Таомҳои маҳаллии мардуми Кӯҳистони Мастчоҳ
Чоп шуд: 24/11/2020Фарҳанг ҷанбаи мустаҳкам ва бою ғанӣ барои таърихи инсоният ба шумор меравад. Табиист, ки дар симои ҳар як шахс фарҳанги ӯро дидан мумкин аст. Дар шароити кунунӣ шахсият ва миллати касро вобаста ба рафтору гуфтор ва амалҳои фарҳангиаш муайян кардан мумкин аст. Аз рӯи ном муайян кардан мумкин аст, ки Мастчоҳи Кӯҳӣ яке аз ноҳияҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз рӯи мушоҳидаҳо то солҳои наздик ин ноҳия роҳҳои душворгузар дошта, рафтуомад ба маркази вилоят ва ҳатто ҷумҳурӣ нисбати дигар минтақаҳо камтар ба назар мерасид.