Театри тоҷик 90-сола шуд

Беҳтарин намоишҳои театрӣ бо номи «Гунаҳкорони бегуноҳ», «Отелло», «Ромео ва Ҷулйетта», «Хизматгори ду хоҷа», «Имтиҳон», «Ҳаёт ва ишқ», «Алломаи Адҳам», «Гуфтугў бо худ», «Ватан ва фарзандон», «Ишқи зиндагӣ» «Рустам ва Сўҳроб», «Эдип», «Ҷияни хира», «Шоҳ Исмоил», операҳои «Кармен», «Жизел»,Ғуломон», «Комде ва Мадан», «Рўдакӣ», «Амир Исмоил» ва ғайраҳо мебошанд, ки мазмуни худро то ҳол гум накардаанд.  Дар тўли ин солҳо ҳунармандони беҳтарин  Муҳаммадҷон Қосимов, Мушаррафа Қосимова, Фаррух Қосимов, Қурбон Собиров, Туҳфа Фозилова, Хайрӣ Назарова, Аслӣ Бурҳонов, София Тўйбоева, Маҳмудҷон Воҳидов, Ато Муҳаммадҷонов, Майрам Исоева, Сайрам Исоева, Ҳошим Гадоев, Ҳабибуллоҳ Абдураззоқов, Соро Сабзалиева, Носир Ҳасанов, Малика Собирова, Убайдулло Раҷабов, Ортиқ Қодиров, Баҳодур Миралибеков, Бурҳон Муҳаммадқулов, Оят Сабзалиева, Аҳтам Холиқов ва дигарон ҳунарнамоӣ намуда,  барои пешрафт ва рушди санъати театри тоҷик заҳмати зиёд ба харҷ додаанд.

Театр яке аз намудҳои афкори ҷамъиятӣ буда, монанди адабиёти бадеӣ, санъати тасвирӣ, меъморӣ, мусиқӣ ва кино ҳақиқати   воқеиро ба воситаи образҳои бадеӣ таҷассум мекунад.

Театр бо ҳаёти одамон зич алоқаманд аст, набзи зиндагӣ ва рўҳияи мардумро ифода мекунад. Дар ин бобат як воқеаи аҷоибро аз ҳаёти театри асрҳои миёна бояд  ёдовар шуд: шахсе дар бозгашт аз шикор ба тамошои намоиши «Отелло» ворид мегардад. Вай ба фиребу иғвогариҳои  Яго тоқат накарда, як даста тири дар камонаш мавҷударо ба Яго холӣ мекунад. Барои ин ўро ба қатл ҳукм мекунанд. Рўзи дигар ҷасади ҳар ду – актёру тамошобинро дар як ҷо гўронда, дар болои қабрашон чунин менависанд: «Ба беҳтарин актёр ва беҳтарин тамошобин!». Дар театри замони мо чунин ҳолатҳо албатта рўх намедиҳанд. Чунки тамошобини имрўза медонад, ки воқеаҳои дар саҳна ба вуқўъ оянда ҳақиқати воқеӣ набуда, тасвири бадеии он аст.

К.С.Станиславский театрро «китоби ҳаёт» номидааст.  Н.В.Гоголь театрро ба минбаре ташбеҳ медиҳад, ки аз он ба одамон бисёр чизи хубро гуфтан мумкин аст.

Театрро  ба халқи тоҷик Инқилоби Октябрь эҳдо кард. Вале ин  чунин маъноеро надорад, ки тоҷикон то инқилоб театри худро надоштанд.  Заминаи асосии театри касбии тоҷик – анъанаҳои театри масхарабозҳо ва лўхтакбозҳо мебошанд. Тамошоҳои онҳо аз саҳнаҳои хурди  ҳаҷвӣ, нақли ягон афсона ё воқеа иборат буд.  Дар байни мардуми тоҷик намоишномаҳои  ҳаҷвии «Нишаллопазӣ», «Раис», «Хатм» ,«Бобопирак» то солҳои авали Ҳокимияти Советӣ» хеле паҳн шуда буданд.

7 ноябри соли 1929 дар пойтахти Тоҷикистон  аввалин театри касбии тоҷик таъсис меёбад (театри ба номи А.Лоҳутии имрўза). Бинои ин театр дар «Хонаи депҳқонон» (бинои театри русии ба номи В.Маяковский, ки ду сол пеш чаппа карда шуд) воқеъ буд ва аввалин спектакли калони вай драмаи «Ду коммунист» ном дошт. Дар он солҳо ташкили театр ва пайдо намудани  ҳунармандон кори осон набуд. Баромади занҳо рўи саҳна аз нигоҳи суннатҳои қадимӣ умуман ғайри имкон буд. Ҳайати театр аз ҷумлаи артистони тоҷикӣ театрҳои Бухорову Самарқанд ва ҳаваскорон оҳиста-оҳиста зиёд мешуд. Барпокунанда ва аввалин режиссёри театри тоҷик Ҳомид Маҳмудов мебошад. Ба театри нави тоҷик  пасу пеш Г.Бақоева, С.Тўйбоева, Ҳ.Раҳматуллоев, М.Қосимов,А. Бурҳонов, М.Халилов, Л.Латифов, А.Азимова ва дигарҳо меоянд. Дар ташаккул ёфтани театри касбии тоҷик саҳми режиссёрон ва бастакорони рус – Е.Мительман,  А.Ленский, С.Баласанян калон аст.

Театри касбии тоҷик торафт такмил меёфт, як зумра санъаткорони ботаҷрибаро ба майдон меорад, репертуари он бо спектаклҳои гуногунжанру гуногун мавзўъ бой мешавад. Аввалин комёбии саҳнаи мо дар Даҳаи адабиёту санъати тоҷик дар Москва (соли 1941) зоҳир мегардад. Москвагиҳо ба спектаклҳои «Рустам ва Сўхроб», «Калтакдорони Сурх», «Отелло» баҳои баланд медиҳанд. Дар Даҳа инчунин аввалин операҳои тоҷик «Коваи оҳангар» ва «Шўриши Восеъ», балети «Ду гул» муваффақият пайдо мекунад. Дар тӯли солҳо театри тоҷик асарҳои Шекспир, Молйер, Галлони, Шиллер, Европид, Пушкин, Фирдавсӣ драматургон Сотим Улуғзода, Ғанӣ Абдулло, Ҷалол Икромӣ, Файзулло Ансорӣ, Сафар Султон, Меҳрубон Назаров, Нур Табаров, Меҳмон Бахтӣ ва дигарон  тамошобинонро бо санъат ва фарҳанги умумиҷаҳонӣ ошно сохта нақши азимеро дар тарбияи завқи эстетикии одамон гузоштааст, ки ин раванд  ҳамеша идома дорад.

Беҳтарин намоишҳои театрӣ бо номи «Гунаҳкорони бегуноҳ», «Отелло», «Ромео ва Ҷулйетта», «Хизматгори ду хоҷа», «Имтиҳон», «Ҳаёт ва ишқ», «Алломаи Адҳам», «Гуфтугў бо худ», «Ватан ва фарзандон», «Ишқи зиндагӣ» «Рустам ва Сўҳроб», «Эдип», «Ҷияни хира», «Шоҳ Исмоил», операҳои «Кармен», «Жизел»,Ғуломон», «Комде ва Мадан», «Рўдакӣ», «Амир Исмоил» ва ғайраҳо мебошанд, ки мазмуни худро то ҳол гум накардаанд.  Дар тўли ин солҳо ҳунармандони беҳтарин  Муҳаммадҷон Қосимов, Мушаррафа Қосимова, Фаррух Қосимов, Қурбон Собиров, Туҳфа Фозилова, Хайрӣ Назарова, Аслӣ Бурҳонов, София Тўйбоева, Маҳмудҷон Воҳидов, Ато Муҳаммадҷонов, Майрам Исоева, Сайрам Исоева, Ҳошим Гадоев, Ҳабибуллоҳ Абдураззоқов, Соро Сабзалиева, Носир Ҳасанов, Малика Собирова, Убайдулло Раҷабов, Ортиқ Қодиров, Баҳодур Миралибеков, Бурҳон Муҳаммадқулов, Оят Сабзалиева, Аҳтам Холиқов ва дигарон ҳунарнамоӣ намуда,  барои пешрафт ва рушди санъати театри тоҷик заҳмати зиёд ба харҷ додаанд.

Дар бойгонии Шуъбаи  адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар  сенарияҳои  пйесаҳо, драмаҳо, намоишномаҳои драматургони ҷаҳон ва тоҷик , ки дар солҳои гуногун дар саҳнаҳои театрҳои ҷумҳурӣ ба намош гузоштаанд маҳфуз аст. Хоҳишмадон метавонанд аз он шиносоӣ пайдо намоянд.

Адабиётҳои истифодашуда:

  • Нурджанов Н. История таджикского  советского театра. – Душанбе. – 1967.
  • Назаров, М. Санъати халқи тоҷик. – Сталинобод: Нашриёти Давлатии Тоҷикистон. – 1961. 291 сах.
  • Шарофов, М. Санъати театр. – Душанбе: Ирфон, 1971, 55 саҳ.
  • А.Абдураҳмонов, Ш.Абдулқайсов Театрҳои касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе : Истеъдод, 2012. 60 сах.

Нигина Маҳмудова

барчасп: