Дар Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот тағйиру иловаҳо ба Конститутсияро баррасӣ карданд

Дар Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ин мизи гирд субҳи имрӯз, 2-уми март бо номи “Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон-заминаи ҳуқуқии рушди ҷомеа” доир гардид ва ширкаткунандагон атрофи пешниҳодҳои тағйиру иловаҳо ба қонуни асосии кишвар назароти худро иброз доштанд.
Шариф Комилзода, Директори Пажуҳишгоҳ ин тағйиру иловаҳоро зарурати таърихӣ унвон кард ва гуфт, ки қабули онҳо муҷиби рушди ҷомеа ва некуаҳволии омма хоҳад шуд.
Ба андешаи Шариф Комилзода тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар, ба эътидоли вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат хоҳад кард. Вай гуфт, ки Тоҷикистон ҳар боре ҳам ки ба Конститусия тағйиру илова даровардааст, зарурати таърихиро ба назар гирифтааст ва ҳамаи он тағйирот мутобиқ ба талаботу меъёрҳо буданд.
Доктори илмҳои филологӣ, профессор Мурод Муродов, ки дар мавзуъи “Зарурияти тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ мекард, гуфт, ки рушди устувору босуботи ҷомеа, бахусус ҷомеаи муосири Тоҷикистон тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд. Ин дар навбати худ талаб менамояд, ки қонунгузории амалкунанда низ такмил ёбад. Тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда барои рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат мекунанд”.
Ба андешаи Мурод Муродов “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ ҳамчун яке аз конститутсияҳои беҳтарин эътироф гардидааст. Ин, пеш аз ҳама, ишора ба он меъёрҳои Конститутсия мебошад, ки онҳо зербинои мустаҳками ҷомеа ва давлати демократиро гузоштаанд. Тағйиротҳои солҳои 1999 ва 2003 ба Конститутсия воридгардида ин меъёрҳоро боз ҳам мукаммал намуда, тибқи онҳо ҷомеа ба марҳилаи навбатии инкишофи худ ворид гардид. Минбаъд зарур аст, ки ин меъёрҳои Конститутсия бо назардошти тараққиёти минбаъдаи ҷомеа боз ҳам такмил дода шаванд, то ки мо ба марҳилаи навбатии рушди демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон комёб шавем. Бо ин мақсад ба якчанд меъёрҳои Конститутсия тағйиру иловаҳо пешниҳод шудаанд”.
Донишманди тоҷик, номзади илмҳои таърих Абубакр Зубайдов дар мавзуъи “Нақши забони миллӣ дар мушаххассозии истилоҳоти Сарқонун” маърӯза кард. Вай шарҳ дод, ки калимаи Конститутсия вожаи умуиэътирофшудаи байналмилалӣ мебошад. Он калимаи лотинӣ аст ва маънояш муайян кардан, муқаррар намудани асосҳои низоми сиёсӣ ва иқтисодии ҷомеа, принсипҳои ташкил ва фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, низоми мақомоти он, ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсонро ифода мекунад.
Абубакр Зубайдов калимаи “сарқонун”-ро сохта номид ва гуфт, ки он тамоми паҳлуҳои вожаи “Конститутсия”-ро ифода карда наметавонад. Аз ин рӯ вай ба мақсад мувофиқ донист, ки калимаи “Сарқонун” аз ном ва матни Конститутсия хориҷ карда шавад.
Дар ин мизи гирд ҳамчунин Директори КВД “Савдои китоб” С. Икромӣ, Директори “Хонаи китоб”-и Тоҷикистон Қ. Бӯриев, Директори нашриёти “Ирфон” Н. Ҳасанов, адиб Ҳасани Муҳаммадӣ суханронӣ ва атрофи мавзуъҳои мавриди баҳс андешаҳои ҷолиб баён карданд.
Ширкаткунандагони Мизи гирд ба ин натиҷа расиданд, ки ворид намудани тағйироту иловаҳо саривақтист.

барчасп: