ДАР ОСТОНАИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ: Китобу китобдорӣ аз назари Пешвои миллат

Китоб сарчашмаи илму дониш ва маърифат аст. Он нерўи пешбарандаи ҷомеаи башарӣ мебошад. Китоб ин дўсти мўнису ғамхоре мебошад, ки моро аз гаҳвора то синни пиронсолӣ роҳнамоӣ менамояд. Миллати тоҷик аз қадим китобдору китобдўст буд, ин буд, ки дар тўли таърих аҷнабиён тамоми боигарии халқи тоҷикро ба тороҷ бурда, дар назди фарҳангу адабиёти он оҷиз мондаанд. Ва метавон гуфт, ки фарҳангу адабиёти миллати тоҷик бар сари ин аҷнабиён дастболо шудааст. Онҳо ҳатто тарзи давлатдории тоҷиконро омўхта, онро ҳамчун беҳтарин тарзи давлатдорӣ эътироф намуда, дар давлатдории худ ҷорӣ намудаанд ва забони онро ҳамчун забони давлатӣ ва коргузорӣ қабул намудаанд.

Ҳар халқу миллате, ки аз ин неъмати такрорношаванда дур мондааст, оқибат завол меёбад.  Маҳз бо шарофати пайванди ногусастанӣ доштани миллати тоҷик бо китоб буд, ки фарҳангу адабиёти ин миллат бар сари аҷнабиёни тороҷгар дастболо будааст.

Дар остонаи Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хостем чанд иқтибос аз суханрониҳои  Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи китоб, китобхона пешкаши хонандагон гардонем.

Китоб як рукни муҳимми тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудоинопазири зиндагии инсон аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигоҳдорӣ мекунанд, то ки наслҳои имрўза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд. Ва беҳуда нест, ки китобхонаҳои бузург ва номдори олам боиси ифтихори тамоми инсоният ба шумор мераванд.

***
…китоб ҳамчун шиносномаи шоистаи ҳар як халқу миллат барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ ва рушди он, таҳкиму тақвият ёфтани ҳуввияти миллӣ ва худогоҳиву худшиносии ҳар як фард нақши бузург дорад.
***
Инсоният маҳз ба шарофати китоб аз асорати ҷаҳлу нодонӣ баромадааст ва тоҷикон низ аз баракати осори безаволи хаттӣ, ки ниёгони хирадмандамон офаридаанд, ҳамчун миллати фарҳангӣ ва тамаддунофар эътироф шудаанд.                          
***
Китоб дар назди мардуми мо чунон қадру манзалате дорад, ки онро зери болини тифли навзод мегузоранд – бо ният ва умеде, ки дониш чароғи равшани дили ў ва дар гирудори зиндагӣ ҷавшани танаш бошад. Ин анъанаи нек бояд идома ёбад ва ба наслҳои оянда дарси ибрат гардад.
***
Имрўз нақш ва мақоми китоб ҳамчун манбаи муҳимми дониш ва таҳқиқи масоили гуногуни таъриху сиёсат, иқтисодиёту маънавиёт ва маорифу фарҳанги халқамон беш аз пеш меафзояд.

***

Сарчашмаи илму дониши дунё китоб аст.

***

Китоб бояд ҳамчун ҷузъи ҷудоинопазири зиндагӣ раҳнамои шумо бошад.

***

Аз қадимулайём шиносномаи миллати тоҷик меваи илму адабиёт – китоб буд.

***

…бузургтарин асрори бақову ҳастии миллати тоҷик пайванди ногусастанӣ бо қаламу китоб аст.

***

Сиришти мардуми мо аз қадимулайём бо илму дониш ва қаламу китоб ҳамеша пайванди ногусастанӣ дошта, китоб ҷузъи ҷудоинопазири зиндагии аҷдодони мо будааст.

***

Китоб бузургтарин ганҷинаи ҳастӣ ва мураббиву роҳнамои инсон барои зиндагии оқилонаву фаъолияти босамар мебошад.

***

Китоб аст, ки таърихи куҳанбунёди мо, ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, дурдонаҳои назми ҳазорсолаи мо, достонҳо ва илму дониши даврони бостонӣ, хираду заковати наслҳо ва халқҳоро зинда нигоҳ медорад.          

***

Китоб аст, ки бо нури донишу маърифат роҳи мардумонро равшан сохта, боиси ҳастиву пойдории миллат, таърих, забон, адабиёт ва фарҳанг гардидааст.  

***

Китобсўзӣ ва ба оташ кашидани афкор ва ҷаҳонбинии халқи мо нахустин бор аз китоби муқаддаси Авасто оғоз шуда буд.Хушбахтона, шаҳриёрони сосонӣ онро қисман аз хотираи донандагони ин китоби муқаддас дубора барқарор намуданд.                                  

***

…китоб дар рушди маънавиёту маърифати инсонӣ нақши асосӣ мебозад. Аз ин рў, дар ҳар як хонадон бояд китобхонаи шахсӣ вуҷуд дошта бошад, то ки наслҳои имрўзу оянда, махсусан наврасону ҷавонон ба китоб унс гиранд ва қадр кардани онро ҳамчун манбаи донишу маърифат омўзанд. Дар ин кор падару модарон бояд намунаи ибрат бошанд ва шавқи китобхониро дар дилу шуури фарзандон бедор кунанд.