Танҳо бо ишқу муҳаббати поки Лидуши азиз, бо ёди ӯ то охир вафодор бошам. Ба хотираи некаш пок зиндагӣ кунам.

Навиштаи Тиллои НЕКҚАДАМ,

журналист.

(«Боми Ҷаҳон», 25 июни соли 2006, №2 (2)

барчасп: