Чанд сухан роҷеъ ба ҳунарҳои бонувони Хатлонзамин

Тоҷикон аз қадим зиндагии худро бидуни  касбу ҳунар тасаввур карда наметавонистанд. Истифодаи он дар байни мардум яке аз  василаҳои таъмини хароҷоти  рӯзгор буда, ҳанӯз ҳам талабот ба маҳсулоти ҳунармандӣ мавҷуд аст. Имрӯзҳо низ касбу ҳунарҳои мардумӣ мавқеи худро гум накарда, рӯз аз рӯз рушд карда истодааст. Равнақу ривоҷ ёфтани ҳунарҳои мардумиро дар кишвар метавон мусоидати аввалиндараҷаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуд, шурӯъ аз соли 2018 то соли 2021 бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва баъдан «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  эълон гардид, ки ин омил такони бузурге барои пешрафти ҳунарҳои мардумӣ буд.

Дар ҳошияи гуфтаҳои боло гурӯҳи кормандони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ба якчанд ноҳияҳои вилояти Хатлон экспедитсияҳои мардумшиносӣ доир намуданд.

Ҳангоми экспедитсия дар ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон мушоҳида гардид, ки ноҳияи мазкур иқлими гарм дошта, бештар мардум ба зироаткорӣ ва чорводорӣ машғуланд. Дар ноҳия тоҷикон, ӯзбекзабонон ва арабҳо зиндагонӣ мекунанд, ки урфу одат ва расму ойинҳояшон омехта гардида, ҳатто байни ҳамдигар риштаи хешу таборӣ доранд.

Дар мавриди ҳунармандӣ дар ин ноҳия ҳунарҳое, ки аз тарафи занон иҷро карда мешавад, бештар ба назар расиданд. Омили асосии он дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор додани мардон мебошад. Занону духтарони хонанишин ба қуроқдӯзӣ, гулдӯзӣ, ҷомадӯзӣ, гилембофӣ  ва  ҳунарҳои дигар машғул шуда, маҳсули дасташонро ба бозор мебароранд ва бо ин роҳ вазъи иқтисодияшонро беҳтар мекунанд. Собирова Тошҷамол (с.тав. 1953, сокини деҳаи Сангобаи ҷамоати деҳоти Наврӯз) аз зумраи бонувони ҳунарманде мебошад, ки  маҳсулоти тайёр намудаи ӯ харидорони худашро дорад. Ин бонуи ҳунарманд дар хона ба гилембофӣ машғул буда, бештар ба духтарон гилем мебофад.

Гилембофӣ ҳамчун унсури фарҳангӣ дар “Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ”, дар бахши касбу ҳунарҳо таҳти рақами “Е041” ба қайд гирифта шудааст: “Гилем, маъмулан, дар дукон ё дастгоҳҳои заминӣ бофта мешавад. Онро аз нахҳои пахтагин, пашмина ва баъзан абрешимӣ мебофанд. Ду навъи гилем: гилеми патдор ва бепат истеҳсол карда мешавад. Гилемро, асосан, ба фарши хона меандозанд ва ба девор меовезанд.

Бояд ёдовар шуд, ки  миёни ҷавондухтарони ӯзбектабори ноҳияи Шаҳритӯс пеш аз ба шавҳар баромаданашон  анъанае роиҷ буд, ки  ҳатман ба хонаи шавҳарашон гилем бофта баранд. Ин амал  рамзи ҳунарманд будани арӯс ва аз сабабе, ки гилем аз пашм ё ришта омода мегардад, чорводору зироаткор буданашро ифода мекунад.  Ин анъана барои боз ҳам фаъол гардидани яке аз унсурҳои фарҳанги ғайримоддӣ мусоидат мекунад. Мутаассифона, имрӯзҳо наварӯсон худашон гилем набофта, фақат фармоиш медиҳанд.

Дар бораи дӯкони гилембофӣ ва мардумшинос Аминов А. чунин қайд мекунад: “Гилем навъе аз маҳсулоти пашмин ва дар баъзе маврид пахтагин мебошад, ки он аслан дастӣ ва тавассути дукони хурд дар замин бофта мешавад. Ҳангоми бофтани гилем асбобҳои начандон зиёд, вале хеле муҳим истифода мешавад. Дӯкони аслии гилембофӣ чӯбин буда, баландиаш 35-40 см ва паҳноияш 60-70 см мебошад. Дӯкон аз ду тараф бо пояҳои дуқӯша ва як чӯби диаметраш 6-8 см, ки бо пояҳо насб гардидааст, иборат мебошад.

Чи тавре, ки аз мусоҳибаҳо маълум гардид гилемро дар ноҳияи Шаҳритӯс ва ноҳияи Носири Хусрави  вилояти Хатлон мардуми ӯзбектабор мебофанд. Ин ҳунаре мебошад, ки аз гузаштагонашон ба  онҳо мерос мондааст ва то имрӯз анъанаи гилембофиашонро давом дода истодаанд.

Тибқи мушоҳидаҳо бонувони ноҳияи Шаҳритӯс дар хонаҳояшон ҳунарҳои қуроқдӯзӣ, гулдӯзӣ, бофандагиро хуб ба роҳ монда, ҳамзамон ба духтаракони хурдсол нозукиҳои ин касбро низ меомӯзонанд.  Ҳунари қуроқдӯзиро дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар вохӯрдан мумкин аст.

Ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон соли 1996 аз ҳайати ноҳияи Шаҳритӯс ҷудо гардида, ҳамчун ноҳияи алоҳида дар ҷумҳурӣ шинохта шуд. Ноҳияи мазкур монанди ноҳияи Шаҳритӯс иқлимаш гарм буда, барои зироаткорӣ хеле мувофиқ аст. Ҳангоми экспедитсия дар ин минтақа мо шоҳиди он гардидем, ки мардум бештар ба корҳои саҳроӣ машғул  мебошанд. Соҳибкорони кордон заминҳои корамро самаранок истифода бурда, мардуми бекорро ба кор ҷалб намудааанд.

 Вазъи касбу ҳунар дар ин ноҳия дар ҳолати рушд кардан қарор дорад. Ҳангоми муқоиса муайян гардид, ки ҳунарҳои мардона дар ин ноҳия нисбат ба ҳунарҳои занона хеле фаъолияти заиф дорад.  Ногуфта намонад, ки ин падида қариб дар ҳамаи манотиқи кишвар дида мешавад. Мардон бештар ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ё ба корҳои саҳро машғул мешаванд то музди бештаре ба даст оранд. Занони хонанишини ҳунарманд, ки заковати баланди ҳунармандиро доро мебошанд ҳунарашонро сайқал дода, ҳам бо ин роҳ зиндагии худро пеш мебаранд ва шогирдони зиёдеро дар ин самт тайёр мекунанд.

Занон ҳунарманд бо сарварии Маҳмашарипова Гулинор (соли тав. 1955, сокини деҳаи Арабхонаи ҷамоати деҳоти Арабхона)   дастаҷамъона дар хонаи ин бонуи дӯзанда ба қуроқдӯзиву гулдӯзӣ машғуланд. Дар равнади суҳбат маълум гардид, ки ҳунари асосии онҳо гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва гилембофӣ мебошад.

Қуроқдӯзӣ як навъ аз ҳунарҳои занона буда, аз матоъҳои порча-порчаи гуногун дӯхта мешавад. Чи тавре, ки ба ҳама маълум аст ҳунари қуроқдӯзӣ ҳунари ороишӣ буда,то ба имрӯз навъҳои гуногуни он вуҷуд доранд. Дар ноҳияи Носири Хусрав мо ба як гурӯҳ бонувони ҳамсуҳбат гардидем, ки мегӯянд тарзи дӯхтани қуроқии онҳо аз дигар минтақаҳо ба куллӣ тафовут дорад.  Тарзи гулсозӣ ва ҷобаҷогузории матоъ дигар навъ буда, инчунин гушаҳои қуроқе, ки бонувони тоҷик медӯзанд аз гӯшаҳои қуроқии онҳо камтар аст.   

Вазъи ҳунармандӣ дар ноҳияҳои зикршуда хуб буда, дар ҳолати рушд кардан қарор дорад. Барои ноҳияе, ки ҳанӯз ҷавон асту масоҳати начандон калон дорад, гумон меравад, ки ҳунармандон аз таҷрибаҳои якдигар омӯхта, ҳунарашонро сайқал медиҳанд.

Дар баробари дигар пажӯҳишҳои майдоние, ки кормандони ПИТФИ анҷом доданд, ноҳияи Муъминобод низ истисно набуд. Қобили зикр аст, ки  ноҳияи мазкур яке аз мавзеҳои сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ буда, табиати зебо ва боду ҳавои форам дорад. Махсусан, барои сайёҳон мавзеи “Чилдухтарон” писанд аст ва дар бораи он ҳар гуна нақлу ривоятҳои шуниданӣ вуҷуд дорад, ки ин барои сайёҳони хориҷиву ватанӣ хеле ҷолиб ва таъсирбахш аст.

  Дар гирду атрофи ноҳияи Муъминобод ба мисли баъзе ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки ӯзбекзабонон ва ё намояндаҳои қавмҳои дигар зиндагонӣ мекунанд, мушоҳида нагардиданд. Аз ин рӯ, тамоми расму русум ва одату анъанаҳо сирф тоҷикӣ боқӣ мондаанд. Вазъи ҳунарҳои мардумӣ низ дар байни сокинонаш хеле фаъол ба назар расиданд.

Ҳангоми экспедитсия дар ин ноҳия мо бо ҳунармандони зиёде  вохӯрдем. Дар ноҳияи Муъминобод бештар ҳунарҳои гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва махсусан, чакандӯзӣ роиҷ буда,  ин минтақаро бо чаканҳои хушдӯхту зебояш дар миқёси ҷумҳурӣ мешиносанд. Лайло Носирова ҳангоми омӯзиш дар ноҳияи Муъминобод дар бораи чакандӯзӣ чунин нигоштааст: «Баробари ҳунари куртадӯзӣ чакандӯзӣ низ васеъ истифода мешавад. Дар аксари шаҳру ноҳияҳои кишвар санъати чакандӯзӣ маъмул буда, он таҷассумкунандаи тахайюлоти занону духтарони тоҷик дар бораи табиати нотакрор мебошад. Чакандӯзӣ дар байни тоҷикон ҳамчун як бахши дӯзандагӣ таърихи тӯлонӣ дорад. Ба рушду пешрафти дӯзандагӣ дар ҳунари куртадӯзӣ таъсири зиёд расонидааст. Ҳунари чакандӯзӣ аслан дар ноҳияҳои ҷануб зиёдтар рушд ёфтааст ва нисбати он дар ҳамаи ноҳияҳои ҷумҳурӣ талабот дида мешавад. Дар ин минтақа аз замонҳои қадим чакандӯзӣ яке аз муҳимтарин соҳаи дӯзандагӣ ба ҳисоб меравад. Навъҳои гуногуни чаканро барои истифода ва бо мақсади ба фурӯш баровардан тайёр мекунанд. Ғайр аз ин дар ҷашну маъракаҳо ва чорабиниҳои идона низ онро истифода мекунанд. Ин навъи куртаро дар ноҳияҳои дигари кишвар ҳам медӯзанд, ки аз рӯи нақшу нигораш аз ҳамдигар фарқ кардан мумкин аст”.

Занону духтарони ҳунарманд бештар дар хонаҳои якеашон сарҷамъ нишаста, ба гулдӯзӣ,  қуроқдӯзӣ, чакандӯзӣ ва тоқидӯзӣ машғул мешаванд. Дар  чунин нишастҳо хурдсолон ширкат намуда, онҳо низ нозукиҳои ҳунарро аз худ мекунанд. Дар мавриди меросӣ будани ҳунарашон Икромова Момагул (соли тав. 1956, сокини деҳаи Боғгаии ҷамоати деҳоти Боғгаӣ)  чунин ибрози андеша намуд: «Он ҳунару маҳорате, ки модарону бибиҳои мо доштанду ба мо мерос гузоштаанд нотакроранд ва ниёз ба иваз кардани шакли онҳо кам пайдо мегардад. Яъне ҳунари асил бо сохту сурати худ беҳамтост».

Тибқи мушоҳидаҳо гулдӯзиҳое, ки бо санъати баланд дӯхта шудааст, дар байнашон кам нестанд. Нақшу нигорҳои гулдӯзӣ мувофиқи гуфтаҳои ҳунармандон мазмунҳои ба худ хосе доранд. Навъҳои дӯхти гулдӯзиҳои Муъминобод аз дигар ноҳияҳо ба куллӣ фарқ мекунад. Бино ба гуфтаи ҳунармандон сабаби боқӣ мондани нақшу нигорҳои аслӣ таъсири кӯчида омадани мардуми ноҳияи Дарвози ВМКБ ба ноҳияи Муъминобод мебошад.  Табиист, ки мардуми кӯчидаомадаи Дарвоз рисолати хешро ҳам дар ин ҷо идома доданд. Имрӯз ҳамон гулдӯзиҳои қадима дар ноҳияи Муминобод дар ҳамон шакл боқӣ мондаанд. Ҳангоми экспедистия дар ноҳияи Дарвози вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ин фикр исбот гардид.

Хулоса, ҳунарҳои мардумӣ аз қабили гӯлдӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва дигар ҳунарҳои занона хеле фаъол буда, бо вуҷуди пешрафти илму технологияи муосир ҳунармандони ноҳияи Муъминобод тавонистанд, асолати хешро дар касбу ҳунарашон нигоҳ дошта, барои насли оянда ба мерос гузоранд.  

Шоира БЕРДИЕВА

Ходими калони илмии

ММФТ ПИТФИ

 


барчасп: