Мавқеи ашъори Cаййидо дар санъати мусиқии тоҷик
Чоп шуд: 18/10/2019Cодагиву равонӣ, рангомезиву хушоҳангӣ ва ба тарзи баёни халқ наздик будани ғазалиёти Cаййидо боис гардида, ки ашъори ў ба ҳайси матнҳои суруду таронаҳои «Шашмақом»-у «Фалак», эҷодиёти бастакорону ҳофизони мардумӣ ва офаридаҳои композиторони тоҷик ба тарзи фаровон истифода шавад.
Аз баъзе гуфтаҳои шоир хулоса кардан мумкин аст, ки ў бо аҳли санъату ҳунар робитаи хуби ҳамкорӣ дошта, аз илму амали мусиқии замонаш ба қадри имкон бохабар будааст