Мавқеи ашъори Cаййидо дар санъати мусиқии тоҷик

Cодагиву равонӣ, рангомезиву хушоҳангӣ ва ба тарзи баёни халқ наздик будани ғазалиёти Cаййидо боис гардида, ки ашъори ў ба ҳайси матнҳои суруду таронаҳои «Шашмақом»-у «Фалак», эҷодиёти бастакорону ҳофизони мардумӣ ва офаридаҳои композиторони тоҷик ба тарзи фаровон истифода шавад.

Аз баъзе гуфтаҳои шоир хулоса кардан мумкин аст, ки ў бо аҳли санъату ҳунар робитаи хуби ҳамкорӣ дошта, аз илму амали мусиқии замонаш ба қадри имкон бохабар будааст ва ба сохту тарзи навозиши созҳои мусиқӣ низ ошноӣ доштааст:

Димоғошуфта най аз базми аҳли ҷуд меояд.
Зи шамъи суҳбати ин қавм бўи дуд меояд.

Намебинем бо аҳли нишот азбаски оҳанге,
Навои мухталиф аз базми чангу уд меояд.

Байти дигар:

Бе талаб эй Cаййидо мақсад намеояд ба каф,
Ҷо ба маҷлис мекунад най аз фиғони хештан.

Ё ин ки

Нола кардан бар сари кўяш ҳавас бошад маро,
Мениҳам лаб бар лаби най, то нафас бошад маро.

Чи тавре ки дар ин байтҳо мебинем, шоир номи созҳои мусиқии най, чанг уд, истилоҳоти мусиқии «оҳанг», «наво», «мухталиф», «фиғон», «нола»-ро бамавқеъ ва тавъам бо мазмун истифода намудааст, ки гувоҳи аз илму амали мусиқии замонаш бархўрдор будани ўст.

Ғазалиёту мухаммасоти шоир оҳанги хос дошта, дар рушду нумуи фарҳангу санъати мусиқии халқи тоҷик саҳми назаррас гузоштаанд. Онҳо барои ба вуҷуд омадани суруду навоҳои зиёди классикуву касбӣ ва мардумии тоҷик замина гаштаанд. Ба ғазалиёти нобу равони ин шоири шефтадил ҳофизону бастакорони мардумӣ ва композиторони тоҷик суруду таронаҳои зиёд эҷод кардаанд, ҳофизон онҳоро бо маҳорати баланд иҷро намудаанд, ки мақбули шунавандагон гардида, мухлисони бешумор доранд.

Як қатор ғазалҳои Cаййидо ба ҳайси матни суруду таронаҳои «Шашмақом» интихоб гардидаанд, ки гувоҳи вологавҳарии суханони ин шоири нуктасанҷу шефтадил мебошанд.

«Шашмақом» асос ва қуллаи баландтарини фарҳангу маърифати мусиқии суннатии халқи тоҷик буда, ҳамчун рамзи ягонагӣ ва муттаҳидсозандаи ин миллати куҳанбунёд бо бузургтарин дастовардҳои фарҳангиву маънавии аҳли башар ҳамсангӣ дорад.

«Шашмақом» асари мураккабу мушаххаси гуногунсатҳу серпаҳлу ва силсилавии мусиқии халқи тоҷик буда, аз шаш мақом – Рост, Наво, Бузург, Дугоҳ, Сегоҳ ва Ироқ иборат аст ва дар пояи қавонини хоси лаҳнӣ, зарбӣ ва шаклӣ устувор аст. Дар ҳар суруду наво ва оҳангу таронаҳои ин шоҳасари мусиқӣ рўҳи тавонои ниёгони бузурги мо Борбади Марвазиву Абўабдулло Рўдакӣ, Иброҳими Мавсиливу Котибии Хоразмӣ, Абўнасри Форобиву Ибни Сино, Сафиуддини Урмавию Қутбиддини Шерозӣ, Амир Хусрави Деҳлавию Абдураҳмони Ҷомӣ, Кавкабии Бухороиву Дарвешалии Чангӣ ва ҳазорони дигар нуҳуфтааст. Ғазалҳои нобу каломи мавзуни шоирони бузурги мо Рўдакию Ибни Сино, Низомиву Хусрав, Хайёму Мавлавӣ, Саъдию Ҳофиз, Камолу Ҷомӣ, Ҳилолию Бедил, Сойибу Ҳайрат, Шоҳину Туғрал ва дигарон бо силсиланавоҳои он чун ҷисму равон ба ҳам пайвастаанд. Ҳар яке аз ин нобиғагони илму адаб ва савту калом барои суфтаву пухта ва рўҳбахшу нишотангез гардидани ин хориқаи бузурги мусиқии суннатии устодонаи тоҷик саҳмгузор буда, порае аз дилу ҷону хиради худро ба он бахшидааст, ки Миробид Cаййидои Насафӣ низ аз ҷумлаи онҳост. Фораму рўҳнавоз, таскинбахши дилу ромиши ҷон ва нўшдоруи дардмандон будани суруду таронаҳои «Шашмақом» аз ин ҷост.

Дар ин шоҳасари мусиқии халқи тоҷик матни «Амали Рост», «Фурўғи Амали Рост», «Талқинчаи Савти Ушшоқ» – аз мақоми «Рост», «Талқинчаи Савти Баёт», «Фурўғи Мустазоди Наво» – аз мақоми «Наво», «Таронаи 1» – (Сувора) ва «Таронаи 2» – (Чапзарб)-и «Насруллоҳӣ» – аз мақоми «Бузург», «Уфари Муноҷот» – аз мақоми «Дугоҳ», «Чапандози Калон» (Чапандози Қаландарӣ) – қаринаҳои мақом, «Шаҳнози Фарғона» (Нақш) – осори ҷудогонаи мақомӣ – аз мақоми «Сегоҳ» аз ғазалиёти Cаййидо интихоб гардидаанд.

Яке аз дурдонаҳои дурахшони «Шашмақом», ки оҳанги муфарраҳу дилкушо дорад, «Фурўғи Мустазоди Наво» [8, с. 195] мебошад ва дар боби чоруми Савт (силсилаи фаръӣ)-и мақоми «Наво» ҷойгир буда, матни сурудаш ғазали Cаййидо мебошад, ки матлааш ин аст:

Навбаҳор омад гулистон аз пайи нашъу намост,
Ғунчахуспони чаманро ғунчайи гул муттакост.

Пардаи лаҳни асар «до-мажор» буда, мизони зарбиаш 4/4 (чор чорякӣ – бум-бак-бак-бум бак бум) мебошад. Сархати он иборат аст аз чор тақтеъ сароҳанг, як тақтеъ Нағмаи парда, Нимхати якум, ки оғози суруд буда, мисраи аввали байти дар боло зикргардидаро дар бар мегирад, сипас боз як тақтеъ Нағмаи парда садо дода, Нимхати дуюм оғоз мегардад, ки матни он мисраи дигари байти мазкур мебошад. Асар баъд аз таваққуфи ҳаштякӣ, аз ҳиссаи якуми нопурраи тақтеъ оғоз мешавад.

Пас аз як тақтеъ Нағмаи парда Дунасра (даври савуми ниҳоии марҳалаи аввал дар сохтори мақом, ки аз пардаи асосӣ, яъне сарпарда як октава боло оғоз мешавад)  меояд, ки матнаш ин байт аст:

Нозбўро аз бунафша нозболин зери сар (2 бор),
Шохи гулро бистар аз барги ҳино дар зери пост (2 бор).

Нимхати якуми Дунасра, ки матнаш мисраи аввали байти болост, аз нотаи «до»-и октаваи дуюм, яъне нисбати сарпарда як октава баланд шурўъ мешавад, ки хоси Дунасра аст. Пас аз як тақтеъ Нағмаи парда Бозгўй меояд, ки матнаш такрори ҳамин мисраъ буда, дар оҳанг тағйиротҳои ҷузъӣ ба назар мерасад, яъне байни ҳиссаи сеюму чоруми тақтеи аввали Бозгўй ҷаҳиши оҳангӣ дар шакли тертсия (до-ми) ба амал омада, сипас суруд ба таври секвенсиявӣ тадриҷан ба поён то зинаи сеюми гамма (медианта) ҳаракат менамояд. Баъд аз ин Нимхати дуюм, ки матнаш мисраи дуюми байти болост, меояд ва Бозгўйи он бо каме тағйироти оҳангӣ ба сарпарда бозгашт менамояд.

Сипас қисми сеюми суруд-Баёт оғоз мешавад, ки баъд аз 4 тақтеъи Сароҳанг ва як тақтеъ Нағмаи парда Нимхати 1 ва 2 паси ҳам меоянд, ки матнашон ин байт мебошад:

Бўйи гулро мебарад аз бод пинҳонӣ насим,
Боғбон пай бурдааст ин кори дузди ошност.

Дар қисми чоруми суруд Авҷи Наво меояд, ки матнаш байти зерин аст:

Аз пайи ҳам корвони гул ба бозор омада,
Метавон гуфтан, ки боғ аз бўйи гул бўстонсарост (2 бор).

Нағмаи Авҷи Наво (Фард) қисми панҷуми суруд буда, дар он пас аз ду тақтеъи Сароҳанг ва як тақтеъ Нағмаи парда дар Нимхати якум такрори мисраи дувуми байти дар боло додашуда меояд ва бо Замзамаи Нағмаи Авҷи Наво (як тақтеъ Ово – о-о-о ва ду тақтеъ Фурў – ё-рам) поён меёбад.

Матни Фуроварди суруд, ки қисми шашуми асарро ташкил медиҳад, ин аст:

Сайри боғ имрўз дилҳои ҳарифон бурдааст (2 бор),
Хоки гулшан чун гулистони Ирам одамрабост (2 бор).

Дар Фуровард пас аз ҳарду Нимхат (1 ва 2) бозгўй меояд, ки ҳар як мисраи байти додашуда такрор меёбад. Танҳо дар оҳанг тағйиротҳои ҷузъиву зарбӣ ба мушоҳида мерасанд. Ин ҷо суруди «Фурўғи Мустазоди Наво» аз мақоми «Наво» ба поён мерасад.

Зикри як нукта ба маврид аст, ки мазмуни ҳар як байти ғазали мазкури Cаййидо бо банду басти оҳанги суруд тавъаму мувофиқ буда, хушсадоӣ ва форамии онро боз ҳам афзунтар сохтааст.                                   

Дар радифи суруду таронаҳои «Шашмақом», ҳамзамон ғазалиёту мухаммасот ва рубоиҳои Cаййидо ба ҳайси матни сурудҳои фалакӣ, суруду таронаҳои ҳофизону бастакорони мардумӣ ва композиторон истифода шудаанд, ки махзани бою рангомези мусиқии мардуми тоҷикро пурраву ғанитар гардонидаанд.

Дар хазинаи тиллоии радиои Тоҷикистон як силсила сурудҳои классикии мақомниҳод, ба монанди «Биё» (дар иҷрои Боймуҳаммад Ниёзов), «Гиря-2» (Ҷўрабек Набиев), «Ушшоқи Хўқанд» (Асадулло Атовуллоев), «Имшаб» (Музаффар Муҳиддинов), «Чапандози Қаландарӣ» (Сабоҳат Наҷмиддинова) ва як қатор таронаҳое, ки ба сурудҳои мардумии тоҷикӣ қаробату шабоҳати наздик доранд, аз ҷумла «Гардиши айём» (дар иҷрои Одина Ҳошим), «Ақли пуртадбир» (Зафар Нозимов), «Зи дилам хабар надорӣ» (Ҷўрабек Назриев), «Сайри гулшан» (Муродбек Насриддинов), «Хуш омадӣ» (Маҳкам Зубайдуллоев), «Эй моҳ» (Бобоҷон Азизов), «Кокули ту» (Наимҷон Маҳкамов), «Маъвои сухан» (Чиллахон Холов) ва амсоли инҳо сабт гардидаанд, ки матнашон аз ашъори Cаййидо буда, ҳар кадом фораму дилрас садо медиҳанд ва мақбули шунавандагону мухлисони зиёд гардидаанд. Гуфтан ҷоиз аст, ки сабаби асосии ин дар содагиву равонӣ ва ба дарди дилу забони мардум наздик будани ашъори ин шоири ширинкалом аст.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикитон Боймуҳаммад Ниёзов ҳунарманде буд нотакрор, соҳиби овози фораму сабки хос. Дар баробари донанда ва устоди забардасти «Шашмақом» будан, аз мусиқии мардумӣ ва классикии халқи тоҷик пурра бархўрдор буда, худ низ ба ғазалҳои ноби шоирони классик ва ҳозирзамони тоҷик оҳанг баста, сурудҳои марғубу рўҳнавоз эҷод намудааст. Овози фораму махмалин ва гўшнавозу дилрас дошт. Суруду таронаҳои «Шашмақом»-ро бо як тарзи хос иҷро менамуд. Беҳуда нест, ки зери таъсири сурудҳои ин шоҳасари мусиқии тоҷикон таронаҳои мақомниҳоде эҷод намудааст, ки дар байни мухлисони сершумораш чун сурудҳои классикӣ эътироф гардидаанд.

Суруди «Бар лаби дарё биё» аз ин қабил аст, ки матнаш ғазали шоири ширинкалом Cаййидои Насафӣ буда, матлааш байти зерин аст:

Бар дили мо гар намеойӣ, ба чашми мо биё,
Аз муҳит андеша дорӣ, бар лаби дарё биё.

Шоир дар мисраи якуми байт аз маҳбубааш илтиҷо менамояд, ки агар дар дили ман маъво гирифтан нахоҳӣ дар чашмони ман ҷой гузин ва дар мисраи дувум ҳамон маъноро бо рамзу суханбозӣ ифода намуда, мегўяд, ки аз муҳит (яъне дили ошиқ) истиҳола мекунӣ бар лаби дарё (яъне чашмони ашкбори ошиқ) биё. Ғазал то охир аз чунин байтҳои лирикиву пурмаъно иборат буда, оҳанги фораму дилрас, ки ба он баста шудааст, ба мазмун пурра тавъам афтодааст.

Чӣ тавре ки дар боло қайд намудем, суруди мазкур дар пайравии асарҳои мақомӣ эҷод гардида, дар он унсурҳои мақомии Сархат, Сароҳанг, Нағмаи парда, нимхатҳо, Авҷ, Фуровард ва амсоли инҳо ба мушоҳида мерасанд, ки бешубҳа аз рўйи сохтор онро ба сурудҳои классикӣ мушобеҳ сохтаанд. Суруди мазкур дар байни мухлисону ҳаводорони таронаҳои устод Б. Ниёзов машҳур буда, дар иҷрои бисёр ҳунармандони номдор ва шогирдони ин ҳунарвари бузург дар консерту баромадҳои ҳунарӣ ва тавассути радиову телевизионҳои Тоҷикистон пайваста садо медиҳад.

Ҳамзамон матни суруди дигари усод Боймуҳаммад Ниёзов «Омадӣ рафтӣ»   низ ғазали Cаййидо буда, бо байти зерин оғоз меёбад:

Ба сўйи кулбаам, эй нозанин, дўш омадӣ рафтӣ,
Зи аҳволам напурсидиву хомўш омадӣ, рафтӣ.

Ҳунарманди маъруф, Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, устод Зафар Нозимов бо маҳорати баланду ҳунари воло, садойи хушу лаҳни нотакрораш дили ҳазорон мухлисону ҳаводоронашро тасхир намуда буд. Шеърро хуб мефаҳмид. Ба ашъори шоирони адабиёти классикӣ ва имрўзи тоҷик оҳанг баста, сурудҳои марғубу дилнишин эҷод кардааст. Бахусус таронаҳои ба ғазалиёти Амир Хусрав, Саъдиву Ҳофиз ва Бедил офаридаи ў ҷаззобу форам садо додаанд.

Матни суруди “Ақли пуртадбир кард”-и  устод Зафар ғазали Cаййидо буда, равону руҳнавоз садо медиҳад, ки матлааш байти зер аст:

Нафси саркашро мусаххар ақли пуртадбир кард,
Саг чу шуд девона ўро метавон занҷир кард.

Мазмуни матни суруд панду ахлоқӣ буда, маънои ҳар як байти он моро ба андеша водор месозад. Аз ҷумла, дар байти навбатӣ шоир бо истифодаи устокоронаи санъати бадеии рамзу ташбеҳ фикри худро хело ҷолибу ҳадафрас баён доштааст:

Бе мураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан,
Моҳи навро рафта-рафта чарх оламгир кард.

Мусиқии суруд низ ба мазмуни ғазал тавъам буда, бо суръати Moderato (муътадил) иҷро мегардад. Мизони зарбии асар 6/8 (шаш ҳаштякӣ) буда, ба он хусусияти мусиқии мардумиро бахшидааст. Сози минории парда (ми-минор) сўзу ҳузн ва форамии сурудро таъмин намуда, онро дилрасу гўшнавозтар гардонидааст. Таваққуфҳои ҳаштякӣ ба Сароҳанги тарона шукўҳ бахшида, дар он мутантанӣ ворид сохтаанд. Истифодаи аломатҳои гуногуни қувватбахш ва ородиҳанда бошанд, назокату шаҳомати сурудро афзуда, ба он ҳусни тоза зам кардаанд.

Матни суруди дигари устод “Гули хандон биё” [3] низ ғазали Cаййидо аст, ки оҳанги шўху равон дошта, дар лаҳну сабки таронаҳои мардуми кўҳистони тоҷик эҷод гардидааст. Як худи мизони зарбии асар, ки 7/8 (ҳафт ҳаштякӣ) мебошад, гувоҳи ин гуфтаҳост. Сарбайти матни суруд ва матлаи ғазал аз мисраҳои зерин иборат аст:

Бар сари болинам, эй Хизри масеҳодам биё,
Рафтаам аз худ, биё, эй Исии Марям биё.

Ҷўрабек Муродов ҳунарманди варзидаву пурмаҳсули халқи тоҷик буда, ба ашъори шоирони зиёди классикиву имрўзаи адабиёти тоҷик оҳанг баставу сурудҳои фораму дилрас ва мақбули хурду калон эҷод намудааст. Ў дар бисёр саҳнаҳои бузурги мамолики олам ҳунарнамои намуда, бо сурудаш фарҳанги бою қадимаи мардуми худро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст. Тавассути истеъдоди худододаш аз ҳунарманди одӣ то ба дараҷаи Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шўравӣ расидааст.

Суруду таронаҳои шоҳасари мусиқии “Шашмақом”, сурудҳои фалакниҳод ва мардумии тоҷикро дар радифи эҷодиёти бою рангини хеш, бо овози хушу маҳорати баланд ва сабки ба худ хосс, устодона иҷро намудааст. Ҳамзамон чандин суруду таронаҳои халқҳои гуногуни оламро бо садойи нотакрораш хело ҷаззобу рангомез сурудааст.

Таронаи «Дард мебояд кашид»-и  ин ҳунарвари мумтоз бар ғазали Cаййидо бастакорӣ гардидааст, ки матлаи ғазал чунин аст:

Чанд рўзе дар муҳаббат дард мебояд кашид,
Зардрўиҳо зи ранги зард мебояд кашид.

Ғазал ишқӣ-лирикӣ буда, маънои панду насиҳатӣ дорад. Оҳанги суруд низ лирикӣ буда, мизони зарбияш 7/8 (ҳафт ҳаштякӣ) мебошад, ки бештар хоси мусиқии мардуми кўҳистони тоҷик аст. Ҳарчанд суръати асар Moderato, яъне муътадил ва пардаи созаш минорӣ (фа диез-минор) аст, мизони зарбӣ ба мусиқии суруд бардамиву шукуҳи мутантанӣ мебахшад. Диапазони суруд аз нотаи “фа-диез”-и октаваи якум то “ля”-и октаваи сеюмро дар бар мегирад. Барои боз ҳам фораму гўшнавозтар гардидани таронаи мазкур аз аломатҳои гуногуни қувватдиҳанда ва ороишӣ васеъ истифода гардидааст.

Ғазалиёту мухаммасоти Миробид Cаййидои Насафӣ равону сода ва ба дилу забони мардум наздик буда, аз ҷониби ҳунармандони касбиву халқӣ бо оҳангҳои марғубу мувофиқ бастакорӣ шудаанд, ки боиси ба вуҷуд омадани як силсила суруду таронаҳои дилнишин гардидаанд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки дар асоси ғазалҳои нобу равони ин шоири фарзонаву шўридадил дар оянда ҳунармандони тоҷик садҳо суруду тарона ва романсҳои дилрасу гўшнавозро эҷод намуда, пешкаши мухлисони ашъори ў хоҳанд намуд.

Зубайдов А.
Исмоилов Ф

барчасп: