6-уми ноябри соли ҷорӣ мардуми Тоҷикистон 26-умин солгарди Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Бо дарназардошти ин, ки тоҷикон чандин садсола давлати мустақили миллӣ надоштанд, инчунин як қисмати таърихи начандон дури мо дар доираи низоми давлатдории умумишӯравӣ ҷараён гирифта буд, 26-солагии Конститутсия барои мо ҳамчун ҷашни шаклгирии давлатдории миллӣ ва таҳкими амнияту суботи сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон аҳамият ва шукӯҳи хоса дорад. Дар давоми ин солҳо миллати сарбаланди тоҷик ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро тибқи муқаррароти ин ҳуҷҷати воқеан тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди қабули Конститутсияи соли 1994 самти тараққиёти демократисозии ҷомеа ва бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро, ки таҳкурсии онро ҷомеаи мутамаддини шаҳрвандӣ ташкил медиҳад, интихоб намуд.
Нақши таърихии конститутсияи мазкур ин аст, ки он солҳои аввали истиқлолият давлати навини тоҷиконро ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд. Азми қатъии моро дар пешбурди сиёсати сулҳҷӯёна, эътироф ва эҳтироми истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳон ва роҳандозии ҳамкориҳои байнидавлатиро дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ муқаррар кард.
4 ноябри соли 2019 дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида 25-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронии худро аз нақши созанда ва офарандаи Конститутсияи мамлакат оғоз намуда, иброз доштанд, ки: “Бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории Тоҷикистон марҳалаи нави таърихӣ оғоз гардид ва он моро ба дигаргуниҳои азими сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ кард”
Воқеан, зиндагӣ дар чунин ҷомеае, ки асосҳои бунёдии онро таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва адлу масъулияти баланди ҳокимиятдорӣ ташкил медиҳад, орзуи деринаи халқи тоҷик дар давоми асрҳо буд ва шукрона аз Истиқлоли кишвар ва Ваҳдати миллӣ мекунем, ки орзуву ормонҳои миллати мо таҳти сиёсати хирдамандони Сарвари давлат ҷомаи амал пӯшид.
Халқи Тоҷикистонро бахту саодати бузурге насиб шудааст, ки соҳиби чунин Конститутсияи сазовор мебошад. Дар масъалаи арзёбии Конститутсия, ба эътибори коршиносони дақиқсанҷи як қатор давлатҳои пешрафтаву мутамаддини ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Myттаҳид ва Созмони амният ва ҳамкорӣ, дар Аврупо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз намунаҳои беҳтарини конститутсияҳои демократии ҷаҳонист.
Сарқонуни кишвар, инчунин як силсила ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсӣ, манзил, озодии эътиқод, озодии интихоби маҳали зист ва дигар ҳуқуқу озодиҳоро муқаррар намуда, ҳифзи онҳоро кафолат додааст, ки ин ҳам ифодакунандаи моҳияти демократӣ ва иҷтимоии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
Мардуми Тоҷикистон марҳилаи давлатдории ҳуқуқбунёди демократӣ, эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ривоҷи муносибатҳои нави иқтисодиро дар заминаи моликияти хусусӣ ва соҳибкорӣ шурӯъ намуд. Давраи мустақили рушди иқтисодиву сиёсӣ ва муҳиму фарҳангӣ дар робита бо эҳёи суннатҳои давлатдории ниёгон, истифодаи васеи анъанаҳои миллӣ, мероси ғании фарҳангӣ ва дар заминаи густариши равобити дутарафаву бисёртарафа бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ оғоз ёфт.
Дар боби дуюми Конститутсия, ки «Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд» унвон дорад, оид ба ҳифзи сарватҳои фарҳангӣ чунин омадааст.
Моддаи 40. Ҳар шахс ҳақ дорад озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷамъият, эҷоди бадеӣ, илмӣ ва техникӣ ширкат варзад, аз дастовардҳои онҳо истифода кунад. Сарватҳои фарҳангӣ ва маънавиро давлат ҳимоя мекунад. Моликияти зеҳнӣ дар ҳимояи қонун аст.
Моддаи 44. Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст.
Яъне ин ҷо гуфта мешавад, ки ҳифзи мероси фарҳанги миллӣ ва сарватҳои таърихию табиӣ ҳам ба дӯши давлат асту ҳам ба дӯши ҳар яки мо шаҳрвандони кишвар.
Конститутсия давлати Тоҷикистонро чун давлати иҷтимоӣ эълон намудааст, ки дар он барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона таъмин карда мешавад. Бояд гуфт, ки андеша ва назарияи давлати иҷтимоӣ ҷузъи таҷрибаи давлатдории ҷаҳони мутамаддин буда, дар конститутсияҳои давлатҳои Аврупо ва кишварҳои дигар барои таъмини шароити зиндагии арзандаи ҳар фарди ҷомеа нигаронида шудааст. Ифодаи меъёри мазкур дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини доираи васеи ҳуқуқҳои шахсӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии шаҳрвандони Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди сокини кишвар, аз ҷумла, таъминоти моддиву иҷтимоии нафақахӯрон, ятимон, маъюбон, гирифтани пеши роҳи нобаробарии иқтисодии байни гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ, таъмини инкишофи озодонаи ҳар шахс хизмат мекунад. Дар заминаи ин меъёри конститутсионӣ ҳадафҳо, мазмун ва самтҳои сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон муайян шудаанд, миқдори зарурии қонунҳо, барномаҳо қабул шуда, дигар чорабиниҳои дахлдори давлатӣ амалӣ шуда истодаанд.
Конститутсияи ҶумҳурииТоҷикистон дастоварди миллӣ буда, муқаддасоти миллӣ, андешаи давлатдории миллӣ, истифодаи васеи анъанаҳо ва осори фарҳангиву таърихии миллиро эътироф ва таъмин мекунад. Дар заминаи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои истиқлолияти давлатӣ дар кишвар шумораи зарурии қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ дар бахши забон, Парчам, Нишон, Суруди Миллӣ, истифодаи замин ва дигар сарватҳои табиӣ, истифодаи осори фарҳангӣ, таъмини амнияти миллӣ ва монанди онҳо қабул карда шуданд. Аз ин рӯ, Конститутсияи ҶумҳурииТоҷикситон дар таъмини истиқлолияти давлатӣ ва пойдории давлатдории миллӣ нақши бунёдӣ дорад.
Д. Раҳимӣ