Парчам ифтихор ва сарбаландии миллат аст
Чоп шуд: 23/11/2020Санаи 23-юми ноябри соли 2020 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Парчам – рамзи худшиносии миллӣ» баргузор гардид.Мизи мудавварро директори ПИТФИ номзади илмҳои филологӣ Д.Раҳимӣ бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати рӯзи Парчам муборакбод гуфт. Инчунин қайд намуд, ки истиқлолияти давлатиро бидуни рамзҳои давлатӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Маҳз истиқлолият боис гардид, ки рамзҳои давлатӣ бознигарӣ шаванд.