КОНСТИТУТСИЯ – РОҲНАМОИ МИЛЛАТ
Чоп шуд: 05/11/20206-уми ноябри соли ҷорӣ мардуми Тоҷикистон 26-умин солгарди Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Бо дарназардошти ин, ки тоҷикон чандин садсола давлати мустақили миллӣ надоштанд, инчунин як қисмати таърихи начандон дури мо дар доираи низоми давлатдории умумишӯравӣ ҷараён гирифта буд, 26-солагии Конститутсия барои мо ҳамчун ҷашни шаклгирии давлатдории миллӣ ва таҳкими амнияту суботи сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон аҳамият ва шукӯҳи хоса дорад. Дар давоми ин солҳо миллати сарбаланди тоҷик ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ...